12:16:54 01-уми Июни 2025 сол

ДЕМОКРАТИЯИ ҒАРБӢ ҲАМОН КОҒАЗИ ЧАСПОН АСТ БАРОИ ФИРЕБИ ПАШША

Саҳифаи охирини ҳаёти сиёсӣ-инқилобии Муаммар Қаззофӣ, пешвои инқилобии Либия пӯшида шуд. Фарзанди биёбон бо усули биёбонӣ ба қатл расид ва ғарбиҳое, ки аз ҳимояти арзишҳои инсонӣ, волоияти қонун, адолати судӣ ва ғайра ҳамеша дама мезананд, дар мавриди пешгирӣ аз куштори ваҳшиёнаи полковник иқдоме накарданд. Зеро барояшон Қаззофии мурда муфидтар буд, на зинда.

/images/stories/2011/10/30_muammar-gaddafi_dead.jpgЧун мурофиаи судии Қаззофии зинда метавонист тӯл кашаду судбардорӣ аз амалиёти навбатии «демократӣ»-ашон бо мушкилот рӯ ба рӯ гардад. Маҳз чунин шаклгирии тақдири Қаззофӣ боиси шодию нишоти Обамаю Саркозӣ ва иттиҳодчиёни дигари онҳо гашта, табассуми рӯшод дар лаб аз пирӯзии демократия дар Либия изҳорот медоданд.

Вале ҳанӯз тани ваҳшиёна аз ҷон ҷудо намудаи Қаззофӣ хунук нагардида буд, ки киштиҳои аввалин бо нафти баландсифати либиёӣ ба самти Фаронсаю Итолиё лангар бардоштанд. Ҳамин далели раднопазир баръало собит намуд, ки зери косаи дастгирии мардуми «озодихоҳу демократияталаб» чӣ нимкосае ниҳон аст. Равшан шуд, ки ҳадафи аслӣ низ ҳамин нимкоса буд: интиқомгирӣ аз Қаззофӣ ва дастрасӣ ба нафти Либия.

Бале, ҷаҳони ғарб Қаззофиро набахшид. Фаромӯш накард, ки чӣ гуна ҷавони 27 сола, капитан Муаммар Қаззофӣ дар соли 1969 режими таҳти таъсири ғарбиён қарордоштаи Идриси 1-ро сарнагун кард ва аҷнабиёнро шармандавор аз хоки кишвараш ронд. 16 январи соли 1970, вақте Қаззофӣ нахуствазир ва вазири мудофиаи Либия таъин гардид, изҳороти аввалинаш чунин буд: «Ё пойгоҳҳои низомии Ғарб аз хоки мо гум мешаванду инқилоб идома меёбад, ё онҳо мемонанду инқилоб талаф меёбад».

Бо пофишории ӯ, моҳи апрели соли 1970 низомиёни англис аз пойгоҳи Тобрук, моҳи июн қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА аз пойгоҳи Уилус-Филд (наздикии Триполи) бароварда шуданд. 7 октябри ҳамон сол 20 ҳазор итолёвии дар Либия истиқоматдошта аз хоки кишвар берун карда шуданд. Дар давоми солҳои 1969-1971 тамоми бонкҳои хориҷӣ, заминҳое, ки моликияти Италия ва Фаронса ҳисобида мешуданд, ширкатҳои коркарди нафт (корхонаҳои ширкати англисии «Бритиш петролеум», ширкати амрикоии «Банкер Хант» ва чандин ширкатҳои фаронсавӣ), инчунин 51 дар сади ширкатҳои нафтии дохилӣ моликияти миллӣ эълон гардиданд.

Кишварҳои ғарбӣ мавқеи монополистонаи худро дар Либия аз даст доданд ва танҳо чанде аз онҳо ҳамчун шарики ҳамкор боқӣ монданду халос. Дасти онҳо аз фоидаи чашмрасу ғоратгаронае, ки аз нафти Либия ба даст меомад, бурида шуд.

Қаззофӣ тавонист, ки Либияро ба кишваре табдил диҳад, ки сатҳи зиндагии мардум на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон аз беҳтаринҳо бошад. Дуруст аст, ки ҳукуматдории ӯ дар кишвар тӯл кашид. Дуруст аст, ки дар мамлакате, ки беш аз 200 қабила маскун аст, пайдо кардани гурӯҳҳои норозӣ ишколе надорад. Ва сарварони ғарбӣ, ки то як соли пеш зоҳиран худро дӯсти Қаззофӣ вонамуд мекарданд, баҳри гирифтани ниқори чилсола ҳамин омилҳоро истифода бурданд.

Дастаҳои эътирозиро созмон дода яроқнок намуданд, пуштибонии иттилоотии онҳоро дар васоити ахбори оммавии ҷаҳон роҳандозӣ карданд, дастгирии ҳавоии онҳоро бо нуфузе, ки дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дорад, расмӣ кунониданд ва болои Қаззофию кишвараш борони марговари бомбҳоро рехтанд. (Ҳоло касе ҳисоб накардааст, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ чӣ қадар сокинони муқаррарӣ (занону тифлону пиронсолон) кушта шудаанд, оиди хисороти иқтисодӣ ҳоло ҳоҷати сухан нест.

Яқинан сабабҳои аслии ин қазия дар воқеаҳои солҳои 70-уми асри гузашта буд. Қаззофию худкомагии ӯ, ҳифзи мардуми демократияю озодихоҳ баҳонае беш набудаанд. Агар чунин намебуд, Ғарб ҳаргиз роҳ намедод, ки Шӯрои миллии давраи гузариш сохти давлатдории исломиро эълом дорад. Бубинед, нерӯе, ки бо силоҳу бомбҳои НАТО сари қудрат омад, бо аввалин изҳорот бисёрзаниро иҷозат дод, вале Ғарби зери шиорҳои демократияю озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон Либияро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида, хомӯш аст.

Зеро ба ҳадафи худ расид. Нафти ин кишварро ба даст гирифт. Масрафи ҳар дақиқаи парвози ҳавопаймоҳо, қиммати бомбҳои дар замини Либия партофта, силоҳу таҷҳизоти ба эътирозчиён дода ва маоши он низомиёни НАТО-ро, ки дар қазияи Либия шарик буданд, ҳатман аз Шӯрои гузариш хоҳанд рӯёнид, ки маблағи ҳангуфтеро ташкил медиҳад (ҳисоби он дар дасти худи онҳост ва ҳар ададеро хостанд ба забон меоранд).

Танҳо он гоҳ пешвоёни Шӯро дарк мекунанд, ки чӣ қисматеро бар сари кишвари худ овардаанд. Исломӣ кардани Либия боз ҳам ба манфиати институтҳои мухталифи қаллоби иқтисодии Ғарб хоҳад буд, зеро бо ниқобҳои сиёсати гендерӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, мубориза бо СПИД-у шикамдарду ғайра ҳазорҳо траншу кӯмакҳоро ҷудо намуда, маблағи онро бозпас ба ҷайби худ мезананд.

Барои Либия дар оянда чӣ хоҳад монд: идомаи муқовиматҳои ҷонибдорони Қаззофӣ, ки ҳаргиз қатли ваҳшиёнаи доҳиашонро нахоҳанд бахшид, бо ҳамлаҳои чирикӣ ва террористӣ (Сайфул-ул-Ислом Қаззофӣ низ чунин шакли идомаи муборизаро эълом кард); мухолифатҳои қабилавӣ дар тақсимотӣ мансабҳои давлатӣ, ки ба ҳама нахоҳад расид; муборизаҳо барои дастрасӣ ба конҳои истихроҷи нафт ва тақсимоти фоида аз фоизе, ки Ғарб барои Либия ҷудо хоҳад кард.

Ин омилҳо басандаанд, ки Либия ба монанди Ироқу Афғонистон чун нуктаи доғи навбатии сайёра боқӣ бимонад. (Тибқи маълумоти паҳннамудаи низомиёни НАТО аллакай 20 ҳазор адад мушакҳои зиддиҳавоӣ дар Либия гум шудаанд, дар бораи яроқҳои оддии оташфишон ҳаҷати сухангӯӣ нест). Бадин минвол тамоюлгирии вазъият низ ба нафъи Ғарб аст. Чунки роҳандозии усули «ҷудо куну ҳукм рон» осон мегардад, манбаи дигари даромад - бозори нави хариду фурӯши аслиҳа барояшон фароҳам мегардад.

Мардуми Либия (аниқтараш гурӯҳҳои норозӣ) аз Қаззофӣ халос шуданду дар ивазаш мустақилияти кишварро аз даст доданд. Бадтар аз ҳама, сулҳу оромӣ дар Либия халал ёфт ва ҳатман рӯзе мерасад, ки мардуми ин кишвар вопасин суханҳои Қаззофиро дарк хоҳанд кард: «…оне ки барои кишвараш мубориза мебарад, қаҳрамон аст ва оне ки кишварашро мефурӯшад хоин…».

Қазияи Либия як сабақи навбатиест барои онҳое, ки озодию демократияи дурӯғину макролудаи ғарбиро орзу мекунанду омодаанд барои манфиатҳои шахсию гурӯҳҳӣ тақдири миллату Ватанашонро ба дасти бегонагон супоранд. Бигузор чунин ашхос бидонанд, ки озодию демократияи ғарбӣ ҳамон коғази часпон аст, ки пашша онро ширинӣ пиндошта ҳаёти худро аз даст медиҳад. Наафтидан ба доми ин коғазу коғаздорҳо аз ақлу фаросат, донишу заковат, огоҳии сиёсӣ ва ҳисси ватандӯстию миллатпарварии ҳар як фарди ҷомеа вобаста аст.

Назари Олимпур, журналист

Шарҳҳо   

 
+3 #1 Guest 30.10.2011 20:57
barodar Назари Олимпур xela az harfhoi shumo xub bud masalan dar borai demokratiyai gharb ki vokean joni gapro guftai vale kazzofi dar avalhoi inkilob vokean bo mardum bud va mardum davri u parvonavor mecharxidand vale badi mustakar va muhkam kardani hukumati xud nisbat ba mardum be tafovut shud va dast ba zulmhoe zad ki mardum natavonistand uro bibaxshand . illati saxtii dili mardum hamon zulmhoi shadidi kazzofi ba mardum bud. ammo inki gharb chashm ba nafti libia duxta ast in digar joi bayon nadorad hamchunon ki navishti in resha dar solhoi kadim dorad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854