11:22:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТАВОФУҚ БАР САРИ ПОЙГОҲИ РУСИЯ: ПОЁНИ КАШМАКАШ Ё ОҒОЗИ ҶИДОЛИ НАВ?

Дар ниҳоят, пас аз чаҳор соли музокира Маскав ва Душанбе дар мавриди шароити будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд. Тибқи мувофиқатномаи тоза, ки байни ду кишвар имзо шуд, Тоҷикистон барои 30 соли дигар мизбонии низомиёни русро ба уҳда

/images/stories/2012/10/05_russia-base-51012.jpgИмзои ин санад барои Тоҷикистон чи аҳаммияте дорад? Мардуми Тоҷикистон аз ин тавофуқот чи суде хоҳанд бурд? Ин тавофуқ дар вазъи ояндаи Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёна чи таъсире хоҳад гузошт? Ба назароти бархе аз коршиносон дар ин замина таваҷҷуҳ кунед:

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ:

"Ин музокирот ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Чунин музокироти нобарор танҳо дар замони Амир Музаффархон рух дода буд, ки охирин пули хазинаро барои харидории филҳои ҷангӣ алайҳи тӯпҳои Русия масраф карда буд.

Авоқиби ин санади имзошуда ба мисли иштибоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд хоҳад шуд, ки худро ба оғӯши русҳо андохта ва кушта шуд. Дар натиҷа идеяҳои ӯ амалӣ нашуданд. Музокирачиёни тоҷик ба лутфу марҳаматҳои Русия фирефта шуданд. Ин рӯз дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи "шармандагии миллӣ" сабт хоҳад шуд.

Ба муддати тӯлонӣ тамдид шудани ҳузури низомиёни рус на ба манфиъати Тоҷикистон ва на ба манфиъати Русия хоҳад буд. Зеро ҳоло дар Осиёи Маказӣ авомиле ҳаст, ки бояд раҳбарони Русия ва Тоҷикистон ба назар мегирифтанд. Иддаъои Русия дар бораи кафили амнияти минтақа будани пойгоҳи низомӣ хандадор аст. Агар чунин буд, чаро пойгоҳи мудерни низомии дарёии Русия дар Сурия аз ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ карда натавонист.

Ман баёнияи муштараки Путин ва Раҳмонро ҷиддан мутолеъа кардам. Чаҳор нукта ҳаст, ки гӯё ба нафъи Тоҷикистон аст. Аввал, Русия розӣ шуда, ки муҳоҷирони тоҷик на дар муддати се рӯзи ворид шудан ба ин кишвар, балки дар муддати 15 рӯз сабти ном шаванд. Муддати муҷаввизи кор низ аз 1 сол то ба 3 сол тамдид шудааст. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони қирғиз метавонанд дар муддати 6 моҳ бидуни сабти ном дар Русия кор ва зиндагӣ кунанд.

Ҷониби Тоҷикистон иддаъо дорад, ки Русия аворизи гумрукиро барои маҳсулоти нафтии содиротӣ ба Тоҷикитсон лағв мекунад. Русия ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ворид шуда ва дар муддати як соли оянда Русия маҳсулоти худро бо қиматҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш мерасонад. Дар ин ҷо Тоҷикистон истисно нахоҳад буд. Яъне, дар ин замина низ Тоҷикистон бурд накард.

Тоҷикистон натавонист пуштибонии Русия аз тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро ба даст орад. Аз авоқиби нохуши ин тавофуқот дар се-чаҳор соли оянда огоҳ хоҳем шуд. Ҳоло дар шаҳри Тошканд 17 женероли артиши Омрико ҳузур доранд ва бо ҷониби Узбакистон музокира мекунанд.

Русия ва Тоҷикистон бо ин аъмоли худ Узбакистонро ба оғӯши Ормико тела доданд. Имкон дорад Узбакистон дар канори беш аз 3 милёрд дулор сармояи Омрико боз ба маблағи то 2 милёрд дулор аз ин кишвар аслиҳа бигирад ва ба як давлати аз лиҳози низомӣ нерӯманди минтақа табдил шавад.

Узбакистон дар ин сурат метавонад ихтилофти худро дар минтақа аз тариқи зӯр ҳал кунад. Беҳуда нест, ки коршиносони байналмилалӣ аз имкони ҷанги рақами 6 дар Осиёи Марказӣ ҳушдор додаанд. Ин таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти давлати Тоҷикистон аст. Имзои санад бо Русия роҳро барои қатлу терури фармондеҳони саҳроӣ ва сиёсатмадорони тоҷики Афғонистон ҳам боз кард."

Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҲНИТ:

"То ба 30 сол тамдид шудани муддати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба манфиъати миллии Тоҷикистон набуда ва бояд ҳадди ақал ба муддати то 5 сол тамдид мешуд. Иддъаои ҷониби Русия, ки ҳузури низомиёни русро навъе кафили амният ва субот дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд, тардидбарангез аст. Омрико ва НОТУ низ ба хотири саркӯб кардани терурисм вориди Афғонистон шуда буданд.

Аммо ҳузури ин нерӯҳо на танҳо ба коҳиши терурисм мунҷар нашуд, балки ба афзоиши нуфузи Толибон ва гурӯҳҳои мухталифи теруристӣ дар ин кишвар боъис гардид. Бо ин вуҷуд, тоҷикон бо русҳо таърихи беш аз садсолаи равобит доранд, дар заминаи тафуккури сиёсӣ ба ҳам қаробат доранд, аз ин лиҳоз ҳамкориҳо бо ин кишвар барои Тоҷикистон сода ва муфид хоҳад буд."

Шокир Ҳакимов, фаъъоли Ҳизби сусиёл-демукрот:

"Тамдиди муддати ҳузури пойгоҳи низомии Русия барои 30 соли оянда бо манофеъи миллии Тоҷикистон мухолифат дорад. Зеро рӯшан нест, ки ҳаққи иҷораи пойгоҳ чи қадар хоҳад буд? Ин гузашти якҷонибаи Тоҷикистон ба Русия аст.

Пойгоҳи Русия зомини амнияти Тоҷикистон нест, эҷоди низоми сиёсии мукаммал, интихоботҳои озоду шаффоф ва ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ заминаро барои ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда ва ҳама гуна таҳдидҳо барои амнияти кишварро бартараф мекунад.

Тоҷикистон ба Русия имтиёзҳои зиёд қоил шуда, аммо Русия дар қиболи Тоҷикистон чунин иқдом накардааст. Масалан, дар масоили муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар, иқдомоти ҷониби Русия нокофӣ аст.

Равобити Тоҷикистон бо Русия бояд дар сатҳи баробар бошад, аммо чунин нест. Русия дар бораи ширкаташ дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун" чизе нагуфтааст. Дар ҳоле ки дар Қирғизистон Президент Путин расман омодагии кишвараш ба ҳамкорӣ дар бунёди нерӯгоҳи "Қамбарота"-ро иброз дошта буд. 

Гузаштҳои якҷонибаи Тоҷикистон ба Русия ба интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон муртабит аст. Мумкин аст ҷониби Русия пуштибонии худро аз Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот иброз карда бошад."

Султон Ҳамад, таҳлилгари масоили амниятӣ:

"Тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки аз забони раҳбарони Тоҷикистону Русия дар нишасти хабарӣ садо дод, ба манфиъати Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо имзои паймони низомӣ дар бораи тамдиди муддати ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон ҳамаҷониба ба манфиъати Тоҷикистон нахоҳад буд.

Интизор мерафт, ки ҷониби Русия барои пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ҳаққи иҷора пардохт кунад ё ҳадди ақал барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" сармоя тахсис медиҳад. Вале дар ин замина дар нишасти хабарӣ иттилоъе набуд. Шояд дар асноди имзошуда ин нукот таъкид шудааст. Дар сурати ошно шудан бо матни ин мувофиқатномаҳо ҷузъиёти тафоқути миёни Тоҷикистону Русия мумкин аст рӯшан шавад."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi