22:30:40 16-уми Июни 2025 сол

ҲОҶӢ АКБАРИ ТӮРАҶОНЗОДА: «ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОНРО ТОЛИБОН НАМЕПАЗИРАНД»

Пагоҳ, сешанбеи 4-уми январи соли 2011, як ҳайати баландпояи Шӯрои сулҳи Афғонистон ба Покистон сафар хоҳад кард. Бояд гуфт, ки Шӯрои сулҳи Афғонистон моҳи октябри соли гузашта ба мақсади ба музокироти сулҳи Афғонистон ҷалб кардани Толибон ташкил шуда буд.

 

Хочи Акбар ТурачонзодаБино ба иттилои сомонаи интернетии бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», ки ба Атоуллоҳ Лудин, муовини раиси ин Шӯрои 70-нафарӣ истинод меорад, ин ҳайат бо раиси ҷуҳури Покистон, бо нахуствазир ва мақомоти аршади ин кишвар дар иртибот бо ҳузури Толибон дар Покистон музокирот хоҳад кард. Хабарнигори сомонаи «ruzgor.tj» бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, як тан аз роҳбарони аршади собиқ мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, ки дар музокироти сулҳи байни тоҷикон яке аз нақшҳои асосиро бозидааст, мусоҳибае орост, ки   дар он  сухан асосан   дар бораи масоили сулҳи Афғонистон ва то чи андоза барои Афғонистон қобили қабул будани таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон  меравад.

 

- Мӯҳтарам ҷаноби Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, вақтҳои охир, ба назари ман, дар бораи талошҳои тарафайни музокироти сулҳи байни тоҷикон дар матбуоти мо камтар менависанду камтар мегӯянд. Махсусан роҳбарияти собиқ мухолифин, аз чӣ сабаб бошад, ки дар ин бора  хеле кам ибрози андеша менамояд. Ё магар ҳамаи гапҳо гуфта шудаанд?

 

-Дар масъалаи раванди сулҳи тоҷикон агарчӣ гапҳои зиёде гуфта шуда бошанд ҳам, вале ҳанӯз бисёр нуктаҳое ҳаст, ки ба оммаи васеъ гуфта нашудаанд. Мавзӯи истиқрори сулҳ ва талошҳои ҷониби оппозитсион дар ин самт ҳанӯз ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.Таҳлилу баррасии  якҷояи ин масъаларо ман борҳо аз худораҳматиҳо устод Нурӣ ва устод Ҳимматзода тақозо кардам,  вале мутаассифона, ҳар бор  ҳаллу фасли ин масъала ба вақти номуайяне гузошта мешуд. Ман ба онҳо мегуфтам, чизҳое, ки Шумо медонеду ман медонам, бисёриҳо намедонанд. Бояд ки ду се ҷаласаи муштарак бо иштироки шахсиятҳои масъули Наҳзат гузаронем ва бештар дар атрофи ҳамон масъалаҳое баҳсу мунозира кунем, ки дар гирди онҳо шубаҳот хеле зиёд аст.

 

Рӯзе мерасад, ки на шумо мемонеду на ман. Ба ин масъала бояд рӯшанӣ андозем. Бисёриҳо мегӯянд, ки гӯё байни мо  роҳбарони собиқ мухолифин ихтилоф буд, Бархе аз онҳо сулҳталаб буданду бархе ҷангталаб ва ғайраву ҳоказо. Дар ҳақиқат, дар раванди музокироти сулҳ буданд лаҳзаҳое, ки мо бархилофи мавқеъгириҳои якдигар ибрози назар мекардем. Ҳатто ба якдигар гапҳои сахту дурушт мегуфтем. Вале баъдан ба як хулосаи умумӣ меомадем. Хулоса, ба ҳамаи ингуна  нофаҳмиҳо  рӯшанӣ  андохтанӣ мо лозим буд. Зеро фарaз кардем. Замоне мерасад, ки ман ёддоштҳои худамро нашр менамоям.

 

Шояд мавқеи ман дар баъзе масоил аз мавқеи раҳбарияти ҲНИТ фарқ кунад. Мухолифини сиёсии мо метавонанд аз ин чиз ҳангома бисозанд, ки ин ҳолат на ба манфиати Наҳзат ҳасту на ба манфиати ман, мегуфтам ба онҳо. Устодони гиромӣ ба ин фикр розӣ шуданду вале Худованди Бузург ба мо фурсатро барои ҳалли ингуна  масоил надод. Хулоса мо натавонистем, ки боре махсус дар ҳамин мавзӯъ сӯҳбат кунем. Билохира он ду роҳбари фақид, Худо раҳматашон кунаду ҷояшон ҷаннат бошад, ин дунёро тарк гуфтанду масъала бе таҳлилу баррасии мо ҳамин тавр боқӣ монд.

 

Кӣ медонист, ки устод Нурӣ ба ин марги нобаҳангом рӯ ба рӯ мешаванду чи тавре ки дар  ифшогариҳои Викиликс дар номаи сафири Амрико  омадааст, «ба тарзи мармуз вафот мекунанд». Вақте, ки ба Олмон  барои табобат рафтанд, мо гумони зиёд доштем, ки Устод шифо меёбанд. Аз худашон ҳам вақте, ки аз саломатиашон мепурсидам, мегуфтанд, ки «шукр ҳолам беҳтар шудааст…». Ба ҳар ҳол агар Шумо саволҳои мушаххасе дар бораи музокироти сулҳ дошта бошед, ман омодаам ба қадри имкон ба онҳо аз дидгоҳи шахсии худам посух диҳам.

 

-Ташаккур, имрӯз яке аз мавзӯъҳои доғи рӯз дар минтақа мавзӯи ҷангу сулҳи Афғонистон ба шумор меравад. Муддати тақрибан 10 сол  аст, ки нирӯҳои низомии байналмилалӣ дар Афғонистон алайҳи толибон ҷанг мекунанд, вале наметавонанд, ки онҳоро шикаст бидиҳанд. Баръакс, муқовимати Толибон рӯз то рӯз пурқувват ва шиддатноктар шуда истодааст. Дар ин вазъият садои бо онҳо гуфтушунид кардан, қазияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кардан дар доираҳои сиёсӣ, чӣ дар Афғонистон, чи берун аз он зиёдтар мерасидагӣ шуд. Ахиран  дар Афғонистон ҳатто як ниҳоде бо номи «Шӯрои олии сулҳ» таъсис дода шуд, ки дар раъси он собиқ Раиси ҷумҳури Афғонистон устод Бурҳониддин Раббониро интихоб карданд. Ба фикри Шумо оё Афғонистон  бо роҳе рафта истодааст, ки як замоне Тоҷикистони азизи азияткашида онро тай карда буд? Сулҳи мо барои онҳо ҳамчун намуна хизмат карда истодааст?

 

- Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Воқеан ман орзӯи онро дорам, ки  дар Афғонистон сулҳи одилона барқарор шавад. Зеро нооромии Афғонистон ин нооромии минтақа ҳаст. Аллома Иқбол дуруст гуфтаанд, ки:

 

Осиё як пайкари обу гил аст,

Миллати афғон дар ин пайкар дил аст.

 

Дар ҳақиқат, агар дил бемор бошад, тамоми аъзои бадан нороҳатӣ ҳис мекунаду азият мекашад.Аз ин рӯ ман орзуи онро, ки дар Афғонистон ҳарчӣ тезтар сулҳу салоҳ ҳукмрон шавад. Аммо, ман бовар надорам, ки сулҳи тоҷикон барои афғонҳо намунаи сулҳи одилона бошад. Мутаассифона, таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон, таҷрибаи сулҳи муваффақ нашуд. Бо он далел, ки як ҷониби сулҳи Тоҷикистонро дар як муддати кӯтоҳ аз саҳнаи сиёсӣ, аз саҳнаи идории кишвар  берун карданд. Тараферо, ки дар соли 1996-98 қудрати кофӣ дошт. Тараферо, ки аслан тамоми қисмати шарқии кишварро то қарибиҳои шаҳри Душанбе  дар таҳти контрол нигоҳ медошт, тарафе ки бо вуҷуди пешравиҳо, яктарафа дар Хустдеҳ гузаштҳои ниҳоят зиёд кард.

 

 Агарчи барои чунин гузаштҳои зиёд, сабабҳои объективӣ ва субъективӣ низ буданд. Фишорҳои зиёде болоямон буд. Хусусан аз ҷониби устод  Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд (Худо раҳматаш кунад). Ҳукумати устод Раббонӣ дар он ҷанге, ки алайҳи Толибон мебурданд, эҳтиёҷ ба пуштибонии луҷистикии ҳукумати Тоҷикистон доштанд, ҳамчунин эҳтиёҷ ба пуштибонии низомии Русия доштанд. Паноҳгоҳи онҳо асосан Тоҷикистон буд. Аз ин рӯ ба онҳо лозим буд, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон робитаи хуб дошта бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон, аз  ин шароити ба вуҷуд омада хеле хуб истифода кард. Бояд гуфт, ки болои мо роҳбарони  Иттиҳоди мухолифин ҳам аз тарафи раҳбарияти Афғонистон, ҳам аз тарафи Эрон  ва  ҳам аз тарафи Русия бисёр фишор оварданд, ки ҳарчи тезтар бо он шартҳое, ки Ҳукумати Тоҷикистон мехост, Созишномаи сулҳ имзо  шавад.

               

-Ин пешниҳоди СММ буд?

 

-Бале, лекин ба гумони ман  ин пешниҳод аслан пешниҳоди Россия ва Афғонистон буд ва баъдан Ҷумҳурии Исломии Эрон низ аз ин пешниҳод тарафдорӣ кард. Онҳо мегуфтанд, ки шумо аввал  дар ҳукумат ворид шавед ва баъдан худатон якҷо бо  ҳукумат интихоботи парлумониро баргузор кунед. Қабули ин пешниҳод барои мо осон набуд. Зеро ман медонистам, ки дар чунин шароит оянда чи мешавад?.  Вақте ман «не» мегуфтам ва ба чунин пешниҳодҳо розӣ намешудам, бародарон ба ман  мегуфтанд, ки «хуб, шумо дар Эрон зиндагӣ мекунед, зери фишор нестед. Муҷоҳидин, муҳоҷирин зери фишор ҳастанд. Илова бар  ин мо бояд дар бораи бародарони афғон (Ҳукумати устод Раббонӣ)  низ  фикр кунем, ки дар марҳалаи душвор ҳастанд эҳтиёҷ ба пуштибонии низомии Россияву Тоҷикистон доранд. Хулоса, ҳамин тавр шуд, ки мо маҷбур шудем, ки ба пешниҳодҳояшон розӣ шавем.

 

Баъзе вақтҳо баҳсҳо хеле тезу тунд мешуд, нороҳатиҳо  мешуд. Ин ҳақиқат аст. Лекин билохира, устод Нурӣ, Худо раҳматашон кунад, бо сабру таҳаммуле, ки доштанд, нороҳатиашонро ҳеҷ гоҳ изҳор намекарданд. Ё ин ки ягон сухани дурушт дар вақти баҳс аз даҳонашон намебаромад. Ба фикри ман як сабаби пойдор мондани Иттиҳодамон низ дар ҳамин буд, ки  ҳатто агар мо сахт  мегуфтем ҳам, он кас сахт ё дурушт ҷавоб намедоданд. Сукут мекарданд, фардояш бошад корҳо хуб шуда мерафт. Ин ҳақиқат аст. Ҳарчанд то имрӯз ман дар ҳамин ақида ҳастам, ки баъзе гузаштҳои мо аз ҷиҳатҳои сиёсӣ нодуруст буданд. Дигар ин воқеъот таърихи мост ва бо тафсил дар ёддоштҳоям сабт шудаанд.

 

Имрӯз толибон ё худ ҳар гурӯҳи дигаре, ки мехоҳад бо ҳукумати Афғонистон сулҳ кунад, шояд ҳатман таҷрибаи сулҳи  Тоҷикистонро меомӯзад. Ва аз худ суол мекунад, куҷо шуданд он шахсиятҳое, ки бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳ карданд. Як қисматаш зиндонӣ ҳастанд, қисмати дигаре дар синни ҷавонӣ зери хок рафтанд, хусусан роҳбарони аввалаш. Боқимондаашон аз саҳнаи сиёси дар як муддати кӯтоҳ дур карда шуданд. Ба ҳамин хотир ба фикри ман дигар таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон барои ягон тарафи сиёсие намунаи ибрат нест, балки дарси манфие барои гурӯҳҳои  Афғонистон мебошад.

 

Аз ҳамин хотир ба фикри ман дар Афғонистон ташкили Луи Ҷирга карданд ва дар он ниҳодеро бо номи «Шӯрои олии сулҳ» ташкил намуданд, ки гӯё аз ҳукумат вобаста несту худи намояндагони босалоҳияти мардуми Афғонистон, яъне аъзоёни Луи Ҷирга  ба ин Шӯро салоҳияти музокирот ва қабули қарорҳои лозимаро  доданд. Лекин тарафи дигар, яъне толибон шояд ба хубӣ медонанд, ки  ҳукумати иҷроия дар ихтиёри ин Шӯро нест. Агар онҳо аз муқовимат даст кашида халъи силоҳ шаванд, ҳукумати Карзай дигар онҳоро ҳамчун нерӯи сиёсӣ  эътироф намекунад.

 

Мутаассифона, дар аксари кишварҳои ҷаҳони сеюм, ҳукуматҳо нирӯҳои сиёсиро ба муҷарради ҷойгоҳи иҷтимоиву сиёсӣ доштанашон эътироф намекунанд. Агар эътироф мекарданд, инқилобҳо ва муборизаҳои мусаллаҳона ҳеҷ вақт сар намезад. Яъне эҳтиёҷ даст ба силоҳ задан намешуд. Мисоли возеҳ ба ғайр аз Тоҷикистон боз худи Афғонистон аст. Ҳукумати имрӯзаи Афғонистон ва кишварҳои пуштибони он нағз медонистанд, ки Толибон ва Ҳизби Исломии Гулбуддини Ҳикматёр ҳамчун як нерӯи сиёсию низомӣ дар Афғонистон ҷойгоҳи муайяни худро дорад.

 

Бо вуҷуди ин қариб даҳ сол  ба муқобили онҳо муборизаи мусаллаҳона бурданд. Мардуми зиёде шаҳид шуд, милиардҳо маблағ беҳуда сарф шуд. Акнун имрӯз Ҳукумати Афғонисмтон ва кишварҳои НАТО қаноат пайдо карданд, ки бо роҳи низомӣ наметавонанд масъаларо ба нафъи худ ҳал кунанд ва хостори музокироти сулҳ шуданд….

 

Ба ҳар ҳол ман дуо мекунам, ки Тоҷикистони азизи мо  дигар ба ин ҳолат барнагардад. Бо сабабҳои дар боло зикршуда,  мутаассифона,  «Шӯрои олии сулҳ»-и  Афғонистон шояд ноком хоҳад шуд. Зеро Толибон дар ин шароит ба сулҳ розӣ намешаванд. Аз рӯйи маълумотҳое, ки аз руи матбуот  дорам, Толибон ва  Ҳикматёр  гуфтаанд, ки  то он замоне, ки нирӯҳои низомии  хориҷӣ, яъне НАТО ва Амрико дар кишвар ҳастанд, мо музокирот намекунем.

 

- Пас ба фикри Шумо дар Афғонистон кадом вақт метавонад сулҳ истиқрор шавад?

 

-Шояд баъди рафтани нирӯҳои низомии хориҷӣ.

 

-Замоне дар Афғонистон нирӯҳои хориҷӣ, нирӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ, буданд ва ҳамин тавр бо маслиҳат онҳо низ аз он ҷо хориҷ шуданд, вале сулҳ ба Афғонистон наомад, балки ҷангҳои байнихудӣ сар заданд?

 

-Аввал ин ки нерӯҳои Советӣ бо машварати сарони ҷиҳодии Афғонистон хориҷ нашуда буд, балки бо сабабҳои фишорҳои иқтисодии дохилӣ ва сиёсии кишварҳои ғарб аз Афғонистон хориҷ шуда буд. Дуввум ба фикри ман сабаби сар задани ҷанг дар Афғонистон баъди ихроҷи нирӯҳои Шуравӣ  дар он буд, ки ҳукумати вақт натавонист бо сарони муҷоҳиддин дар бораи ояндаи Афғонистон ба тавофуқ бирасанд. Баъдан ҳукуматеро, ки Шуравӣ  баъди худ дар он ҷо гузошт, пойгоҳи мардумии васеъ надошт, аз ин хотир ба зудӣ суқут кард.

 

Нирӯҳои муҷоҳиддин, ки ба ҳашт гурӯҳ тақсим мешуданд, ҳар кадом мақсаду маром ва идеологияву манфиатҳои хосси  худро доштанд. Ба ҳар ҳол ин ҳашт ҳизбу созмон ба се гурӯҳи калон муттаҳид шуда буданд. Масалан, ҷонибдорони  устод Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд ва Сайёф як ташкилот буданд, гурӯҳи дуввум бо Ҳикматёр муттаҳид буданд ва гуруҳи сеюм аз қавми ҳазора, ки пайрави мазҳаби ташаюъ ҳастанд, иборат буданд. Гурӯҳи Дустум ва ӯзбекҳои тарафдораш гоҳҳо муттаҳиди устод Раббонӣ мушуданд,  гоҳҳо тарафдори Ҳикматёр ва гоҳҳо муттаҳиди ҳизби Ваҳдати ҳазораҳо мешуданд.

 

Чаро байни инҳо ҷанг сар зад? Агарчӣ медонам, ки ин фикри ман барои баъзе хонандаҳо хуш намеояд, вале ман онро мегӯям. Ба фикри ман, иштибоҳ аз устод Бурҳониддин Раббонӣ сар зад. Дар байни муҷоҳиддин созишномае буд, ки тибқи он лидерони муҷоҳиддин ҳар кадом шаш моҳӣ бояд ҳукуматро дар Афғонистон идора мекарданд ва бо гузашти шаш моҳ онро довталабона ба лидери гурӯҳи дигар месупориданд. Ҳамин тавр аввалин шуда Сибғатуллоҳи Муҷаддадӣ шаш моҳ Раиси ҷумҳури Афғонистон  шуд. Баъди шаш моҳ Муҷаддади раёсатро беягон ҷангу ҷанҷол ба устод Раббонӣ дод.

 

Аммо бо гузашти шаш моҳ устод Раббонӣ ҳукуматро ба Ҳикматёр надо д, ки ин ба фикри ман иштибоҳ буд. Ва дар ҳамон шаш моҳе, ки дар сари қудрат буданд, устод Раббонӣ дар идораи давлат аз дидгоҳи роҳбарони ҳизбҳои дигар хатоҳои ҷиддие содир карданд. Маълум буд, ки устод Раббонӣ на аз тариқи интихоботи мардумӣ  ва на аз тариқи Луи Ҷирга  ба ин вазифа интихоб шуда буданд. Балки аз тариқи тафоҳуми байни роҳбарони гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ба муддати шаш моҳ ба ин вазифа таъйин шуда буд. Вале он кас аз номи мурдуми Афғонистон корҳое анҷом дод, ки ба фикри ман низ иштибоҳ буданд. Дар ёдатон бошад, баҳори соли 1992 ҳукумати устод Раббонӣ вазири корҳои хориҷаи Русия Козеровро барои мулоқот ба Кобул даъват кард. Дар ин мулоқот устод Раббонӣ бидуни машварат бо роҳбарони ҷиҳодии дигар эълон намуданд, ки давлати Афғонистон аз кишвари Русия ҳеҷ хел талабе надорад.

 

Зеро он кишваре, ки гунаҳкори ин фоҷиаи Афғонистон буд, яъне СССР, аз байн рафт. Тибқи ин мантиқ гӯё фақат кишварҳои назди баҳри Балтик ва ҳамчунин кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз гунаҳгори фоҷиаи Афғонистон бошанд. Ҳол он ки Россия худ эълон карда буд, ки вориси ҳуқуқии СССР мебошад. Аммо устод Раббонӣ ба касе машварат накарда, аз тарафи мардуми Афғонистон ваколат нагирифта ҳиммат карданду папаратсияро бахшиданд, яъне товони ҷангро. Гуфтанд, ки мо аз Русия ҳеҷ чиз талаб ва тақозо надорем. Мо якҷоя бо дигар устодон ҳамон шабу рӯзҳо дар Афғонистон бо  Гулбидини Ҳикматёр сӯҳбатҳо доштем ва ӯ ҳамин суханҳоро мегуфт. Муҷоҳиддони Афғонистон муддати чанд соле, ки алайҳи нирӯҳои шӯравӣ меҷангиданд, ба ҷуз ҳизби Ваҳдат, ки Эрон кӯмакашон мекард, марказҳои асосии сиёсии онҳо дар Покистон буданд.

 

Ҳамчунин ҳудуди се миллион муҳоҷирони Афғон, марказҳои тамрин ва таъминотиашон дар Покистон буданд. Аммо  устод Раббонӣ ва худораҳматии Аҳмадшоҳи Масъуд баробари сари қудрат омадан  сиёсати зиддипокистониро пеш гирифтанд. Мо  соли 1993 вақте, ки бо ин ду сиёсатмадор сӯҳбат мекардем, онҳо покистониҳоро сиёҳ мекарданд. Ва аз аввали рӯзҳои ҳукуматдориашон бо Ҳиндустоне, ки муттаҳиди Бабрак Кармал ва Наҷиб буд, дӯстӣ барқарор карданд. Ин сиёсати онҳо албатта Покистонро нороҳат карда буд. Саввум, Худо шоҳид аст, як бегоҳ мо ҳар се меҳмони  устод Раббонӣ будем, марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд- вазири дифоъ ва генерал Фаҳим-вазири амният дар ин меҳмони ҳузур доштанд.

 

-Шумо, устод Нурӣ ва устод Ҳимматзода?

 

-Бале, мо ҳар се. Мо дар меҳмонии эшон будем. Ва ман дар ҳамон ҷо чунин саволро ба устод Раббонӣ додам. «Чаро устод чунин шуд? Чаро гуфтед, ки мо аз Русия ягон чиз талаб надорем? Чаро бо Ҳиндустон дӯст шудед? Чаро бо Покистон робитаҳоятон сард шуд? Чаро муҷоҳидони  арабро, ки ҷонашонро дар кафи даст гирифта омада ҳамроҳи шумо дар сангарҳо ҷанг карданд, имрӯз онҳоро боздошт карда бар хилофи иродаашон ба ҳукуматҳояшон месупоред? Шумо нағз медонед, ки дар кишварҳояшон онҳоро чи интизор аст?.»

 

Ҳамон рӯзҳо генерал Фаҳим нав аз сафари Миср баргашта буд. Байни вазорати амнияти ҳукумати устод Раббонӣ ва байни идораи амниятии давлати Миср созишномае ба имзо расида буд, ки тибқи он ҷониби Афғонистон бояд арабҳои муҷоҳидро боздошт карда ба ҳукумати Миср таҳвил диҳад. Ба он кас гуфтам, ки имрӯз шумо бо мухолифони худ дӯст шудеду бо дӯстонатон мухолиф. Чаро чунин шуд? Ҳатто садоятонро барои ҳалли одилонаи  проблемаи Кашмир баланд намекунед? Чи сабаб аст? Ҳол он ки тамоми мусулмонони ҷаҳон аз ҷиҳоди Шумо тарафдори мекарданд ва кӯмакҳои ҷонию молии худро дареғ намедоштанд.

 

-Онҳо чӣ посух доданд?

 

-Ин суол ба фикрам ба устод Раббонӣ хуш наомад, аз ин рӯ сукут намуданд. Худораҳматии Аҳмадшоҳи Масъуд  ба ҷойи устод Раббонӣ посух доданд. Гуфтанд, ки вазъи геополитикӣ дар ҷаҳон дигар шудааст. Дар чунин вазъ манофеи Афғонистонро ба назар гирифтан лозим аст на афрод ва гуруҳҳои муайяниро… Хулоса суханҳое гуфтанд, ки  як фарди муҷоҳид, ки бо шиори ҷиҳод сари қудрат омадааст, набояд ин ҳарфҳоро мезад. Агар онҳо аз тариқи интихобот  ва ё бо кӯмакҳои созмонҳои байналмилалии ғарбӣ сари қудрат меомаданд, шояд гапашон дуруст мебуд… Вале мутаассифона, баъдан дар дохил ба маҳалгароӣ роҳ доданду дар сиёсати хориҷӣ бо муттаҳидини собиқи худ, хусусан бо Покистону Арабистони Саудӣ мухолифатро пеш гирифтанд. Ба гумонам ин амалҳо  яке аз сабабҳои асосии пайдоиши Толибон мебошад.

 

Билохира Толибон ба майдон омаданду Покистону Арабистони Саудӣ аз онҳо дастгирӣ карданд. Кулминатсияи робитаҳои бади сиёсии ду кишвар ба он оварда расонид, ки дар соли 1994 ҷонибдорони устод Раббонӣ ба сафорати Покистон дар Кобул  ҳуҷум карда онро ишғол намуда таллаю тороҷ намуданд. Сафири Покистонро бо чанд зарбаи корд  маҷрӯҳ карданд. Шифри сиррие, ки барои ҳар як мамлакат хеле муҳим аст, онро гирифтанд. Баъди ин воқеа ман бо вазири корҳои хориҷаи Покистон сӯҳбат доштам. Ӯ гуфт, ки ин кор барои мо хеле зарбаи сахт шуд. Онҳо шифру рамзҳои моро гирифта ба Ҳиндустон доданд, ки барои мо талафоти ниҳоят калон аст. Хулоса, сабабҳо ва омилҳои зиёде пайдо шуданд, ки боиси идомаи ҷанг дар Афғонистон гардид. Бинобар ин дар Афғонистон сулҳ нашуд.

 

-Дар сурати баромадани нирӯҳои хориҷӣ оё ҳамин кор такрор намешавад ва ё акнун заминае ҳаст, ки он итминон медиҳад, ки ин кор такрор нахоҳад шуд?

 

-Бубинед, ба фикри ман вақте қувваҳо баробар бошанд, кӯшиши якдигарро фиреб додан набошад, шояд сулҳ шавад. Таҷриба нишон дод, ки дар Афғонистон якдигарро фиреб додан ба кор намеравад. Бояд ба баргузории  як интихоботи воқеан одилона розӣ шаванд ва ин интихоботро як созмони байналмилалии бетараф, ки ҳарду ҷониб ба он эътимод доранд, баргузор намояд. Шояд Толибон миёнҷигарии СММ-ро бо баъзе сабабҳо қабул накунанд. 

 

Шояд Созмони Конференси исломиро ҳарду тараф довариашро қабул намоянд. Ё чанд кишварҳои мӯътадили исломӣ, аз қабили Туркия, Малайзия ва Индонезия, ки воқеан ба ягон тарафе аз ҷонибҳои даргири Афғонистон вобаста нестанд ва ё дунболи манфиати хосси худ нестанд ва  таҷрибаи хуби татбиқи демократияро дар кишварҳояшон доранд ва аз ҷиҳати молӣ низ вазъи хубе доранд, онҳо метавонанд, ки ин интихоботро дар Афғонистон баргузор намоянд.

 

-Ташаккур барои сӯҳбат

 

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4041----l----r.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ