02:09:34 27-уми Сентябри 2026 сол
Фаридуни Раҳнавард - сардабири "Нигоҳ", Муҳибулло Қурбон - раиси ИНДЕМ 04.04.2015 00:45 2180
Шӯрои муҳаррирони нашрияи “Нигоҳ”, сомонаи “Тоҷнюс” ва ширкати ИНДЕМ дар ҷаласаи ахири худ масъулони нави нашрия, сомона ва ин ширкатро интихоб карданд.
Би-би-сӣ хабарнигоронаш дар Тоҷикистонро ҷавоб дод 31.03.2015 22:52 2567
Би-би-сӣ (BBC) бахши аъзами кормандонаш дар Тоҷикистонро ҷавоб дода, тасмим гирифтааст, торнамои тоҷикии ин расонаро низ бубандад. Аммо расман гуфта нашудааст, далели ин тасмим чист?
Истеъфои бидуни шарҳи Саймуддин Дӯстов 25.03.2015 11:48 2126
​Маълум нест, Саймуддин Дӯстов - яке аз медиа-магнатҳои матраҳи Тоҷикистон - чаро истеъфо додааст. Аммо изҳороти ӯ маҳфилҳои сиёсӣ ва хабарнигории ин кишварро сахт дар ҳайрат андохт.
Иди матбуот: Беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд 18.03.2015 10:40 2203
Иди касбии рӯзноманигорон, Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март дар толори Театри Лоҳутӣ бо ҷамъи аҳли адабу фарҳанг баргузор шуд. Саҳни биноро чун ҳамасола намоиши китобу рӯзномаҳо оро медод.
Тақдими ҷоизаҳои Лоҳутӣ дар театри Лоҳутӣ 11.03.2015 21:58 1756
Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон рӯзи 11 март барандагони ҷоизаи Абулқосими Лоҳутӣ дар миёни журналистони тоҷикро эълон кард.
Қаршибоев: 70 фоизи матбуотро ҷавонон пур мекунанд 11.03.2015 21:44 1522
Масъулони созмонҳои журналистӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳудуди 70 дарсади сафҳаҳои расонаҳои мустақил, ба қалами хабарнигорони ҷавон пур мешавад.
Ба кӣ бовар кунем? Ба ТВ? Ба радио? Ё ба Интернет? 05.03.2015 15:20 1454
Як пурсиш маълум кардааст, ки беш аз нисфи ҷавонон дар Тоҷикистон ба дурустии ахборе, ки аз матбуот мегиранд, чандон бовар намекунанд. Пиронсолон баръакс ба гуфтаҳои расонаҳои давлатӣ эътимод доштаанд.
Нигаронии 3 созмон аз дахолат ба ҳаёти шахсии хабарнигорон 17.02.2015 07:34 1408
Се созмони журналистӣ аз даст ёфтани баъзе афрод ба иттилоъ ва дахолат ба ҳаёти шахсиии хабарнигорон изҳори ташвиш карданд. Ҳадаф аз ин "ҳамлаҳо" бастани даҳони журналистон гуфта мешавад.
2014 - Соли сабқати хабарии расонаҳо, "фабрикаи ҷавоб" ва эҳтиёт 26.12.2014 00:32 1590
Расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон дар соли 2014 вориди рақобат барои хабару маълумот шуданд, ҳамзамон худсонсурӣ ва суистифода бештар шуда, таъсири ноаёни мақомот афзоиш ёфт.
Чаро ду шумораи ахири "Нигоҳ" аз чоп набаромад? 19.12.2014 13:52 1458
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чопи ҳафтаномаи "Нигоҳ"-ро мутаваққиф кард. Ду шумораи ахири ҳафтанома ба хонандагонаш нарасид. Зимни мактубе, ки ба чопхонаи “Оила Print” расидааст, вазорати фарҳанг гуфтааст, дар ҳоли нашр кардани ҳафтанома ҷарима хоҳад шуд.
Гулнора Амиршоева: "Мардҳо аз дин ба манфиати худ истифода мекунанд" 04.12.2014 08:08 1745
Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи “Вечёрка”, ки иштироки саросарии кормандони давлатиро дар намози ҷумъа танқид карда, ҳадафи ситезаҳо қарор гирифтааст, мавзеъгирии худро дар ин бобат шарҳ дод.
Акбари Саттор: “Мо талаби қудрати сиёсӣ надорем” 18.11.2014 23:01 1661
Медиа-гурӯҳи "Чархи Гардун", ки соҳиби 5 нашрия - “Дайджест-Пресс”, “Чархи Гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Зан ва мард” ва "Авицена"-ро дар бар мепгирад, 20 сол қабл таъсис ёфт. Муассиси ин ширкат Акбари Саттор, рӯзноманигори саршинос ва раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст.
Мушкилоти бонувон чаро таваҷҷуҳи ВАО-ро ҷалб наменамояд? 28.10.2014 10:35 1916
Шӯрои ВАО-и ҶТ дар доираи Лоиҳаи “Мониторинги инъикоси масъалаҳои гендерӣӣ дар ВАО”, ки бо ҳамдастии Созмони байналмилалии International Media Support (IMS) роҳандозӣ намудааст, “Мизи мудаввар” баргузор намуд.
САҲА: Тоҷикистон дастрасии озод ба Интернетро таъмин кунад 07.10.2014 23:58 1617
САҲА батакрор масдуд шудани сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикикистонро раванде нигаронкунанда унвон кард ва хостори таъмини дастрасии бидуни маҳдудият ба Интернет дар ин кишвар шуд.
Паёми шодбоши Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон 06.09.2014 20:51 1551
Ҳамкасбони гиромӣ, табрику таҳният ва орзуҳои неки моро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон бипазиред.Хотиррасон намуданием, ки санаи мазкур, бо қарори Конгресси 4 –уми Созмони байналмилалии журналистон ...