11:33:41 12-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 5

Абдуллоҳ Ҳаким Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат

13.Зиёӣ, сиёсат ва «илми говӣ»

Идома ёфтани муносибати ғайрисолими қишри зиёии мо бо сиёсат, бо равандҳои сиёсӣ ва бо ҳокимияти сиёсӣ низ як масъалаи ҷиддии муҳити фикрии мост. Ин мавзӯъ, ки зиёӣ кист, рисолати он чист ва оё мо низ қишри зиёӣ дорем ё на, дар навиштаҳои дигари муаллиф борҳо матаҳ шудааст. Вале масъалаи мушаххасе, ки ин ҷо мавриди назар аст, носолим боқӣ мондани муносибати қишри илмиву фикриву касбию фарҳангии ҷомеаи мо ба падидаи сиёсат аст. Вақте муносибати қишри зиёӣ бо сиёсат ва қудрат солим нест, ин қишр имкони иҷрои рисолати миллӣ, ватанӣ ва рӯшангарии худро надорад.  

/images/stories/2012/05/07_abdullo-rahnamo-7.5.12.jpgТаҳлили вазъият нишон медиҳад, ки қишре, ки имрӯз дар ҷомеаи мо нақши қишри зиёиро ба дӯш дорад, асосан нирӯи фикрии пешбарандаи ҷомеа ва нирӯи муайянкунандаи самти ҳаракати ҷомеа набуда, худ бештар пайрав ва таъсирпазири вазъият ва сиёсат мебошад. Ин қишр мавқеи мустақили миллӣ, ибтикори миллӣ ва нигоҳи сатҳи миллиро тақрибан аз даст дода, бештар нақши абзори сиёсиро касб намудааст.

Шояд аз муҳимтарин иллатҳои ин вазъият таъсири фазои сиёсии давраи шӯравӣ бошад, ки дар он қишри зиёӣ бояд пеш аз ҳама шарҳкунанда ва таблиғгари тасмимҳои сиёсии ҳукумат ва идеологияи ҳокими он замон буд. Ин буд, ки чунин вазъият навъе зиёии помолшудаи сиёсатро ба вуҷуд овард, ки он на нақши офаранда ва пешбаранда, балки нақши  абзорӣ ва шореҳӣ дорад. Албатта, воқеиятҳои  давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки насли имрӯзи қишри зиёии мо дар он то чӣ ҳад осебпазир будани худро амалан эҳсос кард, низ болои рӯҳия ва тафаккури ин қишр таъсири ҷиддӣ гузоштааст.   

Хулоса, агар мо бахши аслии қишри зиёии худро аз назари муносибаташон ба сиёсат, ба равандҳои сиёсӣ ва ба қудрати сиёсӣ ба таҳлил кашем, пеш аз ҳама чунин навъҳои зиёиёнро мушоҳида менамоем:

1.Зиёиёни абзорӣ ё инструментарӣ, яъне зиёиёне, ки шахсият, мавқеъ ва андешаи мустақили худро надошта, вазифаи аслии онҳо шарҳу тафсири қарорҳои сиёсӣ ва таблиғу ташвиқи манфиатҳои сиёсии ин ё он гурӯҳи қудратии ҷомеа мебошад. Мавқеи чунин зиёиёни бешахсият вобаста ба супориши сиёсӣ ва майли нирӯҳои сиёсии қудратманд шакл мегирад.

Масалан, соли 2008 аз тарафи Президенти ҶТ барои дар соли 2009 баргузор намудани ҷашни Имоми Аъзам Абуҳанифа(р) тасмими бисёр бамаврид гирифта шуда, ба муассисаҳои илмию фарҳангӣ супориш шуда буд, ки ба ин ҷашн омодагӣ бигиранд. Нуктаи ҷолибе, ки дар ин раванд шахсан мушоҳида намудам, ин буд, ки даҳҳо нафар аз зиёиёне, ки солҳои тӯлонӣ бо мактабу таълимот ва бо фарҳангу арзишҳои Имоми Аъзам ошкору ниҳон мухолифат доштанд, якбора дар бораи бузургии ин шахсият ва бузургии таълимоти ӯ асару мақолаҳои зиёд навиштанд ва ба чоп расониданд. Яъне, вобаста ба супориши сиёсӣ «аз боло», мавқеи ин зиёиён якбора тағйир ёфт.

Ва агар имрӯз ба онҳо супориши баръакс дода шавад, боз ҳамин муаллифон омодаанд, ки маводи зарурӣ нависанд. Албатта ин ҷо сухан аз он намеравад, ки онҳо дар ин масъала бояд чӣ мавқеъ дошта бошанд, балки сухан аз он аст, ки агар онҳо зиёиянд, бояд мавқеи устувори илмии худро дошта бошанд. Аммо, барои бахше аз зиёиёни бешахсияти мо меъёр ҳақиқат, воқеият ва ё илм нест, балки меъёр тасмими сиёсии ҳокимияти ҳамон замон аст, новобаста аз он, ки ин тасмим чист.

Дар таърихи муосири худ низ мо аҷоибтарин саҳнаҳои тамаллуқу хушомадгӯиро маҳз аз олимон, академикҳо, докторҳо ва хулоса, аз зиёиёни худ дидем. Кори баъзе аз онҳо то ҷое расид, ки дар солҳои охир дар вохӯриҳои анъанавии Президенти кишвар бо зиёиён борҳо Сардори давлат суханронии онҳоро қатъ карда, хоҳиш мекунад, ки ситоишу тамаллуқро бас кунед ва фикру пешниҳодҳои мушаххаси худро бигӯед. Маълум аст, ки чунин «зиёӣ» наметавонад дар мавзӯъҳои ҷиддии сатҳи миллӣ фикру пешниҳоди мушаххас дошта бошад, ба ҷуз дар мавзӯъҳои шахсӣ, ки «илтимос, китоби маро чоп кунед» ва ё «илтимос, ба банда як компютер ҳадя мекардед».

Чун баҳси мо баҳси давлатдории миллист, дар ин бора бояд гуфт, ки аз назари технологияи сиёсӣ чун абзор истифода шудани чунин зиёиёни бешахсият коре табиӣ ва дуруст аст, вале аз назари давлатдорӣ такя бар онҳо ва эътимод ба ситоишу машваратҳои онҳо дуруст намебошад. Ва мо набояд хушҳол бошем, ки чунин зиёиён ҳукумати имрӯзаи моро бе чуну чаро дастгирӣ мекунанд, бо тамоми нирӯ меситоянд ва ҳамаи супоришҳои ҳокимиятро бисёр хуб иҷро мекунанд, балки агар дар ҷойи ин ҳукумат ҳар ҳукумати дигаре қарор гирад, инҳо онро низ ба ҳамин шакл дастгирӣ мекунанд, дар ҳамин сатҳ меситоянд ва супоришҳояшро ба ҳамин тарз иҷро мекунанд.

2.Бахши дигари табақаи таҳсилкардаи мо ҳолати сиёсатгурезиро пеша кардааст, ки моҳияти он зоҳиран дур истодан аз тамоми падидаҳои сиёсӣ, бетаваҷҷӯҳӣ ба равандҳои сиёсӣ ва канор мондан аз масъалаҳои ҷамъиятӣ мебошад. Ин бахши зиёиён ҳама гуна таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои ҷамъиятию сиёсиро беҳуда, нораво ва ҳатто хатарнок медонанд ва аз дахолат ба онҳо парҳез мекунанд. Албатта, аксари онҳо барои худ далелҳое низ доранд ва шояд дар ҷомеаҳои шарқии мо барои гирифтани чунин мавқеъ далелҳои фаровон низ ҳаст, вале дар кулл, чунин мавқеъгирӣ низ ба ин қишр имкон намедиҳад, ки рисолати рушангарӣ, ҳидоятгарӣ ва пешбарандаи худро иҷро намояд.

Масалан, дар Академияи илмҳои ҶТ солҳо боз маҳфили бисёр хуби рӯшанфикрие фаъолият дорад, ки ҳар бор дар оғози кораш барандаи бисёр гиромии он, ки худ яке аз соҳибназарони шинохтаи ҷомеа аст, тақрибан чунин эълон медорад: «Дӯстони азиз, маҳфили мо як маҳфили фикрии рӯшанфикрон аст, аз ин хотир, хоҳиш мекунам дар ин ҷо сиёсат ва масъалаҳои сиёсӣ умуман матраҳ нашаванд.»

Ин як эълони бисёр ҷолиб аст, зеро зиёии мо намегузорад, то сиёсат ва масъалаҳои сиёсӣ вориди маҳфили ӯ шаванд. Аз назари аввал, вақте як қишр ё доира худро аз чунин бахши муҳимму сарнавиштсози ҳаёти ҷомеа канор мегирад, худи рӯшанфикр ва зиёӣ будани он зери савол меравад. Вале дар айни замон, шояд чунин эълон ва риояти чунин меъёр охирин талоши огоҳонаи гардонандагони чунин маҳфилҳо барои эмин доштани он аз чанги сиёсат ва таъмини бақои он бошад. Ин ҳолат низ аз муаммоҳои ҷомеаҳои шарқист.

Андешаи сиёсатбезорӣ ва изҳори бетафовутӣ нисбат ба он чӣ дар атроф мегузарад, дар муҳити зиёиён ва донишгоҳиёни мо истилоҳи машҳӯри «илми говӣ»-ро ба вуҷуд овардааст. Чанд нафар аз устодони куҳансолу бузургвори банда, ки дар мақоми баланди докториву профессорӣ қарор доранд, ҳангоми савол сирри муваффақияту дерпоии худро маҳз дар доштани «илми говӣ» шарҳ медиҳанд. Маънои истилоҳи «илми говӣ» чунин аст, ки инсон аз муҳит комилан бохабар аст, вале худро огоҳона ба нодонию бетафовутӣ зада, ба ҳеҷ мавзӯи сиёсию ҷамъиятӣ дахолат намекунад ва дар ҳеҷ масъалаи ҷамъиятию сиёсӣ лаб намекушояд ва ба ин восита, аз хатару зарбаҳои сиёсӣ эмин мемонад.

Яъне, дар назари муаллифони ин истилоҳ «илми говӣ» ба маънои манфӣ ва ба маъноӣ нодонӣ нест, балки ба маънои мавқеи огоҳонаи дур истодан аз равандҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Он ҳам «илм» аст, яъне огоҳист, ҳам «говӣ» аст, яъне «нодонӣ». Худи устодон бо камоли майл мегӯянд, ки «мо «илми говӣ» дорем, аз ин рӯ, агар сад раису сад ҳукумату сад сиёсат ҳам иваз шавад, ба мо дахле надорад ва мо кори худро идома медиҳем». Ин ҳам як падидаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ва як муаммои муҳити илмию фикрии мост.   

Вале ҳолати табиии як ҷомеаи солим ин мебуд, ки қишри зиёиии он дар канори ин, ки бояд дар соҳаи худ донишу тахассуси баланди касбӣ дошта бошад, огоҳиии умумии сиёсию ҷамъиятӣ ва фаҳми умумии масъалаҳо ва манфиатҳои милӣ низ дошта бошад. Ҳолати табиии як ҷомеаи солим ин мебуд, ки қишри зиёии он аз масъалаҳои калони миллӣ, аз равандҳои ҷамъиятию сиёсӣ, аз арзишҳои бунёдии давлатию миллӣ, аз сарнавишти кишвар ва аз мушкилаҳои асосии мардуми худ дар канор набошад. Балки, аз ин масъалаҳо бештар аз ҳар қишри дигар огоҳ бошад ва пештар аз ҳар қишри дигар масъала гузорад.    

Аз ин рӯ, бидуни ин, ки мавқеи ин ё он бахши зикршудаи зиёиёни худро маҳкум намоем, бояд гуфт, ки ҷомеаи мо ба чизе болотар аз ин, яъне ба як қишри зиёии дар масъалаҳои сиёсию ҷамъиятӣ соҳибназар, соҳибмавқеъ ва дорои дидгоҳи устувори сатҳи миллӣ низ шадидан ниёз дорад. Зиёие, ки худ яке аз ҷонибҳои низои гурӯҳию қудративу сиёсӣ набошад, балки ҳомии ваҳдати миллӣ, посдори арзишҳои бунёдии миллӣ, рамзи умумияти миллӣ бошад.

Зиёие, ки на аз думболи сиёсат равад, на аз пайи як гурӯҳи сиёсию қудратӣ бошад, на ба шарҳи қарори сиёсӣ машғул бошад ё на баръакс, на аз сиёсту ҷамъият канор истад, балки зиёие, ки пеш аз сиёсат қарор дошта бошад, худ тафаккур офарад, андешаи миллӣ бидиҳад, вазъияти ҷамъияитро таҳлил кунад, пешниҳод кунад, ояндабинӣ намояд. Зиёие, ки дар ин марҳилаи ҳассос ва дар ин ҷаҳони печида ҷамъияти худро ҳимоят кунад, ҳидоят кунад, раҳнамоӣ созад. Аслан, калимаи зиёӣ аз решаи «зиё» ба маънои нур ва рӯшноӣ омадааст, пас чӣ гуна нур аз паси раванда биравад, дар ҳоле, ки он бояд пеш аз раванда равад.

Пас, ташаккули қишри зиёии пешрав ва пешбаранда ва қишри зиёие, ки фаротар аз арзишҳои шахсию маҳаллию гурӯҳӣ қарор гирифта бошад, яъне ташаккули қишри зиёие, ки дар сатҳи миллӣ ва дар мавқеи миллӣ истода бошад, яке аз заруратҳои дигари ҷомеаи мост.

14.Худшиносӣ аз манбаъҳои бегона

Дар шарҳи ин мушкилаи муҳимми муҳити фикрии мо низ бахше аз мақолаи пешини муаллиф бо номи «Тафаккури истеъморзада», ки қаблан зикр шуд, ироа мешавад, ки дар он аз ҷумла, чунин омадааст:

«Бар фарз, агар имрӯз аз як олими тоҷик пурсида шавад, ки чӣ гуна ориёӣ будани худро исбот мекунад, ӯ ҳатман чандин «сарчашмаи мӯътабари илмӣ» аз осори шарқшиносони русию аврупоиро ном мебарад ва хулосаи ҷавоби ӯ чунин хоҳад буд, ки мо ориёием, зеро Бартолд ё Андреев чунин гуфтааст. Ё Шишов, ё Хаников ва ғайра инро қайд кардаанд. Яъне, барои олиму зиёии мо далели ориёӣ будани мо на худи фару фарҳанг, хираду ахлоқ, рӯҳу эҳсос ва хуну пӯсти мо ва на таҳқиқу исботи худи мо, балки пеш аз ҳама, зикру исботи чанд ховаршиноси ғарбист.

Ҳамин тавр, шояд дар нисбати аксари масъалаҳои марбут ба таъриху фарҳанг ва забону худшиносии миллӣ мо аз манбаъҳои бегона истифода мекунем ва худро аз чашми онҳо мебинем. Истилоҳи тоҷик кай пайдо шуд, нажоди тоҷикон кадом аст, забони мо чӣ гуна ташаккул ёфт ва ба кадом гурӯҳи забонҳо дохил мешавад, дини аҷдодии мо чӣ гуна буд, кадоме аз шахсиятҳои таърихиву фарҳангии мо бузургтару кадомашон кӯчактаранд, кадом осори фарҳангии мо муҳиммтару кадомаш дар дараҷаи дуввум қарор дорад, ҷавоби ин ва даҳҳо саволи марбут ба таъриху фарҳанги худро фақат аз осори бегонагон исбот мекунем. Яъне, агар ба масал, пурсида шавад, ки оё умуман, миллати мо вуҷуд дорад ё не, ҷавоби «илмӣ»-и олиму зиёии мо чунин мешавад: Албатта, вуҷуд дорад, зеро инро Бартолд қайд карда гузаштааст…

Пас, бахши бузурге аз тафаккури илмиву ҷамъиятӣ ва пояҳои худшиносии мо бар асоси манбаъҳои бегона ташаккул ёфта, аксари кулли нухбагони илмию фикриву фарҳангии мо дар матни ин манбаъҳо тарбият дидаанд. Дар шароити Тоҷикистон ин воқеият ду ҷанбаи хосса дорад:

/images/stories/2012/05/07_abdullo-rahnamo-7.5.1212.jpgЯкум, аз сабабе, ки дар даврони Шӯравӣ тамоми осори илмию таҳқиқӣ низ пас аз санҷишҳои сиёсию идеологӣ ба чоп мерасид, дар Иттиҳоди Шӯравӣ фақат қисми бисёр ками осори ғарбии марбут ба тафсири таъриху фарҳанги мо нашр шуда буд. Аз ин рӯ, дар он давра нухбагони илмиву фикрии мо фақат ба бахши андаке аз осори фалсафӣ ва илмии шарқшиносии ғарбӣ дастрасӣ доштанд.

Ва чун давраи таҳсил ва ташаккули фикрию ақидатии аксари онҳо дар замони Шӯравӣ гузаштааст, шинохти онҳо дар бораи Шарқу Ғарб, илму фалсафа, дину дунё ва ғайра асосан, бар пояи ҳамин осори чопшудаи он давра ташаккул ёфтааст. Дар бораи бахши бисёр бузургтари осори илмиву фалсафии ҷаҳонӣ фақат ҳарфҳои танқидиву маҳкумие ҳамчун фатализм, идеализм, футуризм, эклектизм, экзитен-сиализм, утопизм, фалсафаи буржуазӣ ва ғайра шуни-да буданд. Манбаъҳои тоҷикшиносии мо низ асосан ба ҳамин осори русӣ ё осори тарҷумаю сензуршудаи ғарбии чопи шӯравӣ хулоса мешуд.

Дуввум, дар даврони Шӯравӣ ташаккули илмии нухбагони мо дар муҳити забони русӣ сурат гирифта, аксари кулли онҳо дар канори забони тоҷикӣ фақат бо забони русӣ мутолиа, таҳқиқ ва эҷод карда метавонистанд. Дар байни нухбагони мо касоне, ки бо забонҳои англисӣ, олмонӣ ва арабӣ дар сатҳи илмӣ мутолиа, таҳқиқ ва таълиф намоянд, бисёр нодир буданд. Дар насли дуввуму сеюми зиёиёни шӯравии мо ҳатто касоне, ки алифбои форсиро дуруст истифода намоянд, андак боқӣ монданд. Ҳамин тавр, нухбагони (элитаи) фикрию илмию сиёсии мо безабону беабзори муосир шуда, аз истифодаи манбаъҳои форсию англисию арабӣ маҳрум монданд, дар ҳоле, ки аксари сарчашмаҳои илмию таърихии марбут ба таъриху фарҳангу худшиносии миллии мо дар ин забонҳо офарида шудаанд.

Таъсири ин безабонию беабзорӣ хусусан, дар давраи истиқлолият бисёр рӯшан шуд. Акнун бо вуҷуди дастрас шудани бисёре аз ин манбаъҳо қисми бисёр каме аз зиёиён ва фарҳангиёни мо аз сарчашмаҳои арабию англисӣ ва ҳатто осори форсӣ дар сатҳи илмӣ истифода менамоянд. Ҳамин тавр, инҳо дар давраи истиқлолият низ асосан дар доираи ҳамон манбаъҳои дастраси русизабони давраи Шӯравӣ боқӣ мемонанд.

Ин аст, ки имрӯз низ вақте дар бораи «сарчашмаҳои боэътимоди илмӣ»-и шинохти таъриху фарҳанги худ сухан мегӯем, пеш аз ҳама осори ховаршиносони русию ғарбиро бармешуморем. Ё гузашта аз ин, ҳатто вақте дар бораи осори илмиву адабии офаридаи ниёгони худамон ҳарф мезанем, боз ҳам маҳз аз нусхаҳои ҷамъоварӣ ва ислоҳу таҳиясохтаи шарқшиносони ғарбӣ ҳамчун «нусхаҳои мӯътабар»-и ин осор ном мебараем: «Авесто»-и гирдоварӣ ва чопи Дюперрон, «Шоҳнома»-и тасҳеҳи Жул Мул, «Шоҳнома»-и «чопи Маскав», «Маснавии Маънавӣ»-и нусхаи Р.Никелсон, «Таърихи адабиёти Ирон»-и Э.Браун, «Таърихи ислом ва хилофат»-и В.В.Бартолд, «Тоҷикон»-и А.Шишов, «Муқаддимаи забоншиносии иронӣ»-и Оранский ва то чанде пеш «Қуръон»-и тарҷумаи Крачковский… Ё мо ҳанӯз аз мактаб меомӯзем, ки гӯри Рӯдакӣ дар Панҷрӯд воқеъ аст, зеро инро Герасимов исбот кардааст…

Албатта, банда ин сарчашмаҳоро заифу беарзиш намедонам ва кош аз миёни худи мо низ чунин муҳаққиқони муосире бархезанд, вале масъала ин аст, ки эътимоду эътиқоди мутлақ ба ин осор ҳувияти худи моро низ ҳамчун як падидаи сохтаи таҳқиқу навиштаҳои бегонагон муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, имрӯз бисёр зарур аст, ки мо асосҳои фарҳангию таърихии асолату ҳувияти миллии худро бо манбаъҳои ҷиддии худӣ тақвият бахшем ва аз ин пиндор, ки ҳастии мо натиҷаи исботи чанд шарқшинос аст, берун оем.

Хулоса, мо бояд билохира дар вуҷуди худ дарёбем, ки гузашта ва асолати мо як чизи сунъӣ нест, балки як воқеияти таърихист ва агар ба масал, ҳамаи шарқшиносони ғарбӣ дар осори «илмӣ»-и худ ҳазор бор ба набудани мо шаҳодат диҳанд, боз ҳам аз буди мо ҳеҷ чизе кам намешавад. Хулоса, миллати тоҷик на бо далели он ҳаст, ки Андреев ё Бартолд ё Литвинский дар фалон саҳифаи китобаш инро қайд карда гузаштааст, балки бо далели он буд, ки буд ва бо далели он ҳаст, ки ҳаст.

Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.


Ва бисёр дареғ аст, ки миллате бо чунин таърихи қадиму фарҳанги бузургу ҳувияти ошкор ҳастию асолати худро дар асоси сарчашмаҳои «илмӣ»-и бегонагон исбот карданӣ шавад ба бегонагон ин шарафро арзонӣ дорад, ки чун Литвинский бо камоли ифтихор бигӯянд: мо ба тоҷикон таърих эҳдо кардем («мы таджикам подарили историю»). Дар ҳоле ки табиӣ мебуд, агар гуфта мешуд, ки «ӯ ба шарафи омӯхтани таърихи тоҷикон шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфт». Ҳамин тавр, ба вуҷуд овардани сарчашмаҳои худии худшиносӣ, хусусан, ташаккули эътиқоду боварии мустақил ба таъриху фарҳангу асолати худ ва дар ниҳоди худ дарёфтан ва парваридани унсурҳои ҳувиятии худ яке аз пояҳои истиқлоли фикрию сиёсӣ ва амнияти миллии мо хоҳад буд» . Расидан ба ин сатҳ моро ба мавқеи миллӣ наздик мекунад.  

15.Зиндагӣ бо тафсири дигарон

Нуктаи дигаре, ки низ ба таъсири осори илмиву таҳқиқотии бегона ба муҳити илмию фикрию сиёсии мо матраҳ аст, ин аст, ки худи ин осор дар асл на ҳамеша манбаъҳои нобу беғарази илмӣ буда, бештари он маҳсули як сиёсат ва идеологияи бисёр ҳисобшудаи истеъморгарон мебошад. Дар асрҳои XVIII-XX қудратҳои истеъморие чун Британия, Русия, Фаронса, Олмон ва ғайра зимни пиёда сохтани барномаҳои стратегии ишғолгарию истеъ-мории худ, аз ҷумла, илмеро ба номи шарқшиносӣ ба вуҷуд оварданд, ки ҳадафи асосии он амиқ омӯхтани Шарқ бо мақсади ҳар чӣ осонтар ишғол кардан ва ҳарчӣ беҳтар идора намудани он буд. Яъне, ин илми пешистеъморӣ бояд тамоми ҷанбаҳои зиндагии шарқиён, аз ҷумла, таъриху забон, урфу одат, дину мазҳаб, иқтисоду иҷтимоъ ва тавону равони онҳоро омӯхта, ҳамчун қосиди нармрӯи урдуҳои ишғолгар, аз тариқи ба вуҷуд овардани иртиботу шинохт роҳро барои марҳилаҳои низомии ҳаракат ба сӯи Шарқ ҳамвор месохт.

Ба таври мисол, шарқшиносии рус ба унвони соҳа пеш аз ҳама ҳамчун бахше аз дастгоҳҳои сиёсию низомии Русияи подшоҳӣ ташаккул ёфта, бисёре аз экспедитсияҳои машҳури «илмӣ»-и шарқшиносон, аз ҷумла, ба Осиёи Миёна, бо мақсади фароҳам овардани шинохт ва заминаҳои ишғоли ин минтақаҳо аз сӯи ин дастгоҳҳо ташкил ва сармоягузорӣ мешуданд. Аз ин рӯ, бисёре аз шарқшиносони машҳури рус, ки имрӯз аз сӯи мо ҳамчун «олимони барҷастаи рус» шинохта мешаванд, ҳамзамон афсарони баландрутбаи амниятӣ ё ҳамкорони наздики идораҳои сиёсию низомии ин кишвар буданд.

Масалан, худи М.Андреев, ки дар зеҳни мо аз бузургтарин шарқшиносони рус аст, пеш аз ҳама ҷосуси бисёр номдори низомӣ буд. Ё муаллифи китоби машҳури «Тоҷикон» А.Шишов (А.Шишов, «Таджики», Ташкент, 1910) худ аз афсарони баландпояи артиши Русияи подшоҳӣ дар Туркистон буда, ин асари пурмаълумотро маҳз бо мақсади муайян намудани муносибати дастгоҳи сиёсию низомии кишвараш бо ин мардум навишта буд ва ғайра. Дар давраи Шӯравӣ низ пайванди шарқшиносӣ бо дастгоҳи сиёсию амниятӣ ҳамчунон идома ёфт, ки он мавзӯи дигар аст.

Аз ҷумла, натиҷаҳое, ки шарқшиносони аксаран рутбадори ғарбӣ ба он расиданд, ҳамин буд, ки ҳар як миллату қабилаи шарқиро дар муқобили қавму миллатҳои атрофаш чунон бузургу асилу қадиму таҳҷоӣ нишон бидиҳанд, ки Шарқ як умр гирифтори ҷанги «асолатҳо» ва набарди «бузургиҳо» боқӣ бимонад ва идораи он бисёр осон бошад. Ва номи ин сиёсатро худи ғарбиён «тафриқа андоз ва ҳукумат рон» гузошта буданд.

Муваффақияти дигари шарқшиносии ғарбӣ дар он будааст, ки дар дарозмуддат бахше аз шарқиён низ мафтуни ин илм шуда, худро дар тасаввури худ «ғарбӣ» гумон карда, бо камоли ифтихор шарқшиносӣ меомӯзанд ва ҳатто эҳсос намекунанд, ки худи онҳо Шарқ ҳастанд ва ёде намеоранд, ки ҳадафи аввалия ва нуҳуфтаи таъсисгарони ин илм чӣ будааст. Ҳатто дар ҳоле, ки акнун худи ғарбиён дар бораи ҳадафи истеъморӣ ва моҳияти ишғолгарию тафриқаандозии илми шарқшиносӣ маводи зиёди бойгониву шарҳҳои илмӣ нашр мекунанд, шарқиён тоби шунидани инро надошта, ҳамоно аз «хизматҳои бузурги шарқшиносӣ ва шарқшиносон» сухан мегӯянд.

Мо бо як самимияти соддалавҳона ҳамеша изҳори сипос мекунем, ки фалон шарқшиноси бузурги рус ё аврупоӣ лаҳҷаи тоҷикони водии Зарафшонро омӯхтааст, фалонаш фолклори мардумии Кӯлобро ҷамъоварӣ намудааст, онаш урфу одатҳои мардуми Ҳисорро таҳқиқ кардааст, дигараш ёдгориҳои Аҷинатеппаро кашф кардааст ва кадомаш таърихи Дарвозу Қаротегинро тадвин намудааст. Вале чунин осори «илмӣ» гоҳо рӯкаши махмалине рӯи як ҳақиқати талхест, ки масалан, ҳодисаҳое чун ишғоли Осиёи Марказӣ дар асри Х1Х, «инқилоб»-и Бухорои соли 1920, тақсимоти миллию маъмурии соли 1924, ҳодисаҳои хунини солҳои 90-ум ва даҳҳо чунин раванду рухдодҳо зери он нуҳуфтааст…

Масалан, барои барномарезии тарҳи печидае чун ҷанги дохилии Тоҷикистон бояд маълумоти бисёр фаровони «илмӣ» дар бораи расму ойин, психология, менталитет, лаҳҷаю фолклор, фарҳангу ахлоқ ва вазъияти иҷтимоии ҳар як минтақаи Тоҷикистон, таркиби этникии ҳар ноҳия ва муносибати қавму маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон бо ҳамдигар ҷамъоварӣ мешуд, то дар лаҳзаи зарурӣ ба кор гирифта шавад. Ва ин кор яке аз вазифаҳои зарифи илми зоҳиран беозори шарқшиносии ғарбист. Ва мутаассифона, мо ин рӯи илми шарқшиносии ғарбиро камтар шинохтаем.

Яке аз иллатҳои зарифи чунин ҳолат дар он аст, ки дар ҳақиқат қудратҳои истеъморӣ ҳаргиз иҷозат надода буданд, ки дар ҳошияҳо низ илми шарқшиносии воқеӣ ташаккул ёбад. Аз ин рӯ, агар дар марказҳои қудрат, мисли Лондон, Москав, Париж, Санкт-Петербург, Қазон ва ғайра шарқшиносӣ илова бар таъриху забонҳои шарқӣ, дину ҷомеа ва равандҳои сиёсию иқтисодию иҷтимоии муосири кишварҳои Шарқро низ амиқ меомӯхт, вале дар ҳошияҳо шарқшиносӣ бештар моҳияти забоншиносию филологӣ дошт.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ бар хилофи шарқшиносӣ дар Москав, шарқшиносӣ дар Тошканду Душанбеву Алмаатову Боку бештар маънои омӯзиши таъриху адабу забону дастхатҳои Шарқро гирифта буд. Ва ин ҳам бисёр рамзист, ки дар Душанбе институти шарқшиносӣ ва институти мероси хаттӣ (дастхатҳо) як ниҳод аст ва ин ишораи зарифест ба моҳияти шарқшиносии ҳошия. Аз ин рӯ, агар шарқшиносии «марказ» шахсиятҳои калони ҷамъиятию сиёсие чун Б.Ғафуров, Е.Примаков, И.Иванов, А.Жириновский, М-Н.Усмонов, В.Наумкин ва ғайраро ташаккул диҳад, шарқшиносии ҳошия бештар барои расонидани паёми «марказ» ба ҷомеаҳои шарқӣ тарҷумон тарбият менамуд. Ин аст, ки шарқшиносии ҳошия аксаран беозор буд ва гоҳо фақат нақши абзори шарқшиносии марказро иҷро мекард… ва гоҳо қурбонӣ низ медод (ниг.: В.Васильков, «Репрессированное востоковедение», Москва, 1990).

Албатта, зимни сӯҳбат дар боби шарқшиносӣ наметавон заҳматҳои муаллифон ва аҳаммияти илмиву сарчашмавии қисме аз осори онҳоро инкор намуд. Ин илм ва осори он аз бисёр ҷиҳатҳо ҷомеаи илмии моро бо равишҳои муосири илмию тадқиқотӣ ошно ва пайванд карда, бо равишу методологияи нави тадқиқоти илмӣ мусаллаҳ намуд. Илова бар ин, дар шароити маҳдудиятҳои сиёсию идеологии замони Шӯравӣ, шарқшиносӣ барои тоҷикон чун даричае барои огоҳӣ аз ҷаҳони хориҷ ва низ ҳамчун канале барои дастрасӣ ба бахше аз мероси ниёгон хидмат намудааст. Ҳамчунин, бахши намоёне аз рӯшанфикрон, шахсиятҳои илмию фарҳангӣ ва хусусан, ходимони соҳаи дипломатияи имрӯзи тоҷик маҳз аз муҳити шарқшиносон берун омадаанд, ки нақшу ҷойгоҳи онҳо як сӯҳбати ҷудогона аст.

Аммо ин ҷо мақсад аз ишорат ба моҳият ва таъсири шарқшиносии ғарбӣ дар он аст, ки ин сарчашмаҳо дар ташаккули тафаккури нухбагони илмӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва сиёсии мо то ҷое таъсири амиқ гузоштааст, ки имрӯз мо амалан бо мафҳумҳои онҳо ҳарф зада, бо мантиқи онҳо фикр карда, бо ҷаҳоншиносии пешниҳодии онҳо ба дунё, аз ҷумла, ба Шарқ ва ба худ, менигарем ва дар тафсири онҳо аз ҷаҳон зиндагӣ мекунем. Ва аз муҳиммтарин қонунҳои таносуби қудрат дар ҷаҳон ҳамин аст, ки оне ки мафҳумҳои калидии ҷаҳониро меофарад, оне, ки чорчӯбҳои фикрии ғолибро ироа мекунад ва оне, ки ҳаққу абзори тафсири ҷаҳонро дар ихтиёр дорад, ҷаҳонро идора мекунад.

(идома дорад)
Қисматҳои: якум, дуюм, сеюм, чаҳорум




Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi