18:49:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЗОД ШУДАНИ САРНИШИНОН – КӢ БУРДУ КӢ БОХТ?

Ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон нисбати сарнишинони рус, ки аз нимаи дуюми моҳи ноябр эълон карда шуд, фазои муносибатҳои кишвари Тоҷикистон ва Русияро ғуборолуд намуда, сару садои зиёдеро ба бор овард. Ба амали ҷиноятии аз ҷониби тафтишот собитшуда ҷониби Русия тобиши сиёсӣ дода, дар васоити ахбори омма вокуниши шадиде нишон дода, пайи андешидани тадбирҳои таъсиргузор гардид.

/images/stories/2011/11/24_khalabonho_24112011.jpgМаҳз ба хотири нигоҳ доштани муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ба мушкилот рӯ ба рӯ нагардидани муҳоҷирини меҳнатӣ, ки аксарияти онҳо дар кишвари Русия кору фаъолият доранд, боис гардид, ки парвандаи ҷиноятии он ду сарнишини гунаҳкор аз нав баррасӣ гардида, дар натиҷа, онҳо аз толори Суд озод шуданд.

Сабаби асосӣ он буд, ки Русия аз қадами аввал «алами Исоро аз Мӯсо гирифта», ба берун кардани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия оғоз кард. Билохира, сарнишинон озод шуданд, вале дунболаи ин қазияи баҳснок то ба ҳол идома ёфта истодааст.

Бештари нафароне, ки мавқеи ҳассоси имрӯзаи ҷумҳуриро ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам стратегӣ дуруст дарк мекунад, ин амалро қарори оқилона мешуморад. Яъне амале, ки аз ҳама гуна паёмадҳои номатлуб орӣ хоҳад буд. Аммо баъзеҳо, ки пурра ба асли воқеа назари амиқ надӯхтаанд, онро чун «зӯр ҳақ аст», «шармандагӣ», «тарс» ва «беҳунарӣ» арзёбӣ мекунанд.

Бародарон, беҳуда ба эҳсосот дода шуда, фонди луғавии худро баҷою беҷо истифода набаред, ин ҷо сухан дар бораи шахсият ё манфиатҳои шахсии нафаре ё сиёсатмадоре намеравад. Ҳалли мусолиматомези ин масъалаи баҳсталаб тақдири садҳо ҳамватанонамонро ҳал мекунад, ки дар ғарибӣ меҳнати дандоншикан карда, бо ҳазор умеду орзуҳо нияти ба хона баргаштанро доранд.

Аксарияти онҳо зану фарзанд ва оила гуфта ба мардикорӣ рафтаанд, на ватан, гарчанде ки ба ватан низ манфиати онҳо мерасад. Ҳатто Садовничий дар аввалин мусоҳибаи худ дар Маскав оид ба тақдири муҳоҷирон фикр карда, аз ҳукуматдорон илтимос кардааст, ки ба қазияи мазкур тобиши сиёсӣ надиҳанд ва онҳоро гузоранд, ки ба кору фаъолияти хеш идома диҳанд.

Ба тарафдории ҳамватанонамон иттиҳодияҳову ҷамъиятҳои русию байналмиллалӣ низ садоҳои худро баланд карданд. Маълум мешавад, ки ҷараёни тоҷикбадбинии ахир бо ташаббуси ашхоси манфиатдоре роҳандозӣ шуда буд, ки дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯъ қарор доранд.

Вале қазияи мазкур бо чӣ анҷомид? Кӣ бурду кӣ бохт? Албатта, дар назари аввал, ҳатто тибқи хулосаҳои баъзе дипломатҳои Русия  натиҷаи ҳодисаи сарнишинон чун ғолибият ва пирӯзии Русия баҳогузорӣ шудааст, вале дар асл ин «пирӯзӣ» чеҳраи ҳақиқии пешвоёни Федератсияи Русияро нишон дод. Сарвари давлати русҳо чунин «муштзӯрӣ»-ро танҳо нисбати як кишвари кӯчаки кӯҳистон, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ тоза қомат рост карда истодааст, раво дид. Агар Медведев дар муқобили Амрико чунин «чашм ало карда, гӯшу дум боло мекард», онро мумкин буд пирӯзӣ номид.

Миллатгарои дигаре чун Онишенко, низ, ки қаблан чандин маротиба нони тоҷиконро наҳ зада, ворид шудани сабзавоту меваҷотро аз Тоҷикистон ба Русия манъ намуда буд, дар ин қазия бетараф намонд. Ӯ бо нотавонбинии хоси худ аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми покманиши моро паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ номид. Чунин экологҳо бо ғаразҳои миллатпарастонаи худ, ҳам экологияи муносибатҳои Русия ва ҳам аз Тоҷикистонро баръакс гардолуд ва заҳролуд месозанд.

Мутаассифона, дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз миллати мо аз як гиребон сар намебароранд, паҳну парешонанд. Ҳамеша норизоятию эътирозро пеша карда, аз ҷонибе баҳогузориро дӯст медоранд. Тасаввур кунед, агар ҳукми эълоншуда бетағйир мемонд. Хашми Медвед боз ҳам авҷ гирифта, рӯзи муҳоҷирони тоҷикро сиёҳ мекард. Як қисмашонро аз Русия берун карда, қисми дигари онҳо тӯъмаи тоссарҳои фашистхӯ мегардиданд, шумораи тобути ҳамватанонамон меафзуд, ҳамсоягони бадхоҳамон роҳҳоро пурра баста, кишварамон ба блокадаи иқтисодӣ гирифтор мешуд…

Холо, ки ба хотири сар назадани мушкилоти навбатӣ аз ҷониби бадхоҳони миллат чунин иқдоми оқилона бардошта шуд, ҷониби Русия аз худ розӣ шуданд, вале аз он бехабаранд, ки бо нойил шудан ба муваффақиятҳои ғаразнок, аз арзиши қадимии худ маҳрум гардиданд. Аз қадим номи кишвари русҳо бо калимаи «бузург» пайванд буд, чун Руси бузург (великая Русь), аммо имрӯз бо амали ноҷавонмардонаи хеш, Русия дигар бузург нест, бузургии худро ба осонӣ аз даст дод. Дигар забони касе барои Русияи бузург гуфтан намепечад…

Зиёвуддини Авлиёпур



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 28.11.2011 00:03
Barodar Ziyovuddin az aftash ma'lum ast lagandbardori hukumati.!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi