10:56:36 06-уми Июни 2025 сол

ИСКАНДАРОВ: "БА ДАВЛАТУ ВАТАНАМ ХИЁНАТ НАКАРДААМ" - Акбаршо Искандаров 2

ДАР БОРАИ ИСТЕЪФОИ МАҶБУРИИ НАБИЕВ

-Манзурам истеъфои ҷабрии Набиев дар фурудгоҳ буд, ки гуфта мешавад нақшаи хадамоти махсус аз берун буд, вале бо дасти ин гурӯҳ анҷом шуд, то ҷараёни расидан ба ҳадаф сареътар пеш равад...

-Вақте ин ҳодиса сурат гирифт, барои таҳқиқи он як гурӯҳи махсус ташкил додем. Аммо ин комиссия кори худро ба анҷом расонида натавонист. Чизе, ки ҳоло медонам ин аст, пеш аз он ки гаравгон гирифта шавад, ба ман телефон карданд. Гуфт, ки наздаш биравам. Вақте рафтам, гуфт, ки бояд дар Хуҷанд як ҷаласа доир шавад ва раёсати Шӯрои олӣ ва аъзои ҳукуматро ҳам бояд он ҷо бубарам. Гуфтам, ки онҳо дар итоати ман нестанд, гӯш намекунанд ва бояд бо онҳо худатон сӯҳбат кунед. Гуфтанд бо Ҷамшед Ҳилолович Каримов, ки и.в сарвазир буд, сӯҳбат кунам. Телефон карда ба ӯ гуфтам. Баъд ба Набиев расонидам, ки аъзои раёсати Шӯрои олӣ одамоне нестанд, ки бархезед биравем гӯӣ, аз ҷо хезанду раванд.

Онҳоро бояд ман бифаҳмонам, ки бо кадом мақсад меравем, чи масоилро баррасӣ мекунем ва ба кадом хулоса меоем. Гуфтанд, ки авзои кишвар ба ҳама маълум, аз ҳамин мағалу кашокаш як каме дуртар равему дар як ҷои ором нишаста маслиҳат намоем, ки чӣ кор кунем, ҳоло ки ҳатто сарвазир ҳам надорем, як нафарро сарвазир таъйин кунем, ноиби раисиҷумҳурро низ маълум намоем ва масоили дигарро ҳам   бояд муҳокима намоем. Ман раёсати Шӯрои олиро даъват карда, масъалаи рафтанро дар миён гузоштам, ки гуфтам раисиҷумҳур ҳамин хел мехоҳад.

Таъкид кардам, ки бояд ӯро дастгирӣ карда ҳамроҳаш биравем. Муҳокима тӯлонӣ шуд. Баъзе аз аъзои Раёсати Шӯрои Олӣ гуфтанд, ки намеравем ва сабаб оварданд, ки пойтахти кишвар ин ҷост, чаро барои муҳокимаи вазъ Раҳмон  Набиев ба он ҷо биравад. Ҷамшед Каримов омодагии худро барои рафтан ба Хуҷанд изҳор дошт. Аммо муҳокимаи аъзои Шӯрои олӣ тӯл мекашид. Ин вақт Анатолий аз муҳофизони Набиев занг заду гуфт, ки онҳо дар фурудгоҳанд.

Ман ба вай вазъияти баҳси аъзои Шӯроро фаҳмонида гуфтам, ки шумо савор шаведу равед мо аз қафо меоем. Ба Ҷамшед Ҳилолович ҳам занг зада гуфтам, ки ҳамроҳ бо президент равад. Ҷамшед Ҳилолович гуфт, ки ҳамроҳи президент дар як самолёт савор шуда намеравад. Бо русӣ ва лаҳни нафари норозӣ сӯҳбат кард. Онҳо низ омаданд, аъзои кобинаи Шӯрои вазирон, худи иҷрокунанда ва муовинонаш дар утоқи кории ман ҷамъ шуданд. Маслиҳат ҳамин тавр шуд, ки меравем. Чанд нафар гуфтанд ки намераванд. Ман гуфтам, ки касе намеравад аризаашро нависад ва аз кор равад.

Баъзеашон эътироз карданд, ки раёсати  Шӯрои олӣ ҳуқуқи аз кор озод кардани моро надорад. Ман гуфтам, ки шумо аризаро нависед, баъд маслиҳат ва дар сессия пешниҳод мекунем. В.Приписнов – муовини раиси Шӯрои Олӣ, гуфт, ки намеравад ва аризаашро навишт. Қозӣ-домулло ҳам гуфтанд, ки намераванд. Ман ошёнаи аввал фаромадам, ки журналистон тибқи одат дар ҳар ҷое зарур ҳаст - нест пайдо мешаванд, ҷамъ омадаанду савол доданд, ки чаро меравед? Ман рӯирост гуфтам, ки меравем то авзои ҷумҳурӣ ва ояндаи давлатдориамонро муҳокима кунем. Маслиҳат кунем, ки раисиҷумҳури мо кор мекунад ва ё намекунад.

Ҳамин гуна як шӯхиомез сӯҳбатҳо ҳам кардам, ки раисиҷумҳур мавқеашро муайян ва як ноиби президент таъйин кунад, сарвазир бояд дошта бошем. Вақте фурудгоҳ расидам, ки Набиев дар вазъи ногувор, гиреҳи галстукаш кашолу кушода ва нишастааст. Ба ман касе аҳамият ҳам надод. Мулло Абдуғаффор он ҷо буд. Албатта, баъзе ба истилоҳ “геройҳо” ҳам он ҷо буданд. Телефон кардам ба раисии КАМ -- Шарифов  Шаҳоб ва пурсидам, ки дар куҷо аст. Зеро он ҷо овозаву воҳима пур буд, ки ҳамаро бо снайперҳо иҳота кардаанд. Вақте даромадам, яке аз муҳофизони Набиевро, ки аз пояш тир хӯрда буд, берун мебароварданд.

Раиси кумита пурсид, ки раисиҷумҳур дар куҷо аст. Гуфтам, дар фурудгоҳ асту аммо ту чаро намедонӣ, дар ҳоле ки раиси КГБ ҳастӣ? Гуфт, ба ман нагуфтааст, ки меравам. Ман гуфтам, ки вай ба ту нагӯяд ҳам, лекин ту бояд донӣ. Ҳамин тавр ба ВКД ҳам занг задам, ҳеҷ кас намедонад, ҳама баҳузур истодаанд. Баъд ду БТР омад. Дидам он нафароне, ки аз он пиёда шуданд ва онҳое ки дар атрофаш буданд бо ҳам канор гирифтанду оғӯшба оғӯш шуданд. Ман ба худ гуфтам, ки дигар тамом, кори шудагӣ шуд. Барои он ки касоне, ки дар болои БТР буданд ва онҳое ки дар поин истода ва мо дар муҳосираашон қарор доштем, бӯсобӯс мекарданд, яъне ҳамдигарро мешинохтанд онҳо.

-БТР-ҳои русӣ буданд?

-БТР-ҳои мо, аз ВКД буданд. Маро Раҳмон Набиев даъват кард. Пурсид, ки агар ман аз вазифа равам, сулҳ мешавад? Гуфтам, ки «не намешавад». Гуфт, пас барои чӣ ман бояд биравам? Он ҷо Мулло Абдуғаффор ба ман дарафтод, ки ту киӣ, чӣ кор дорӣ ва ғайраву ҳоказо, аз ин ҷо рав ва монанд ба ин ҳарфҳо. Вақте ӯ маро таҳдид кард, боз яке аз ҳамон бачаҳо ӯро ором карда гуфт, ки мулло ту кори худатро кун. Ба фикрам, боз аз мулло зӯртар будааст, ки даҳони ӯро баст. Ҳоло ҳам ҳаст “седой”-яш мегӯянд.

Дар он ҷо аз раёсати Шӯрои Олӣ ва низ аз вазирҳо чанднафарӣ ҳузур доштанд ва ба қароре омаданд, ки аризаро бинависад. Набиев аризаро навишту гуфт, ки Акбаршо ту ҳамроҳи ман меравӣ. Ба мошинаш нишастем ва омадем дар бӯстонсарои ҳукуматӣ. Гуфт, писарам, аз ту як илтимос дорам. Ҳамин нафақаи маро дуруст кун. Ман аъзои ҳукуматро ҷамъ кардам, то маслиҳат намоем. Вале боз як бори дигар наздаш даромада дар бораи ҳаҷму андозаи маблағи нафақа ҳамроҳаш сӯҳбат карданӣ шудам, ки гуфтанд нест, рафтааст. Телефон шуд, ки аз сарҳади Регар гузаштааст.

“ГАПЗАНОНИ АБДУЛЛОҶОНОВ БО САНГАК САФАРОВ”

-Барои бисёриҳо аҷиб аст, ки Шумо ва Абдумалик Абдуллоҷонов бо ҳукумати нав ҳамкориро тавонистед идома диҳед. Дар ҳоле ки шумо аз роҳбарони ҲММ будед. Ин чӣ тавр шуд, чун дигарон аз ҳукумат берун андохта шуданд. Бархеҳо бар ин гумонанд, ки шумо пешопеш медонистед, ки чӣ тағйирот хоҳад шуд?

-Аввал ин аст, ки ман ҳеҷ гоҳ узви ҲММ набудам. Дуввум ин ки мандар ягон гурӯҳбозиву тарафкашиҳо иштирок надоштам . Ман барои чӣ дар ин кашмокашиҳо ворид шудам? Ман раиси Шӯрои вакилони халқи вилояти худмухтори Бадахшон будам. Мувофиқи Конститутсия раиси Шӯрои Бадахшони куҳӣ  муовини раиси Шӯрои олӣ ҳисоб мешавад. Ёдатон бошад, ба ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур А.Собчак ва Велихов бо дастури М.Горбачев ба Тоҷикистон омада буданд. Салоҳият ва ваколати раиси Шӯрои олӣ Раҳмон Набиев, ки номзад ба мақоми раисиҷумҳур пешниҳод шуда буд бояд қатъ карда мешуд, мо ду нафар муовинони раиси Шӯрои олӣ, ки яке забони давлатиро намедонист, кор мекардем.

Аз ин ҷиҳат ман аз ноилоҷӣ,  иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои олӣ интихоб  шудам. Оё пешакӣ медонистам, ки ҳукумат иваз мешавад ё не. Мо ҳама вақт бояд омода бошем, ки ҳукумат иваз мешавад, он як организми зинда аст, дар ҳаракат ва таҳаввул аст. Вале ман ба ягон нафаре аз онҳо робита ҳам надоштам.Он давра мо фикри вазифа надоштем. Он давра шароит ҳамин тавр буд, ки ҳеҷ кас намедонист, то бегоҳ зинда хоҳад монд ё не. Хуб, дар бораи Абдуллоҷонов. Ҳоло бисёриҳо маро мегӯянд, ки чаро Абдуллоҷонов сарвазир таъйин шуд? Бояд гӯям, ки Абдуллоҷонов ду қарор -- яке қарори Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Кӯлоб ва дигаре ҳамин гуна қарорро аз вилояти Ленинобод барои таъйин кардани худ ба вазифаи сарвазирӣ дар даст дошт.

 Вале дар ҳукумати нав чаро таъйин шуд, дақиқ намедонам, аммо ҳолдонҳо мегуфтанд, ки дар ҷараёни кори сессия бо чархбол парида Данғара рафта бо Сангак гапзанон кардааст. Аз тарафи дигар дар он шабу рӯз дар сатҳи роҳбарии ҷумҳурӣ аз вилояти Ленинобод касе набуд ва муваққатан ҳам бошад мебоист нафаре дар ин вазифа таъин мешуд. Дар бораи он ки чаро дар ҳукумати Раҳмонов фаъолият намудам. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ягон хиёнат ба давлат ва ватанам накардаам, аз ин рӯ чаро ман бояд кор накунам ва дигар ин ки ман Раҳмоновро то он давра ҳам мешинохтам. Ӯ депутат буд. Ба ҷуз аз депутатӣ соли 1982 ӯ дар Данғара ва ман дар Қалъаи Хумб инструктори райком будем ва ду моҳ дар курси такмили ихтисос якҷоя хондаем, бо ҳамдигар рафиқ будем, мешинохтем ҳамдигарро, ягон чизе дигар набуд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854