Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон
24 июли соли 2026 дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Муҳаммад Исҳоқ Дор доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳамсӯҳбатон омодагии худро барои таҳкими робитаҳои ду кишвар бахусус дар бахши иқтисод, рушди табодули мол, саноат ва энергетика таъкид намуданд.
mfa.tj
















