ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳанд, мерасонад, ки рӯйхати шахсони назоратшаванда дар низоми худкор амал намуда, маълумоти он ҳар чор соат бо назардошти иттилооти навшуда оид ба шаҳрвандони хориҷӣ иваз карда мешавад.
Тавре ба мо аз ин намояндагӣ хабар доданд, шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин метавонанд ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид карда шаванд:
–муҳлати будубоши муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия;
–гирифтан, тағйир ё бекор гардидани мақоми муҳоҷиратӣ;
– мавҷудияти ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти меҳнатиро тасдиқ мекунанд;
– қарорҳои ба қувваи қонунӣ даромадаи суд, аз ҷумла ҳукмҳои айбдоркунанда, қарорҳо дар бораи ихроҷ, берункунӣ, номатлуб эътироф намудани будубош, манъи воридшавӣ ва ё қатъ гардидани шаҳрвандӣ.
Инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳолатҳое ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид карда мешаванд, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ё мақоми ҳуқуқии онҳо бекор гардида бошад.
Шаҳрвандон метавонанд мустақилона ва ройгон тавассути портали Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия (пайванд: https://мвд.рф/rkl ) санҷанд, ки оё номи онҳо дар рӯйхати шахсони назоратшаванда ҳаст ё не. Барои ин ворид намудани маълумоти зерин зарур мебошад:
–ному насаб;
–санаи таваллуд (рӯз, моҳ, сол);
–силсила ва рақами ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
–санаи додани ҳуҷҷат.
Намояндагӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки мунтазам вазъи ҳуқуқии худро назорат намуда, талаботи қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русияро қатъиян риоя намоянд. Ин амал барои пешгирӣ аз ворид шудан ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ва оқибатҳои ҳуқуқии марбут ба он мусоидат мекунад.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва гирифтани машварати ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намоянд.
Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (967) 271-02-02, +7 (920) 941-60-60, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00, +7 (977) 370-77-44, шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;
–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 (901) 344-77-77;
–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
–роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
–роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 ва почтаи электронии Намояндагӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..
АМИТ «Ховар»
















