05:18:12 07-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

СУЛҲ АЗ ДИДГОҲИ СУЛТОНИ ҲАМАД

Дар остонаи Рӯзи Ваҳдат аз устод Султон Ҳамад ёд кардам. Устод бидуни шак аз бузургмардоне буданд, ки сулҳи тоҷиконро дақиқа ба дақиқа пайгирӣ кардаву, бо вуҷуди он ки узвияте дар ҳайати гуфтушунид миёни тоҷикон надоштанд, бо камоли таваҷҷуҳ мисли як рӯзномаи хонданиву як филми диданӣ саҳнаҳоро ба қалам овардаанд. Ёдашон ба хайр!

0.tarikhi-adabiyoti-tojik 6Устод Ҳамад шояд ягона рӯзноманигоре миёни муҳиҷирини тоҷик дар Афғонистон буданд, ки аз аввалин рӯзи ҳиҷрат даҳшатҳоро бо чашм дидаву хории мардуми муҳоҷир дар лаби дарёи Омуро бо ашки чашмон дар қолаби мисраҳои нобе, ки ҳоло ҳар яке баёнгари як саҳфаи таърихи фоҷеаи миллист, рӯйи саҳфа рехтанд.

Шарт нест, ки хонандаи он мисраҳо шоҳиди он рӯзгор бошад, вале шарт аст, ки ҳар тоҷик онро хондаву як дуое ба рӯҳи он гулгункафанон кунад. Онҳое аз хуни худ оби рӯди пурталотуми Омуро рангин карда буданд, ки аслан гуноҳе ба ҷуз мансубият ба қавмеву маҳалле надоштанд:

Лаби дарёи Омӯ тифли навзод,

Ба сина тир хӯрда, мезанад дод.

Ба ҷои  шир аз пистони модар,

Хӯрад хун, эй Худо, имдод, имдод!

Ин ҷанг баъдҳо ҷанги таҳмилӣ унвон гирифт, миллат бо гузашти солҳо ба худ омад, дасти оштӣ дароз шуд, муоҳада имзо гардид ва куштори бародар аз ҷониби бародар поён ёфт. Аммо доғи он ҳоло ҳам шуста нашуд, то замоне, ки як модари фарзандгумкарда дар ин ҷанг зинда аст, ин доғ боқӣ мемонад...

Муруре ба навиштаҳои устод Ҳамад, ки ҳамагӣ дар сомонаи «Рӯзгор» қобили дарёфт аст, кофист, то заҳмати ин марди хушқалам дарк шавад. Ман рӯзи вафоташ навишта будам ва ҳоло ҳам ба ин назарам, ки касе дар кишвар мисли Султони Ҳамад сулҳи тоҷикон ва расидан ба Ваҳдати миллиро бо ҳама ҷузъиёташ пайгирӣ накардааст. Устод Султони Ҳамад дар тӯли чанд сол ба ҷуз силсилаи мақолаҳо бо номи “Сулҳ ҳадяи Худо буд”, ки баъдан дар шакли китоб ҳам интишор ёфт, боз даҳҳо суҳбату мақолаҳои ҷудогона навишта, паҳлуҳои норушани расидан ба оштии миллиро равшан кардаанд. Як вижагии хоси навиштаҳои устод Ҳамад бетарафии комил, арзёбии мунсифона ва иртибот бо ҳама ҷонибҳои сулҳ буд. Шахсан ман дар ягон навиштаи устод Ҳамад ин ҷумларо надидам, ки ҷониберо мазаммату ҷониби дигарро таъриф карда бошанд. Ҳамеша талош шудааст, ки воқеъият мунсифонаву бе расидан ба иззати нафси касе пайгирӣ шавад ва ин дар моҷарои ҷанги таҳмилии Тоҷикистон хеле муҳим буд.

Китобу дигар навиштаҳои Султони Ҳамад дар бораи раванди сулҳи тоҷикон қобили омӯзишу таҳқиқ ва барои муаррихоне, ки мехоҳанд ин рӯйдодро мушикофона пайгириву таҳлилу таҳқиқ кунанд, хеле муфид аст. Мусоҳибони муаллиф одамони касбу кори гуногунанд, шуруъ аз намояндагони Комиссияи оштии миллӣ аз ду ҷониб, то адибону зиёиён ва кормандони сиёсӣ. Ҳатто касоне, ки боре ба ҷабҳа корафтода шудаву саҳнаҳоро бо чашми худ дидаанд, дар суҳбат бо Султони Ҳамад ҷузъиёти тозаеро ифшо кардаанд.

Як суҳбати хеле муфиди устод Ҳамад бо профессор Иброҳим Усмонов буд, ки паҳлуҳои гуногун ва барои аксарият норушани музокироти сулҳро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медод. Профессор Усмонов худ аз ҷумлаи муҳаққиқони муколамаи сулҳи тоҷикон аст ва дар суҳбат бо устод Ҳамад басо мунсифона роҳҳои пурпечутоби расидан ба онро арзёбӣ мекунад.

Ин ҷо ҳадаф набуд нақши Султони Ҳамад дар инъикоси мавзуъи сулҳу оштии миллӣ муфассал таҳлил шавад. Зеро гумон мекунам таҳлили он аз доираи имконоти банда берун аст. Аммо барои рушантар шудани ин нақш руҷуъе ба навиштаҳои устод кофист, то хонанда тасаввуроте дар ин бора дошта бошад. Шояд замоне даст диҳад, ки ин ҷониб ҳам барои таҳқиқи мавзуъи сулҳ дар каломи Султони Ҳамад иқдоме кунам....

Б.Шафеъ

Аз Идора: Устод Ҳамад худ корманди амният буд ва то ҳиҷрат дар ҳамин ришта ифои вазифа мекард. Ва саҳнае ё як ҳодисае, ки ба касбаш ҳам иртибот дорад ва чун афсари амният барои озодии як асири ҳамкасб ва боз шогирди собиқ талош кардааст, ҷолиб аст. Худи муаллиф ин қиссаро ин гуна унвон карда: “Озодии меҳмони Муҳаммадрӯзӣ», ки бидуни тағйир меорем.

ОЗОДИИ «МЕҲМОН»-И МУҲАММАДРӮЗӢ

Султони Ҳамад

Маҳмадрӯзӣ: «Инҳо асир не, меҳмони мо ҳастанд»

Баъди нисфирӯзӣ ҳайати низомиву сиёсии мухолифин ба ноҳияи Тоҷикобод сафар карданд. Дар ин сафар моро аъзои Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон Юсуф Ҳаким, Изатуллоҳи Ибод, Саидаҳтам Саидшарипов, Азиз Рӯзиев ва ду нозири низомии намояндагии Ҳайати низомии СММ дар Ғарм Орлин ва Дмитрий, ки ҳарду шаҳрванди Булғористон буданд, ҳамроҳӣ намуданд.

Дар Тоҷикобод низ чунин як мулоқоте мушобеҳ ба мулоқоти Ғарм бо фармондеҳон ва размандагони фармондеҳи муҷоҳиддини ноҳияи Тоҷикобод Муҳаммадрӯзи Искандаров гузаронида шуд. Дар тафовут аз сӯҳбати Ғарм дар мулоқоти Тоҷикобод намояндагони СММ ва Комиссияи муштарак низ ширкат карданд. Масъалаҳои матраҳшуда дар ин мулоқот низ монанд ба масъалаҳое буданд, ки дар сӯҳбати Ғарм атрофи онҳо баҳсу мунозира шуда буд.

Шаб дар сари дастархон аз аҳволи асирони ҳукуматӣ, ки дар ҳамин ноҳияи Тоҷикобод нигоҳ дошта мешуданд, пурсон шудем. Муҳаммадрӯзӣ гуфт:

- Онҳоро мо асир ҳисоб намекунем, онҳо меҳмони мо ҳастанд. Аҳволашон бад нест. Ҳама чиз барояшон мерасад. Хӯрду хӯрок, доруворӣ, либоси гарм доранд. Гап дар сари он аст, ки хабари ба дасти муҷоҳиддин уфтодани кормандони мақомоти интизомии минтақаи Қаротегин аз тариқи расонаҳо ба тамоми ҷаҳон паҳн шуда буд. Аз қариб 110 нафар корманди боздоштшуда тақрибан 70 нафарашон аз мардуми тарафи шимоли Тоҷикистон буд: аз Хуҷанду Истаравшан, Ашту Конибодом ва дигар ҷойҳо. Ин хабар ба гӯши волидайн ва хешу ақрабои асирони суғдӣ низ мерасад ва онҳо як намояндаашонро ба назди ман фиристода иҷозат пурсиданд, ки барои одамони ба асорат гирифторшудаи худашон маводи хӯрока ва либоси гарм биёранд.

 

Ман розӣ шудам. Тақрибан 10 рӯз пеш як қатори мошинҳои суғдӣ пур аз маводи хӯрока, либоси гарм ва ҳатто дар як мошини алоҳида барои мо сӯзишворӣ, дар як автобус чанде аз волидайни ҳамин усаро аз тариқи вилояти Ӯш ва ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи мо омаданд. Мо онҳоро бо як чеҳраи кушод меҳмоннавозӣ кардем. Барояшон гов куштем, маърака додем. Хулоса онҳо аз мо хоҳиш карданд, ки фарзандон ва бародаронашонро, ки дар пеши мо буданд, ҷавоб диҳем. Мо як қисми онҳоро бо ҳамроҳии падару модар ва хешу ақрабояшон шарт гузошта ҷавоб додем.

Шарти мо ҳамин буд, ки падару модарон нагузоранд дигар онҳоро бар зидди мардуми мо ба ҷанг фиристанд. Розӣ шуданд. Як қисми маводи хӯрока ва пӯшокаи овардаи суғдиҳоро ба қадри зарурӣ ба низомиҳои ҳукумат, ки дар назди мо қарор доранд, тақсим кардем. Қисмати дигарашро ба муҷоҳиддони худамон додем. Фардо шумо онҳоро аз наздик хоҳед дид. Тақрибан 40 нафар мондаанд. Нияти мо ин аст, ки онҳоро бо бародарони муҷоҳид, ки дар зиндонҳои ҳукуматӣ ҳастанд, табодул кунем. Раҳбарияти ИНОТ дар чӣ андеша ҳаст?- гӯён Муҳаммадрӯзӣ аз Давлати Усмон суол кард.

Нусратуллоҳро бо худ гирифтем

-Роҳбарият низ дар ҳамин фикр ҳаст,- гуфт Давлати Усмон. Рӯйхати дар маҳбасҳои ҳукумат будаи муҷоҳиддонро омода кардан даркор. Мо ин пешниҳодро аллакай ба ҳукумат кардаем. Ҳукумат низ дар ҳамин фикр ҳаст, ки ин кор ҳарчи тезтар сурат бигирад. Имрӯз Сайдамир Зуҳуров, вазири амният ба Султон телефон карда хоҳиш намуд, ки як кормандашонро, ки касал ҳаст, ҷавоб диҳем. Султон ӯро мешиносад. Собиқ аз ҳамкоронаш ҳаст.

-Кӣ бошад, он одам?- пурсид аз ман Муҳаммадрӯзӣ.

-Нусратуллоҳ Сафаров, дар Кӯлоб давраи таҷрибаомӯзиро дар пеши ман гузашта буд.

- Мешиносам, бачаи бад нест. Дар ҳақиқат, камтар маззааш гурехтааст. Майлаш, фардо ҷавобаш медиҳем. Кӣ ӯро мебарад?

-Мо фардо бо ҳамроҳии корвони СММ ба Душанбе рафтанием. Ӯро бо худ мебарем,- гуфт Юсуф Ҳаким, муовини ҳамраиси Комиссияи муштараки назорат бар Созишномаи Оташбаси Теҳрон аз ҷониби оппозится Юсуф Ҳаким.

Рӯзи дигар ба назди усаро рафтем. Ҳамаи онҳоро, ки дар бинои як варзишгоҳи зимистона нигоҳ дошта мешуданд, ба берун бароварда қатор карданд. Дар вақти аз назди қатор гузаштан банохост «салом устод, маро нашинохтед?» гуфтани касе маро аз роҳ рафтан нигоҳ дошт. Нусратуллоҳро бо вуҷуди он, ки риш монда буд, шинохтам. Оғӯшро боз карда «канӣ, пештар биё, ки дурусттар бинамат» гуфтам. Ӯ низ аз қатор баромаду якдигарро ба оғӯш гирифтем.

Муҳаммадрӯзӣ гуфт:

-Ҳамин аст шогирдат?

Гуфтам:

-Бале, ҳамин аст.

Гуфт:

-Хайр. Ина ҷавобаш додем. Ҳамин ҳозир метавонед ӯро ҳамроҳи худ бубаред.

Гуфтам:

Олиҷаноб,бисёр хуб. Ташаккури зиёд, бародари азиз Муҳаммадрӯзӣ. Биё, бо мо меравем, Нусратуллоҳ. Сайдамир Зуҳуров дина телефон карда хоҳиш кард, ки туро ҷавоб диҳем. Ина ҷавобат доданд. Ана ин бародар Юсуф Ҳаким, фардо туро ба Душанбе мебарад.

Дидам, ки Нусратуллоҳ намедонад аз хурсандӣ чӣ бигӯяд, чӣ кор кунад. Билохира боз як бори дигар маро ба оғӯш гирифт. Ин дафъа сахттар ба оғӯш мекашиду мегуфт: «раҳмат устод, раҳмат устод». Эҳсос кардам, ки ҷисмаш меларзад. Ӯ ба назарам беовоз мегирист. Чун маро сар дод аввалин кореро, ки кард, ин буд, ки ашки чашмонашро бо кафи дастонаш пок намуд.

Зиёрати қабристони шуҳадои Нимич

Давлат Усмон ба боқимонда усаро муроҷиат карда гуфт, ки иншоаллоҳ, дар рӯзҳои наздик шумо ҳам ба хонаҳои худ ба назди зану фарзанд, падару модар ва хешу ақрабо хоҳед рафт.

Аз Тоҷикобод ба Ҳоит равон шудем. Нусратуллоҳро низ бо худ гирифтем. Чун ришаш расида буд, касе ӯро одами ҳукумат, ки навакак аз асорати размандагони мухолифин раҳо шуда бошад, намеҳисобид. Дар Ҳоит моро фармондеҳони нирӯҳои мусаллаҳи мухолифини ин минтақа шайхи Аҳмадбек ва Шоҳ Искандаров пешвоз гирифтанд.

Дар масҷиди калони деҳа мулоқоте бо муҷоҳиддини ин мавзеъ доштем. Боз сухан дар бораи истиқрори сулҳу субот ва эҳёи фаъолияти сохторҳои ҳукуматӣ дар маҳалҳо рафт. Боз саволҳои зиёде мушобеҳ ба саволҳои дар Ғарму Тоҷикобод додаи размандагон матраҳ шуданд. Албатта посухҳо дар ин ҷо қавитару мантиқитар буданд. Зеро аъзои ҳайат аввалан омодаи шунидани чунин саволҳо буданд, дуввум барои ба онҳо посух гуфтан қаблан тайёриҳо низ дида буданд.

Баъди анҷоми сӯҳбат дар Ҳоит мо нияти ба қароргоҳи худ ба Ғарм бозгаштанро кардем. Дар роҳ як сари қадам шуҳадои қабристони деҳаи Нимичро зиёрат кардем. Бояд гуфт, ки зимистони соли 1993 бар асари як бомбаборони тайёраҳои Русия ё Ӯзбекистон 23 нафар сокини осоиштаи ҳамин деҳа, ки дар байнашон Яҳё ном бародари Давлати Усмон будааст, ба шаҳодат мерасанд. Бо хондани оёте чанде аз Қуръони азимушшаън хотири арвоҳи гузаштагонро шод кардем.

Раҳоӣ дар рӯзӣ иди касбӣ тасодуфӣ набуд

Дар масҷиди деҳаи Нимич низ моро мардуми зиёде интизор буданд. Дар байнашон аз шиносҳои қадимиям шоири ширинкалом Диловари Мирзо ва журналисти варзида Давлатбеки Қандилро дидам. Онҳо ҳарду акнун барои пеш бурдани рӯзгори хонаводаи хеш дар деҳа асосан бо корҳои кишоварзӣ машғул будаанд.

Бо вуҷуди дур шудан аз сиёсати амалӣ онҳо аз фарорасии айёми қатъи ҷангу даргириҳо ибрози хушнудӣ мекарданд. Нахустин саволеро, ки назди мо онҳо матраҳ намуданд, ин буд, ки «оё мулоқоти Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки тибқи эълонҳои пешакӣ бояд имрӯз, яъне 19-уми декабри соли 1996, дар Маскав дар он масъалаи Созишномаҳои сулҳро медиданд, баргузор гардид ё на?».

Дар ҳақиқат, имрӯз ин мулоқоти таърихӣ дар Маскав бояд баргузор мегардид. Ҷониби ҳукукмати Тоҷикистон аллакай омодаи гуфтушунид дар Маскав қарор дошт. Вале раҳбарияти мухолифин бо сабабҳои техникӣ ҳанӯз ба Маскав наомада буданд. Тибқи хабарҳое, ки мо дар даст доштем, онҳо ҳатман имрӯз ва ё фардо ба Маскав ташриф меоварданд ва ин дидорбинии ду лидери ҷонибҳои сулҳкунанда ҳатман сурат мегирифт. Шаб ба Ғарм баргаштем.

Субҳи рӯзи дигар, ки рӯзи ҷумъа буд, вақти хӯроки субҳона Саидаҳтам Сайидшарифов, узви ҳайат аз ҷониби ҳукумат табассумкунон аз ман пурсид:

-Медонед акаи Султон, имрӯз чӣ рӯз аст?

-Бале, сайиди айём, рӯзи ҷумъа ҳаст.

-Дуруст, имрӯз намози ҷумъа ҳаст, вале имрӯз, 20-уми декабр, боз иди касбии чекистҳо низ ҳаст. Аллакай фаромӯш кардед, акаи Султон?- шӯхӣ кард Сайидаҳтам.

-Не, чаро фаромӯш накардам. Озодии бародарамон Нусратуллоҳ оё тасодуфӣ буд? Имрӯз ӯ ба оғӯши гарми оилааш мепайвандад. Як оила хушбахт мешавад. Падар ба назди фарзанд, шавҳар ба назди зан бармегардад. Як идора кормандашро бозпас мегирад. Ба ҳамин рӯз рост омадани ин рӯйдоди нишотовар, ба фикри ман, ин тӯҳфаи Худованди бузург барои он бародар ва ҳамаи мову шумо дар ин рӯз аст ва ҳикмате дар худ ниҳон дорад,- гӯён ҳозирҷавобӣ намудам ман.

БАҲРОМ АЪЗОИ КОМИССИЯИ ОТАШБАСРО ГАРАВГОН МЕГИРАД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi