05:08:35 23-уми Июли 2026 сол
Вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ ширкат ва суханронӣ намуд 22.06.2025 14:55 551
21 июни соли 2025 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Нишасти 51-уми вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) бо иштироки сарон ва роҳбарони ҳайати кишварҳои узви Созмон баргузор гардид.
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малдив 22.06.2025 14:53 526
21 июни соли 2025 дар Истанбул дар ҳошияи нишасти 51-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Малдив Абдулло Халил баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд 16.06.2025 22:51 450
16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.
Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ 15.06.2025 19:06 459
11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.
Мусоҳиба бо нашрияи маъруфи Байналмилалии «The Investor» 15.06.2025 19:02 402
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа мусоҳибаи вижа бо нашрияи маъруфи байналмилалӣ — «The Investor» анҷом дод.Дар ҷараёни суҳбат, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид.
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.06.2025 18:58 477
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, зарбаҳои низомии ҷониби Исроилро ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардид, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои эътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум менамояд.
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Фаронса 09.06.2025 13:10 475
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.
Баррасии ҳамкориҳо бо Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд 09.06.2025 13:05 387
Санаи 5 июни соли 2025 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири молия – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо намояндагони Фонди Авруосиёии Муътадилгардонӣ ва Рушд, ки таҳти роҳбарии Директори гурӯҳи лоиҳавӣ оид ба қарзҳои молиявӣ – Костанян Тигран Рафикович ...
Вохӯрӣ бо Вазири энергетика ва рушди нерӯи Ҷумҳурии Зимбабве 03.06.2025 16:14 460
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетика ва рушди нерӯи Ҷумҳурии Зимбабве Ҷулай Мойо мулоқот анҷом дод.
Вохӯрӣ бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс 03.06.2025 16:12 415
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайс баргузор гардид.
Мулоқоти вазир бо намояндаи вежаи дабири кулли СММ оид ба Осиёи Марказӣ 03.06.2025 16:10 433
2 июни соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе ...
Муовини вазири корҳои хориҷӣ cафири Ҷумҳурии Анголаро ба ҳузур пазируфт 01.06.2025 19:07 561
1 июни соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ангола (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Аугусто да Силва Кунҳаро ба ба ҳузур пазируфт.
Мулоқоти вазир бо вазири давлатии Ҳиндустон 01.06.2025 19:04 463
​​​​31 майи соли 2025 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири давлатии Ҳиндустон оид ба корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист...
Мулоқот бо муовини якуми Дабири кулли СММ ва фиристодаи махсуси СММ оид ба масъалаҳои об 30.05.2025 00:34 557
29 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад ва фиристодаи махсуси СММ оид ба масъалаҳои об Ретно Марсуди мулоқот анҷом дод.
Ҷаласаи Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии ИДМ 30.05.2025 00:32 510
28 майи соли 2025 дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби тоҷикистонӣ ҷаласаи XXXII-и Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.