23:23:22 09-уми Ноябри 2026 сол

Муқовимат ба таҳдидҳои муосир: Юсуф Раҳмон дар нишасти котибони Шуроҳои амнияти ИДМ дар Москва ширкат кард

Рӯзи 9 ноябр дар шаҳри Москва вохӯрии 14-уми котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ин нишасти муҳим Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

3-32e8-4bb8-b96c-e801e3e7d134Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои мубрами зерин меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор гирифтанд:

- Муборизаи муштарак ба зидди терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар.

- Муқовимат бо киберҷиноятҳо ва таҳдидҳои амнияти рақамӣ.

Юсуф Раҳмон зимни баромади худ таъкид дошт, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сиёсати пайгиронаро ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.

Даҳсолаи байналмилалии сулҳ ва Конфронси Душанбе

Котиби Шурои амнияти кишвар махсусан ба қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 25 июни соли 2026 ишора кард, ки тибқи он бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон шудааст.

Ҳамзамон эълон гардид, ки моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози расмии ин Даҳсола баргузор мешавад. Юсуф Раҳмон аз кишварҳои аъзои ИДМ даъват ба амал овард, ки дар ин рӯйдоди муҳимми ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзанд.

Дар анҷоми нишаст, иштирокчиён бар зарурати густариши мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии бештари мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ дар муқобили хатарҳои муосир таъкид карданд.

“Рӯзгор”

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ