23:27:56 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Буҳрони Афғонистон ва заволи "Осиёи Марказӣ"

1.Буҳрони Афғонистон ва сарнавишти Осиёи Марказӣ

Буҳрони Афғонистон аз масъалаҳои печидаи замони муосир буда, дар саросари олам барои дарку баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли он ҳамасола даҳҳо нишасту мулоқоту маҳфилу конфронс баргузор мешавад. Чун дар ин бора маводи фаровон дастрас аст, банда ба моҳияти худи буҳрон дахолат намекунам.

1 afghanistan 20062013Хусусан, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки масъала то ҷое печидааст, ки имрӯз ҳар касе дар бораи вазъияти Афғонистон ва ояндаи он ба таври мутлақ изҳори назар мекунад, ҳайсияти илмии худро зери хатар мегузорад. Ин аст, ки мавзӯи ин навишта бисёр мушаххас буда, масъалаи таъсири бӯҳрони Афғонистон бар сарнавишти Осиёи Марказӣ ва бар равандҳои дохилии минтақаро дар бар мегирад. Минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз ҳавзаҳоест, ки аз бӯҳрони Афғонистон таъсири амиқ пазируфтааст. Омилҳои мушаххаси таърихӣ, фарҳангӣ, ҷуғрофӣ, сиёсӣ ва амниятӣ боис гаштаанд, ки таъсири он бар вазъияти Осиёи Марказӣ гоҳо хусусияти мустақим ва бисёр ҷиддӣ гирад.

Чун моҳият ва дурнамои ин мавзӯъ як баҳси васеъ аст, онро фақат дар чанд тезиси кӯтоҳ ифода менамоем: Тезиси якум, бӯҳрони Афғонистон минтақаи Осиёи Марказиро аз ҳошияи сиёсати ҷаҳонӣ ба маркази сиёсати ҷаҳонӣ овард. Албатта, Осиёи Марказӣ бинобар аҳаммияти геополитикӣ, иқтисодӣ ва энергетикии худ низ минтақаи бисёр муҳим аст ва таваҷҷӯҳи қудратҳои ҷаҳонӣ ба ин минтақа баланд аст. Вале қарор доштан дар ҳамсоягии Афғонистон онро ба минтақаи "канори бӯҳрон" ва "минтақаи канори набарди абарқудратҳо" табдил дода, ҳамчун омили ҷиддии иловагӣ аҳаммияти сиёсӣ ва амниятии онро боз ҳам болотар бурд.

Ин аҳаммияти Осиёи Марказӣ хусусан, дар марҳилаи нави бӯҳрони Афғонистон, яъне пас аз соли 2001 ва пас аз воридшавии нирӯҳои эътилофи ғарбӣ ба ин кишвар бисёр ҷиддитар гашт. Ҳам масъалаи ҷалби ин кишварҳо ба "эътилофи зиддитеррористӣ"(1), ҳам масъалаи истифодаи сарзамини ин кишварҳо барои интиқоли нирӯҳо ва имконоти низомию ғайринизомӣ(2), ҳам масъалаи дар баъзе кишварҳои минтақа ҷойгир шудани нирӯҳои эътилоф(3) ва хусусан, масъалаи истифодаи имкониятҳои ин кишварҳо барои хориҷшавии нирӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 (4) дар даҳсолаи охир аҳаммияти минтақаи Осиёи Марказиро дар сиёсати калони ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила боло бурд. Ҳамин тавр, бӯҳрони тӯлонӣ дар Афғонистон худи таърифи ҷойгоҳи сиёсӣ ва амниятии Осиёи Марказӣ дар сиёсати байналмилалиро комилан дигар намуд.

Тезиси дуюм, бӯҳрони Афғонистон хатти рӯёрӯии қудратҳои ҷаҳониро ба даруни Осиёи Марказӣ интиқол дод. Хусусан, дар марҳилаи имрӯзи бӯҳрон, пас аз соли 2001, Афғонистон аз он нақши таърихию таҳмилии худ, яъне аз нақши "минтақаи ҳоил" ё "буферӣ" байни қудратҳои ҷаҳонӣ амалан, берун омада, дар дохили "минтақаи нуфуз"-и як қутби ҷаҳонӣ қарор гирифт. Муҳимтарин натиҷаи ин ҳолат ҳамин буд, ки хатти рӯёрӯии қудратҳои ҷаҳонӣ аз дохили Афғонистон ба даруни Осиёи Марказӣ кӯчид. Ин ҳолати нав моҳияти равандҳои сиёсӣ дар атроф ва дохили Осиёи Марказиро комилан тағйир дод. Дар вазъияти нави сиёсӣ ҳифзи суботу амният ва устувории ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ ба мавқеъ ва муносибати қудратҳои ҷаҳонӣ бисёр вобастатар шуд.  

Тезиси сеюм, ки идомаи тезиси дуюм аст, бӯҳрони Афғонистон боиси фарорасии марҳилаи урёни рӯёрӯии абарқудратҳо ва қудратҳои минтақавӣ гашт. Дар шароити ба нафъи як ҷониби геополитикӣ аз байн рафтани "минтақаи буферӣ", ҳудудҳои нуфуз ва манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ чӣ аз назари физикӣ ва чӣ аз назари стратегӣ ба ҳам бевосита наздик шуд, балки соиш хӯрд. Аз ҷумла, нирӯҳои НАТО ҳаргиз ба Русия ва Чин аз ин самт то ин ҳад наздик нашуда буданд.

Хусусан, ҷойгиршавии нирӯҳои эътилофи ғарбӣ дар дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ, новобаста аз он, ки "пойгоҳи низомӣ", "истгоҳи муваққатӣ" ё "нуктаи интиқоли нирӯҳо" номида шаванд, навъе пешравии ҷиддии Ғарб дар ҳудудҳое буд, ки дар мутолеоти геополитикии минтақа одатан, умқи стратегии минтақаи нуфӯзи Русия ва Чин дониста мешуд. Расидани пойи нирӯҳои ғарбӣ ба шимоли рӯди Омӯ рӯйдоде буд, ки 20 сол пештар фақат як хаёл менамуд. Аммо дар вазъияти нав рӯёрӯии қудратҳо аз ҳолати фосилавӣ ба ҳолати "пешонизанӣ" ё "шох бар шох" гузашт. Масалан, дар мисоли Ҷумҳурии Қирғизистон метавон дид, ки ҳатто дар ҳудуди як кишвари хурди минтақа ҳамзамон нирӯҳои низомии ду қутби бузурги геополитикӣ мустақар шудаанд. Вазъият дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ тақрибан чунин аст.    

Дар ин бора бояд гуфт, ки соли 2014 дар ҳақиқат соли аз Афғонистон ва минтақа берун рафтани Ғарб набуда, балки соли тағйир ва такмили шакли ҳузури он дар ин минтақа мебошад. Аз ин рӯ, "хориҷшавии нирӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон дар соли 2014" ҳанӯз ба маънои коҳиши ташаннуҷи муносибати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ нест.  

Тезиси чорум, бӯҳрони Афғонистон худи геополитикаи Осиёи Марказиро комилан иваз мекунад. Яъне, бинобар фишори шадид ва интизороти мушаххаси  қудратҳои ҷаҳонӣ аз ин кишварҳо, дар оянда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шакли имрӯз идома додани сиёсатҳои бисёрсамта ва ё сиёсати "дарҳои боз" бисёр мушкил шуда, ин кишварҳо маҷбур ба интихоби мушаххастари стратегӣ ва геополитикӣ мешаванд. Ҳамин тавр, "давраи тиллоӣ"-и геополитикаи Осиёи Марказӣ, ки аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд, анҷом меёбад. 

Дар натиҷаи чунин интихоби ногузир, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳавзаҳои гуногуни нуфузи геополитикӣ қарор мегиранд. Ин интихоб хусусан, ба масъалаҳои низомӣ, сиёсӣ ва амниятӣ дахл дошта, дар ниҳоят, ҳам ба муносибатҳои байнихудии кишварҳои минатқа ва ҳам ба мавқеъгирии онҳо дар масъалаи Афғонистон таъсири ҷиддӣ мегузорад. Масалан, дар оянда ҳам ҳавзаи тааллуқи геополитикӣ ва ҳам мавқеъгириҳои сиёсии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз самтгирии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар аксари масъалаҳои байналмилалӣ комилан фарқ хоҳад дошт. 

Тезиси панҷум, бӯҳрони Афғонистон шароити заволи "Осиёи Марказӣ"-ро фароҳам овардааст. Яъне, дар сурати идомаи бӯҳрон худи мафҳуми "Осиёи Марказӣ" ҳамчун фазои ягонаи сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳамчун мафҳуми ифодакунандаи маҷмӯаи кишварҳои ҳамсамт ва ҳамсӯ аз байн хоҳад рафт. Албатта, мафҳуми ҷуғрофиёии Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди қироатҳои мухталиф аз ҳудудҳои он, ҳамчунон боқӣ мемонад, вале дар оянда сухан гуфтан дар бораи "Осиёи Марказӣ" ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ва геополитикии ягона бисёр мушкил ва номумкин мегардад, зеро ин мафҳум маънои ягонаи сиёсию амниятии худро аз даст медиҳад. Ҳамин тавр, бӯҳрони Афғонистон "конструкти сиёсӣ" ва ё "мифи сиёсӣ" бо номи "Осиёи Марказӣ"-ро, ки ҳудуди ду садсола дар мутолеоту муомилоти сиёсию байналмилалӣ роиҷ буд, дар оянда барҳам мезанад.

2.Таъсири буҳрони Афғонистон бар равандҳои дохилии кишварҳои минтақа

2 afghanistan 20062013Нуктаҳое, ки дар боло оварда шуданд, асосан, ба таъсири бӯҳрони Афғонистон бар сарнавишти худи минтақаи Осиёи Марказӣ ба тарзи куллӣ тааллуқ доштанд. Вале ин бӯҳрон ба даруни ин минтақа ва ба равандҳои сиёсию иқтисодию фарҳангии дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири амиқ доштааст.

Аввал, таъсири бӯҳрони Афғонистон ба моҳияти равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои минтақа бисёр рӯшан мебошад. Ин бӯҳрон кишварҳои минтақа, хусусан, се кишвари ҳаммарз бо Афғонистонро маҷбур доштааст, ки дар сиёсати дохилии худ масъалаи таъмини амниятро дар дараҷаи аввал гузоранд ва навъе "сиёсати амниятмеҳвар"-ро пеш гиранд.

Эҳсоси бими доимӣ аз шикасти суботи сиёсӣ, ки зери таъсири вазъияти Афғонистон шакл гирифтааст, дар рушди институтҳои сиёсии демократӣ, таъмини озодиҳои сиёсӣ ва таваҷҷӯҳ ба масоили ҳуқуқу озодиҳои фардӣ дар ин кишварҳо таъсири бисёр манфӣ гузоштааст. Илова бар ин, низомҳои сиёсии Осиёи Марказӣ аз идомаи бӯҳрон дар Афғонистон ба нафъи шадидтар кардани  контроли худ бар ҷомеа баъзе истифодаҳо низ намудаанд.

Дар ниҳоят, бӯҳрони Афғонистон ҳатто ба моҳият ва характери низомҳои сиёсии Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла, ба гароиши онҳо ба самти низомҳои авторитарӣ, устувортар гаштани чунин низомҳо ва ҳатто ба тӯлонӣ шудани умри онҳо мусоидати махсус доштааст. Дар як ибора, бӯҳрони Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро солҳо дар "вазъияти фавқулодда" нигоҳ дошта, то ҷое ба бологирии гароишҳои авторитарӣ дар минтақа "машруияти иловагии хориҷӣ" бахшидааст.  

Дуюм, дар вазъияти ташаннуҷи амниятӣ қарор доштан, бисёр фурсатҳои таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишварҳои зикршударо аз байн бурдааст. Илова бар ин, "баста будани ҷануб" низ монеи ҷиддии татбиқи бисёре аз тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иртиботии ин кишварҳо гаштааст.

Чунин вазъиятро метавон дар мисоли муаллақ ё нотамом мондани лоиҳаҳои ҷиддие чун тарҳи интиқоли гази Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон ("ТАПИ"), интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Ҷануб (КАСА-1000), хатҳои роҳи оҳан аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба самти Ирону Покистон, бунёди НБО "Даштиҷум", такмили роҳи мошингард аз Тоҷикистон ба Ирон ва даҳҳо тарҳи дигар мушоҳида намуд. Ҳамин тавр, вазъи бӯҳронии Афғонистон бар рушди иқтисодӣ ва вазъияти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бисёр манфӣ гузоштааст. Зиёни ин таъсир ба рушди иқтисодиёти воқеии минтақа дар муқоиса бо баъзе даромадҳои кӯтоҳмуддате, ки давлатҳои минтақа аз ҳамкориҳои низомӣ ва ғайринизомӣ бо эътилофи ғарбӣ дарёфт кардаанд, бисёр бузургтар аст.  

Сеюм, дар масъалаҳои эҳёи миллию фарҳангӣ низ бӯҳрони Афғонистон бар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ гузошта, боиси ҳароси доимии онҳо аз баъзе арзишҳои аслии тамаддунии худ гаштааст. Ин вазъиятро хусусан, метавон дар мисоли муносибати ҳукуматҳои ин кишварҳо бо омили дин мушоҳида намуд. Аз сабаби он, ки дар афкори сиёсию ҷамъиятии Осиёи Марказӣ омили дин дар қазияи Афғонистон ҳамчун омили низоъ ва ихтилоф шинохта мешавад, ҳукуматҳои ин минтақа ҳамеша аз чунин нақш ёфтани ин омил дар кишварҳои худ дар ҳарос будаанд. Илова бар ин, дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ бо экстремизму терроризми динӣ пайваст муаррифӣ гаштани низои Афғонистон ин ҳисро дар Осиёи Марказӣ боз ҳам қавитар сохтааст. Ҳамин тавр, як намунаи мусбати нақши динро ироа накардани Афғонистон ба сиёсати ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи дин ва ба муносибати ҷомеаҳои ин кишварҳо ба омили дин таъсири бисёр амиқи манфӣ гузоштааст.

Аммо таъсири манфии ин вазъият ба рушду эҳёи фарҳангӣ дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари минтақа дучандон будааст. Зеро бинобар ташаккули зеҳнияти манфӣ дар бораи эҳтимоли таъсири вазъияти Афғонистон, Тоҷикистон на танҳо аз роҳандозии робитаҳои солими динӣ, балки аз имкониятҳои васеи робитаҳои фарҳангӣ бо ин кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги худ маҳрум мондааст. Ё ин вазъият боис гаштааст, ки Тоҷикистон аз яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини эҳёи миллию ҳуввиятии худ, ки дар замони эҳёи пасошӯравӣ ба он бисёр ниёз дошт, тақрибан истифода бурда натавонад.

Зеро, дар ҳоле, ки муштаракоти фарҳангии байни ду кишвар заминаи васеи робитаҳои мутақобилан судманди фарҳангиро фароҳам овардаанд, заруратҳо ва мулоҳизаҳои ногузири амниятию идеологӣ ин робитаҳоро бисёр маҳдуд нигоҳ доштаанд. Дар натиҷа, имрӯз таносуби байни имкониятҳои мавҷуда ва робитаҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар бахши фарҳанг дар маҷмӯъ ҳазор бар як мебошад. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки бӯҳрони Афғонистон ба солимии раванди эҳёи миллӣ дар Тоҷикистон латмаи ҷуброннопазир ворид намудааст.    

Чорум, таъсири бӯҳрони Афғонистон бар самтгирии сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ низ амиқ аст. Ин бӯҳрон пеш аз ҳама, боиси дар сиёсати хориҷии худ усулан ба самти Шимол ва Ғарб тамоюл доштани кишварҳои Осиёи Марказӣ гаштааст. Дар натиҷа, метавон дид, ки бо вуҷуди наздикиҳо ва умумиятҳои таърихию фарҳангӣ ва бо вуҷуди имкониятҳои васеи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҷануб, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои шимол робитаҳои бисёр бунёдитар нисбат ба кишварҳои ҷануб доранд. Ин зеҳнияти манфӣ боис гаштааст, ки ҳатто дар 20 соли истиқлолияти худ низ кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҷуброни ин номутавозинӣ ё дисбаланс талоши ҷиддие накунанд. Ҳамин тавр, бӯҳрони Афғонистон монеи пайванди воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иртиботӣ ёфтани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба "ҷануб" гаштааст ва ё монеи "ҷанубӣ" гаштани онҳо шудааст.    

3.Таҳаввули нигоҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба буҳрони Афғонистон

3 afghanistan 20062013Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки хусусан, дар панҷсолаи охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як тағйири амиқи равонӣ дар муносибат бо буҳрони Афғонистон мушоҳида мешавад, ки онро метавон ба таври шартӣ "хасташавӣ"-и Осиёи Марказӣ аз ин бӯҳрон номид. Мушоҳидаи ин таҳаввули амиқ ё "хасташавӣ" дар чанд самт ҷолиб аст:

Якум, бинобар тӯли тӯлонии буҳрони Афғонистон, ин бӯҳрон барои аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳияти пешинаи идеологӣ, қавмӣ ва сиёсии худро ба тадриҷ аз даст медиҳад. Дар шарҳи ин таҳаввул метавон гуфт, ки сиёсати ин кишварҳо дар нисбати бӯҳрони Афғонистон тадриҷан "ғайрисиёсӣ" ва "ғайриидеологӣ" мешавад. Яъне, акнун бахше аз ин кишварҳо воқеъбинона мебинанд, ки манфиати аввали онҳо на дар дастгирии ин ё он қавм, гурӯҳ, мазҳаб, ақида ва ғайра, балки дар худи барқарории амният ва субот дар Афғонистон аст.

Албатта, масъалаи арзишҳо ва идеология дар сиёсати ин кишварҳо комилан аз байн намеравад, балки дар марҳилаи феълӣ он ба ҷои дуюм поин меояд. Аз ин рӯ, дар солҳои охир дар сиёсати онҳо нисбати Афғонистон навъе "бетафовутии идеологӣ" ба вуҷуд омада, худи суботу амният ба ҳадаф ва ба идеология табдил меёбад, гоҳо ҳатто новобаста аз он, ки субот ва амниятро дар он кишвар кадом нирӯ барқарор мекунад. Бо тафовут аз даҳ соли пештар, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ худро асосан, дар ҷабҳаи сиёсию идеологии зидди "Толибон" медиданд, имрӯз бахше аз ин кишварҳо ҳамзистӣ бо "Толибон"-ро ҳамчун як воқеият оддӣ медонанд ва бо ин гурӯҳ робитаҳои васеи расмӣ ва ғайрирасмӣ ба роҳ мондаанд.   

Дуюм, бинобар печидатар шудани бӯҳрони Афғонистон, дар доираҳои сиёсии Осиёи Марказӣ навъе гузаштан аз тезиси маъмӯлии "ҳалли бӯҳрони Афғонистон" ба тезиси нави "ҳамзистӣ бо бӯҳрони Афғонистон" мушоҳида мешавад. Мафҳуми "хасташавӣ аз бӯҳрон" ба маънои соддаи расман эълон намудани хастагӣ ва ё комилан даст кашидан аз талошҳо барои ҳалли бӯҳрон нест. Балки "хасташавӣ" ба он маъност, ки дар рӯзномаи амал масъалаи "ҳалли бӯҳрон" аз нуктаи якум ба нуктаи дуюм фаромада, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тадриҷ ба стратегияи "ҳамзистӣ бо бӯҳрон" ҳамчун бо як омили доимӣ мегузаранд. Зеро онҳо аз як сӯ, дарк мекунанд, ки нақши онҳо дар ҳалли умумии масъалаи Афғонистон чандон муассир нест ва аз сӯи дигар, онҳо ҳалли бисёр масъалаҳои миллии сарнавиштсози худро наметавонанд то "ҳал шудан"-и бӯҳрони Афғонистон ба таъхир гузоранд.

Масалан, ин кишварҳо аз назари равонӣ беш аз ин наметавонанд таҳаммул намоянд, ки аввал бӯҳрони Афғонистон "ҳал шавад", баъд роҳи оҳан месозем ё аввал он ҳалл шавад, сипас пул месозем ё баъд ба ҷануб лӯлаи газ мекашем ва ғ. Яъне, дар сиёсати ин кишварҳо навъе равиши идомаи татбиқи барномаҳо дар тӯли бӯҳрон ташаккул меёбад. Чуноне, ки аксари кишварҳои атрофи бӯҳрони Ховари Миёна дар мавриди ин бӯҳрон ба чунин қаноати зеҳнӣ расидаанд ва инак беш аз ним аср бо ин бӯҳрон "ҳамзистӣ" доранд.

Сеюм, бинобар рӯшан набудани дурнамои баҳси абарқудратҳо, солҳои охир кишварҳои Осиёи Миёна талош менамоянд, ки аз форматҳои васеи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ба форматҳои танги дуҷониба ва ё се-чорҷониба гузаранд. Зеро, онҳо дарк мекунанд, ки дар доираи созмонҳои васеъ ва эътилофҳои васеи байналхалқӣ манфиатҳои онҳо ба дараҷаи чандум мефарояд ва ё гоҳо комилан, нодида гирифта мешавад. Дар ин самт дар сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло ду гароиш мушоҳида мегардад:

1.Талош барои ба роҳ мондани "сиёсати худӣ" дар Афғонистон, ки хусусияти ду ё сеҷониба дошта бошад. Масалан, ҳоло ин кишварҳо аз форматҳои калоне чун "эътилофи байналмилалӣ", "созмонҳои минтақавӣ", "6+1", "6+2" ва ғайра амалан, фосила гирифта, ба форматҳои дуҷониба ва ё ба форматҳои нисбатан коромадтаре чун "Ӯбекистон-ИМА-Афғонистон", "Тоҷикистон-Чин-Афғонистон", "Тоҷикистон-Ирон-Афғонистон", "Тоҷикистон-Русия-Афғонистон-Покистон" ва ғ. мегузаранд. Чунин гароиш дар сиёсатгузории ҳамсояҳои ҷанубии Афғонистон хеле пештар оғоз гашта буд, ки сегонаҳои музокиротии "Ҳинд-Покистон-Афғонистон", "Туркия-Покистон-Афғонистон", "Ирон-Покистон-Афғонистон" ва ғ. намунаи онанд.    

2.Талош барои гузаштан аз мавқеи "таъсирпазирии мутлақ" ба мавқеи "таъсиргузории ҷузъӣ". Яъне, кишварҳои Осиёи Марказӣ талош доранд, ки беш аз ин аз бӯҳрони Афғонистон ба таври якҷониба таъсир напазируфта, балки худашон низ ба минтақаҳои алоҳидаи ин кишвар ва ё ба бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти он таъсиргузор бошанд. Масалан, кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон барномаҳои ҷиддиеро барои таъсиргузорӣ дар бозорҳои шимоли Афғонистон пиёда мекунанд, Туркманистон талош дорад, ки дар бозори маводи сӯхти Афғонистон таъсиргузор бошад ва ғ.

Ҳамин тавр, метавон мушоҳида намуд, ки дар солҳои ахир муносибати кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бӯҳрони Афғонистон ва навъи аксуламали онҳо нисбат ба ин бӯҳрон ба таври амиқ таҳаввул меёбад. Дарки моҳият ва шинохти самтҳои ин таҳаввул барои дарки дурусти дурнамои таъсирпазирии мутақобилаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бисёр муҳимм хоҳад буд.               

Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷаи МТС назди Президенти ҶТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi