17:59:09 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/23_aljazira_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/23_aljazira_2147'

TV АЛ-ҶАЗИРА ДАР БОРАИ ВОҚЕАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Мақомоти қудратии Тоҷикистгон эълон кардаанд, ки амалиёти низомии густурдаеро пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи якшанбе, ки бар асари он дастикам 25 сарбози ҳукуматӣ кушта шудааст, оғоз кардаанд. Душанбе гурӯҳе аз исломгароёни ифротиро дар ин ҳамла муттаҳам донистаааст. Бар асари ҳодисаи мазкур ин кишвар дар ҳолати омодабош қарор дорад. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфтааст, ки Ҳукумат амалиёти низомии густурдаеро бо шумули даҳҳо ҷанганда, чархбол ва зиреҳпӯшу  танкҳо баъд аз ҳамлаи рӯзи якшанбе ба сарбозон, дар минтақаи Рашт оғоз кардааст.

 

Сухангӯи ин вазорат бо номи Маҳаммадалиев гуфтааст: «Амалиёти ҷустуҷӯйии васеъеро дар ин минтақаи кӯҳӣ барои дастгир ё нобуд кардани ҷангҷӯён шурӯъ кардаанд». Ӯ илова карда афзуд: «Дар ин  дар гурӯҳи «ифротгаро» ба ғайр  шаҳрвандони Тоҷикистон чанд нафари дигар низ аз силоҳбадастон ва мӯътодони маводи мухаддир аз Покистону Афғонистон ва Чеченистони Федератсияи Русия ҳузур доранд».

 

Сухангӯи ҳукуматӣ тафсилоти воқеаро чунин шарҳ дод: «Силоҳбадастони  касоне мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ таълимоти исломиро чатри худ қарор додаанд. Онҳо мехоҳанд аз тариқи гирди ҳам овардани дигар ҳаракатҳои тундрави сиррии гирду атроф ду бора Тоҷикистонро ба саҳнаи ҷангҳои хунин бикашонанд».

 

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки ҳамакнун дар Ню Ёрк дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид иштирок меварзад, ҳукумати кишварро дастур дод, «вазъияти амниятии минтақаро дубора ба ҳолати табии худ боз гардонанд», тамоми чораҳои лозимаро биандешанд, изҳор доштааст ҳукумат. Сарбозон дар ҳоле мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки дар роҳ барояшон камин гирифта шуда буд.

 

Минтақаи Рашт, дар 50 километрии марз бо Афғонистон ва 180 километрии шарқи пойтахти тоҷикон-Душанбе ҷойгир шудааст. Баъди як моҳ аз фирори маҳбусон, аз боздоштгоҳи муваққатии КДАМ дидбонгоҳҳо таъсис ёфта буданд. Сарбозон барои иваз кардани ҳамтоёни худ дар ин дидбонгоҳҳо сафарбар шуда буданд. Баъзе аз расонаҳои хабарӣ теъдоди кушташудагон дар ин ҳодисаро 40 нафар арзёбӣ кардаанд.

 

ГурӮҳи «Тундрав»

Вазорат гурӯҳи «тундрави» ҷумҳуриявӣ, ки онро мулло Абдуллоҳ сарварӣ меукнад масъули ин ҳамла донистааст. Вай яке аз фармондеҳони тоҷик аст, ки дар ҷанги шаҳрвандии тоҷикон, ки баъд аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ва ибтидои солҳои навадум асри гузашта ба вуқӯъ пайваста аст, ширкат варзидиааст. Номбурда, баъд аз ба имзо расидани Созишномаи оштии миллӣ, сулҳро напазируфта буд.

 

Ёдрас мешавад минтақае, ки дирӯз сарбозон мавриди ҳамла қарор доштанд, бо Чин ҳамсарҳад аст. Рашт дар даҳаи навадуми асри гузашта, бар асари ҳодисаҳои он солҳо даҳҳо ҳазор кушта дода, маркази нерӯҳои мухолифин буд. Дар охири августи моҳи гузашта 25 нафар аз маҳбусин, ки онҳоро ба дастдошатн бо шабакаи «Ал-Қоида» муттаҳам мекунанд, шаш нафарро кушта аз боздоштгоҳ фирор карда буданд.

 

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, маҳбусон ба водии Рашт рӯй оварданд, ки рӯзи якшанбе сарбозон дар ҳамин минтақа ҳадаф қарор гирифтанд. Баъд аз фирор ду ҳамла  анҷом шуд. Яке дар аввали сентябр, амалиёти маргталабонаи бунгоҳи полис дар Хуҷанд ва дигаре  дар  маркази дилхушии шабонаи «Дӯстӣ»-и пойтахт  анчом шуд , ки бар асари он 7 нафар ҷароҳат бардоштанд.

 

"Ансоруллоҳ»

Гуфта мешавад, ки гурӯҳе бо номи «ҷамоати Ансоруллоҳ» ҳамлаи Хуҷандро ба зиммаи худ гиритфааст ва ин ҳамларо қасос бар ҳуҷумҳои зидди мусалмонони кишвар унвон кардаанд. Ин ҳамла ваҳшатеро дар дили мардум ҷо кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ин ҳамларо ба «Ҳаракти исломии Ӯзбакистон» рабт медиҳанд, ки он бо «Ал-Қоида» мепайвандад. Ин яке аз ҳаракатҳоест, ки ИМА номашро дар феҳристи созмонҳои «террористӣ» ҷо кардааст.

 

Ин ҳаракат дар охири солҳои навадуми асри  бист бо ҳадафи сарнагун кардани Ислом Каримов ва барпо кардани давлати исломӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, таъсис ёфтааст. Баъд аз он ин гурӯҳ, ба шимоли Афғонистон мунтақил шуда, дар сояи низоми «Толибон» парвариш ёфтааст. Мардум ба он бовар буданд, ки  баъди ҳамлаи  шадиди нерӯҳои НАТО дар соли 2001 ба шимоли Афғонистон, ин гурӯҳ куллан аз байн рафтааст.

 

Ёдрас мешавад, марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон 1340 килеметрро дар бар мегирад ва аз замони ба имзо расидани Созишномаи сулҳ байни нерӯҳои Иттиҳоди мухолифин ва Ҳукумат дар соли 1997, то ҳол вазъи амният дар сарҳадот нигаронкунандааст.

 

Таҳияи Амруллоҳ Низомов, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3200-tv------.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 30.10.2010 01:09
soz :eek: e vah
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854