ФИТНАГАРОНИ НОАЁН ВА ДАСИСАҶӮЁН КИҲОЯНД?
Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр ё ҳар ду?
Мусибат аз мусулмонҳост, ё куффор, ё ҳар ду?
Муқаддима
Ҷумъаи гузашта, яъне санаи 9-уми декабри соли ҷорӣ,дар масоҷиди кишвар чӣ воқеъа рух дод ё аниқтараш чӣ фитнае барпо карданӣ шуданд ба ҳама маълум аст. Қаблан фикр доштам мақоланависӣ ё қаламкашӣ кори беҳуда аст ва хусусан баҳсу мунозираро дар матбуот хуш надоштам. Он шеъри машҳури халқиро, ки қаламро шоҳи ҷаҳон ва ба мақсад расонандаи инсон муаррифӣ мекунад хондаам, вале ҳеҷ гоҳ тафаккур намекардам, ки маънои воқеъии он чист.
Аммо ҷумъаи гузашта ба ҳамагон, аз ҷумла ба ман ҳам ошкор гардид, ки қалам чӣ ҳунарҳо доштааст ва бо чашми сар дидем, ки чӣ гуна қаламкашонро ба мақсадашон мерасондааст, ҳатто фитнагаронро ҳам. Аз ин сабаб хостам аз ин силоҳ истифода намоям ва фикру андешаи худро баён намоям. Шояд маро ҳам ба мақсади хеш, ки хомӯш шудани ҳар гуна фитнаву иғво дар кишвари азизам аст, бирасонад.
Муроҷиатномае, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шуда, дар тамоми масоҷиди ҷомеъи кишвар аз забони хутабо қироат карда шуд, аз сабаби он ки мӯҳру имзо надорад, таҳқиркунандагон баъзе аз шахсиятҳоест, ки мӯҳтавои сиёсӣ дорад, бо супориши фишоромези мақомоти ҳукуматӣ, тобеъи Шӯрои уламо нестанд, хонда шуд ва боз бо чанд сабаби дигар қобили мулоҳиза ва шубҳанок аст ва суолҳои зеринро дар зеҳни ҳар як шунавандаву хонандааш ба вуҷуд меорад: - Оё Шӯрои уламо дар ҳақиқат соҳиби ин муроҷиатнома аст? Оё дар масҷиди деҳаи Туркободи ноҳияи Ваҳдат маросими азодорӣ дар рӯзи қатли (шаҳодати) Имом Ҳусайн баргузор гашта буд? Магар Раиси ҲНИТ низ аз Тӯраҷонзодаҳост? Кӣ масҷидро ба сиёсат омехт ё сиёсатро ба масҷид оварда истодааст? Фитнагарони ҳақиқӣ киҳоянд?
Соҳиби ҳақиқии муроҷиатнома кист?
Дар мо одат шуда, ки мақомдоре амали носавоберо анҷом диҳад, мегӯянд, ки бечора маҷбураст, фишораш кардаанд. Шояд Шӯрои уламо низ аз ҷумлаи чунин бечораҳо бошад, чун мантиқан эҳтимоли дуруст будани ин фикр ҳаст. Зеро Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъи Шӯрои уламо ва масъули иҷроиши қарори Саидмукаррами Абдуқодирзод нест. Вале ин бор дидем, ки натанҳо шӯъбаҳои динии назди Ҳукуматҳои маҳалӣ, балки раисони ҳукуматҳо бо ҷойнишинҳои худ, ҳатто мақомоти қудратӣ чӣ гуна фармони ҷаноби муфтиро бо ҷону дил иҷро карданд.
Агар чунин бошад, пас вой ба ҳоли Шӯрои уламо, ки чунин заиф аст. Вале агар рафту ибтикори худи Шӯрои уламо бошад, вой бар ҳоли мо, ки чунин Шӯрои уламо дорем. Шӯрои уламое, ки вақте намояндагонаш ба шаҳру навоҳи сафар мекунад, боре аз аҳволи масоҷиду мадорис хабар намегирад. Шӯрои уламое, ки вақте рӯймоли тоҷикии духтарони баномуси тоҷикро зери по мегузоранд, хомӯш аст. Шӯрои уламое, ки бо баҳонаи кор надоштан бо сиёсат дар баррасии қонунҳо изҳори назаре надошт.
Имрӯз ончунон сиёсие шуда, ки гӯё Ҳизби Шӯрои уламост. Ин муроҷиатнома чун пур аз таҳқир кардани шахсият мебошад, мувофиқи шариат ва қонун дуруст аст? Фаразан агар шиъа шудани як шахс ин қадар муҳим бошад, ки аз тамоми масоҷиди кишвар бо гирифтани ному насабаш ёд кунем, пас биёед, ҳар ҷумъа як нафар гунаҳкорро бо ному насабаш зикр карда маҳкум намоем, фалони порахӯр аст ё фалони дигар бо маводи мухаддир ба даст афтодааст. Ман ба Шӯрои уламо, хусусан ба Раиси он муроҷиат карда мегӯям: инсофро фаромӯш накунед!
Оё ҷашни Ошӯро дар масҷиди Эшони Нуриддин воқеъият дорад?
Дар муроҷиатнома чунин баён шуда, ки гӯё аввалин маротиба дар Тоҷикистон санаи 02 декабри соли 2011 дар масҷиди Эшони Нуриддин маросими Ошӯро барпо гардида, дар ҳақи саҳобаи Пайғамбар (с), ҳазрати Муъовия (р) суханҳои қабеҳ гуфта шудааст.
Вақте ин чизро шунидам, ҳисси кунҷкобиам боло гирифт ва хостам бифаҳмам, ки дар масҷиди Эшони Нуриддин чӣ воқеъае рух додааст ва ҷустуҷӯ карда, диски ҳамон ҷумъаро пайдо кардам. Аввалан ин суханронӣ на дар даҳум, балки дар шашуми моҳи муҳаррам баргузор шуда будааст.
Баъдан он нишонае аз Ошӯрои эронӣ ва бӯе аз ақоиди нодурусти аҳли ташайюъ вуҷуд надорад. Гузашта аз ин чанд ҷумъае пеш дар ҳамин масҷид боз ҳамин Эшони Нуриддине, ки ба қавли Шӯрои уламо шиъа шудааст, дар мавзӯи фазилат ва шаҳодати ҳазрати Умар (р) суханронӣ карда будаасту мисли ҳамеша мардум бо ашки чашм шунидаанд. Магар шиъа аз фазилати ҳазрати Умар (р) сӯҳбат мекунад. Ногуфта намонад бар хилофи гуфтаи Шӯрои уламо, на аввалин бор, балки чандумин бор аст, ки мардум аз забони Эшони Нуриддин қиссаи Имом Ҳусайн (р)-ро мешуниданд. Маълум мешавад, ки он муроҷиатномаро тӯҳматнома гуфтан беҳтар аст!
Мансабдорони сиёсатзада ва муллоҳои сиёсатгурез
Вақтҳои охир баъзе аз ҳукуматдорони мо ончунон сиёсатзада шудаанд, ки аз ҳарчиз мехоҳанд, обу ранги сиёсӣ бахшанд. Касе чеҳраи ҳақиқии тоҷикона дошта бошад, яъне риш дошта бошад, мегӯянд салафист. Нафаре фикру андешаи худро баён намояд, яъне аз ҳақи конститутсионии хеш истифода намояд, ба иғвогарӣ муттаҳам мекунанд. Ҳатто як нафар аз набудани барқ шикоят кунад, мегӯянд, ки фитнагар аст, ё ба қавле набераи аммаи фалон ҷинояткор аст гуфта айбдораш мекунанд.
Ин бор ҳам барои сиёсатзадагон баҳонаи хубе пайдо шуд, ки як тӯҳматномаеро чунон тарғибот карданд, ки гӯё қарори Раиси Ҷумҳур аст, дар ҳоле, ки Раиси давлат ҳеҷгоҳ ҷонибдори фитнагарӣ ва иғвоангезӣ дар байни ҷомеъа набуду нест. Аммо муллоҳои мӯҳтарами мо напурсидаву наҷӯида ва аз ҳақиқати кор огоҳ нашуда ин иғвономаи бемӯҳру беимзоро аз минбаре, ки Паёмбари гиромӣ (с) ба мерос мондааст, қироат карданд. Магар мо дар назди Худо аз ҳар як кори худ ҷавобгӯ нестем?!
Магар минбари Паёмбар (с) ҷойи хондани чунин тӯҳматнома аст?! Хутабои мӯҳтарам боре фикр накарданд, ки масҷид ҷойи ин нома несту ин нома сиёсии маҳз ва қироати он мухолифи Оинномаи масҷид аст. Оё ба супоришдиҳандагон нагуфтанд, ки чаро мӯҳру имзо надорад. Мегуфтанд ҳам тахминан чунин ҷавоб мегирифтанд «Шумо ба корҳои сиёсӣ дахолат накунед, домулло!». Вой бар ҳоли сиёсатзадагон ва хок бар сари муллоҳои муллоситез ва сиёсатгурези мо!
Оё Кабирӣ ҳам Тӯраҷонзода аст?
Шахсони огоҳ медонанд, ки ин Муроҷиатнома пештар дар сомонаи хабаргузории давлатии АМИТ «Ховар» пахш шуда буд ва муфассалтар буд. Муроҷиатномае, ки хутабо қироат карданд аз он «гулчин» шудааст, ва «хубтарин» ҷумлаҳояшро дар он ҷойгир кардаанд.
Аммо дар номае, ки пурра барои «Обрӯманд» шудани Тӯраҷонзодаҳо бахшида шудааст, номи Раиси ҲНИТ мисли тарошаи аз бом афтода зикр мешавад. Шахси ноогоҳ гумон мекунад, ки Кабирӣ ҳам аз Тӯраҷонзодаҳост ё хешу табори онҳост.
Ба гуфтаи ин нома ҷонишини Раиси Комиссияи ҳадаф ва сохтори Шӯрои бедории исломӣ интихоб шудани Кабирӣ шӯбҳаангез ва амали ғайришаръист, яъне бо ҳама якҷоя созмон додан ё дар созмон шарик будан, ҳатто ба ғайридинҳо ҷоиз аст, аммо ду мусулмон як ҷо ҷамъ шуда созмоне бино созанд, ҷоиз нест. Магар Шӯрои уламо дигар коре надорад, ба корҳои сиёсӣ машғул мешавад? Агар дар Ислом созмон сохтан мумкин нест ва ҳизб вуҷуд надорад, як фатвое содир кунанд ва ҳамаи ҳизбҳои кишварро бибандем, чун ҳама аъзои кадом ҳизбе набошем мусалмонем.
Вақте Шӯрои уламо худро ҳомии мазҳаби поки Имоми Бузург, Суфии Куфӣ, пайрави ҳақиқии Пайғамбар (с), ҳақгӯ ва ҳақпарст Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит муаррифӣ мекунад, ба мо бигӯяд, ки назари мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ дар мавриди пӯшиши зани мусалмон чӣ гуна аст? Тарошидани риш чӣ ҳукм дорад? Мақоми масҷид, ки гоҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо пойафзоли худ пешгоҳи поки онро чиркин мекунанд, чӣ гуна аст? Дар мазҳаби ҳанафӣ фарзандро бояд аз чандсолагӣ таълими намоз кард ва ба масҷид бурд? Дар мазҳаби бузурги ҳанафӣ ҳукми намози ҷамоъат чист?
Оё дар ин масъалаҳо ҳам мисли ин муроҷиатнома қотеъона изҳори назар карда метавонанд? Агар наметавонанд, пас бояд хомӯширо давом медоданд. Ин шояд ҳам барои Шӯрои уламо ва ҳам барои мардуми мусалмони кишварамон беҳтар хоҳад буд. Аммо сад афсӯс, ки истиқлолияти фикрӣ надоранд ва танҳо дар мавриди «зарурӣ» муроҷиатноманавис мешаванд. Аммо гумони бад бурдан хатост!
Ба фикрам ин масъалаҳои сиёсӣ асту Шӯрои уламо ниҳоди сиёсӣ нест ва бар сиёсат кор надорад охир.
Кӣ масҷидро ба сиёсат кашид ё сиёсатро ба масҷид овард?
Аслан ҳеҷ гоҳ Ислом аз сиёсат ҷудо набуда ва наметавонад ҳам. Чаро, ки Қуръон тамоми масоили зиндагии инсонро фаро гирифтааст, аз ҷумла мушкилоти сиёсиро ҳам. Ҳар кас, аз ки буданаш қатъи назар бигӯяд, ки дар Қуръон дар масъалаи сиёсӣ сухан нест, ӯ ҷомеъият ва барномаи зиндагӣ будани ин китоби осмониро инкор кардааст ва ҳукмаш ба ҳама маълум аст. Аммо чун қонунгузории кишвар иттиҳодияҳои диниро, на исломро, аз сиёсат ҷудо эълон кардааст, ба фикрам хуб мебуд, Маркази Исломӣ ва Шӯрои уламои он ба корҳои фиқҳӣ ва фатвоҳои иҷтимоӣ машғул мешуд ва ҳар кас ки бо сиёсати динӣ машғул шудан хоҳад, ба ҲНИТ, ки ҳизби қонунӣ ва номнависшудаи кишвар аст, шомил мегашт. Вале чӣ шуд, ки Шӯрои уламо даст бар сиёсат мезанад ва масоҷидро низ ба саҳнаи сиёсӣ мекашад.
Чаро намояндагони Шӯрои уламо вақте ба ноҳияҳо мераванд, аз хатоҳои ҳизби ҲНИТ ошкоро бо гирифтани номаш сухан мегӯянд? Вале ба дигар ҳизбҳо кор надоранд. Мегӯянд мақсади асосии ҲНИТ бар сари қудрат омадан ва танқиди ҳукумат аст. Оё дигар ҳизбҳо барои таърифи ҳукумат ва аз сари қудрат рафтан ташкил шудаанд? Бовар кунед, суханҳои хандаовар аст, хусусан аз ҷониби Шӯрои уламо. Дигаронро намедонам, вале шахсан барои ман бори дигар собит гашт, ки соли 1992 чӣ гуна ва чӣ касоне муллоҳоро бадном карданд. Бубинед, муллоҳоро маҷбур мекунанд, ки аз минбар як муллои дигарро таҳқир кунанд.
Вақте Эшони Нуриддин дар ҷавоб ин муллоҳоро танқид кунад ва даъво кунад, ки дар ҳақи ман тӯҳмат мезанед, ин фитнагаронро ба мақсади худ мерасонад ва онҳо ҷор мезананд, ки бубинед, ки фалониҳо бо кӣ ҷанг доранд. Дидед, ки ҷанг аз куҷо сар мезадааст. Боз мебинед, ки гуноҳ бар сари муллои содда ва ранҷу машаққат бар гардани мардуми бечораву молу сарват насиби як идда мардуми бесаводу бекора мегардад. Худованд кишвари моро аз фитнаи душманон нигаҳ дорад!
Фитнагарони ҳақиқӣ киҳоянд?
Пас аз сулҳи 1997 то ин вақт касе на аз Шӯрои уламо ва на аз ҲНИТ иғвогарӣ надошта буд. Чӣ шуд, ки на ҲНИТ, ки ҳақ дорад дар масъалае гирдиҳамоӣ ё ба истилоҳ митинг кунад, балки Шӯрои уламо бо тамоми хутбаҳояш як ҷунбиши митингмонандро дар тамоми кишвар барпо кард. Ҳақиқати ин корро фаҳмидан бисёр мушки аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин кори Шӯрои уламо нест.
Агар кори Шӯрои уламо набошад, пас чаро раиси он Сайидмукаррами Абдуқодирзод шахсан ба масҷиди Эшони Нуриддин рафт, магар то ин ҳадд маҷбур аст, ки бар масҷиде равад ва аз хатибаш иҷозат пурсад, ки иҷозат деҳ, дар назди мухлисонат таҳқирномаеро дар ҳақи ту бихонам, агар ба гуфтаи бархе кори ҳукумат бошад, чаро аз тариқи телевизиону радио неву аз минбари масоҷид эълон карданд? Магар масҷид ҷойи иҳонату ҳисобҳо ва таҳқири шахсиятҳои сиёсӣ аст? Агар ҳукумат даст надошта бошад, чаро болои масоҷиде фишор меоваранд, ки ин муроҷиатномаро нахонданд?
Ин суолҳое аст, ки посухи дурусти худашро мехоҳад.
Фонии Истаравшанӣ
Шарҳҳо
Behtarin mulohizot.
KHudo nigahbonat
RSS Обуна