11:28:15 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОЁ “КОХИ МИЛЛАТ” ВОҚЕАН АЗ МИЛЛАТ АСТ?

Дар давоми ду ҳафтаи оянда яке пайи дигар се президент ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард. Инҳо - раҳбарони Австрия, Украина ва Эрон, мутаносибан Ҳейнтс Фишер, Виктор Янукович ва Маҳмуди Аҳмадинажод. Таври маълум музокироти расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони олирутба дар муҷтамаи «Кохи Миллат» доир мешаванд.

/images/stories/2013/03/12_qasri-millat-120313.jpgИн як қасри  бузург ва мӯҳташамест, ки қарор аст, бояд ба меҳмонони хориҷӣ таассуроти хуб гузорад. На танҳо бо зебоӣ ва санъати баланди меъморӣ, балки ҳамчунин аз лиҳози таҷҳизоти фанние, ки ба гуфтушунидҳои сатҳи олӣ хос аст. Қасри мазкур тахминан панҷ сол мешавад, ки ба макони дидору музокироти муҳими давлатӣ табдил ёфтааст.

Хабарнигори тоҷик Зиёратшоҳи Аҳмад, ки борҳо аз "Кохи Миллат" гузориш таҳия кардааст, мегӯяд, ки дар ин бино тамоми шароит барои таҳияи гузориш ва ирсоли он бо истифода аз таҷҳизоту интернет вуҷуд дорад:

«Вақте меҳмонон аз қабулгоҳи президенти Тоҷикистон берун мешаванд, он ҷо минбаре мегузоранду суолу ҷавоб сурат мегирад. Дар ҳамон ҷо толори хурде ҳаст, ки компютеру интернет ва телефон дошта, дар ҳоли зарурӣ мешавад, дафъатан матлаби худро ба идораи расона фиристод. Ман аввалин бор ҳангоми сафари президенти Русия, Владимир Путин, аз мавҷудияти ин толор огаҳӣ ёфтам.»

Муҷтамаи "Кохи миллат" дар соли 1998 бо гузоштани пайкараи Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, дар маркази шаҳри Душанбе майдони баробар ба 28 000 метри мураббаъро фаро мегирад. Он аз чанд бино иборат аст, ки дар ҷойи пешинаи пойгоҳи 201-уми Русия, дар як баландии намоёни пойтахт бунёд шудааст.

Дар канори он Боғи Рӯдакӣ доман кашида, Китобхонаи миллии Тоҷикистон қомат афроштааст. Дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, дар канори Кохи Миллат парчами 165-метраи Тоҷикистон барафрохта шуд, ки баландтарин парчами рӯи олам ба ҳисоб меравад. Рӯзҳои наздик ин муҷтамаъро қароргоҳи нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар ҷои бозори «Баракат” бунёд шудааст, такмил хоҳад кард.

Аммо тавре маълум мешавад, Кохи Миллат бо боғу гулгаштҳои дилрабояш фақат дар рӯзҳое фаъол аст, ки раҳбарони давлатҳо аз Тоҷикистон зиёрат мекунанд. Дастгоҳи президенти Тоҷикистон дар бинои пештара, воқеъ дар канори чойхонаи “Роҳат” мустақар буда, ҷаласаҳои ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳамон ҷои кӯҳна мегузаранд.

Дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ низ кохҳои императориву раёсатҷумҳурӣ фақат дар рӯзҳои муҳим ва дар вақти муайян аз тарафи раҳбарон истифода мешаванд. Вале ба фарқ аз Тоҷикистон, вақти боқимонда ин коху толорҳо дар ихтиёри мардум ҳастанду ба хазинаи давлат фоида меоранд. Масалан, қароргоҳи президенти Австрия Ҳейнтс Фишер дар маркази шаҳри Вена аслан яке аз ҷиноҳҳои муҷтамаи сулолаи Ҳапсбург ва дақиқан он қисматест, ки дар он малика Мария Терезия-императори Австрияву Маҷористон, иқомат доштааст.

Имрӯз нишастҳои матбуотии президенти Австрия ва меҳмонони воломақоми ӯ дар “Хонаи хоби Мария Терезия” доир мешаванд. Дар қасрҳои дигари ин муҷтамаи императорӣ, қароргоҳи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, дастгоҳи ҳукумати Австрия, китобхонаи мардумӣ ва чандин музею намоишгоҳ ҷой дода шудаанду боғҳои императорӣ дар хидмати сайёҳону сокинони шаҳри Вена қарор доранд.

Моҳи июни соли 2011-ум ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз вуруди президенти Тоҷикистон, сарбозон даромадгоҳи асосии қароргоҳи раёсатҷумҳурии Австрияро печонида, ба пешвози президенти Тоҷикистон саф оростанд. Худи президент Фишер, ки интизори Эмомалӣ Раҳмон буд, бо чанде аз сайёҳон салому аҳволпурсӣ низ кард. Баъди қабули ботананаи президенти Тоҷикистон бошад, ба зудтарин фурсат қолинҳои сурх ҷамъ шуданду, панҷараҳоро ҳам полис пинҳон кард.

Дар ҷумҳури Чех низ аҳвол ҳамин аст. Ҳаштуми март ҳар касе, ки хоҳиш дошт, метавонист бо чашми худ маросими хатми давраи раёсатҷумҳурии президент Ватслав Клаусро тамошо карда, сипас шоҳиди маросими савганди президенти нав - Милош Земан шавад.

Ҷои ёдоварист, ки муҷтамаи қасри раёсатҷумҳурии Чех, ки бо номи “Пражский Ҳрад” маъруф мебошад, дар ихтиёри сайёҳону сокинони пойтахти ҷумҳурии Чех қарор дошта, танҳо як ҷиноҳи он қароргоҳи раисҷумҳури ин кишвар аст, ки он ҳам рӯзҳои муайяни моҳ барои тамошои хоҳишмандон боз аст. Довталабон ҳатто метавонанд бо пардохти маблағи муайян, бо қалами президент имзо гузоранд.

Албатта, як омилро ҳам набояд фаромӯш кард, ки президентҳои Австрияву ҷумҳурии Чех салоҳияти маҳдуди ташрифотӣ ва то ҳадде рамзӣ доранд. Вале агар аз мавзӯъ дур нарафта, дар бораи бозгардон ва истифодаи босамари кушкҳои маркази пойтахти Тоҷикистон фикрро идома диҳем, шояд истифодаи бештари ин кушкҳо мисли осоишгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар минтақаи Пуғуси Варзоб, ки баъзан аз тарафи созмонҳову муассисаҳо ба иҷора гирифта мешавад, хуни рагҳои ин қасрҳои фиръавнии шаҳри Душанберо ба ҳаракат дарорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi