23:02:47 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас...


Му
ҷозот барои тавҳини муқаддасоти мазҳабӣ дар бархе кишварҳо сангинтар мешавад. Оё аз ин роҳ метавон аз эътирозу хунрезиҳо ҷилавгирӣ кард?

islam-190413... Фозил Сой, ҳунарманди турк, барои “тавҳин ба арзишҳои мазҳабии шаҳрвандони Туркия” шартан ба даҳ моҳи маҳбас маҳкум шуд. Пианинонавози дар олам машҳур барои ду шарҳи кӯтоҳ дар блогаш дар Twitter мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор гирифт. Бори аввал Фозил Сой даъвати  муаззин ба намозро, ки ҳамагӣ 22 сония идома доштааст, чунин ташреҳ кард:

“Шитобзадагӣ чӣ зарурат дорад? Ӯро маъшуқааш интизор аст ё шароби сарди болои мизаш гарм мешавад?” Дар як шарҳи дигар ӯ навишт, “ман мутмаин нестам, вале шумо ҳам дарк мекунед, ки ҳама аблаҳу нобакору нотавонбину дузду масхарабоз – пайравони Оллоҳанд!”. 

Фозил Сой дар мурофиаи  додгоҳӣ ҳузур надошт, аммо дар изҳороте иттиҳоми тавҳин ба арзишҳои мазҳабиро рад намуд ва гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ - дархости ҳизби ҳукмрони Адолат ва рушд ба хотири бадномсозии ӯст.

PUSSY RIOT ФАҚАТ БАҲОНА БУД?

Муҷозот барои таҳқири ҳиссиёти мазҳабӣ аз мавзӯи доғ дар маҳофили сиёсии Русия аст. Тарҳи қонун дар ин бора, ки пас аз моҷарои пурсару садои гурӯҳи Pussy Riot таҳия шуд, ҳоло аз сӯи Думаи давлатӣ баррасӣ мешавад. Моҳи феврали соли гузашта се узви гурӯҳи Pussy Riot Надежда Толоконникова, Мария Алёхина ва Екатерина Самусевич дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав дар як “ниёиш” аз Марями пок хостанд, ки Русияро аз Владимир Путин ҳифз кунад. Ин ҳунарнамоӣ боиси эътироз ва хашми онҳое шуд, ки худро пайрави дини ортодокс ё православӣ мехонанд.

Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати Русия ба эътирози диндорҳо вокуниш кард ва аммо, албатта, ҳадаф на пуштибонӣ аз афроди тақводор, балки ҳимоят аз раисиҷумҳур Владимир Путин буд, ки Pussy Riot аз ӯ интиқод кардааст. “Аммо шояд бо ин баҳона аз ҳамлаҳои  зиёд ба мусалмонҳову арзишҳои мазҳабии онҳо дар Русия ҳам ҷилавгирӣ шавад”, изҳори умедворӣ мекунад ӯ.

Дар баррасии дуввуми тарҳи қонун вакилони Думаи давлатӣ аз пешниҳоди илова кардани банди алоҳида ба Кодекси ҷиноӣ оид ба муҷозот барои таҳқири эҳсосоти мазҳабии мардум даст кашиданд ва аммо гуфтанд, ки се соли маҳрумият аз озодӣ барои ин ҷурмро ба банди 148-уми Кодекси ҷиноӣ - “Эҷоди монеъа дар озодии виҷдон ва фаризаҳои динӣ”, ворид хоҳанд кард.

Аммо, ба гуфтаи Роман Лункин, раиси Пажуҳишгоҳи дин ва ҳуқуқи Маскав, дар тарҳи қонун маҳфумҳои “тавҳин ба ҳиссиёти мазҳабӣ”, “таҳқири расму русумҳои динӣ” ташреҳ нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки тағийру иловаҳо ба ҳама адён дахл хоҳанд дошт ё ба дину мазҳабҳои ҷудогона.

ТАВҲИН БА МУҚАДДАСОТ Ё НАҚЗИ ҲУҚУҚ?

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, аҷаб нест, ки тарҳи қонун дар бораи тавҳин ба ҳиссиёти мазҳабӣ дар Тоҷикистон ҳам иншо шавад, зеро бисёр қонунҳоро дар кишвар маҳз дар пайравӣ ба Русия таҳия ва қабул мекунанд.  Аммо ӯ таҳия ин гуна қонунро зарурӣ мехонад, ҳарчанд баъзе қонунҳои

Тоҷикистон  муҷозот барои тавҳин ба муқаддасоти диниро пешбинӣ кардаанд. Саидумар Ҳусайнӣ меафзояд, ки на фақат Русия, балки дигар кишварҳо низ зарурати шадидтар кардани муҷозот барои таҳқиру дину мазҳабҳоро дарк намудаанд, зеро “солҳои ахир ҳодисаҳои тавҳин ба дин, ба вижа, дини ислом ба карат афзуданд ва боиси душмании миллатҳо шуданд”.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик мегӯяд, ки қонун дар бораи таҳқири ҳиссиёти мазҳабӣ на барои Русия зарур аст ва на барои Тоҷикистон, зеро онро мақомот метавонанд бо аҳдофи сиёсӣ ва барои муҷозоти афроди дигарандеш истифода кунанд. Ба гуфтаи ӯ, “беҳтар мебуд агар таваҷҷуҳи ҷомеъа ба ин мавзӯъ ҷалб мешуд ва волидайн на душманӣ, балки эҳтиром ба дину мазҳаби дигар ва умуман ба одаму оламро дар рагу пайванди фарзандон аз овони ширхорагияшон ҷой мекарданд”.

Фаридун Ҳодизода ҳам ба таҳия ва қабули қонун оид ба тавҳини ҳиссиёти мазҳабӣ мухолиф аст, зеро ин, ба гуфтаи ӯ,шояд  гоме дар роҳ сӯи ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон шавад. Ӯ меафзояд, аҷаб нест агар баъди қабули чунин қонун гурӯҳе ҳатто хостори таъсиси полиси ахлоқ чун дар Эрон шаванд. Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, қабули қонун дар бораи тавҳини ҳиссиёти мазҳабӣ шояд боиси ихтилофу моҷароҳои бештар дар ҷомеъа шавад. “Бигирем духтаре ҳиҷобпӯш метавонад дар автобус ба марде, ки аз даҳонаш бӯи арақ меояд, гӯяд, ки шумо ҳиссиёти мазҳабии маро тавҳин кардед... Яъне, тавҳинро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад...”

Вале Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, ки на ҳама амалҳоро метавон тавҳин ба ҳиссиёти мазҳабӣ номид ва бояд марзи миёни тавҳин ба муқаддасоти мазҳабӣ ва нақзи ҳуқуқҳои диндоронро мушаххас кард.  Яъне, меафзояд ӯ, бигирем, ба масҷид роҳ надодани наврасон - тавҳин ба арзишҳои исломӣ не, балки нақзи ҳуқуқҳои афроди диндор аст. Тавҳин он аст, ки, "масалан, масҷидро ба тарабхона, осорхона ё мағозаву анбор тадил медиҳанд ва мусалмонҳоро аз намозгузорӣ ва ҳаққи адои фаризаҳои илоҳӣ маҳрум  месозанд”. Ва, албатта, сӯзонидани китобҳои муқаддаси динҳову тавҳин ба Оллоҳ ва паёмбарон ҳам тавҳин ба муқаддасоти мазҳабӣ маҳсуб мешавад.

ОЛИҲАҲОРО НАШИКАНЕД!

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, мегӯяд, ки дини Ислом таҳқиру тавҳин ба намояндагони дигар динҳои осмонӣ ва ҳатто мушриконро раво намебинад. Ба гуфтаи ӯ, “Худованд ба мусалмонҳо таъкид кардааст, ки шумо ба бутҳои бутпарастҳо тавҳин накунед, ҳарчанд ақли инсонӣ исбот мекунад, ки Бут Худо нест ва Худоеро бояд парастед, ки офаридгори шумост, Худоеро, ки ба шумо фоидаву зиёне расонида метавонад, чӣ гуна ба Бут метавон саҷда кард, ки ҳатто ба худаш нафъ расонда наметавонад ва худашро ҳимоят карда наметавонад. Дар Қуръон ба тавҳид ва яккапарастӣ таъкид шудааст ва аммо Худованд гуфтааст, ки шумо олиҳа ё ин ки худоҳои бутпарастҳоро, вақте онҳоро муқаддас мехонанд, таҳқир накунед. Ва ташреҳ шудааст, вақте шумо ба онҳо тавҳин мекунед, онҳо ба шумо ҳамлаи бемисл мекунанд”.  Мусоҳиби мо меафзояд, Худованд бадгӯӣ ва куфр алайҳи бединҳоро ба он хотир манъ кардааст, ки онҳо дар посух ба Худову паёмбарони Исломро тавҳин накунанд.  Яъне, “Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, то кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт”.

АЗ БЕТАФОВУТӢ ТО ЭЪДОМ

Коршиносони масоили мазҳабӣ мегӯяд, ки ба таҳқири ҳиссиёти мазҳабӣ дар кишварҳои гуногун аз шеваҳои гуногун кор мегиранд. Дар Афғонистон тавҳин ба муқаддасот метавонад ҳукми эъдом аз тариқи ҳаловезро дар пай дошта бошад. Дар Алҷазоир афроди муттаҳам дар тавҳин ба муқаддасотро ба муддати тулонӣ ба зиндон меандозанд ва ҷарима мекунанд. Банди 98-уми Кодекси ҷиноии Миср тавҳин ба дини ислом, масеҳӣ ва яҳудиро манъ кардааст. Дар Ҳиндустон ҳанӯз аз соли 1860 барои таҳқир бо сухан ё бо ишораи даст ба фарди муталлиқ ба дини дигар се соли маҳбас ваё ҷаримаи бузург муқаррар шудааст. Қонун ба ҳам адёни кишвар – сикҳизм, насронӣ ва ислом дахл дорад.

Моҳи майи соли гузашта парлумони Кувайт қонунеро тасвиб кард, ки бар пояи он муҷозот барои тавҳин ба Оллоҳ ҳукми эъдом муқаррар шуд. Ҳар шахсе, ки алайҳи Оллоҳ, Қуръони Карим ё завҷаҳои паёмбари ислом носазо гуфтааст, маҳкум ба марг мешавад. Аммо шахсе, ки тавба кардааст, метавонад панҷ солро дар маҳбас сипарӣ ё 36 ҳазор доллар ҷарима пардохт кунад.

Моҳи ноябри соли 2012 додгоҳи ноҳияи Читроли Покистон Ҳазрат Алӣ Шоҳи 20-соларо бо ҷурми куфр ба марг маҳкум кард. Ӯ моҳи март бо иттиҳоми тавҳин

ба паёмбари ислом ба ҳабс гирифта шудааст. Ин нахустин ҳукми эъдом бо ҷурми куфр дар Покистон дар се соли ахир аст. Ду сол пеш зани насронӣ бо номи Осиёбибӣ бо ҷурми тавҳини ислом ҳукми марг гирифт, вале он то ҳанӯз иҷро нашудааст. Қазияи Осиёбибӣ садои эътирозҳои байналмилалӣ бар зидди ҳукми эъдом ба хотири куфрро, ки солҳои ҳаштодуми қарни гузашта аз тарафи раҳбари собиқи Покистон Зиёулҳақ ҷорӣ шудааст, баланд кард.Дар Покистон то имрӯз нафаре бо ҷурми тавҳини ислом эъдом нашудааст, зеро ин ҳукмро,таври маъмул, Додгоҳи таҷдиди назар лағв мекунад.

Аммо дар ИМА таъқиби додгоҳӣ барои таҳқири ислом мухолифи озодии баён арзёбӣ мешавад. Дар Англия ва Уэлс қонунҳо дар бораи муҷозот барои таҳқири дин соли 2008 аз байн бурда шуданд.

Дар Эрон на фақат тавҳини муқаддасоти мазҳабӣ ва таҳқири ислом, балки интиқод аз имомҳои мазҳаби шиа ва мақомоти диндори кишвар ҳам муҷозот мешавад. Соли гузашта торнамои муҳофизакорон Shia-online барои сари рэпсарои эронии муқими Олмон Шоҳини Наҷафӣ сад ҳазор  доллар ҷоиза таъин кард ва гуфт, ҷоизаро як арабе аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, ки аз ӯ ном бурда намешавад, тақдим хоҳад кард.

Муҳофизакорон аз як таронаи Наҷафӣ, ки дар матни он ишораҳои танзомез ба Имом Нақӣ, даҳумин имоми шиъагон, виагра ва синаҳои як ҳунарпешаи эронӣҷой доранд, сахт ба хашм омаданд. Баъзеҳо дар Эрон сурудро барои беэҳтиромӣ ва тавҳин ба Имом Нақӣ маҳкум карданд, аммо бархи дигар аз он ҳамчун рахна дар табу ё хурофоти иҷтимоӣ истиқбол намуданд. Худи Наҷафӣ мегӯяд, ки ҳадафаш таҳқири муқаддасоти исломӣ нест ва назари худро ба имом Нақӣ баён кардааст, ки онро ҳаққи қонунии худ ва як бахш аз озодиҳояш мехонад...

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi