11:29:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЧАНД МУШКИЛАИ МУҲИТИ ФИКРИИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО БА МАВҚЕИ МИЛЛӢ НАМЕРАСЕМ? - 1

Номи матлаб, ки лаҳзае пас ба хонданаш шурӯъ мекунед, «Васиятномаи Абдуллоҳи Раҳнамо» буд ва муаллиф бо камоли афсурдагӣ ва хастагӣ онро ҳамчун охирин матлаби худ дар масъалаҳои фикриву сиёсӣ навишта буд. Аз ин мақолаи ҳам ҳаҷман ва ҳам мазмунан бузург мо сӯзу дард ва фарёди як зиёӣ ва соҳибандешаи миллатдӯсту меҳанпарасти тоҷикро эҳсос мекунем ва мешунавем.

/images/stories/2012/04/24_abdulla-rahnama_24412.jpgАбдуллоҳи Ҳаким Раҳнамо, номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат давраҳои таҳсили олӣ ва такмили ихтисоси худро дар риштаҳои муҳандисӣ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар кишварҳои Тоҷикистон, Ирон, ИМА ва Русия гузаронида соли 2007 пас аз хатми аспирантура дар назди кафедраи сиёсатшиносии ДДМТ дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст.

Солҳои 1999-2005 дар дастгоҳи Иҷроияи Президенти ҶТ ба унвони ёвари муовини аввали Сарвазири ҶТ кор карда, ҳоло ҳамчун мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили равандҳои сиёсӣ ва этнополитикии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ фаъолият дорад. Муаллифи китобҳои «Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ» (Душанбе, 2008), «Уламои исломӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2009), «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2011) ва беш  аз 100 мақолаи илмиву таҳлилӣ дар мавриди таҷрибаи сулҳи тоҷикон, равандҳои сиёсии Тоҷикистон, муносибатҳои дину давлат, маорифи динӣ, равандҳои муосири ҷаҳони ислом ва ғайра буда, навиштаҳои ӯ илова бар Тоҷикистон, дар нашрияҳои илмии кишварҳои Русия, ИМА, Олмон, Британия, Шветсария, Шветсия, Ирон, Афғонистон, Индонезия, Туркия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ғайра ба чоп расидаанд. Бале, чунин як олими фарзонаи кишвар, ки ҳанӯз хеле ҷавон аст, имрӯз қалам гирифтаву васиятнома менависад. Чаро?

Ба андешаи ҳайати эҷодии сомона дар арафи таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ, 15 солагии рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар ба нашр расидани ин мақола бархеро, ки моҳияти неъмати худододӣ-сулҳу суботро то он дараҷае, ки зарураст дарк накардаанд ё аз ёдҳо фаромӯш кардаанд, шояд як бори дигар амиқ ба андеша кардан водор намояд ва дар онҳо эҳсоси муқаддамтар донистани фикри миллат ва Ватанро аз фикри «ман ва тан» бедор кунад.

 Вуруд

Ташаккули андешаи сиёсии миллӣ ва худмеҳвар яке аз зуруратҳои муҳимми ҷомеаи мо дар раванди эҳёи ҳувияти миллӣ ва таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ мебошад. Зеро, як миллат то замоне, ки афрод, нухбагон ва нирӯҳои сиёсии он ҳатто дар масъалаҳои бунёдии миллию сиёсию арзишии кишвар ба тавофуқи усулию стратегӣ нарасида бошанд ва ё дар ин масъалаҳо масрафкунандаи андешаву тафаккури берунӣ бошад, наметавонад ба истиқлолияти комили фикрӣ ва сиёсӣ бирасад. Аз ин рӯ, талош барои ҳосил шудани тавофуқи бунёдии миллӣ, барои ташаккули «мавқеи миллӣ» ва барои расидан ба мактаби андешаи сиёсии худӣ ҷузъи ҷудоинопазири талоши умумии ҷомеа барои таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории миллист.

Аз ҳамин ибтидо бояд гуфт, ки манзур аз расидан ба «тавофуқи миллӣ» ва баромадан ба «мавқеи миллӣ» маҳз ба имзо расидани санад ё созишномаи коғазие дар масъалаҳои усулии миллӣ ва кишвардорӣ нест, балки ин ҷо бештар расидан ба як сатҳи болотари тафаккур ва баромадан ба як сатҳи болотари дарки масъалаҳоест, ки фаротар аз сатҳу манфиатҳои фардӣ, гурӯҳӣ ва ҳизбӣ қарор мегирад. Яъне «мавқеи миллӣ» пеш аз ҳама вусъат ва сатҳи тафаккур аст, сатҳе, ки тавонад тамоми миллат, манфиати тамоми афроди он ва манфиати давлати миллиро фаро гирад.

Таҳлили раванди ташаккули андешаи сиёсӣ дар Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки муҳити фикрию сиёсии мо бо як силсила мушкилаҳое рӯбарӯст, ки мавҷудияти онҳо аз мавқеъҳои шахсию маҳаллию ҳизбию гурӯҳӣ ба «мавқеи миллӣ» гузаштани нирӯҳои фикрӣ ва сиёсии ҷомеаи моро мушкил месозанд. Илова бар таҳқиқҳои тӯлонӣ, таҷрибаи кору фаъолияти чандсолаи худи муаллиф дар муҳитҳои илмию фикриву сиёсии кишвар ва рӯёрӯии ҳамарӯза бо ин масъалаҳо низ имкон медиҳад, ки моҳияти онҳоро на ҳамчун як «мушоҳида аз дур», балки «чунон ки ҳаст», зикр ва баррасӣ шаванд. Ҳам мантиқи солим ва ҳам таҷрибаи ҷомеаҳои рушдёфта исбот намудааст, ки анҷом додани як осебшиносии муҳити фикрии ҷомеа, яъне таҳлилу ташхиси ҷиддӣ ва ислоҳи воқеъбинонаи ин мушкилаҳо имкон медиҳад, ки заминаҳои муносиби рушди фикрӣ фароҳам шуда, роҳи ташаккули «мавқеи миллӣ» дар кишвар боз ҳам ҳамвортар гардад.

 1. Мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ

Шояд яке аз ҷиддитарин мушкилаҳои фазои фикрию сиёсии мо ин бошад, ки бо вуҷуди гузашти ду даҳсола зеҳнҳои мо ҳамчунон навъе асири мафҳумҳо, тақсимҳо ва пиндорҳои давраи ҷанги дохилӣ боқӣ мемонад. Чунин вазъият аксаран, аз инсон тақозо мекунад, то имрӯз ҳам дар яке аз ҷабҳаҳои он набарди дуҷониба қарор дошта бошад ва назару манфиати яке аз он тарафҳоро ифода намояд.

Мутаассифона, насли калонсоли мо дар оғози истиқлолият дар замони ниҳоят печидаю ҳассос зистанд ва бинобар омилу шароитҳои мушаххаси дохилӣ ва хориҷии он замон дар муқобили ҳамдигар сангарҳо гирифтанд ва ба низои хунин расиданд. Дар айни замон, онҳо талошу заҳмати фаровон кашида, дар ниҳоят сулҳу амниятро ба кишвар бозоварданд ва истиқлолу давлатдории миллиро ҳифз намуданд. Насли нави миллат бояд инро ҳам бидонад ва ҳам қадрдонӣ бикунад.

Вале, дар канори ин, ба хотири ба даст овардани рушди фардои миллату давлат ва ба хотири расидан ба мавқеи миллӣ, мо набояд то беохир асири ихтилофи як насли пешини худ монем ва ҳанӯз ҳам чунин андешем, ки мо ҳатман, ё бояд «наҳзатӣ» бошем ё «ҳукуматӣ», ё «оппозитсионӣ» бошем ё «давлатӣ», ё «динӣ» бошем ё «дунявӣ» ва ғ. Барои насли нави миллат шарт нест, ки дар канори таҷрибаи насли гузашта ихтилофи ин наслро низ мерос барад ва ҳатман худро ва мавқеъи худро дар яке аз ин ду қолаби гузашта таъриф кунад. Дар марҳилаи нави рушди миллӣ бояд мавқеъҳои нав, сатҳҳои нав ва миқёсҳои нав ба даст оянд.

Насли нав бояд насли ҷомеъ бошад, он набояд ҳамчун «яке аз тарафҳои низоъ» биандешад, балки бояд дар сатҳи миллӣ андешад, ҳамчун соҳиби кишвар ва ҳамчун соҳиби давлат, балки ҳамчун соҳибкишвару соҳибдавлат андешад. Дар шароити давлати миллӣ ҷонибдор ё мухолифи барномаҳои мушаххаси ҳукумат будан ҳеҷ масъалае нест, ҷонибдор ё мухолифи барномаҳои як ҳизби сиёсӣ будан ҳеҷ масъала нест, балки мухолифи рушди миллӣ, мухолифи арзишҳои фарҳангию эътиқодии миллат, мухолифи манфиатҳои миллӣ, мухолифи давлату давлатдории миллӣ будан масъала аст.

Пас, имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки нирӯҳои фикрӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии мо бояд дар масъалаҳои усулии миллӣ, дар мавриди арзишҳои аслии фарҳангию эътиқодию сиёсӣ, дар масъалаҳои аслии давлатдорӣ ва дар мавзӯъҳои стратегии рушди ҷомеа ба як мувофиқаи бунёдӣ бирасанд. Бо фароҳам шудани чунин тавофуқи стратегӣ, бояд муборизаҳои ҳизбию сиёсӣ маҳз дар доираи он тавофуқи миллӣ сурат гирад.

/images/stories/2012/04/24_abdulla-rahnama1_24412.jpgАлбатта, ҳоло Конститутсияи ҶТ тақрибан нақши чунин тавофуқи миллиро дорад ва аксари меъёрҳои асосии рушди стратегии миллӣ дар он сабт шудаанд. Вале шояд дар зимни он тавофуқи муфассалтару мушаххастаре таҳия ва қабул гардад, ки метавонад дар қолаби Қонуни ҶТ дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ё санади алоҳидае чун Тафоҳуми миллӣ ҷой дода шавад. Чунин икдом эътимоди умумиро бештар карда, расидан ба ин сатҳи тафаккур, моро аз мавқеъҳои ҳизбӣ ба мавқеи миллӣ ҳидоят мекунад.

Барои солимтар шудани нигоҳи ҷомеа ба ҳизбҳои сиёсӣ ва нигоҳи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷомеа зикри як масъалаи сода бисёр муҳимм аст:

Аз нигоҳи аввал, «ҳизб» ба маънои гурӯҳ аст ва дар таркиби ҳар ҳизбе гурӯҳе аз шаҳрвандони кишвари мо ҷамъ омадаанд. Мафҳуми ҳизб ба маънои як нирӯи махсус, мавҳум ё абстракти сиёсие нест, ки бояд бо он то бениҳоят рақобат варзид, балки он созмони гурӯҳе аз ҳамватанон ва шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвари мост. Пас, агар як ҳизби сиёсӣ талаботи қонунгузории кишварро ба ҷой оварда, ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуда ва иҷозати фаъолиятро ба даст оварда бошад, дигар он ҷузви машрӯъ, қонунӣ ва баробарҳуқуқи фазои сиёсии ҷомеа мебошад.

Вале, гоҳо ба назар мерасад, ки истилоҳи ниҳоят сиёсишудаи «ҳизб» моҳияти инсонию шаҳрвандии ин падидаро пӯшонида, имкон намедиҳад, ки мо дар паси ин мафҳум ҳамватанону ҳаммиллатони худро бубинем. Чун дар ин бора дар бахшҳои баъдӣ баҳс мешавад, ин ҷо ба таври мухтасар бояд гуфт, ки ин ҳолатро метавон боло гирифтани ҳувияти ҳизбӣ аз ҳувияти миллӣ ё ватанӣ номид, ки бе шубҳа, ҳолати солим нест.

Дар чунин вазъият афроди як «ҳизб» бо афроди «ҳизб»-и дигар, ки ҳамагӣ ҳамватан, ҳамдин, ҳаммазҳаб ва ҳаммиллати якдигаранд, дар набард қарор гирифта, ҳамдигарро пеш аз ҳама ҳамчун «афроди ҳизби мухолиф» мешиносанд. Дар чунин суратҳо инсон як ҳамдину ҳаммазҳабу ҳамватани худро фақат ба хотири дар ҳизби сиёсии ӯ набуданаш барои худ бегона медонад.

Вале агар мо даруни мафҳуми «ҳизб»-ро, ки бисёр сиёсӣ ва бисёр рақобатӣ шудааст, кушоем ва ба моҳияти инсонӣ ва шаҳрвандии он нигарем, хоҳем дид, ки он ҷо низ қисме аз инсонҳо, тоҷикон, шаҳрвандон ва ҳамватанони мо қарор гирифтаанд. Ва агар нигоҳи мо ба ҳизб ва ҳизбият инсонӣ шавад, мо дар ҳизбҳо пеш аз ҳама гурӯҳи шаҳрвандон ва ҳамватанони худро хоҳем дид, ки онҳо низ баробари мо ҳаққи будан, зистан, гуфтан, шунидан, аз имконоти кишвар истифода кардан ва фаъолият кардан доранд.

Дар сурати чунин фаҳмиш, марзи муборизаи ҳизбӣ низ маълум гашта, аз марзи ҳуқуқҳои гурӯҳи дигари ҳамватанонамон таҷовуз намекунад ва ҳаргиз набудан ва ё дар саҳна набудани ҳизби дигар, яъне набудан ё дар саҳна набудани бахши дигаре аз шаҳрвандон ва ҳамватанони худро, ҳадаф намегузорад. Пас, инсонӣ ва шаҳрвандӣ шудани нигоҳи ҷомеа ба ҳизбҳои сиёсӣ як зарурат барои солимсозии муҳити сиёсӣ ва муборизаи ҳизбӣ мебошад.

Аз тарафи дигар, нигоҳи ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷомеа низ бояд инсонӣ ва шаҳрвандӣ гардад. Бале, ҳар ҳизби сиёсӣ созмони бахше аз шаҳрвандон ва ҳамватанони комилҳуқуқи мост ва аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дигарон аз он бархурдоранд, бархурдор мебошад. Вале дар айни замон, ҳар ҳизби сиёсӣ бояд ин воқеиятро дарк намояд, ки он мавқеи фақат бахше аз шаҳрвандон ва ҳамватанонро ифода мекунад. Яъне, худи «ҳизб» будан пеш аз ҳама, ба маънои фақат як бахше аз ҷомеа, як гурӯҳе аз шаҳрвандон будан аст, яъне ба маънои ҳамаи ҷомеа ва ҳамаи шаҳрвандон набудан.

Пас, ҳамон гунае, ки ҷомеа бояд ҳуқуқи будан ва ҳуқуқи фаъолияти як ҳизби сиёсиро ҳамчун ифодагари мавқеи бахше аз шаҳрвандон, эътироф намояд, ҳар ҳизби сиёсӣ низ бояд мавқеи фақат як бахше аз ҷомеа ва нигоҳи фақат як гурӯҳе аз шаҳрвандонро ифода кардани худро низ эътироф намояд. Чунин дарк низ марзи рақобати ҳизбиро маълум намуда, ҳизбҳоро аз ҳамчун «назари миллат» ҷилва додани назари худ бозмедорад.

Вале мушоҳида мешавад, ки ҳизбҳои сиёсии мо ҳизб будан ва гурӯҳ будан, яъне ифодагари назар ва мавқеи фақат як бахше аз шаҳрвандон будани худро аксаран фаромӯш карда, ҳамагӣ ба таври мутлақ аз номи миллат ва мардуми кишвар сӯҳбат мекунанд. Агар ба баёни ҳизбҳои сиёсии кишвари мо таваҷҷӯҳ шавад, чунин бардошт мешавад, ки дар ин кишвар чандин «мардуми кишвар», чандин «миллати тоҷик», чандин «халқи шариф» ва чандин «ҷомеа» вуҷуд дошта бошад.

Дар як ҷомеаи мантиқиву демократӣ, ҳатто ҳизби ҳоким, ки ифодагари нигоҳи аксарият буданаш аз тариқи интихоботи воқеӣ маълум шуда бошад, наметавонад иддаои баёни назари ҳамаи мардум ва ифодаи манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандони кишварро дошта бошад. Пас, бисёр муҳим аст, ки ҳизбҳои сиёсӣ низ «ҳизб» будани худро, яъне баёнгари мавқеи фақат бахше аз шаҳрвандон будани худро, дарк ва риоят намоянд.

Ҳамин тавр, агар ин масъала ба дурустӣ дарк шавад, яъне агар ҷомеа ба ҳизбҳои сиёсӣ маҳз ҳамчун ифодаи созмонӣ ва қонунии мавқеи бахше аз шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвар нигоҳ кунад ва дар айни замон, ҳизбҳои сиёсӣ низ маҳз ифодакунандаи мавқеи фақат бахше аз шаҳрвандони кишвар будани худро дарк намоянд, фазои сиёсии ҷомеа ва фазои рақобати ҳизбӣ дар кишвар боз ҳам солимтар мегардад.

Вале агар ба баҳси таносуби мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ баргардем, бояд гуфт, ки ба таври табиӣ ҳар ҳизби сиёсӣ мавқеи мушаххаси сиёсӣ ва барномаҳои мушаххаси ҳизбии худро дорад ва мафҳуми ҳизби сиёсӣ буданаш низ дар ҳамин ифода мешавад. Илова бар ин, муборизаи сиёсӣ ва рақобати байниҳизбӣ як зарурати аслии низоми бисёрҳизбист.

Ҳамчунин, талош барои иштироки сиёсӣ, талоши саҳмгузорӣ дар идораи кишвар ва ҳатто, талоши расидан ба қудрати сиёсӣ низ як амали табиии ҳар ҳизби сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар як низоми бисёрҳизбӣ ба «қудратталабӣ» ва ба «доштани мақсадҳои сиёсӣ» «айбдор» кардани ҳизбҳои сиёсӣ асосан маъное надорад. Зеро, агар ҳамаи ин рақобату талошу муборизаи онҳо дар доираи қонунгузорӣ сурат гиранд, барои ҷомеаи бисёрфикрию бисёрҳизбӣ амре зарурӣ ва табиист.

Вале дар айни замон, мафҳуми «мавқеи миллӣ», ки сухан аз он меравад, мафҳуме болотар аз рақобати ҳизбӣ ва васеътар аз муқаррароти созишномаҳо буда, он сатҳи баландтари мавзӯъҳо ва сатҳи баландтари дарки масъалаҳоеро ифода мекунад, ки моҳияти усулӣ дошта, сарнавишти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои бунёдии ҷомеа, ҳифзи суботу амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои аслии ҷомеа ва будану набудани давлати миллӣ ба онҳо вобаста аст. Яъне, чуноне, ки гуфта шуд, «мавқеи миллӣ» пеш аз ҳама вусъат ва сатҳи тафаккур аст, сатҳе, ки тавонад тамоми миллат, манфиати тамоми афроди он ва манфиати давлати миллиро фаро гирад.

Масалан, агар ҳизби сиёсие ба вазъият фақат бо мантиқи рақобати ҳизбӣ нигоҳ карда, интизор бошад, ки кай ҳукумат ва ё ҳизби рақиб хатое содир мекунад, то бо истифода аз фурсат онро бикӯбад ва заиф кунад ва ҷойро барои худ бозтар намояд, вале дар айни замон, худи ин ҳизб барои рушди ҷомеа, барои ҳалли масъалаҳои рӯзи ҷомеа ҳеҷ иқдоме ва ҳеҷ тарҳе пешниҳод накунад, пас, чунин ҳизб дар сатҳи мавқеи ҳизбӣ ва манфиатҳои ҳизбӣ гирифтор мондааст ва ба мавқеи миллӣ нарасидааст. Гоҳи дигар, шиддати рақобати ҳизбию гурӯҳӣ ба ҳадде мерасад, ки он ба манфиатҳои болотари ҷомеа таҳдид меофарад, вале ҷонибҳо пойбанди мантиқи рақобат ва сармасти лаззати кӯфтани ҳамдигар, ба манфиатҳои миллӣ зарба мезананд. Маҳз дар чунин мавридҳо мавқеи ҳизбӣ бар мавқеи миллӣ боло мегирад ва чунин лаҳзаҳо дар таърихи муосири мо бисёр рух медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар раванди сиёсии солим мавқеи ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ бо ҳам дар тазодд нестанд, балки мавқеи ҳизбии ҳар як ҳизби солими ватанӣ ҷузъи таркибии мавқеи калони миллии он аст. Яъне, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар масъалаҳои гуногуни ҷомеа мавқеъгириҳо ва барномаҳои хоссаи худро дошта бошанд, вале дар масъалаҳои усулие, ки ба ҳифзи давлату давлатдорӣ, ҳифзу суботу амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои усулии эътиқодию фарҳангии миллат, манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди миллӣ дахл дорад, бояд дар мавқеи миллӣ қарор дошта, аз мавқеи миллӣ ҷонибдорӣ намоянд.

(идома дорад)

Абдуллоҳ Ҳаким Раҳнамо - номзади илмҳои сиёсӣ, коршиноси масъалаҳои муносибати дин ва давлат



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi