Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
6 август дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи низоми e-Phyto дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода гуфт, ки татбиқи низоми e-Phyto яке аз қадамҳои муҳим дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии фитосанитарӣ мебошад. Он ба содагардонии расмиёти савдо, баланд бардоштани шаффофият, коҳиш додани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ, суръат бахшидани мубодилаи байналмилалии шаҳодатномаҳои фитосанитарӣ ва мутобиқ намудани низоми миллии фитосанитарӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои марбут ба марҳилаҳои татбиқи низоми e-Phyto дар Тоҷикистон, тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор, омодасозии заминаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ, инчунин ҳамкориро бо шарикони байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба қадамҳои минбаъдаи татбиқи низом мубодилаи афкор анҷом доданд.
АМИТ «Ховар»
















