02:08:06 03-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОДИ РАИСИ ҶАМОЪАТИ ИСЛОМИИ ҲИНД АЗ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Раиси Ҷамоъати исломии Ҳинд аз тасвиби қонуни масъулияти волидайн дар маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон башиддат интиқод кардааст. Мавлоно Саид Ҷалолиддин Умарӣ аз мақомоти "ин кишвари дорои ҷамъияти аксаран мусалмони" Осиёи Миёна тақозо кардааст, ки фавран ин "санади ғайриъодилона, зиддидинӣ ва ғайримантиқиро" бозпас хонанд.

umari304255.jpgОқои Умарӣ дар баёнияе, ки рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн интишор дода, бо ибрози "таассуф ва таъаҷҷуб" гуфтааст: "Имрӯзҳо бештари мардуми ҷаҳон моддигароӣ ва атеисм (илҳод)-ро инкор карда ва ба дин рӯ овардаанд. Тоҷикистон худаш ҳам шоҳиди паёмадҳои сиёсати зиддидинии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бо вуҷуди ин, давлати Тоҷикистон бо тасвиби "қонуни золимонаи масъулияти волидайн", ки кӯдаконро аз масҷид ва маъобид дур месозад, алайҳи иродаи мардумаш тавтеа чидааст."

Мавлоно Умар давлати Тоҷикистонро ҳушдор додааст, ки бо ин кор на танҳо "гуноҳи бузургеро" муртакиб мешавад, балки насли навро бо дур сохтан аз масоҷид "ба самти илҳод ва динситезӣ" пеш мебарад. Ба эътиқоди вай, насле, ки бо "фарҳанги зиддидинӣ ё динситезона" ба воя мерасад, аз "эҳсоси халлоқият ва хидмат ба инсоният ва меҳани худ" орӣ хоҳад буд ва ин амр ба навбаи худ, барои Тоҷикистон мушкилоте эҷод хоҳад кард.

Ҷамоъати исломии Ҳинд аз созмонҳои бонуфузе дар миёни мусалмонони Ҳинд аст, ки соли 1941 дар шаҳри Лоҳур ба раҳбарии Саид Абдулало Мавдудӣ таъсис шудааст. Соли 1948 дар пайи таҷзияи Ҳинд ва таъсиси кишвари ҷадиде бо номи Покистон ин созмон ба чанд бахши ҳиндӣ, покистонӣ, банглодешӣ ва кашмирӣ тақсим шуд.

Ин созмон таблиғи арзишҳои исломӣ ва зиндагӣ дар ҷомеъае боъадолат ва бидуни хушунату истисморро аз аҳдофи аслии худ медонад ва эълом кардааст, ки арзишҳои демукросиро мепазирад ва ҷонибдори сохти дунявии давлатдорӣ аст. Ҷамоъати исломии Ҳинд як созмони расмист ва ҳарчанд ду бор давлати Ҳинд барои мамнӯъияти он талош карда, вале он то кунун ба фаъолияти худ ба таври расмӣ ва ошкор идома медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Ҷамоъати исломии Ҳинд аз созмонҳои бонуфузест, ки дар бист иёлоти ин кишвар шӯъбаҳои худро дорад. Далели нуфузи ин созмон вуҷуди беш аз сесад ҳазор корманд дар дафотири мухталиф ва аъзои бешумори он дар саросари Ҳинд арзёбӣ шудааст. Ҳинд аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дорои бештарин шумори ҷамъияти мусалмон дар ҷаҳон маҳсуб мешаванд ва бештари мусалмонони ин кишвар монанди тоҷикон суннимазҳаб ҳастанд.

Тибқи гузоришҳо, тайи солҳои ахир бисёре аз донишомӯзони тоҷик дар мадориси динии Ҳинду Покистон омӯзиш дидаанд, ҳарчанд давлати Тоҷикистон дар соли гузашта садҳо донишҷӯйи мадориси мазҳабии кишварҳои хориҷиро ба ватан баргардондааст. Ҷунбишҳои иҷтимоъию мазҳабии исломӣ, ки тайи ду қарни ахир дар қорраи Ҳинд ба вуҷуд омадаанд, дар ҷавомеъи мусалмони Осиёи Миёна низ таъсироти амиқе барҷо гузоштаанд.

Бархе аз пажӯҳишгарон мегӯянд Қорӣ Муҳаммади Ҳиндустонӣ, ки аз саромадони ҷунбишҳои исломии Тоҷикистон дар даҳаҳои қабл аз фурӯпошии Шӯравӣ маҳсуб мешуд, низ таҳсилкардаи Ҳинд ва пайрави мактаби Девбандӣ будааст. Ин ҷараён дар кишварҳои исломӣ аз нуфузи густардае бархӯрдор аст.

Зимнан, Ҷамоъати исломии Ҳинд танҳо созмони хориҷие нест, ки ба тасвиби қонуни масъулияти волидайн дар порлумони Тоҷикистон вокуниши манфӣ аз худ нишон медиҳанд. Созмони мудофеъи озодиҳои мазҳабии мавсум ба "Форуми 18", ки дар Нурвеж мустақар аст, низ рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише аз тасвиби қонуни масъулияти воолидайн дар Тоҷикистон интиқод карда ва ин санадро заминасози нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар хондааст.

Қонуни баҳсбарангези масъулияти волидайн дар тарбияти фарзанд, ки ба ибтикори Президент Раҳмон таҳия шуда буд, ҳафтаи гузашта бо аксарияти оро дар маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд. Бархе аз соҳибназарон қабл аз тасвиби ин қонун иддаъо доштанд, ки як банди ин санад, ки ҳузури ҷавонони зери 18 сол дар масоҷидро мамнӯъ месозад, озодиҳои мазҳабии шаҳрвандонро нақз мекунад.

Танҳо ду вакил аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон алайҳи ин қонун раъй додаанд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, зимни суханронии худ дар порлумон гуфтааст, ки барои ҷавонони то 18-сола бояд иҷоза дода шавад, ки дар авқоти фориғ аз дарс тавонанд ба масоҷид раванд. Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ин ҳизб, низ гуфтааст: "Дар пайи иҷрои ин қонун сатҳи тарбияти фарзандон болотар на, балки пойинтар хоҳад рафт. Бо дасти порлумон озодии диндорӣ зери савол қарор мегирад."

Оқои Ҳусайнӣ афзудааст: “Ба ин тартиб, мо кишвар ва миллати худро дар маърази ғазаби Худованд қарор дода, сабаби хории дунё ва азоби охирати онҳо мегардем.”

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни бонуфуз дар Тоҷикистон, низ ҳафтаи гузашта дар робита бо тасвиби тарҳи ин қонун ба мусалмонони ин кишвар "ибрози таслият" кард. Ба эътиқоди вай, “қабули ин қонун барои мусалмонони кишвар мусибати бузурге” аст, зеро озодиҳои мазҳабии сокинон ба василаи он маҳдуд мешавад.

Вай афзуд: “Бо тасвиби ин қонун ҳукуматдорон нафрати худро ба ислом нишон доданд. Онҳо “алҳамдулиллоҳ мусалмонем” мегӯянду, вале дар асл мухолифи ислом будани худро нишон медиҳанд. Зеро манъи рафтан ба масҷид ба маънии мухолифи ислом будан аст.”

Вале ҷонибдорони ин тарҳи қонун иддаъо доранд, ки муфодди ин санад имкон медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбият ва омӯзиши ҷавонон дар Тоҷикистон боло бурда шавад. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, дар ҷаласаи порлумон тавзеҳ додааст, ки тибқи муфодди ин тарҳ, ҷавонони зери синни 18 сол аз ҳаққи ҳузур дар масоҷид ба ҳангоми маросими ҷаноза бархурдор ҳастанд.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 23.06.2011 22:55
ИН ЯК МУСИБАТ БАРОИ МАРДУМИ ТОЧИК АСТ.КОМУНИСТОН НАТАВОНИСТАНД МАРДУМРО АЗ ДИН ЧУДО КУНАНД,ИНШОАЛЛО Х ИНХО НИЗ БА НИЯТХОИ БОТИЛИ ХУД НАМЕРАСАНД!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854