01:05:23 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХУДО ХОҲАД МУНОСИБАТАМОН ХУБ ХОҲАД ШУД

Дар арафаи ҷашни Наврӯз  ишораи кӯтоҳе оид ба таманниёти наврӯзии сафири Ӯзбекистон  дар Тоҷикистон Шоислом Шоҳқосимовро ба мардуми тоҷик хондаму онро дар оғози соли нави ҷамшедӣ чун фоли нек пазируфтам.

/images/stories/2011/04/11_images665515112.jpgДар ҳақиқат, дур андохтани ҳисси душманӣ, кинаву бадбинӣ ва бахшидани ҳамдигар аз анъанаҳои неки наврӯзист. Сафир дар таманниёташ гуфта буд: «Умед дорам муносибатамон беҳтар хоҳад шуд ва ба ҳарфҳои бегонагон набояд гӯш дод. Баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки байни мо иғво андохта муносибатамонро хароб кунанд. Инҳо душманони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳастанд. Худо хоҳад муносибатамон хуб хоҳад шуд».

Вале афсӯсу вовайло, ки ҳамсоягонамон на танҳо нияти хуб кардани муносибатҳоро надоранд, балки сари ҳар қадам баҳона ҷуста, дар пайи иддао ва сар кардани иғвои дигар ҳастанд.

Баҳси сарҳадии ҷониби Ӯзбекистону Тоҷикистон солиёни зиёдест, ки доманадор гардида, паҳлӯҳои гуногунеро дар бар мегирад. Ҳамагон огаҳанд, ки ҷониби Ӯзбекистон на як бору ду бор оиди сарҳадшикании  шаҳрвандони Тоҷикистон эътироз намуда, онҳоро ба гаравгон гирифта, сипас бар ивази музди муайяне бозпас гардонидаанд.

Аксарияти он ҳолатҳо ҷанбаи тиҷоратӣ доранд, яъне  сокинони наздисарҳадӣ бо марзбонони ӯзбек забон як карда, корҳои тиҷоратиашонро пеш мебаранд. Танҳо дар сурати мувофиқ наомадани ҳаққи марзбонони ӯзбек, ин сир ифшо мегардад. Ҳатто дар баъзе мавридҳо ҳолатҳои аз ҷониби марзбонони ӯзбек ба ҳалокат расонидани шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст.

Дар яке аз ахбори сарҳадии Ӯзбекистон хонда будам, ки чунин хулоса шуда буд: «маҳз ба хотири тамкину таҳаммули  сарҳадбонони ӯзбек оқибатҳои фоҷиабори ин ҳодисаи ногувор бартараф карда шуданд». Чунин аз худ қаноатмандбуданҳои ҷониби Ӯзбекистон аз он шаҳодат медиҳад, ки таманниёти наврӯзии сафири ӯзбек дар Тоҷикистон танҳо ҳарфи хушку холист. Ӯзбекистон дар тамоми воситаҳои ахбори оммаи Осиёи Марказӣ бо забони дароз оид ба марзшикании шаҳрвандони Тоҷикистон  сухан мегӯяду дар бораи нафси рӯз ба рӯз афзояндаи сарҳадбонони хеш хомӯш аст…

Аз ҷониби сарҳадбонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ убури ғайриқонунии сарҳад ба ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст, вале нашунидаам, ки боре ҳам ягон марзбони тоҷик кадоме аз онҳоро ба ҳалокат расонида бошад.

Ҳамсоягони мо ба хотири аланга додани оташи бухлу кинаи дар дил нуҳуфтаашон тавассути сарҳадбонони адоватпешаи хеш ба чандин амалҳои барқасдона низ даст задаанд. Дар баробари рабудани одамон, аз ҷониби онҳо  инчунин ҳодисаҳои рабудани чорво, мошину тракторҳо ва ғайраҳо низ рух додааст. Вале дар ҳама ҷо танҳо айбро ба сари шаҳрвандони Тоҷикистон бор карда, ҷониби Ӯзбекистон худро мусичаи бегуноҳ мегирад.

Соли гузашта яке аз сарҳадбонони тоҷик ба хотири баргардонидани гове, ки аз сарҳад гузашта буд, ҳамагӣ ба андозаи чанд қадаме сарҳадро убур карда, ба хоки кишвари ҳамсоя ворид гашта, мавриди боздошти сарҳадчиёни ӯзбек қарор гирифта буд. Гарчанде ҳодисаи мазкур дар пеши назари сарҳадбонони Ӯзбакистон рух дода буд, вале ҳамчун сарҳадшиканӣ аз ҷониби марзбони тоҷик арзёбӣ гардида, дар тамоми воситаҳои ахбори умум паҳн карда шуд. 

Вақте ки гурӯҳе аз сарҳадбонон бо сардории афсарон мехостанд бидуни убури хати марз оиди баргардонидани ҳамхизматашон мувофиқа кунанд, ҷониби Ӯзбекистон ба ин вохӯрӣ розӣ нашуда, баръакс ҳолати мазкурро ҳамчун ҳамлаи марзбонони силоҳбадасти кишвари ҳамсоя муаррифӣ намуд. Ҳалли қазияи мазкур баъди муддати мадиде  то ҳадди ба амал овардани  боздиди намояндагони сарҳадии ду ҷониб расонида шуд.

Мутмаинам, ки ҷониби Ӯзбекистон бо ин муносибати хеш  агар имконият медошт, ҳатто намегузошт, ки паррандае аз Тоҷикистон ҷониби кишвари онҳо пар кушояд, ё онро сайд мекард, ё ин ки дохили қафас ҷо медод. Ҳамаи ин «аз пашша фил сохтан»-ҳои ҷониби Ӯзбекистон ба надоштани хоҳиши муросо кардан ва ҳисси баланди бадбинии онҳо нисбати халқи тоҷик далолат мекунад.

Баъди ба даст овардани мустақилият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷанги шаҳрвандӣ ба мушкилоти дигаре, чун  минаҳо рӯ ба рӯ гардид. Ҳар сол дар натиҷаи таркиши минаҳое, ки ҷониби Ӯзбекистон байни сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон гузошта шудааст, иддаи зиёде аз аҳолии осоиштаи кишварамон ба ҳалокат мерасанд ва ё ҷароҳатҳои вазнин мебардоранд. Он қурбониёне, ки ҷароҳати вазнин мебардоранду зинда мондаанд, низ барои якумрӣ маъюб гардида, мӯҳтоҷи кӯмак мегарданд.

Ин аст «ҳадяҳои» бедареғе, ки мо аз ҳамсоягони  худ ба ёдгор бурдаем. Пас куҷост он ҳикмати ҳамсоягӣ? Боре ҳам шунидаед, ки ягон шаҳрванди Ӯзбекистон аз минаҳои мо таркида бошад ва ё ин ки нафаре аз кишвари ҳамсоя мавриди ҳамлаи сарҳадбонони мо қарор гирифта бошад? Не! Ҳеҷ гоҳ чунин ҳодисае рух надодааст, зеро мардуми мо хайрхоҳу адолатпешаанд.

Аз қадим халқи тоҷик ҳамчун инсондӯсту саховатманд шинохта шудааст. Боз рӯ меорем ба гуфтаҳои сафир Шоҳқосимов. Шояд имрӯз сафири ӯзбек низ аз бедодгариҳои марзии кишвараш дар хиҷолат буда, таманниёте, ки дар ид изҳор карда буд, танҳо як орзуи шахсии худаш бошад? Дар ҳар сурат дунё ба умед аст.

Баҳриддин Алиев, омӯзгор аз ш. Панҷакент



Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 12.04.2011 21:29
Муаллими азиз Бахриддин Алиев албат аз маколи халки хабар надорад, ё ин ки онро нодида мегирад, ки гуфтаанд: "Бе пул суханат асар надорад, холи ки ту дори саг надорад". Муаллими азиз то Точикистон яке аз давлатхои аз чихати иктисодиву сиёсиву фарханги пеш наравад, ана хамин гуна муносибата хамсояи дуру наздик ба мо раво хоханд дид.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi