06:22:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ёди рӯзгори ширин

МАҲФИЛИ АҲМАД ЗОҲИР ВА ШОҲВАЛӢ ВАЛИИ ТАРОНАСОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дирӯз, 14-и июни соли 2012, ба ифтихори солрӯзи мавлуди бузургтарин овозхони Шарқи муосир Аҳмад Зоҳири шаҳид дар толори маҷлисҳои Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон, гурӯҳи ҳунарии «Анис» ва як теъдод алоқамандони садои гирои Аҳмад Зоҳири нотакрор маҳфили ёдбуди ин хунёгари солҳову садаҳо баргузор гардид.

/images/stories/2012/06/15_1.mehrinisso_150612.jpgДар тафовут аз маҳфилҳои солҳои қабл маҳфили имсола, дар соли 85-солагии таваллуди маъруфтарин овозхон, оҳангсоз ва таснифнависи муосири афғон, шодравон Шоҳвалӣ Валии Таронасоз, ба мавзӯи «Аҳмад Зоҳир ва Шоҳвалӣ Валии Таронасоз» ихтисос дода шуд. Муҷрии ин маҳфили зебо шоираи ширинсухану ширинбаёни тоҷик Меҳриниссо Бобобекова, ки ифтихори якҷо бо ҳамсари хеш, олими маъруфи кишвар, доктори илмҳои филологӣ устод Шаҳбоз Кабиров дар бархе аз маҳфилҳои Аҳмад Зоҳири нотакрор дар Кобул ширкат карданро доштанд, баъди ба ин ҳамоиш ҳусни матлаъ бахшидан суханро ба пажӯҳишгари зиндагинома ва осори Аҳмад Зоҳир журналист ва нависандаи тоҷик Султони Ҳамад дод.

/images/stories/2012/06/15_2.sulton-hamad_150612.jpgСултони Ҳамад ба ҳозирин дар мавзӯи «Таронаҳои Шоҳвалӣ Валии Таронасоз дар Тоҷикистон ва нақши ин абармарди мусиқии афғон дар рушду камолоти Аҳмад Зоҳир» сухане чанд ироа кард. Сипас навбат ба овозхонҳои тоҷик дода шуд. Имсол ҳам чун ҳарвақта ба маҳфили ҳарсолаи хеш овозхонҳои маъруфи кишвар ҳар кадом бо дастовези тозае омаданд. Масалан, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев бо ҳамроҳии овозхони хушсадов хушсимоҲунаранди Шоистаи Тоҷикистон, Бунафшаи Шокир таронаи машҳури «Соқиё маро дарёб» бо як маҳорати баланд пешкаши ҳозирин карданд.

Дуэти ба мухлисон пешкаш намудаи Фурқат Саид, раҳбари ансамбли давлатии «Шашмақом» ва Луҳира Мӯъминова, солисти ҳамин ансамбл «Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ, дилбару дилдори манастӣ» низ мавриди истиқболи гарми иштирокчиёни ин маҳфил гардид.

/images/stories/2012/06/15_5.mukhlison-150612.jpgДар консерт овозхонҳои маъруф ва шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Соҳиба Давлатшоева, Садриддини Наҷмиддин, Сӯҳроби Маҳмуд, Шаҳроми Абӯбакр, Олими Маҳмуд, Зайнураи Пӯлодӣ, Парвини Маҳмадёр, Қайси Азиз, ғунчаи тозашукуфтаи санъат Муслиҳиддин Мирзоев ва аҳмадзоҳирхонҳои маъруфи кишвар Аслиддини Бадал, Асадуллоҳи Шамсзод, Алии Сабурӣ, Оқили Фозил, Ҳақназари Давлат, Эмомиддини Сафиаллоҳ ва дигарон оҳангҳои ба тозагӣ аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир таҳия намудаи хешро пешкаши ҳаводорони мусиқии ноб намуданд.

Шоири маъруфи кишвар Назрӣ Яздонӣ шеъри ба Аҳмад Зоҳир бахшидаи худ «Дуруди ҷони ҷонҳо Аҳмади Зоҳир»-ро қироат кард.

Муштариёни гиромии сомона, мо ният дорем, ки дар наздиктарин фурсат гузориши муфассалеро аз ин маҳфил бо усули чандрасонаӣ пешкашӣ шумо намоем. 

АКСҲО АЗ МАҲФИЛИ АҲМАД ЗОҲИР ВА ШОҲВАЛӢ ВАЛИИ ТАРОНАСОЗ

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi