14:25:26 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РУШД ҚАРОР ДОРАД

Баъд аз тақрибан даҳсоли ошубҳои сиёсӣ ва этникӣ, Тоҷикистон акнун комилан рӯ ба сулҳ, демократия ва амният овардааст. Аён аст, ки Тоҷикистон айни замон бо суръати баланд дар рушди соҳаҳои иқтисодиёт рӯ ба пешравӣ ниҳода аст. Давлати имрӯза ба куллӣ аз оне ки каблан буд, фарқ мекунад. Натиҷаҳои мусбии барномаҳо оид ба рушди кишвар, ки ба тозагӣ оғоз гардидаанд, намоён мебошанд. Миёни нишонаҳои тағйироти куллӣ, ки дар кишвар дида мешавад, вазъият дар пойтахт – шахри Душанбе қобили диққат аст.

/images/stories/2011/07/13_aleksandr_belguim_prof-1.jpgДушанбе ба пойхтахти замонавӣ, ки меҳмонхонаҳои муосир, тарабхонаҳо, нақлиёти шаҳрӣ ва мағозаҳои махсусгардонидашударо дорост, табдил  ёфта истодааст.  Тамоми ин хусусиятҳо имконият ва воситаҳои хуберо пеш меоваранд, то шаҳрвандон аз онҳо истифода намоянд. Ҳамзамон дар тамоми кишвар хати баландшиддати барқ ва шабакаи роҳҳои муосир мавриди истифодаи аҳоли карор доранд. Ҳукумат пайваста сайъ менамояд, ки ба халқ зиндагии беҳтарро таъмин намояд, ҳатто ба онҳое, ки дар қишлоқҳои дурдаст зиндагӣ менамоянд. Бо истифода аз натиҷахои мусбии барномаҳои рушд, кишвар метавонад дар ояндаи наздик ба инкишофи соҳаи сайёҳӣ омода бошад. Бо афзудани иқтисодиёт Тоҷикистон барои оғоз намудани таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ имконият пайдо менамояд.

Меҳмонон метавонанд аз сайю кушишҳои фаъол, ки ба модернизатсияи саноат ва хоҷагии кишлоқ нигаронида шудаанд, ба тааҷуб афтанд. Ин раванд бо дастгирии ташаббусҳои хусусӣ аз ҷониби худи шаҳрвандон сурат гирифта истодааст. Яке аз нишонаҳои муҳим он аст, ки ба ташаккулёбии иқтисодиёти нав, ки ба соҳибкории озод дар Тоҷикистон асос меёбад, таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.

Дар ҳақиқат ин тараққиёти иқтисодӣ пайваста бо мустаҳкам гардидани демократия сурат мегирад. Президенти ҷумҳурӣ ва Ҳукумати ӯ, қарор намуданд, ки озодии сиёсии пойдорро ҳавасманд намоянд ва ба васеъшавии соҳибкории озод вусъат бахшанд. Мақсади ин талошҳо таҳким намудани хамгироӣ бо шумораи зиёди ташкилотҳои мухталиф буда, ба ҳама имконият медиҳад аз рӯи интихоби худ зиндагӣ намоянд.

Ба Ислом ҳамчун мазҳаби динӣ эҳтиром оварда мешавад, вале дин ҳеҷгоҳ ҳамчун асоси низоми сиёсӣ шинохта намешуд. Тамоми ин дастовардхо талқин менамоянд, то ба ин кишвари зебо сафар намоӣ. Яке аз дастовардҳои бузург ин баланд бардоштани эътибори кишвар бо дарназардошти рушди демократия ва саҳми шаҳрвандони сулҳҷуй ва меҳнатдӯсташ мебошад.

9 сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон 20-солагии Истиқлолиятро ҷашн мегирад. Ба тамоми ҷаҳон ёдовар намудан лозим аст, ки ин як роҳи тӯлони ва душвор ба аҳолии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ваҳдати миллӣ буд. Ин сана на танҳо хотимаи як давраи таърихӣ, балки оғози раванди нави тараққиёт мебошад. Давраи нави густариш барои Тоҷикистон ва халқи ин кишвар хоҳад омад. Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон айни ҳол сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст.

Бисёр робитаҳо ва барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф амали шуда истодаанд, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаи илму техника оғоз гардида, бо ҳамкориҳои иқтисодӣ хотима меёбанд. Бешубҳа Аврупо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Робитаҳо ва мулоқотҳо бо масъулини расмӣ ба нақша гирифта шудаанд ва дар ояндаи наздик сурат хоҳанд гирифт. Табиист, сараввал ба сармоягузорон лозим аст, ки талаботи кишварро муайян намоянд.

Хушбахтона, аввалин лоиҳаҳои ҳамкорӣ амали шуда истодаанд. Ин барномаҳои ҳамкории илмӣ миёни олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Аврупоро мебошад. Пеш аз ҳама ин ҳамкориҳо соҳаи фарҳангро дар бар мегиранд. Дар Тоҷикистон бисёр объектҳои фарҳангӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳоро бояд нигоҳ дошт ва ҳимоя кард.

Онҳо барои ҳавасманд намудани талошҳо ҷиҳати ҳимояи меъроси миллӣ ва таърихӣ лозиманд. Дар ҳакиқат кор дар ин самт солҳои зиёдеро талаб менамояд. Фаъолияти муштарак дар фазои шарикӣ, самими ва дӯсти дастоварди бузург барои фарҳанги ҷаҳонӣ хоҳад шуд, инчунин ба мустаҳкам намудани сулҳу суботи минбаъда дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳакикат тоҷикон ботаҳаммул ва иттифоқ будани худро нишон доданд. Тоҷикистон бо исрор ҷомеаи сулҳпарварро сохта истодааст. Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки аз дӯстии абадии миёни тамоми халқҳои Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, аҳамияти муҳим дорад. Ҳодисаҳои ғамгини солҳои навадумро ба инобат гирифта, ин Ид пайваст будани робитаҳои қавӣ ва муттаҳидии тоҷиконро бо ҳамдигар дар давраи муосир нишон медиҳад. Аврупо на бояд ба ин вазъият, ки тоҷикион метавонанд бо он ифтихор намоянд,  беэътиноёна бошад. Тамоми халқхои Аврупо бояд дар бораи Точикистон, фарҳанг ва таърихаш хабардор бошанд.

Айни замон Тоҷикистон бояд дар роҳи модернизатсияи саноат ва хоҷагии кишлоқ бошад. Бо кушода шудан ба ҷаҳон ва махсусан барқарор намудан робита бо ҷомеаи Аврупо, Тоҷикистон барои интихоб намудани тараққиёт имкониятҳои бузург дорад. Ман боварии комил дорам, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва демократӣ мебошад. Барои ба ин мақсад ноил шудан Иттиҳоди Аврупо бояд ҷумҳуриро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.

Александр ТОУРОВЕТС, Профессори Донишгоҳи Лювени Белгия, Доктори таърих, шаркшиносӣ ва археология

(Дар моҳи майи соли ҷори бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард)



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 14.07.2011 19:34
salom . akai Александр ТОУРОВЕТС e ruta siyah tjk dar holi rushd ast . to zamone ki in duzdoni hukumati bar sari in hukumat hastand va in hama duzdi mekunand hij peshrafte vujud nadorad. in ham ki hukumat pofishori mekunad roghuna bsozem baroi kisahoi xudshon ast . man nameguyan nasozem . busozem vale baroi mardum busozem na duzdon. ruzgor xohish mekunam chop kuned.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi