ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ МАСОИЛИ МАРЗИРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
Гурӯҳи кории ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Русия пешнависи як санади ҳамкориҳо дар масоили марзиро баррасӣ мекунанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи Идораи кулли нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки мавзӯъи баҳси ҷонибҳо таҷдиди назар дар мувофиқатномаи қаблӣ аст, ки дар соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.
Аммо оқои Раҳматуллоев аз шаҳри ҷузъиёти мубоҳисот худдорӣ карда ва гуфт, ки музокирот пушти дарҳои баста мегузарад ва мумкин аст натоиҷи он расман эълом шавад. Ҳамзамон, ӯ хабарҳои мабнӣ ба баррасии имкони бозгашти нерӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ин мулоқотро рад кард. Дар ҳамин ҳол, як манбаъи нерӯҳои марзбонӣ ҳам бидуни зикри номаш ба Би-би-сӣ гуфт, ки Тоҷикистон ба бозгашти нерӯҳои Русия ба марз аслан алоқа надорад.
Аммо ба гуфтаи сухангӯйи Идораи кулли нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мумкин аст гурӯҳи корӣ мавзӯъи таҷдиди назар дар наҳваи фаъолияти мушовирони нерӯҳои марзбонии Русия дар Тоҷикистонро матраҳ кунад. Гуфта мешавад, дар гурӯҳи корӣ ҳайъати Тоҷикистон таҳти раёсати Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ ва ҳайъати Русия таҳти раёсати Анатолий Михеев, фармондеҳи гурӯҳи фаврии марзбонии Сервиси федероли амниятии Русия фаъолият мекунанд.
Зимнан, бар асоси мувофиқатномаи ҳамкориҳо дар масоили марзбонӣ, ки дар соли 2004 миёни Тоҷикистон ва Русия имзо шуда буд, муроқибати марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аз нерӯҳои марзбони Русия ба марзбонони тоҷик вогузор шуд. Бад ин тартиб, то нимаи соли 2005 куллияи воҳидҳои марзбонии Русия аз марзҳои ҷанубии Тоҷикистон хориҷ шуда ва танҳо гурӯҳи мушовирони марзбонии Русия дар ин кишвар боқӣ монданд.
Муддати иҷрои мувофиқатномаи ҳамкориҳо дар масоили марзбонӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 5 сол буд ва дар сурати мувофиқати ҷонибҳо имкон дошт ин санад тамдид шавад. Дар ҳамин ҳол, тайи як соли ахир бархе аз мақомоти Русия алоқамандии ин кишвар ба бозгардондани нерӯҳояш ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро, ки тақрибан 1400 килуметр тӯл дошта ва умдатан аз манотиқи кӯҳистонӣ ва душворгузар иборат аст, иброз кардаанд.
Аз ҷумла, Максим Пешков, як намояндаи Вазорати хориҷаи Русия, дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии "Тоҷикистон ва Русия 2010" дар шаҳри Душанбе дар моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки Русия омода аст нерӯҳои худро барои муроқибат аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба манотиқи марзии ин ду кишвар эъзом кунад. Оқои Пешков таъкид дошт: "Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти Афғонистон ва хатароти терурисму ифротгароӣ, ки дар минтақа вуҷуд дорад, Русия омода аст нерӯҳои худро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад. Агар мақомоти Тоҷикистон мувофиқат кунанд, нерӯҳои мо ба марз бозхоҳанд гашт."
Виктор Иванов, раиси Идораи федероли назорат бар маводди мухаддири Русия, низ дар авоили моҳи июли соли гузашта баъд аз дидор бо Президент Раҳмон гуфта буд, ки мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасии мақомоти ду кишвар қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон дар имкони бозгашти нерӯҳои марзбонии Русия ба марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон тардид доранд. Ба гуфтаи Нуралии Давлат, таҳлилгари тоҷик, марз яке аз рукнҳои кишвари мустақил буда ва ҳар кишвар бояд марзҳояшро бо нерӯи худ посбонӣ кунад.
Ба эътиқоди оқои Давлат, вогузор кардани ҳифозати марз ба нерӯҳои хориҷӣ, ҳарчанд он нерӯҳои шарики истротеж бошад, нақзи истиқлоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, оқои Давлат таъкид кард, ки дар сурати ворид шудани фишори ҷиддӣ бар давлати Тоҷикистон мақомоти ин кишвар мумкин аст ба бозгашти нерӯҳои Русия ризоият диҳанд.
Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки агар Русия дарвоқеъ аз вазъи амниятии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон нигарон бошад, метавонад аз тариқи ироаи кумакҳои фаннӣ, таҷҳизоти мудерни низомӣ ва тахсиси сармоя ба таҳкими ин марз мусоъидат кунад. Ҳамчунин, бар асоси ойинномаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъии Иттиҳоди Кишварҳои Мустақилли Муштаракулманофеъ, ки Тоҷикистон узви ин созмон аст, дар сурати таҳдид ба амнияти Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террурист дар Афғонистон нерӯҳои вижаи ин ниҳод бояд дасти кумак дароз кунанд.
Зимнан, манобеъи ғайрирасмӣ дар канори бозгашти эҳтимолии марзбонони рус ба Тоҷикистон имкони ба ихтиёри Русия вогузор шудани фурӯдгоҳи низомии “Айнӣ” дар 25-килуметрии ғарби шаҳри Душанберо баъид намедонанд. Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи гузашта гуфта буд, ки дар мавриди истифода аз фурӯдгоҳи “Айнӣ” Тоҷикистон танҳо бо Русия музокира мекунад.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон таҷҳизоти фаннии ин фурӯдгоҳ хароб ва ғайри қобили истифода шудааст. Тайи чанд соли ахир мутахассисони Ҳинду Тоҷикистон бо сармояи 70-милюндулории Ҳинд ин фурӯдгоҳро бозсозӣ ва онро бо таҷҳизоти мудерни ҳавонавардию навигатсионӣ муҷаҳҳаз карданд. Дар соли 2008 Дмитрий Медведев ва Эомалӣ Раҳмон дар мавриди истифода аз фурӯдгоҳи Айнӣ аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Русия мувофиқатномаеро имзо карданд, аммо ин санад иҷро нашуд. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, Русия хостори истифодаи ройгон аз фурӯдгоҳ шудааст, вале Тоҷикистон пардохти ҳаққи иҷораро тақозо кардааст. Аммо Русия аз иҷрои ин амр монеъ шудааст.
Русия фурӯдгоҳи Айниро аз мусассисоти муҳимми истротежик хонда ва гуфтааст, ки аз ин фурӯдгоҳ барои ҳимоят аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ дар баробари ҳамалоти эҳтимоли хориҷӣ истифода хоҳад кард. Соҳибназарон мегӯянд, ки Русия бо таваҷҷӯҳ ба манофеъи миллии худ аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба таъсисоти муҳимму истротежики бархе аз ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ чашм дӯхта ва муваффақ шудааст бархе аз ин таъсисотро ба тасарруфи худ дароварад.
Аз ҷумла, дар пайи имзои тавофуқоти соли 2004 миёни Владимир Путин, раиси ҷумҳури вақти Русия, ва Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики вай, дидбонгоҳи фазоии "Окно" дар минтақаи Нораки Тоҷикистон, ки аз аҳаммияти бузурги низомию дифоъӣ бархурдор аст, ба моликияти Русия даромад. Он замон мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин дидбонгоҳро дар ивази беш аз 240 милюн дулор қарзе, ки дар замони ҷанги дохилӣ ба Тоҷикистон дода буд, аз они худ кардааст. Русия, ҳамчунин, бе он ки ҳеч маблағе барои иҷораи замин ба Тоҷикистон бипардозад, аз маҳалли ин дидбонгоҳ ва маҳаллоти дигар барои пойгоҳи низомияш дар ин кишвар истифода мекунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4468-tojikistonu-rusia-masoili-marziro-barrasi-mekunand.html