"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 26 августи соли 2026
26.08.2026 10:16
512
Имрӯз дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ нишасти бузурги байналмилалии ширкатҳои технологӣ оғоз шуд. Мавзӯи асосии рӯз баррасии стандартҳои ягонаи ҷаҳонӣ барои истифодаи бехатари Зеҳни Сунъӣ (AI) дар бахши тиб ва низоми бонкӣ мебошад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 25 августи соли 2026
25.08.2026 10:27
362
Парламенти Аврупо тарҳи қонуни наверо баррасӣ кард, ки бар асоси он истихроҷи (майнинг) криптовалютаҳо бо истифода аз энергияи ғайриэкологӣ дар ҳудуди ИА аз соли 2027 комилан манъ карда мешавад. Ин хабар боис шуд, ки қурби Биткоин дар бозорҳо 4% коҳиш ёбад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 24 августи соли 2026
24.08.2026 09:33
447
Нашрияи The Wall Street Journal гузориш дод, ки Доналд Трамп ва Илон Маск нақша доранд шабакаи X-ро ба як платформаи расмии давлатӣ барои эълонҳои Кохи Сафед ва раванди интихоботи миёнадавлатӣ табдил диҳанд. Ин хабар баҳсҳои шадидро дар бораи озодии баён ва сонсур ба вуҷуд овард.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 22 августи соли 2026
22.08.2026 10:23
1073
Мақомоти Полша ва Литва хабар доданд, ки дар пайи шиддат гирифтани назорати марзӣ, беш аз 1200 муҳоҷир аз кишварҳои Ховари Миёна дар минтақаи нейтралии байни марзҳо дар шароити вазнини санитарӣ бе хӯрок ва об мондаанд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 21 августи соли 2026
21.08.2026 10:38
289
Имрӯз дар Ханой, намояндагони тиҷоратии ИМА ва Вазорати саноати Ветнам созишномаи наверо имзо карданд, ки боҷҳои гумрукиро барои нимҳатти восиҳо (полупроводники) ва маҳсулоти технологӣ бекор мекунад. Ин гом барои кам кардани вобастагии Вашингтон аз бозори Чин нигаронида шудааст.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 20 августи соли 2026
20.08.2026 10:26
1067
Кохи Сафед эълон кард, ки нисбат ба се ширкати бузурги логистикии Аврупо барои ҳамкорӣ бо бахши энергетикии Эрон ва вайрон кардани таҳримоти Вашингтон маҳдудиятҳои шадиди молиявӣ ҷорӣ мекунад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 19 августи соли 2026
19.08.2026 12:49
944
Президенти ИМА Доналд Трамп бо нашри як харита гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро «Қаламрави нави ИМА» эълон кард. Дипломатҳои Эрон дар ҷавоб бо шӯхӣ харитаи ИМА-ро нашр карда, иёлати Калифорнияро «Қаламрави нави Эрон» номиданд. Дар ҳамин ҳол, маълумотҳо нишон медиҳанд, ки Эрон назорати роҳро гум кардааст ва 80%-и киштиҳо аз масири Умон ....
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 17 августи соли 2026
17.08.2026 13:01
404
Имрӯз, 17 август, муҳлати Ёддошти тафоҳуми 60-рӯза (MoU) барои оташбас ва музокироти сулҳ байни Вашингтон ва Теҳрон расман ба охир расид. Ҳарду тараф созишро тамдид накарданд ва якдигарро ба вайрон кардани шартҳо айбдор мекунанд, ки ин хавфи оғози давраи нави ҷангро шиддат медиҳад.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 16 августи соли 2026
16.08.2026 13:28
3374
Шаби гузашта Украина яке аз калонтарин ҳамлаҳои ҳавоии таърихи ҷангро анҷом дод. Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки 822 паҳподро нобуд кардааст, ки 600-тои онҳо ба самти Москва парвоз мекарданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо 6 нафар ҳалок шуданд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 15 августи соли 2026
15.08.2026 12:37
988
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки пас аз шикасти Эрон, ният дорад гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро расман қаламрави ИМА эълон кунад. Муҳосираи баҳрӣ идома дорад ва Трамп аз амрикоиҳо хост, ки ба хотири пешгирӣ аз силоҳи ҳастаии Эрон, нархи баланди бензинро ($4.08 барои як галлон) таҳаммул кунанд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 13 августи соли 2026
13.08.2026 10:58
366
Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки Вашингтон назорати комили гулӯгоҳи стратегии Ҳурмузро ба даст гирифтааст ва муҳосираи баҳрии онҳо ба мисли «девори пӯлодин» кор мекунад...
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 12 августи соли 2026
12.08.2026 12:23
1030
Мақомоти Испания эълон карданд, ки дар пайи торикии тӯлонии имрӯза, ки аз сабаби тӯфони Офтоб ба амал омад, садҳо муҳоҷир аз шимоли Африқо кӯшиш карданд, ки тавассути деворҳои марзии Сеута ва Мелиля вориди хоки Аврупо шаванд.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 10 августи соли 2026
10.08.2026 13:34
414
Кохи Сафед бастаи нави маҳдудиятҳоро барои содироти чипҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ (AI) ба Чин эълон кард. Ин тасмим боиси вокуниши шадиди Пекин ва коҳиши саҳмияҳои ширкатҳои технологӣ дар бозорҳои Осиё гардид.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 07 августи соли 2026
07.08.2026 13:55
325
Эрон ва Умон ба марҳалаи ниҳоии созишнома оид ба идоракунии муштараки гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз ворид шуданд. Доналд Трамп эълон кард, ки созиш наздик аст, вале Теҳрон шарт гузошт, ки боз шудани роҳ танҳо пас аз лағви муҳосираи баҳрии ИМА имконпазир аст.
"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 06 августи соли 2026
06.08.2026 12:16
321
Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки созишнома оид ба бозсозии гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз метавонад "имрӯз ё фардо" ба имзо расад, зеро музокироти миёнаравии Омон ба марҳилаи ниҳоӣ ворид шудааст.
















