19:21:07 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Тантани сулҳ бар пояи ҳунар

Бо ташаббуси Бунёди  Фарҳангии Байналмилалии Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии сулҳ - 21-уми сентябр, дар осорхонаи ин оҳангсози машҳури кишвар дар мавзӯи «Роҳи алтернативии сулҳсозӣ ин истифода аз фарҳанг аст» мизи гирде баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёну аҳли зиёи кишвар ва инчунин меҳмонони хориҷӣ ширкат варзиданд. Суҳбати мизи гирдро бо сухани муқаддимавӣ Асомиддин Атоев, раҳбари Ассосиатсияи дастрасткунандагони Интернет кушод. Ӯ азҷумла иброз дошт, ки имрӯз инсоният таъмини сулҳро ба онҳое бовар кардааст, ки ҳавасманди идомаи ҷанг ҳастанд. Яъне ба низомиҳо.

1.tantanai-sulh-4578Вале дар ин байн бузургтарин нирӯе, ки имконияти бузурги сулҳофаринӣ дорад, яъне фарҳанг, хомӯш аст. Тамоман аз имконоти он истифода бурда намешавад. Ҳамзамон маблағу дигар сарватҳоро бештар барои муҷаҳҳаз кардани ниҳодҳои низомиву амниятӣ сарф мекунанд. Ҳадафи чорабинии имрӯза ҳам аз ҳамин иборат аст, ки бо талошҳои ҳар яки мо дар ҳамин самт ба манфиати истифода аз фарҳанг дар шуури инсонҳо тағйироти мусбати эҷод шавад. Кӯшиш карда шавад, ки нирӯи фарҳанг ҳарчи бештар барои таҳкими сулҳу субот, оштии миллӣ истифода гардад.

Мунира Шаҳид, раиси Бунёди Фарҳангии Байналмилалии устод Шаҳидӣ  азҷумла иброз дошт, ки «баъди он ки намояндагони насли мо сафарҳои зиёд доштанд ба Афғонистон мо маълумоти зиёде дар бораи ҷангу харобкориҳои он ба даст овардем. Афғонистонро мо ҳамон вақт ҳам кишваре медонистем, ки бо он таъриху фарҳанги муштарак дорем. Корҳои зиёде ба хотири барқарории сулҳ дар Афғонистон пиёда шуданд, ки то имрӯз ин корҳоро аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз дуруст нашинохтаанд ва дарк накардаанд.

Ҳанӯз намедонанд, ки аҳли фарҳанги тоҷик барои ҳарчи тезтар ба поён расидани ҷанги Афғонистон чи хизматҳоеро кардааст. Имрӯз ҳам дар Шарқу ҳам дар Ғарб дар бораи сулҳи алтернативӣ тавассути фарҳанг бисёр сухан меравад. Ман мегӯям, ки барои ба вуҷуд омадани чунин як идеяи сулҳи алтернативӣ тоҷикон дар ҷаҳон саҳми бузурге гузоштанд. Корҳоеро, ки дар назари мо як чизи муқаррарӣ ва содда менамоянд, ғарбиҳо нав дарк менамоянд.

Масалан, ба наздикӣ дар яке аз сайтҳои интернетӣ мақолаи Марина Варнер ном як олими англис дар бораи оркестри симфонии «Девони Ғарбиву Шарқӣ» чоп шуд. Оркестри симфонии «Девони Ғарбиву Шарқӣ» аз тарафи Эдвард Саид, сиёсатшиноси машҳури Бритониёи Кабир ва композитор ва дирижёр Барин Гейм дар Америка таъсис шудааст. Мақсад аз ташкили ин оркестри симфонӣ аз ҳамин иборат буд, ки Фаластин ва Исроилро тавассути мусиқӣ ба ҳам оштӣ доронанд.

2.tantanai-sulh-4578Мутрибони ин оркестри симфониро арабҳо ва яҳудиҳо ташкил мекарданд. Вале мутаассифона, баъд аз марги Эдвард Саид ин ташаббус идома пайдо накард. Афсӯс, ки дар солҳои ахир мусиқии симфонии мо-тоҷикон низ аз байн рафта истодааст. Зеро оркестри симфонии мо аз ҳам пошидааст. Парешон шудааст. Мусиқии то солҳои 90-ум дар Тоҷикистон эҷодшуда, яъне, мусиқии миллӣ, асарҳои симфонӣ, мусиқӣ барои кинову театр, операҳо, балетҳо ин як мероси нодирест, ки на дар Эрон ва на дар Афғонистон вуҷуд надорад.

Достони Бедил «Комде ва Мадан»-и Абдулқодири Бедил дар саҳнаи опера гузошта шуд. Мусиқишносони ҷаҳон менависанд, ки ин дар дунё ягона операе ҳаст, ки дини исломро бо дини ҳиндуӣ оштӣ меандозад. Дар ин асар зиндагиномаи шоире аз Мовароуннаҳр ва раққосае аз Ҳиндустон ба риштаи тасвир кашида шудааст. Барои ғарбиён ин як падидаи хеле аҷоиб аст, ки дар Тоҷикистони дурдаст чунин як кори наҷибе анҷом гирифтааст. Яъне ин нишон медиҳад, ки тоҷикон таввассути фарҳанг як имконияти бузурги сулҳофаринӣ доранд».

Саидаҳмад Қаландаров, донишманди тоҷик, сарвари Маркази таҳлилии «Сипеҳр», дар ин робита иброз дошт, ки «таърихи инсоният собит кардааст, ки ду унсур нишонаи миллат нест. Яке забон, дигар марз. Бинобар ин истилоҳи миллати пок, беолоиш иддаъои бисёр ғалат аст. Забон ҳам дар як ҳолат боқӣ намемонад. Се омили муҳим аст, ки ба тағйир ёфтани  таркиби миллатҳо ва қавмҳо таъсир мерасонанд. Омили аввал ин ҳамсоягӣ ҳаст.

Дуввум робитаҳои тиҷоратӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ мебошад. Сеюм омил, омили тасаллут мебошад. Яъне як кишвар тарзи зиндагонии худро болои халқи дигар бор мекунад. Мо миллати моноэтникӣ нестем. Миллати полиэтникӣ ҳастем. Яъне мо миллати беолоиш нестем. Аз ин рӯ ҳамин сулҳофаринии мо дар тамоми рукнҳои мо, дар ҷашнҳои мо, дар кирдори мо, дар фарҳанги мо, дар мусиқии мо, дар адабиёти мо, рафтори мо, гуфтори мо, дар муносибати мо бо мардум зоҳир мешавад.

3.tantanai-sulh-4578Мо аввалин намояндаи миллати форсигӯи дунё ҳастем, ки соҳиби опера шудем. Достони «Комде ва Мадан» аввалин маротиба дар саҳнаи операи Тоҷикистон гузошта шуд. Баъд ин опера дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳон, азҷумла Маскав, манзури тамошобинон гардид. Ҳамин театр чеҳраи тоҷиконро муаррифӣ кард.Таваҷҷуҳи мардумро аз мусиқиҳои размӣ ба мусиқиҳои базмӣ бурдан зарур аст. Ин беҳтар аст. Шашмақом беҳтарин неъмати фарҳангиест, ки дар тӯли асрҳо аз байн нарафт. Ҳатто даррандаҳо низ аз шунидани мусиқии «Шашмақом» ором мегиранд, чи расад ба инсонҳои бошуур. Имрӯз ҷои мусиқии «Шашмақом»-ро мусиқии базмӣ гирифтааст. Ман мехостам, ки ба ин паҳлӯ бештар таваҷҷуҳ шавад, зеро ин ба манфиаттар мебуд». 

Дар ин ҳамоиш доктор Сиддиқ Мансур Ансорӣ, коршинос дар масоили сулҳсозӣ аз Кобул тавассути интернет дар суҳбат дар режими онлайн ширкат варзид. Ӯ нахуст дар бораи таърихи навини Афғонистон, ба хусус даврони ҷанги шӯравӣ, ҳукумати коммунистони вақти Афғонистон, ҳукумати муҷоҳидон иттилои муфассале барои ҳозирин ироа кард ва гуфт, ки масъалаи сулҳсозӣ дар Афғонистон аз масоили калидии рӯз ба шумор меравад. Сиддиқ Мансур Ансорӣ дар хусуси нақши фарҳангиёни Афғонистон, талошҳои онҳо барои барқарории сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада, махсусан нақшаҳои онҳо баъди хориҷ шудани нируҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон суҳбати ҷолибе кард.

Дар ин суҳбати мизи гирд меҳмон аз Ҳиндустон хонум Нандина мулоҳизаҳои худро оиди мавзуъ иброз дошт. Хонум Нандина дар бораи мавқеи сулҳ дар дини буддоӣ, афкори сулҳҷӯёнаи асосгузори он Буддо ва консепсияи сулҳи Маҳатма Гандӣ ҳарф зад. Ӯ хулоса кард, ки барои сулҳ талош кардани Буддо ва Маҳатма Гандӣ дар назари мардум онҳоро на ҳамчун чеҳраҳои заиф, балки шахсиятҳои тавонову муқтадир нишон додааст. Сулҳталабӣ нишонаи заифӣ не, балки бузургии инсонҳост, хулоса кард хонум Нандина.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi