ҲНИТ МУХОЛИФИ РАЪЙПУРСӢ ДАР СУДОН АСТ
Уламои мусалмони кишварҳои мухталиф ҷаҳон бо ҳушдор дар бораи хатари ҳамапурсӣ барои таъин кардани сарнавишти ҷануби Судон ҳар гуна таҳаррук барои тақсими ин кишварро қотеъан таҳрим карда ва ин амрро таҳдиди ошкоро алайҳи уммати исломӣ ва арабӣ тавсиф кардаанд.
Ба гузориши «Руҳамо», беш аз 60 тан аз уламои Судон, Яман, Мавритония, Ниҷерия, Мағриб, Либия, Урдун, Миср, Арабистон, Лубнон, Туркия, Фаластин, Тоҷикистон, Молезия, Афғонистон ва Покистон дар баёнияе таъкид кардаанд, ки раъй додан барои ҷудосозии ҷануби Судон аз шимоли ин кишвар аз назари шаръӣ ҳаром аст. Ин уламо аз мардуми Судон хостанд талошҳои худро ҷиҳати ваҳдати шимол ва ҷануби ин кишвар афзоиш дода ва тавтиаи тақсими ин кишварро, ки аз сӯи истеъморгарон эҷод шудааст ва тавассути бархе аз шахсиятҳои манфиатталаб дар ҳоли иҷро аст, хунсо кунанд.
Дар ин баёния ҳамчунин аз сарони кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва андешмандони ҷаҳон дархост шудааст то аз тавтиаи режими ишғолгар барои тақсими Судон ҳушёр бошанд. Ин уламо бо баёни ин ки ҷудоии ҷануб ва шимоли Судон масъалаи ҷангҳои қавмиятӣ нест, таъкид кардаанд, ки ин амр тавтиаи ҷаҳонист ва танҳо Судонро ҳадаф қарор надодааст, Зеро ҷануби Судон дарвозаи ислом ва кишварҳои арабӣ ба сӯи Африқо аст. Бар асоси ин баёния ҳадаф аз тақсим кардани Судон қитъа-қитъа кардани уммати арабӣ ва исломӣ аст.
Ба ҳамин монанд дар Темори Шарқӣ рӯй дод. Ин амрест, ки шояд фардо дар Дорфур ва дигар нуқоти кишварҳои исломӣ такрор шавад. Боризтарин шахсоне, ки тайи ин баёния имзо гузоштаанд иборатанд аз: Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, Наср Фарид Восил, муфтии собиқи Миср, Абдурраҳмон Ал-Бирр, устоди Донишгоҳи ал-Азҳар ва узви дафтари Иршоди «Бародарони мусалмон», Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Хатиб, аз уламои ал-Азҳар, Ал-Ҳибр Юсуф Нур Доим, дабири кулли «Бародарони мусалмон» дар Судон, Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ…
Аммо ба иттилои шабакаи телевизионии «Ал-ҷазира», раисҷумҳури Судон таъкид кард, эҳтимоли ҷудоии ҷануби Судон аз ин кишвар дар ҳамапурсии оянда вуҷуд дорад. Умар Ҳасан ал- Башир, аз аъзои ҳизби миллии ҳоким дар Судон хост бо натиҷаи ҳамапурсии таъини сарнавишти ҷануби Судон, воқеъбинона бархӯрд кунанд. Ал-Башир таъкид кард, давлати Судон иҷозаи баргузории ҳамапурсӣ барои таъини сарнавишти минтақаи «Абӣ»-ро нахоҳад дод.
Вай гуфт: агар Худое накарда, ҷудоии ҷануби Судон иттифоқ афтад, мардум набояд тасаввур кунанд ҳама чиз тамом шуд ва кишвар аз байн хоҳад рафт. Мо ҳамон замон, ки тавофуқномаи сулҳро имзо кардем, 51 дар сад даромади нафти ҷануби Судонро аз даст додем. Бо ин вуҷуд мо барои тавсеа ва густариши хадамот ба мардум аз соли 2005 то кунун муваффақ будем.
Ал-Башир изҳор дошт, гуфтугӯҳои оянда дар Доҳа байни тарафҳои даргир дар Дорфури Судон охирин даври гуфтугӯҳост, ки давлати Судон дар мавриди Дорфур дар он ширкат хоҳад кард. Вай афзӯд, тавофуқномаи Доҳа тавофуқномаи ниҳоӣ дар мавриди Дорфур хоҳад буд ва дар оянда ҳар касе бихоҳад бояд ба ҳамин тавофуқнома бипайвандад. Тавофуқнома то поёни моҳи равон ба имзо хоҳад расид. Мавзӯи минтақаи «Абӣ» ба унвони шарораест, ки метавонад бо як ишора оташ бигирад.
Додгоҳи Лоҳа соли гузашта бо дахолат дар ин мавзӯъ иқдом ба таъини марзи минтақаи «Абӣ» бо Судон кард, то ба истилоҳ аз эҳтимоли бархӯрд байни шимол ва ҷануб дар оянда ҷилавгирӣ кунад. Аммо худи қабилаҳои сокин дар минтақа пас аз таъини марзҳо, нисбат ба он эътироз карданд ва унвон мекунад дар сурате, ки ҳамапурсӣ ба нафъи ҷануб бошад, онҳо ҳаққи истифода аз чарогоҳҳои ҳосилхезро аз даст хоҳанд дод ва дар сурате шимолиҳо баранда шаванд, мушкилоти онҳо бо сокинони маҳалӣ идома хоҳад дошт.
Тақсими Судон пружаи деринаи Бритониёӣ аз даврони истилои Миср ва Судон мебошад. Соли 1914 Бритониё минтақаи ҷануби Судонро минтақаи пӯшида эълон кард ва нерӯи махсусеро барои адаб додани қабилаҳои саркаш ва мухолифи истеъмор таъсис дод ва дар мавридҳои зарурӣ аз зӯри ин нерӯҳо истифода кард. Қабилаҳои ҷануб аз бекорӣ дар ин миён борҳо исён бардоштанд. Ҳамлаҳои мубаллиғони насронӣ бо ном ва шиорҳои гуногун шурӯъ шуд ва дар як муддати кӯтоҳ минтақаро тасарруф карданд.
Соли 1918 барои коргарон забони англисӣ забони расмӣ ва коргузории минтақаи ҷануб эълон шуд ва афроди коргар аз шимолро аз вазифаҳои ишғол кардаашон ронданд. Ба ҷои рӯзи ҷумъа якшанберо рӯзи истироҳатӣ эълон карданд. Соли1922 Қонун дар бораи муҳоҷират ва раводид дар ин минтақа қабул карда шуд ва дар соли 1925 Қонун дар бораи манъи тиҷорат ба ғайр аз мардуми ҷануб дар минтақа ба тасвиб расид ва то замони истиқлолият дар соли 1956 ҳодиса ва воқеаҳои ба ҳамин монанд идома ёфт.
Ин минтақаи зархез аз ҳамон замон ба ғарбиҳои истилогар маъқул шуда буд. Бо ин роҳ тухми кину адоват байни мардуми қашшоқ ва камфаҳми ин минтақа кишт карда шуд. Дар замони истиқлолият онҳое, ки аз дасти мубаллиғони насронӣ пайрави Масеҳ шуда буданд, ҷомеаро ором нагузоштанд. Дар охири даҳаи ҳаштоди асри гузашта ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва беш аз 25 сол давом кард. Соли 2005 оташбас байни ҷануб ва шимол-Ҳукумати Ал-Башир эълон карда шуд. Дар ин муддат ҳукумати кишвар тавонист миллиардҳо доллари сармоягузорони хориҷиро ҷалб кунад ва Судонро дар қитъаи Африқо ба як кишвар кордеҳ табдил диҳад.
Аммо оромӣ ва пешравӣ ба Исроил ва ҳампаймонони ғарбиаш хуш наомад. Соли 2010 яке вазирони Исроил гуфт Судонро бояд ба се давлат тақсим кард то амнияти Исроил таъмин карда шавад. Давлати Амрико ба хотири осудахотирии ҷигарбандаш-Исроил дар Шарқи Миёна ба Судон ишора кард. Агар ин ҳамапурсиро барои тақсими Судон байни мардум бигузаронӣ қарзҳои додаамро хоҳам бахшид.
Ҳамапурсии мазкур қарор аст 9-уми январи соли равон баргузор шавад, аммо аксар кишварҳое, ки барои баргузории ин ҳамапурсӣ ваъда карданд, ки Судонро аз ҷиҳати молӣ кӯмак мекунанд то ҳол ба ваъдаашон вафо накардаанд. Ба ҳамин хотир вазири хориҷии ин кишвар аз он хост, ки ба ваъдаи худ вафо карда ҳукумати кишварашро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хиҷолат нагузоранд. Эҳтимол меравад бо баргузории ин ҳамапурсӣ Кохи Сафед аз 25 миллиард доллари қарзие, ки қаблан ба Судон дода буд, чашм бипӯшад. Чунки ин як давлати насроние дар дохили Судон таъсис дода хоҳад шуд…
Судон дар шимолу шарқи Африқо бо ду миллюн ва 505 ҳазору 813 километри мурабаъ дар канори баҳри Сурх ва миёни кишварҳои Миср ва Иритерия воқеъ шудааст ва паҳновартарин кишвар мусалмонони қораи Африқоро ташкил медиҳад. 52 дар сад аз сокинони ин кишварро сиёҳпустони африқоӣ табор ва 39 дар садро арабҳо ва 8 дар сади дигарро қабилаҳои гуногун ташкил медиҳанд. Тибқи оморҳои расмӣ аксарияти ин кишварро мусалмонон ташкил медиҳанд, ки аксаран суннимазҳаб ҳастанд, аммо чанд дар саде аз масеҳиён низ дар ҷануби ин кишвар ба сар мебаранд.
Мубаллиғони насронӣ тавонистанд паҳновартарин кишвари мусалмонон дар қитъаи Африқоро ба шикаст ва пора-пора шудан мувоҷеҳ кунанд. Миссионерҳои насронии расман сабти номшуда дар Тоҷикистон аз ин мардуми қашшоқ ва камфаҳми мусалмони мо чӣ мехоста бошанд?
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4101-2011-01-09-12-21-57.html