15:13:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ӯзбекистон: Мухолифат бо тарҳҳои бунёдии Тоҷикистон

Талабшоҳи Салом, махсус барои «Рӯзгор»

Вокуниши навбатии Ӯзбекистон ба эҳтимолан сохта шудани роҳи оҳани Тоҷикистон – Қирғизистон – Қазоқистон – Русия ва бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон бори дигар аз мухолифати роҳбарони ин кишвар нисбат ба тарҳи бунёди иншоотҳое, ки аҳамияти стратегӣ доранд, боз ҳам рӯшантару возеҳтар гувоҳӣ медиҳад. Дар ин росто ахиран иқдоми навбатии Ӯзбекистон алайҳи фаъолияти Корхонаи арзизи Тоҷикистон бо номи «ТалКо» сурат гирифт.

uzbek-tajik-konflikt2013

Тибқи иттилои Маркази хабарии СММ, 6 июни соли 2013 мактуби намояндани доимии Ӯзбекистон дар СММ Дониёл Ҳакимов унвонии раиси ин ниҳод Пан Ги Мун ирсол гашта, ки дар он гуфта мешавад, «олудагии фаромарзӣ, партобҳои саноатии заҳрогини «ТалКо» ба амнияти экологӣ, сарчашмаҳои вуҷуд ва тараққии Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо зарар дорад».

Ба қавли муаллиф, корхона бештар ба маҳаллаҳои шимоли вилояти Сурхандарё зиён мерасонидааст, ки «мизони таъсири фаъолияти саноатии «ТалКо» ба муҳити зист, саломатӣ ва генофонди сокинони маҳаллӣҷуброннопазир буда, зарари он ба системаи экологӣ бесобиқа аст. Вақте расидааст, ки таъсири манфии гази гулханҳои «ТалКо» хотима дода шавад». Ин гуна мавзеъгирӣ, аслан, бар пояи як мизи гирд дар сафорати Ӯзбекистон дар Латвия ба вуҷуд омад, ки 30 майи соли 2013 доир шуда буд. Дар ин нишаст зарари «ТалКо» ба Ӯзбекистон 447,3 млн. доллар арзёбӣ шудааст.

Ҳамзамон бо пахш шудани ин хабар Бахтиёр Эргашов, ҳамоҳангсози Маркази тадиқиқоти иқтисодии Ӯзбекистон дар торномаи «Мизон» мувофиқа ҳосил шудан дар ростои сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Қирғизистон – Қазоқистон – Русия зери унвони «Роҳи оҳан… самт ба бунбаст» матлабе иншо намудааст. Ӯ менависад, ки «роҳи оҳани Русия – Қазоқистон – Қирғизистон – Тоҷикистон сохта мешавад.

Ҳатто тасаввур кунем, ки он сохта шуд. Баъд чӣ? Он вориди бунбасти дохиликонтиненталие мешавад, ки номи он Тоҷикистон аст». Қобили тазаккур аст, ки дар ростои оғози роҳи Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон низ Институти мутолиотии стротежии Русия то ҷое назари худро гуфт. Аждар Куртов, як ходими ин ниҳоди русӣ ин кӯшишҳоро бенатиҷа хондааст ва он ҳам бар мабнои кӯҳистон будани кишвар будааст. Ин андеша ҳам бепоя аст, зеро мавзее, ки бояд роҳи оҳан аз ҷониби Тоҷикистон сохта шавад, минтақаи кӯҳӣ нест. Пас, ин чӣ мантиқ аст? Ин мантиқ, ба назари мо, боз рабт мегирад ба сиёсат.

Дигар мо суроғи бардошти русҳо аз ин тарҳҳо нахоҳем рафт, балки рӯ меорем ба Ӯзбекистон. Шояд бори дигар тазаккур додан дуруст бошад, ки ин ду бархӯрд, дурусттараш як бархӯрд ва дигаре хулосабарории муҳаққиқи ӯзбек замоне дар ВАО ба ҷавлон даромаданд, ки ду иқдоми стратегӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои дӯст гирифта шуданд. Дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки ин гуфтаҳо ҳама дар асоси таҳлилу баррасиҳои мӯшикофона гуфта мешаванд, аммо агар ба тарзу усулҳои бархӯрд ва дигар равандҳои сиёсӣ, мавқеъгирии Ислом Кармов назаре андӯхта шавад, эҳсос мегардад, ки ин гуна «таҳлилҳо» бар кадом поя ба вуҷуд меоянд.

Мушкилоти аввалини Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бинобар сохтмони НБО-и «Роғун» ба вуҷуд омаданд. Ин тарҳ, ки дар нимаи аввали солҳои 1970 аз ҷониби Институти «Гидропроект»-и Тошканд асос гузашта шуд, то кунун чун «устухон дар гулӯ»-и Ӯзбекистон аст. Дар робита ба он ки чаро дар даврони шӯравӣ ин НБО сохта нашуд, афкори гуногуне матраҳ мешаванд, аммо мо ҷиҳати ин масъала чизе нахоҳем гуфт. Танҳо ишораи нуқтаеро зарур медонем, ки охирҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта Покистон ба ҳамкорӣ барои сохтмони ин НБО иқдом карда буд, аммо воқеоти маълуми кишвар ин тасмимро барҳам заданд.

Дигарбора соли 2004 масъалаи «Роғун» аз сар гирифта шуд. Бо азсаргирии ин тарҳ муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон қабои манфӣ касб мекарданд. Дар аввал Ислом Каримов, ки зидди сохтмони ин тарҳ буд, мегуфт, бо сохтани «Роғун» баҳри Арал хушк мешавад. Вале дар робита ба ин масъала далели ҷиддие пеш оварда натавонист. Баҳонаи дуввуми президенти Ӯзбекистон ин буд, ки дар натиҷаи сохтани «Роғун» заминҳои зиёде аз кишварҳои поёноб, аз ҷумла худи Ӯзбекистон беоб монда, ба шӯразор табдил хоҳанд шуд.

Дар ин миён, ки ҷониби Тоҷикистон бо ширкати «РусАл» бо сарварии Олег Дерипаска шартнома имзо намуда буд, мехост дар якҷоягӣ бо Русия НБО бунёд шавад. Аммо Олег Дерипаска, директори «РусАл», ширкати русӣ тайи як вохӯрии худ бо Ислом Каримов ҷиҳати бунёди «Роғун» шартҳояшро тағйир дод, ки дар натиҷа, соли 2006 Тоҷикистон шартномаашро бо «РусАл» лағв кард, аммо Ҳукумати Тоҷикистон аз раъйяш нагашт, балки азмаш қавитар шуд. Дар навбати худ Ӯзбекистон ҳам баҳонаҳои нав меҷуст. Яке аз он баҳонаҳои дигари ин кишвар муфоқат накардани сарбанди НБО буд.

Ҳарду баҳонаи Ӯзбекистон тахминан то соли 2009 идома доштанд ва дар ибтидои он сол баҳонаи нави Ӯзбекистон – дарёфти ризоияти кишварҳои поёноб ба миён омад. Ин баҳонаи Ӯзбекистон то рӯшан нашудани мавқеи Русия нисбат ба «Роғун» вуҷуд надошт. Аммо дар ибтидои соли 2009, вақте Дмитрий Медведев, президенти вақти Русия ба Ӯзбекистон омад, бо мавқеъгирии он ки кишварҳои болооб бидуни ризоияти кишварҳои поёноб НБО сохта наметавонанд, ба иборае ба «даҳони мурда калима андохт». Дар ин марҳила Ӯзбекистон на танҳо зиддияташро бештар кард, балки иттифоқчӣ ҳам пайдо намуд, ки он ба ивази додани гази арзон ба Русия иттифоқ уфтод. Ҷониби Тоҷикистон бошад, як сол баъд аз иқдоми Ӯзбекистон ба нерӯи худӣ рӯ овард, ки он ҳам фурӯши саҳмияҳои «Роғун» дар дохили кишвар будааст.

Дар чунин ҳол, Ӯзбекистон дид, ки азми ҳамсоя қавист, аз дигар бозиҳо, аз қабили ташкили комиссия байналмилалӣ кор гирифт. Ҳамзамон маҳз дар ҳамин марҳила, ибтидои соли 2010 аввалин маротиба зидди фаъолияти «ТалКо» садо баланд кард. То ин дам Ӯзбекистон аз мардуми оддӣ дар тасмимгириҳояш ба таври васеъ истифода накарда буд, аммо баҳори соли 2010 бо ба вуҷуд овардани тазоҳуроти гӯё мардумӣ хост ташкилотҳои ҷаҳониро мутақоид созад, «зарар»-и Корхонаи арзизи Тоҷикистонро кулли шаҳвандон дарк кардаанд. Шуруъ аз соли 2010 Ӯзбекистон алайҳи фаъолияти корхонаи мавқеи стратегидоштаи Тоҷикистон муборизаро оғоз намуд, ҳол он ки зарари корхонаҳои метталургии худро аз ёд баровардааст.

Дар ин муддат ҷониби Тоҷикистон дар баробари даъвоҳои Ӯзбекистон бархӯрди ҷиддие нанамуда буд. Танҳо авохири соли 2011, баъд аз нишасте, ки бояд бо ширкати мутахассисони экологии ду кишвар сурат мегирифт, дар ибтидои соли 2012 ҷониби Тоҷикистон муваззаф шуд, ки зарарҳои коргоҳи сементбарориву металлургии Бекобод мавриди пажуҳиш қарор гиранд. Аммо то он замоне, ки муроҷиати Ӯзбекистон вориди СММ нашуд, ҷониби Тоҷикистонро дар ин масъала ҳеҷ чизе ба таҳрик намеовард. Яъне боз ҳам баъди садобаландкуниҳои Ӯзбекистон номи Комиссиюни экологии кишвар расонаӣ шуд, ки он бо танқиди ин комиссия.

Ин масъаларо Амиршоҳ Миралиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон расонаӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, «дар ин давра Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷоя бо Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ бояд ҳудудҳои зери таъсири корхонаҳои саноатии Узбекистон қарордошта, маълумот дар бораи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера, обҳои зеризаминӣ ва хоки атрофи партовгоҳҳои боқимондаи коркарди маъдан, муқоисаи он бо ҳудудҳои назоратии аз он дур, таркиби кимиёвии обҳои зеризаминӣ, таркиби кимиёвии хок ва монанди инҳоро муайян мекарданд».

Қаблан, 4 рӯз баъд аз муроҷиати Ӯзбекистон ба СММ Шукурҷон Зуҳуров унвонии ҳамтои ӯзбеки худ Дилором Тошмуҳаммадова ҷавобе ирсол намуда, ҷабри 600 000 ҳазор тоҷикро бар мабнои коргоҳҳои Ӯзбекистон қайд намуда, факту арқоми овардаи ҷониби Ӯзбекистонро бепоя хондааст.

Тавре шоҳидем, ин аввалин бархӯрдҳои алании Тоҷикистон алайҳи даъвоҳои Ӯзбекистон мебошанд, ҳол он қаблан мақомоти давлатӣ чунин бархӯрд надоштанд. Ӯзбекистон бошад, ба хотири расидан ба аҳдофаш тактикаи бархӯрдашро чанд маротиба иваз кард, аммо ҳадафаш ҳамоно якест. Роҳ надодан ба тараққиёти Тоҷикистон.

Аз он ки дар қиболи сохтмони НБО-и «Роғун» Ӯзбекистон зуд-зуд тағйири баҳона менамояд, беасос ва ё ба ибораи дигар «таги коса нимкоса» доштани даъвоҳои Ӯзбекистонро ифшо месозанд. Агар дар ин ҷо мақсадҳои сиёсӣ ниҳон намебуданд, Ӯзбекистон далелҳои собит пешниҳод намуда, баҳонаҳояшро иваз наменамуд, балки пофишорӣ мекард. Аммо бинобар он ки Ӯзбекистон хоҳони қудрат дар Осиёи Миёна аст, ҳамеша мехоҳад «гулӯ»-и ҳамсоякишварро фишорад.

Ӯзбекистон хуб медонад, ки пешрафти иқтисодӣ дар амалӣ шудани «Роғун» ва фаъол будани «Талко» имконпазир аст. Бинобар ин ҳарчи бештар аз фишангҳое кор мегирад, ки кишвари мо ба ҳадаф расида натавонад. Масалан, вақте тарҳи «CASA-1000» ба миён омад, моҳи марти 2011 бо фиристодани нота ба Покистон Ӯзбекистон хост «ғайриқонунӣ» будани ин тарҳо ошкор сохта, Покистонро дар ин амр моили худ гардонад, аммо натавонист. Вале ин иқдомаш мақсади Ӯзбекистонро дар ростои «Роғун» ошкортар кард.

Аввалан, ин кишвар намехосту намехоҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд намояд, дуввум, бозори фурӯши барқро аз худ карданист. Пешниҳоди фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистон ин ҳадафро ошкор менамояд. Саввум, ҳамсоякишвар ҳамеша хоҳони он аст, ки Тоҷикистон тобеи он бошад. Зеро агар «Роғун» сохта шавад, бо истифода аз обанбори он метавонад дар баробари фишангҳои Ӯзбекистон истодагарӣ намояд.

«ТадАз» ҳам ба ҳамин манзур ҳадаф қарор гирифтааст. Аммо на ҳама баҳонаҳое, ки Ӯзбекистон нисбат ба сохтмони «Роғун» пеш меовард, дар робита ба зиддият бо «ТалКо» ба дард мехӯранд. Бинобар ин дар ин кор тағйири усули бархӯрд нанамудааст, аммо бархӯрдаш идома дорад. Кунун, ки Тоҷикистон бо Туркманистону Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия (ҳарчанд) аз тарҳҳо кор гирифтааст, Ӯзбекистон ба тавтеаи навбатӣ бояд даст занад, зеро раҳо шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ мақсадҳои Ӯзбекистонро дар минтақа куллан нақше бар об хоҳад кард.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi