МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПАН ГИ МУН
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, ки дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд. Дар вохўрӣ маҷмўи васеи масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои мухталифи он баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола, коҳиш додани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва бартарафсозии монеаҳо дар рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҷиддияти мавзўи амнияти минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.
Натиҷаҳои сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Тоҷикистон пагоҳ зимни нишасти матбуотии ў ба таври муфассал эълон мегардад.
АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2057-2010-04-05-16-31-53.html