22:35:57 16-уми Июни 2025 сол

ШЕБУ ФАРОЗИ РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дар ин авохир мукарраран аз сафари гурӯҳҳои рӯшанфикрони тоҷик барои ширкат дар ҳамоишҳо дар Эрон ҷилавгирӣ кардаанд.

 

Ахмадинажод - Эмомали РахмонРӯзи гузашта сафари гурӯҳи 71 нафарии устодони алифбои форсии мадорис ва донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки ба манзури ширкат дар давраи бозомӯзии хатти форсӣ озими Эрон буданд, ба далоили номаълум ба таъвиқ афтод. Қаблан низ ҳамчунин ҳодиса иттифоқ афтода ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз сафари гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик ба Эрон ҷилавгирӣ карда буданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистону Эрон аз густариши бесобиқаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни ин ду кишвар ҳарф мезананд.

 

Эрон шарики истротежики Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эронро “шарики боэътимоди истиротежики кишвараш” хонда ва аз барномаи сулҳомези атумии Эрон пуштибонӣ кардааст. Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ таъкид дошт, ки дар сутуҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ҳеч масъалаи ҳалнашуда вуҷуд надорад. Оқои Шеърдӯст гуфт, бар асоси дархости Президент Раҳмон Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон ба ниҳодҳои зираби ин кишвар дастур додааст то дар моҳи сентябри соли ҷорӣ неругоҳи “Сангтӯда-2” бунёд шуда ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

 

Ба гуфтаи сафири Эрон, ба далели мушкили ҳамлу нақл аз тариқи Ӯзбакистон ҷониби Эрон таҷҳизоти ин неругоҳро аз тариқи ҳавопаймо ба шаҳри Душанбе интиқол додааст. Гуфта мешавад, то ҳол 75 тун таҷҳизоти неругоҳи “Сангтӯда-2” аз роҳи ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон мунтақил шуда ва дар назар аст, аз ин тариқ ду тронсформутри ҳар кадоме 140 тун ва огреготҳои неругоҳ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шавад.

 

Ҳамчунин, Эрон дар садад аст бо сармояи 300 милюн дулор дар навоҳии Данғара ва Қубодиён, дар ҷануби Тоҷикистон ду корхонаи тавлиди семонро бунёд кунад. Дар ҳоле ки мақомоти ин ду кишвар ба густариши равобити Тоҷикистону Эрон дар самтҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ таъкид кардаанд, аммо ахиран дар ин равобит баъзе сӯйи тафоҳум ба мушоҳида расидааст. Коршиносон ин амрро ба тағйири мавзеъи давлати Тоҷикистон дар қиболи масоили динӣ марбут хондаанд, ки дар нимаи дуюми соли гузашта оғоз шудааст.

 

Неруҳои “динзудо” дар давлати Тоҷикистон?

Дар зарфи се моҳи ахир мақомоти Тоҷикистон аз сафари иддае аз донишҷӯёну устодон ва рӯшанфикрони тоҷик барои ширкат дар тадобири мухталиф дар Эрон ҷилавгирӣ карда ва беш аз 200 донишҷӯйи тоҷикро аз мадориси Эрон ба ватан бозгардонданд. Бархе аз коршиносон ин иқдоми давлати Тоҷикистонро “ташдиди мубориза бо иделуҷии динӣ” дар кишвар хондаанд, ки аз маҳдудияти пӯшиши исломӣ ва гузоштани риш шурӯъ шуда ва наҳваи ироаи мавъиза дар намози ҷумъа ва ибодат дар масоҷидро низ фаро гирифтааст.

 

Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон аз “неруҳои динзудо” дар сохтори давлати ин кишвар интиқод карда ва гуфт, ки “мумкин аст ин афрод аз тарси исломӣ шудани Тоҷикистон ба чунин тадбир даст задаанд.” Оқои Ҳусайнӣ аз ҷилавгирии ниҳодҳои давлати Тоҷикистон барои ширкати рӯшанфикрони тоҷик дар тадобири фарҳангӣ, омӯзишӣ ё мазҳабӣ дар Эрон интиқод карда ва гуфт, ки имкон дорад ин сиёсат дар чигунагии равобити миёни ин ду кишвар асар гузорад.

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, Эрон ҳамеша аз мавзеъи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пуштибонӣ карда ва дар ҷараёни мушкилоти тронзит аз тариқи Ӯзбакистон дар соли гузашта танҳо Эрон дар пуштибонӣ аз Тоҷикистон садо баланд карда буд. Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муъовини аввали раиси Маркази мутолеъоти истротежии Тоҷикистон, мегӯяд масъалаи бозгардонидани донишҷӯён аз мадориси динӣ ё ҷилавгирӣ аз ширкати ҷавонон дар тадобири мазҳабӣ танҳо ба Эрон рабт намегирад.

 

Ба эътиқоди оқои Сафаров “ин иқдоми давлати Тоҷикистон ба манзури танзими раванди таҳсили ҷавонони тоҷик дар муасисоти таҳсилоти олии кишварҳои исломӣ анҷом шудааст.” Масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон низ зимни таъкиди ин нукта гуфтанд, дар дохили Тоҷикистон барои омӯзиши аркони ислом ва Қуръон ҳеч мушкил ё мавонеъ вуҷуд надорад. Таъкид шуд, ки дар соли гузашта ҳудуди 500 тан аз бонувони тоҷик дар Маркази фарҳангии сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе аз давраҳои семоҳаи омӯзиши Қуръон ва алифбои форсӣ фориғ шудаанд.

 

Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ теъдоди бурсҳо дар донишгоҳҳои Эрон барои донишҷӯёни тоҷик аз 150 то 250 адад афзоиш ёфтааст. Аз сӯйи дигар, Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки “тағйири сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Эрон таҳти фишорҳои Омрико ва Русия сурат гирифтааст.” Ба гуфтаи оқои Давлат, равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо Эрон, ки ба далели барномаи ҳастаияш ба фишори сангини Омрико ва мамолики Ғарб рӯ ба рӯ шудааст, барои Омрико чандон хушоянд набудааст.

 

Вай гуфт, Омрико дар эъмоли фишор болои Тоҷикистон аз фишангҳои муассире бархурдор буда ва “Бонки Ҷаҳонию Сандуқи Байналмилалии Пул бо дастури Омрико кор мекунанд.” Аммо бархе аз нашрияҳои Русия тағйири сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Эронро ба “афзоиши рӯҳияи тарафдори Эрон дар ҷомеаи ин кишвар ва афзоиши теъдоди аҳли ташаюъ дар ин кишвар” марбут хондаанд.

 

Тоҷикистону Эрон узви Иттиҳоди кишварҳои форсизабон

Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳои хориҷист, ки пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 сафоратхонаи худро дар шаҳри Душанбе боз кардааст. Аммо дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 Эрон аз Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон пуштибонӣ карда ва ба бештари аъзои он паногоҳ дода буд. Он замон мақомоти Тоҷикистон Эронро дар омӯзиши низомии афроди мухолифони тоҷик дар урдугоҳҳои ин кишвар муттаҳам карда буданд.

 

Дар пайи истиқрори сулҳ ва субот дар Тоҷикистон дар авохири даҳаи 1990 нахуст равобити фарҳангӣ ва баъдан ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомӣ миёни Тоҷикистону Эрон густариш ёфт. Тунели “Истиқлол” ва неругоҳи “Сангтӯда-2” аз бузургтарин пружаҳои Эрон аст, ки дар Тоҷикистон анҷом мешавад. Ба дунболи пуштибонии Русия аз мавзеъи Ӯзбакистон дар масоили манобеъи обу энержии Осиёи Марказӣ дар авоили соли 2009 ва навмедии Тоҷикистон аз раванди ҳамгироии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ боиси наздик шудани ин кишвар ба Эрон шуд.

 

Мушкилоти энержӣ ва бунбасти иртибототии Тоҷикистон ва инзивои Эрон ба далели барномаи ҳастаияш ин ду кишварро водор сохт то барои ҳимоят аз манофеъи худ якҷо бо Афғонистон мавзуъи ҳамгироии кишварҳои форсизабонро матраҳ кунанд, агарчи бо вуҷуди муштаракоти забониву фарҳангӣ бо назардошти бофти сиёсӣ ва иқтисодии ин кишварҳо чунин ҳамгароӣ ҳамвор ба назар намерасад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4060-2011-01-04-17-25-46.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ