МАРҲИЛАҲОИ АСОСИИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СММ
Муншии умумии СММ Пан Ги Мун 5 апрели соли 2010 ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯ зимни сафар бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории минтақавӣ ва роҳу усулҳои ба даст овардани ҳадафҳои рушди ҳазорсола муҳокима карда мешаванд. Бояд гуфт, ки ин сафари дуюми Муншии умумии СММ ба Тоҷикистон мебошад. Бори аввал муншии умумии ҳафтуми СММ Кофи Аннан соли 2002 ба Тоҷикистон омада буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли равон барои саҳми калонаш дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо ҷоизаи махсуси СММ сазовор дониста шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи январи соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ гардид. Муносибатҳо ва ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони мӯътабари байналмилалӣ аз ҳамон давра оғоз ёфта сол то сол васеътар мегарданд. Тоҷикистон тӯли солҳои гузашта ҳамкории худро бо ҳамаи муассисаҳо ва сохтору барномаҳои гуногуни СММ густариш медиҳад.
Намояндагии нахустини СММ - гурӯҳи нозирони он моҳи феврали соли 1993 дар Душанбе кушода шуд. Қайд кардан лозим аст, ки нозирони СММ дар бобати расонидани кӯмаки таъҷилии башардӯстона ба Тоҷикистон ва мусоидат ба истиқрори сулҳу осоиш дар мамлакат саҳми калон гузоштанд. Соли 2000 вобаста ба иҷро гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Муншии умумии СММ дар шаҳри Душанбе Дафтари СММ дар масъалаҳои мусоидат ба таъмини ҳаёти осоишта дар Тоҷикистон кушода шуд. Ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон соли 2008 ба ҳайати қувваҳои ҳомии сулҳи СММ шомил гардиданд.
Моҳи сентябри соли 2006 дар доираи СММ дар бораи минтақаи беаслиҳаи ядроӣ эълон намудани Осиёи Марказӣ созишнома имзо шуд. Имзои созишномаи мазкур ба ҷидду ҷаҳди Тоҷикистон дар бобати пешгирии паҳн гардидани аслиҳаи ядроӣ комилан мувофиқат менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин кӯшишҳои СММ – ро дар бобати манъи пурраи истифодаи минаҳои зиддипиёдагардон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Дар замина айни ҳол дар қаламрави Тоҷикистон тамоми захираҳои минаҳои зиддипиёдагардон несту нобуд карда шуданд.
Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003 – ро Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд.Охири ҳамон сол Муншии умумии СММ Шӯрои машваратии захираҳои об ва санитарияи оби тозаро таъсис дод.
Ҳукумати мамлакат соли 2008 дар шаҳри Душанбе бахшида ба масъалаҳои паст намудани сатҳи камбизоатӣ вобаста ба проблемаҳои об конфронси байналхалқӣ баргузор сохт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси 63 – юми Маҷмаи кулли СММ ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқиро даъват намуд, ки барои ҳамоҳанг сохтани қарорҳои марбут ба ҳалли проблемаҳои баҳри Арал комиссияи махсус ташкил диҳанд. Инчунин бо пешниҳоди Сардори давлати Тоҷикистон ба Бунёди наҷоти Арал дар Маҷмаи кулли СММ мақоми мушоҳид дода шуд.
Тоҷикистон дар давоми солҳои гузашта бо СММ дар масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Моҳи декабри соли 1993 дар Тоҷикистон намояндагии Муассисаи рушди СММ кушода шуд.
Самтҳои асосии фаъолияти Муассисаи рушди СММ дар Тоҷикистон андешидани тадбирҳо барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ, идораи демократии ҷомеа, пешгирии вазъияти бӯҳронӣ, беҳтар сохтани вазъияти соҳаҳои энергетика ва муҳити зист, пешгирии бемориҳои хатарнок ва ғайра мебошанд. Инчунин дар Тоҷикистон барномаҳои СММ дар мубориза ба муқобили маводи нашъадор, мусоидат ба идораи самарабахши сарҳадҳо, барномаи миллии стратегии рушд, ба даст овардани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, баҳрабардорӣ аз фаъолияти соҳаҳои ёрирасони маҳаллӣ, тараққӣ додани соҳибкорӣ, пешгирии фалокатҳои табиӣ дар водии Зарафшон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани манбаъҳои иловагии қувваи барқ беҳтар сохтани вазъияти кишоварзии Тоҷикистон ва ғайра амал мекунанд.
Раёсати комиссари олии СММ дар масъалаи гурезаҳо дар Тоҷикистон аз соли 1993 сар карда фаъолият дорад. Фаъолияти намояндагии Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар мамлакати мо аз моҳи августи соли 1994 оғоз ёфта буд. Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон аз соли 1993 татбиқ карда мешавад.
Тоҷикистон соли 1992 узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гардид. Ҷумҳурии мо айни ҳол бо ташкилотҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои махсуси СММ, аз ҷумла Созмони байналмилалии муҳоҷират, Созмони байналмилалии меҳнат, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки байналмилалии тармиму таҷдид ва рушд ва ғайра самарабахш ҳамкорӣ дорад. Қайд кардан лозим аст, ки дар Тоҷикистон намояндагиҳои қисми зиёди муассисаҳо ва пажӯҳишгоҳҳои СММ амал мекунанд.
Фарангис Раҳимова, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2053-2010-04-04-19-16-36.html