НИШАСТИ ХАБАРИИ УМДАИ РАИСИҶУМҲУРИ РУСИЯ
19.05.2011 10:54
1375
Медведев аз посух ба суол дар мавриди ширкаташ дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ худдорӣ кард. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон, ки дар маркази инноватсионии Сколковои канори Маскав баргузор шуд, ӯ гуфт, ки барои пахши ин гуна изҳорот на нишасти хабарӣ ...
ОБАМА БА РАҲБАРИ СУРИЯ: "Ё ДЕМОКРАТИЯ Ё ИСТЕЪФО!"
19.05.2011 10:47
1279
Барои нахустин бор ҳукумати Амрико бо дастури раисҷумҳур, Барак Обама, алайҳи Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ва шаш дастёри ӯ таҳрим эъмол кард. Барак Обама, ҳамчунин аз Башшор Асад хостааст, ё роҳи демократияро пеш бигирад ва ё аз мақомаш биравад.
"МОДАР СӮЗОН" ОЗОД ШУД. БО МУБОРАК ЧӢ МЕКУНАНД?
18.05.2011 12:25
1443
Cӯзон Муборак, хонуми раҳбари пешини Миср, барои дар ихтиёри давлат гузоштани сарвату молу мулкаш розӣ шуд. Ӯ ахиран зери санаде имзо гузошт, ки бар пояи он аз манзили бошукӯҳ дар канори шаҳри Қоҳира ва 3,4 миллион доллар дар ду ҳисоби бонкияш ба манфиати давлат даст мекашад.
ВАЗИРИ НАФТИ ЛИБӢ "ДАВЛАТРО ТАРК КАРДААСТ"
18.05.2011 12:21
1324
Шукрӣ Ғоним, вазири нафти Либӣ, кишварашро тарк карда ва бархе гузоришҳо ҳокист, ки ӯ қасди паноҳандагӣ дорад. Мақомҳои тунисӣ мегӯянд оқои Ғоним, ки замоне нахуствазир буд, ибтидо аз роҳи заминӣ вориди Тунис шуд ва баъд ба ҷазираи Ҷербо рафт.
ГРЕГ МОРТЕНСОН ВА МОҶАРОИ "СЕ ПИЁЛА ЧОЙ"-И Ӯ
17.05.2011 15:26
1428
Муаллифи китоби “Се пиёла чой”, Грег Мортенсон, ҳоло зери интиқодҳои шадиде мондааст, ки марбут ба тақаллуб аст. Дар ин бора чанде пеш як барномаи вижаи таҳқиқотии телевизиони Амрико гузориш дод. Вале оё вазъи воқеӣ дар минтақае, ки ӯ чанд сол пеш дар китобаш тасвир кардааст, чӣ гуна аст?
ҲУШДОРИ СЕНАТОРИ АМРИКОӢ БА ПОКИСТОН
17.05.2011 10:52
1205
Cенатор Ҷон Керрӣ гуфтааст, ки шавоҳиде вуҷуд дорад, ки Покистон аз бархе фаъолиятҳои шибҳинизомиён дар хоки Афғонистон огаҳ аст. Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, ин сенатори демократ ва раиси Комиссиюни равобити хориҷии сенати Амрико рӯзи якшанбе ...
МАҶЛИСИ ПОКИСТОН АМАЛИЁТИ ҚАТЛИ БИН ЛОДИНРО МАҲКУМ КАРД
14.05.2011 21:06
1384
Маҷлиси Покистон амалиёти қатли Бин Лодин ва ҳамалоти ҳавопаймоҳои бехалабони Амрикоӣ дар қаламрави ин кишварро маҳкум кардааст. Намояндагони маҷлиси ин кишвар рӯзи 14 май дар ҷаласае тӯлонӣ дар пайи амалиёти таковарони омрикӣ ва кушта шудани Усома бин Лодин ...
ДОСТОНИ ИШҚИ НОКОМ. ЧАШМ ДАР БАРОБАРИ ЧАШМ
14.05.2011 21:01
1497
Саргузашти ҷавонзани эронӣ, ки барои радди пешниҳоди издивоҷ маъюб ва зиштрӯ гашт, баҳси ҷаҳонӣ бапо кардааст. Ин дар ҳолест, ки вай барои гунаҳкори воқеа айни ҷазоро талаб кардааст. Ва додгоҳ низ талаби ӯро ба эътибор гирифту ҳукми “чашм дар баробари чашм”-ро баровард.
ПУТИН ДАР САР ҲАВОИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДОРАД
13.05.2011 18:06
1466
Владимир Путин аз қасди бозгашти худ ба мақоми раёсати ҷумҳури Русия аломатҳои қавӣ нишон медиҳад. Дар ин авохир Владимир Путин бо намоиш додани чанд ибтикор, аз ҷумла таъсиси “Ҷабҳаи мардумӣ” ва ожонсии назорат ба навовариҳо, аз оғози ворид шудан ба маъракаи пешазинтихоботӣ, пайғом дод.
САЛАФИҲОИ МИСР БОЗИЧАИ ДАСТИ ХОРИҶИҲОИ СИТЕЗАҶӮ ҲАСТАНД
10.05.2011 13:06
1783
Ҳафтуми майи соли равон дар байни мусалмонони салафимаслак ва масеҳиёни ортодоксии Миср даргириҳои шадиде ба амал омад ва дар натиҷа 7-тан аз мусалмонон ва 5-тани дигар аз масеҳиён кушта шуд. Ҳамчунин наздик ба ду сад нафари дигар ҷароҳат бардоштанду ба ҳамин миқдор ашхоси ...
ВАШИНГТОН БА ДУНБОЛИ МУЛЛО УМАР
10.05.2011 10:29
1556
Баъд аз қатли бин Лодин акнун Вашингтон дар ин фикр аст, ки бо Мулло Умар, раҳбари Толибон ва муттаҳиди маъруфи раҳбари Ал-Қоида чӣ кор кунанд. Дар ҳоле, ки раҳбарони ғайринизомӣ дар андешаи кашонидани Толибон бар сари мизи музокира мебошанд, раҳбарони амниятиву низомӣ дар фикри оғози ...
ВАЗЪИ МУШКИЛИ МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД
10.05.2011 10:19
1380
Талоши Маҳмуди Аҳмадинажод барои аз мақом сабукдӯш кардани вазири истихбороти кишвараш, ӯро дар ростои низои ошкор бо яке аз нерӯмандтарин мардҳои Эрон, раҳбари олӣ, Оятулло Алӣ Хоманеӣ қарор дод. Вай раисҷумҳурро маҷбур кард, то вазирро дубора дар мақомаш барқарор кунад.
ПОКИСТОН ҚАЗИЯИ БИН ЛОДИНРО ТАҲҚИҚ МЕКУНАД
09.05.2011 20:57
1510
Сарвазири Покистон аз кишвари худ дифоъ кард ва ба таҳқиқи комили қазияи бин Лодин дастур дод. Бо гузориши муфассали худ ба порлумони кишвараш сарвазири Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ, талош кард, ҳамзамон ба ду фишор – дохилӣ ва хориҷӣ посух диҳад.
ФИШОРИ ОБАМА БАР ПОКИСТОН ДАР ХУСУСИ БИН ЛОДИН
09.05.2011 11:05
1494
Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, аз Покистон хостааст, ки дар мавриди шабакае, ки дар даврони иқомати Усома бин Лодин дар махфигоҳаш дар Покистон аз ӯ ҳимоят мекард. таҳқиқ кунад. Нерӯҳои вижаи Амрико ҳафтаи пеш дар ҷараёни амалиёте Усома бин Лoдинро дар маҳалли иқоматаш дар Абитободи...
НАШРИ ПАНҶ НАВОРИ ВИДЕОӢ АЗ БОЙГОНИИ "ТЕРРОРИСТИ №1"
08.05.2011 20:44
1720
Вазорати дифои Амрико ё Пентагон панҷ навори видео аз бойгонии Усома бин Лодинро нашр кардааст. Ба гуфтаи масъулини хадамоти кашфи Амрико, бойгонии мусодирашудаи Усома бин Лодин баёнгари он аст, ки манзили ӯ дар Абботобод ситоди марказӣ буд ва назорати стратегиву фаврии “Ал-Қоида”...
















