20:06:43 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Зайд Саидов: Иттиҳомоти давлат алайҳи ман поя надорад

Зайд Сайидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби мавсум ба Тоҷикистони нав иттиҳомоти давлат алайҳи худро бепоя хонд. Ӯ тарҳи ин иттиҳомотро ба талошҳояш барои таъсис ва сабти номи ҳизбе ҷадид марбут донист.

tj zaid 13052013Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба чандҳамсарӣ ва ихтилоси маблағи 2 миллиюн сомонӣ муттаҳам кардаанд. Дар авоили моҳи гузашта гурӯҳи мубтакирон аз таъсиси ҳизби ҷадиди Тоҷикистони нав хабар дод. Ин эълом замоне нашр шуд, ки қарор аст имсол дар моҳи ноябр интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки аз номзадҳои умдаи эҳтимолӣ дар ин интихобот дониста мешавад, гуфтааст ба баргузории интихоботи озод дар кишвар тазмин медиҳад.

Оқои Сайидов, ки раиси федеросиюни тениси рӯйи мизи Тоҷикистон аст, ҳоло дар раъси тими Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии ин навъи варзиш дар Порис, пойтахти Фаронса қарор дорад. Ӯ дар як гуфтугӯи телефунӣ ба пурсишҳои Би-би-сии форсӣ посух дод.

-Мақомот шуморо ба чандҳамсарӣ муттаҳам кардаанд оё шумо дар муқобили ин иттиҳом, ки расман эълон шуда чӣ посухе доред, бубахшед, ки ин мавзуъро, ки марбут ба ҳарими хусусии шумо аст аз шумо савол мекунем, оё воқеъан шумо чанд ҳамсар доред?

 -Ман аз касе пинҳон намекунам, ки аз ҳар се ҳамсар фарзандони хубе ҳам дорам ва бо ин ифтихор ҳам мекуна. Вале ҳамсари бузурге, ки доштам бо мувофиқаи ҳамдигар мо бо ҳам зиндагӣ надорем. Аслан аз лиҳози ахлоқӣ ман намехостам дар бораи ҷузъиёти зиндагии хусусиам суҳбат кунам. Аммо бо хонуме, ки мақомот аз ӯ хонуми саввум ном бурдаанд, ман феълан зиндагӣ дорам. Вале дар бораи хонуми чаҳоруме, ки Марина Орлова аз ӯ ном бурдаанд, ман ин номро бори аввал аст, ки мешунавам ва бисёр мутаасифам ки ҳамчунин маълумотҳои дурӯғ паҳн карда мешавад.

-Пас шумо бо як ҳамсар зиндагӣ мекунед?

-Бале бо як ҳамсар, вале ман иртиботи хубу дӯстона бо фарзандонам дорам ва ҳар чанд рӯз аз ҳолу аҳволи фарзандонам, ки масоили иҷтимоъии онҳо, тадрису таҳсили онҳо, ахлоқи онҳо бароям муҳим аст, ман аз онҳо дидан мекунам, вале ин тамосҳо маънии ҳамзистиро надорад.

-Мешавад лутфан бигӯед, ки ба назари шумо чаро ин иттиҳом ҳоло матраҳ мешавад, чун шумо дар гузашта дар ҳайати давлат будед ва ин иттиҳом матраҳ нашуда буд?

-Маълум аст, ки ин иттиҳомот марбут ба иқдомҳои ахири мо дар ростои таъсиси ҳизби ҷадиди Тоҷикистони нав аст. Аз ман мақомоти дахлдор хоҳиш карданд, ки ё аз раҳбарияти сиёсӣ иҷозат бигирам ё қатъ кунам фаъъолиятро. Ман намедонистам, ки ба ғайр аз меъёрҳои қонунӣ ва он чӣ ки қонуни асосии Тоҷикистон таъин карда, бояд барои ҳар иқдоми қонунӣ иҷозат бигирӣ. Мо як миқдор ба қонун такя кардем ва ба ин мушкил рӯбарӯ шудем.

-Ҳизби Тоҷикистони нав чӣ ҳизбест, ки ба назари шумо мақомҳо дар Тоҷикистон намехоҳанд чунин ҳизбе по бигирад?

-Ҳизби Тоҷикистони нав ҳизби марказгаро аст, ки бештар такя бар текнукротҳо дорад. Мо мехоҳем дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишвар нақш дошта бошем. Назароти худро дорем, мушкилотро хуб дарк мекунем, ҳам амалгароҳо ва ҳам назарияпардозҳои хуб дар ҳизби мо ҳастанд, донишмандоне дорем, ки аз масоили иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ ҳастанд.

Мо танҳо ҳадаф дорем дар интихоботи порлумонии соли 2015 ширкат кунем ва мақомот ҳам медонад, ки ин ҳизб анҷумане ҳам доир кунад ҳиҷ имкони амалӣ ва қонунӣ надорад, ки номзади худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад. Бинобар ин мушкилоте, ки бар сари мо омадааст воқеъан ман намедонам аз куҷо маншаъ мегирад ва ба чӣ далел ин гуна бархурди шадид бо фаъъолони ҳизби мо имрӯз сурат мегирад.

-Бо таваҷҷуҳ ба шароите ки барои шумо пеш омада чунин ба назар меояд, ки таъиси ҳизб дар Тоҷикистон кори чандон осоне нест, оё талошҳятонро идома медиҳед ё мунсариф ва дилхурда шудед ва дигар даст аз сиёсат бармедоред?

-На, ҳаргиз. Чун мо имрӯзҳо дарк кардем, ки мо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодии кишвар касоне будаем, ки бо мо чунин бархурд сурат мегирад ва зарурати худро ҳарчӣ бештар дарк мекунем. Агар ин мушкилиҳое, ки ҷомеъаи мо имрӯз дорад намебуд, банда ҳаргиз фикри таъсиси ҳизб ё узвият ба ин ё он ҳизбро надоштам.

-Оқои Саидов, шумо худатонро мухолифи давлати Тоҷикистон медонед?

-Мо ҳаргиз намехостем, ки мухолиф бошем. Чун ҳамон гуна, ки гуфтам андешаи мо марказгароӣ аст. Аммо ин ба он маъно набуд, ки мо ба камбудиҳоие, ки дар кишвар вуҷуд дорад эрод нагирем, сукут варзем, мо ҳатман эрод мегирифтем, вале на бо ашколи мухолифатҳои дигари идюлужик ва соири мухолифатҳо. Мо ба андешаи марказгароии худ устувор ҳастем ва умедворем, ки мақомот ҳам моро ба унвони афроди созанда бидуни ғараз мепазиранд ва агар мусоъидат ҳам накунанд, мухолифат бо фаъъолияти мо намекунанд.

-Мақомоти Тоҷикистон иддаъо кардаанд, ки шумо ҳудуди 2 миллиюн сомониро ба ҳисоби давлат напардохтаед, оё мешавад бигӯед, ки замони напардохтани ин маблағ чӣ замоне аст?

-Ин мавзуъ аслан аз назари ҳуқуқӣ ба фаъъолияти банда рабте надорад, ман раиси Иттиҳодияи соҳибкорон ҳастам ва будам, мудири кулли ширкати "Тоҷсохтмон Байналмилал" каси дигар аст, ҳисобдораш ҳам каси дигар аст ва онҳо дар назди қонун ҷавобгӯ ҳастанд. Муассис ҳам ман нестам, муассис ҳам фарзанди ман аст, вале ман ҳиҷ гоҳ нисбати ин ки агар мушкилӣ эҷод шуд ба фарзанд ва мудири ин корхона ҳам ҳавола намекунам. Вале ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки ин санаде ки дуруст шуда буд, дар бораи гӯё як миллиюну нуҳсад ҳазорро корхона аз они худ кардааст, ин тавр ҳам набуд. Вале ин маблағ дар муддати таъиншуда пардохта шудааст.

-Кай пардохта шудааст?

-Тақрибан ҳамон яку ним ду сол қабл, ман ҳоло рӯзу соъаташро гуфта наметавонам, вале дар ҳамон муддате ки қонун муъайян карда буд ва дигар Ожонсии давлатии мубориза бо фасод ҳам нисбати ин масъала эроде надошт. Ва мо охирин бор тақрибан ду моҳ қабл аз Кумитаи молиёт ҳам маълумотнома гирифтем дар бораи он ки корхонаи "Тоҷсохтмон Байналмилал" ҳиҷ гуна масъулияти молӣ надорад, яъне ҳамаи маблағҳоеро, ки бояд пардохт кунад, пардохтааст.

-Оё шумо фикр мекунед, ки ин иттиҳом дар бораи напардохтани маблағ низ марбут ба иқдоми шумо барои таъсиси ҳизб аст?

-Бале комилан ҳамин тавр аст. Фақат ва фақат барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав аст. Инро баъзе мақомот қаблан ба мо гуфта буданд, ки ё шумо бояд иҷоза бигиред аз роҳбарияти сиёсӣ ё фаъъолиятро қатъ кунед. Вале мо гуфтем, ки қонун ҳаст, қонуни асосӣ аст, ин ҳуқуқи мо бар мабнои қонуни асосӣ ва масъулияти шаҳрвандии мо аст, ки мо ба ҳизбе узв мешавем ё агар тавонем ҳизб таъсис медиҳем.

-Ҳоло мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд дар муқобили шумо парванда боз шудааст, агар ба Тоҷикистон баргардед ба назаратон шуморо боздошт хоҳанд кард ё бархурди мақомот бо шумо ба назаратон чӣ гуна хоҳад буд?

-Ман ҳанӯз ҳам итминон дорам, ки қонунмандӣ дар кишвари мо ҳукмфармо аст ва қонуншиканӣ набояд шавад. Ман ҳатман бармегардам, чунки ҳиҷ гоҳ худро ба унвони як шаҳрванд худое накарда ба корҳои ҷиноӣ марбут намедонам, инро аз ахлоқу одоби худ дур медонам ва ҳама вақт худро аз риъояткунандагони қонун медонам. Ҳоло мебинем, ки чӣ иқдомҳо сурат мегирад, вале ман ба ақлу заковат ва кордонии худи мақомот ҳам боварӣ дорам, ки ба чунин иқдоме даст назананд, чун ман аслан фаъъолияти хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон набурдаам.

Ба ғайр аз ин қариб 20 миллиюн дулори омрикоӣ дар солҳои ахир бо даъвати роҳбарии давлат ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ одаст, дар сурате ки ҳамчунон ки бисёриҳо иброз медоранд, миллиюнҳо дулор маълумот аст, ки аз Тоҷикистон берун меравад барои мақсадҳои дигар, мо ҳиҷ маблағе дар хориҷ нагузоштаем, танҳо ба хотири ободии ватан ба кишварамон ворид кардем.

-Фикр мекунед, ки баъд аз матраҳ шудани ин иттиҳомот кори таъсис ва сабти номи ҳизбатон бидуни мушкил пеш хоҳад рафт?

-Ҳамин ҳоло мушкилӣ дорем. Моро нагузоштанд, ки дар толори Иттиҳодияҳои синфии Тоҷикистон маҷлиси муассисони худро доир кунем, агарчи мо ин толорро ба ин ҳадаф иҷора карда будем. Мо кӯшиш хоҳем кард, ки дар чаҳорчӯби қонун анҷумани ҳизбро доир кунем, ода фикр мекунам, ки банда ва гурӯҳи ташаббускори мо аз ин раъйи худ аз ин фикри худ барнахоҳад гашт ва аз ҳуқуқҳое, ки қонуни асосии Тоҷикистон ба мо ба унвони шаҳрванд одаст, истифода хоҳем кард.

-Хеле сипосгузорем.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi