06:33:59 09-уми Августи 2026 сол

Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Анҷумани осор ва мафохири фарҳангии Эрон Маҳмуди Шолуӣ мулоқот намуд.

N-ZohidiТавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму фарҳанг табодули назар карданд.

Таъкид гардид, ки Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ дар баробари бузургдошти чеҳраҳои мондагори илму фарҳанги Эрон аз хидматҳои барҷастаи илмию фарҳангии бузургони кишварҳои форсизабон низ тақдиру таҷлил мекунад.

Аз ҷумла, солҳои гузашта Анҷуман маҳфилҳои бошукуҳи бузургдошти устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Лоиқ Шералиро баргузор намуда, маҷмуаи мақолаҳоро оид ба рӯзгору осори ин бузургони Тоҷикистон нашр намуд.

Дар ин замина ҷонибҳо имконияти баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ доир ба бузургдошти нухбагони дигари Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ