Пирӯзии фарҳангии ҳунармандони тоҷик дар Москва: «Достони Сиёвуш» соҳиби таҳсини баланд гардид
Рӯзи 8 ноябр ҳунармандони Театри давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Москва намоиши таърихии «Достони Сиёвуш»-ро ба саҳна гузоштанд. Ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва дар ҳамкорӣ бо театри мазкур, дар толори маъруфи «Мастерская – 12»-и коргардони шинохта Никита Михалков доир гардид.
Намоишномаро коргардон Баҳром Қурбонзода дар асоси шоҳкории безаволи Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» таҳия кардааст. Ҳунармандони тоҷик бо маҳорати касбӣ ва иҷрои таъсирбахши нақшҳо тавонистанд паёмҳои ахлоқиву маънавии асарро ба тамошобинон равшан расонанд.
Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои фарҳангии кишварҳои хориҷӣ низ ширкат доштанд. Аз ҷумла, мушовири Сафорати Эрон ва директори Маркази фарҳангии Эрон дар Русия Абдулрезо Рошед аз ҳунари ҳунармандони тоҷик ба ваҷд омада, изҳор дошт: «Он чизе, ки дар саҳна намоиш дода шуд, чанд маротиба болотар аз он буд, ки интизораш будем».
- «Достони Сиёвуш» таъриху тамаддуни куҳани миллати тоҷику форсро инъикос намуда, тарғибгари некӣ, адолатхоҳӣ, дӯстӣ ва инсондӯстию мардонагӣ мебошад.
- Ин асари саҳнавӣ қаблан дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии Тоҷикистон – «Парасту 2025» сазовори Шоҳҷоиза (Гран-при) гардида буд.
Пешниҳоди ин намоиш дар Москва бори дигар аз боло рафтани нуфузи фарҳанги миллӣ ва санъати театрии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.
“Рӯзгор”
















