06:34:48 09-уми Августи 2026 сол

Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид

28 июл дар шаҳри Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

tajikistan belorus 56895544Тавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, ҷаласа таҳти ҳамраисии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов доир шуд.

Дар ҷаласа масъалаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва равобити байниминтақавии Тоҷикистону Беларус, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо баррасӣ гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Протоколи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва Харитаи роҳ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳуҷҷати мазкур татбиқи маҷмуи чорабиниҳои муштаракро пешбинӣ намуда, ба густариши равобити дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду мамлакат равона гардидааст.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ