06:33:58 09-уми Августи 2026 сол

Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парватӣ мулоқот намуд.

photo 2026-08-01 09-12-59Тавре ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ