09:50:50 16-уми Июни 2025 сол

ПИСТАИ БЕМАҒЗ АГАР ЛАБ ВО КУНАД…

(ё посухе ба таҳлилгари сиёсии ҲНИТ)

Дар сомонаи Рӯзгор.tj мусоҳибаи ихтисосии сартаҳлилгари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозодаро даври ҷаласаи Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, пешнависи қонун дар бораи масъулияти падарон ва модаронро «дур аз воқеияти ҷомеаи мусалмонии кишвар» ва мухолифи арзишҳои ҷомеъа» арзёбӣ кардааст, хондам.

 

модарХондаму ба андеша рафтам, ки агар таҳлилгарони бузургамон, онҳое, ки ҳадафҳои сиёсӣ, ғояю ақида ва роҳнамоии сиёсии ҳизби мустақилеро бар дӯш доранд, бад ин минвол андешанду дарки таҳлилиашон чунин бошад, нисбати насли ояндаи ҷомеа ба ҷуз масҷидравӣ дигар пешниҳоде надошта бошанд, чӣ гила аз дигароне, ки мафкураашон ҳатто ба дарки мӯҳтавои чунин мавзӯъҳо намерасад. Аз сӯҳбати «ихтисосии» мӯҳтарам Сайфуллозода чӣ бардоште кардам? Дақиқан ҳеҷ. Сӯҳбат комилан аз умумигӯию истифодаи ҳарфҳои забонзадаи «мо гуфтем»-у «мегӯем», ин «мушкил»-у он «мушкилот» ва худсафедкуниҳо иборат аст.

 

Нахуст Ҳикматулло Сайфуллозода «ҳуҷум»-ро ба устодону кормандони маориф шурӯъ мекунад ва идао дорад, ки баъди қабули ин қонун «онҳо тамоми мушкили таълиму тарбиятро ношӣ аз бетаваҷҷӯҳӣ ва бемасъулиятии волидайн талаққӣ мекунанд». Ҳаргиз чунин нест. Масъулияти таълиму тарбия дар мактаб ҳамеша бар дӯши муаллим буду боқӣ мемонад. Ҳеҷ кас худро аз бори ин масъулият раҳо накардааст ба ҷуз дар тахаюлоти бофтаи Шумо. Мақсад аз бонги изтироб заданҳои Шумо маълум аст. Дард, дарди масҷид аст. Ва дуруст ҳам фармудаед, ки «ошкоро бигӯянд, ки то 18-солагӣ масҷидравӣ мамнӯъ аст». Ихтиёр ба дасти ман ва ҳазорон устодони мактабҳои миёна мебуд, ҳатман ҳамин тавр «ошкоро» мегуфтам.

 

Шумо мушкилро дар низоми маориф мебинед ва дарк кардан намехоҳед, ки агар ин ниҳод бо чандин ҳазор кормандони соҳибмаълумоташ чунин мушкилот дорад, пас дар масоҷиде, ки Шумо рафтани тифлу наврасонро талқину тақозо мекунед вазъ дар чӣ ҳол аст? Агар «ошкоргӯӣ» мехоҳед, ошкоро бигӯед, ки чӣ қадар имомхатибони ин масҷидҳо ақаллан дониши миёнаи исломӣ доранд. (Дар бораи дониши дунявиашон ҳарфе намезанам, чунки дар ин бора бояд раисатон Муҳиддин Кабирӣ бигӯяд ва бояд бифаҳмонад, ки агар дониши дунявиаш набошад, дарвозаи Ғарб ҳаргиз барояш боз нахоҳад шуд). Акнун, ки дар ин бора каме андешидед, фикр кунед, ки тифлакони маъсум ва наврасони покзамир дар масҷид, чӣ таълимотеро аз қисмати зиёди ин нимчамуллоҳо (хоҳиш мекунам ин ибораро ҳамчун таҳқир не, чун ҳақиқати воқеӣ бипазиред) меомӯзад.

 

Шумо, ки яке аз пешвоҳои маънавии ҲНИТ ва масъули бахши стратегии ҳизб ҳастед, бояд ҳар як суханатон бо далелу бурҳон собит гардад. Вале дар аксари  гуфтаҳоятон асло мантиқ вуҷуд надорад. Худ қоилед, ки «Кумитаи родию ва телевизиюн дарвоқеъ намехоҳад, ки дари телевизюни давлатӣ ба рӯйи намояндагони аҳзоби мухолиф баста бошад, мо хеле хуш ҳастем». Вале ҳамзамон истифода аз баромадҳоро (дар «Микрофуни озод») бемантиқ медонед, зеро ба гуфтатон «ин шахсиятҳо (яъне муллоҳо) ҷоиз намедонанд, ки омада ибрози назар кунанд ва дар сурате, ки барои тараф қобили қабул набошад, сӯҳбати онҳо «бурида» шавад ва ё пахш нашавад». Чӣ баҳонаи бемантиқе. Ҳанӯз сухане нагуфта оқибаташро мебинед? Шояд айб дар дигар ҷост? Мабодо ин ашхос ҳарос аз он дошта бошанд, ки «пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад»? 

 

Дар рафти сӯҳбат Сайфуллозода ба ботинӣ будани суханҳои Раиси ҷумҳур аз минбарҳо «Алҳамдуллилоҳ, ман мусулмон ҳастам» бо шаку шубҳа менигарад, яъне «… агар дар ҷойе хос, ки дар онҷо ангезаи мусулмонӣ бештар аст, онҷо бигӯем, аммо ҷойе, ки зарурат надорад, намегӯем, ин чизи дигар аст».

 

Мӯҳтарам Сайфуллозода мусулмонӣ дар зоҳир нест, дар қалби ҳар як мусулмон аст ва ҳатмӣ нест, ки ҳар як шахс мусулмонии худро дар назди ҲНИТ ва тибқи хостаи Шумо собит созад. Ман ҳам метавонам Шуморо гунаҳгор созам, ки ҷомеаи мусулмононро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаед: онҳое, ки бо санад мусулмонии худро исбот мекунанд, яъне аъзоёни ҲНИТ ва онҳое, ки мусулмони беҳуҷҷатанд. Ва он мусулмоние, ки Шумо зоҳирашро бо ҷелаку почаҳои бардошта ва пӯшидани куртаю эзор мебинед барои мо бегона аст.

 

Раиси ҷумҳур ва ҳар як тоҷики соҳибмаърифат имрӯз бар онанд, ки мусулмонии мо пеш аз ҳама бо манфиатҳои миллиамон тавъам бошад, на ин ки ба гуфти худатон «дар бозии дигарон шомил нашавем». Чунин «бозиҳо ва оқибатҳои онҳо» беш аз дигарон барои наҳзатиҳо маълуманд…. Барои мо имрӯз ҷавонони тоҷики мусаллаҳ бо андешаҳои солеҳ ва дониши муосир лозиманд, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ватанамонро ҳамқадам бо дигар кишварҳои рушдкардаи сайёра пеш баранд.

 

Ва мақсад аз қабули қонун дар бораи масъултияти падару модарон дар таълиму тарбия фарзанд низ ҳамин аст. Акси ин ҳолро, яъне ҳосили рӯории ҷавононро ба масҷид мо дар ҳамин рӯзҳои наздик, дар Исфараю Хуҷанду Рашт дидем ва ҳоҷати ба ёд овардани ин ҳаводиси мудҳиш нест. Танҳо кифоя аст, як нуқтаро хотиррасон кунам, ки аксари ин унсурҳои ғайриинсонӣ узви ҲНИТ низ буданд.

 

Фикр мекунам, агар Шумо мӯҳтарам Сайфуллозода, ҳамчун таҳлилгари воқеӣ, аз ин ҳодисаҳо хулосаи мантиқӣ бароварда, роҳҳои таълиму тарбияи дурусти аъзоёни ҲНИТ-ро ба роҳбарияти ҳизбатон пешниҳод менамудед, ҳизбро аз доғдоршавӣ ва ҷавонони тоҷикро аз зоминшавӣ дар хуни ҳаммиллатони мусулмони худ ва дигар фарзандони инсоният нигоҳ медоштед.

 

Музаффар Алиев, устоди мактаби миёна 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4307-2011-01-30-20-07-19.html

 

Шарҳҳо   

 
0 #5 Guest 01.02.2011 20:47
Ба ту ай Муалими ки дар хизби комунисти ё ин ки Секулоризми-Дун яви яъне Бедини ин хел конунхое ки аз Ислому Мусалмони ва Масчиду Сатр дур мекунанд мефорад мехохи ки хама ру ба театр ва Кино Ракосаги биоваранд хобата ба об гу !
 
 
0 #4 Guest 01.02.2011 19:22
khdo bgirat aku tubarib javoni donishmandi musallah ba donishi ruz ayba nadonista khudashro musallah ba donishi ruz mega to imruz analizi SPIDa da Kazokiston SEL da Uzbakiston megzarone analizi falaji atfolro dar London .Oy bo in hol khudta musallah ba donishi ruz medoni bo kumaki dustoni gharbiaton nasli navro besavod va havasmand ba dikoklubho va nashamandi va safod karded(in siyosati gharb ast ki bo in roh moro kore kunad ki fakat ba fikri shikam va zeri shikam boshem)holo boz bo dasturi hamonho mekhohed a tanho joe ki odobi insoni va akhlokro yodashon medihad yane masjid mahrumashon kuned voy bar shumo barin chopluson ki har az gohe 2-3 sahifa ba tavri farmoishi bar ziddi khost va fitrati millat menavised
 
 
+1 #3 Guest 01.02.2011 11:04
Ин кадар захмат кашида, матлаб навиштед.Аммо чаро нагуфттед, ки худатон узви кадом хизбед?
Рости аз буи бади гаразхои доштаи матлабатон нафас кашидан барои хонанда душвор аст.
Дар хусуси он ки дарвозахои Гарб бар руи раис ХНИТ кушодааст, аз худатон гиламанд шавед, чун дар вакташ аз фурсат дуруст истифода накардаед. шояд, донишгохро низ бо кумаки "тагохоятон" хатм карда бошед...
Дар ойин мактаби шумо, мусалмон будан хам санад доштааст, ба фикрам, худи шумо то хол ин санади муборакро дастрас накардаед, ба хамин хотир бесанад буудани худро изхор намуда, чунин матлаби фармоиширо омода кардаед.
Муаллими мухтарам, ман бароятон рохи осони дарёфти санади мусалмониро мегуям. ба мисли донишгох ва мактаб азоб намекашед. Он рохи хеле осон аст. Яъне, гаразхо, кинахо, бадбинихо, хулоса дилатон бори дигар мисли навзод аз олудагихо бадкеш тоза кунед, онгох ру ба суи Осмон баланд,ба Холики хасти бовар кунед...
 
 
0 #2 Guest 31.01.2011 14:44
муаллим аз худо тарс.ту худ ки хасти мехохи моро аз масчидрави манъ куни.ин хукукро ба ту ки додаст.ту факат хак дори аз хонаи худат манъ куни.ба хонаи худо чи кор дори.масчид чои нишасти саъдию хофиз чомию беруни ва дигар устодхо буданд.э муаллим бирав шогирди аллома икбол шав назар ба китобхои у бикун бедор ва босавод хохи шуд.ба китобхои мехондагият хоболудона назар накун.
 
 
0 #1 Guest 31.01.2011 14:27
масчид ин хонаи худо хаст.э муаллим агар касе гуяд хонаи муаллим нарав ту инро читавр кабул мекуни.як бор аз руи инсоф назар ба куръон кун.худо онхоеро ки манъ мекунанд золим мехисобад.аз худо тарсед.о ту як бандаи бечораи боз мегуи ки ман ошкор мегуфтам.ту худ ки хасти.ман дар мактаб зино.аракхури.ч и бадкорихоро дидам.мардаквор е бигу ту дар масчид диди.каналхои тв и руссияро дар рузхоииди насрони тамошо кун кихоро мебини.то ту барин муаллимхо аз хоб бедор нашаванд чомеа ба чое намерасад илтимос чоп кунед!!!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854