21:05:56 10-уми Сентябри 2026 сол
Ҷамъоварии имзо барои лағви сафари Эрдуғон ба Эрон 06.04.2015 09:32 1317
Бархе аз намояндагони маҷлиси Эрон бо имзогузорӣ зери як нома хостори лағви сафари президенти Туркия ба Теҳрон шудаанд. Онҳо мегӯянд, Эрдуғон бояд аз Эрон барои иҳонати кардааш узр пурсад.
Путинро иваз кардаанд? 04.04.2015 00:55 1265
Як адиби рус, ки дар бораи Владимир Путин ду китоб навиштааст, мегӯяд, Путине, ки баъди 10 рӯзи ғайб заданаш дар моҳи март дар мазҳари ом зоҳир шуд, аз Путини қаблӣ хеле фарқ мекунад.
Таваҷҷӯҳи Амрико ба парвандаҳои Гулнора Каримова 04.04.2015 00:43 1203
Се ширкати бузурги мухобиротӣ ба додани пора ба мақомоти Узбакистон ба хотири роҳ ёфтан ба бозори ин кишвар гумонбар мешаванд. Ҳоло ба таҳқиқи ин қазия мақомоти Амрико ҳамроҳ мешаванд.
Андреас Лубитс - халабони дувуми "Аэробус 320" кӣ буд? 28.03.2015 00:09 1301
Пулиси Олмон ҷустуҷӯ ва бозрасии хонаи Андреас Лубитс-халабони дуввуми Аэробуси 320-ро дар робита бо суқути он анҷом дод. Ин халабони ҷавон ба эҳтимоли зиёд огоҳонаву қасдан ин ҳавопайморо ба замин сарозер кард.
Отамбоев зидди “Давлати Исломӣ” аз Аврупо мадад хост 25.03.2015 11:46 1281
Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфтааст, кишвараш дар рӯёрӯӣ бо таҳдидҳои гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба ёрии ҳарбии Иттиҳоди Аврупо эҳтиёҷ дорад.
Нерӯҳои амрикоӣ имсол ҳам дар Афғонистон мемонанд 25.03.2015 11:45 1239
Президенти ИМА эълон кард, ки раванди хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистонро кундтар месозад ва то поёни соли ҷорӣ 9800 сарбоз боқӣ хоҳанд монд. Бар асоси нақша, то охири соли ҷорӣ бояд 5500 аскари амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ мемонд.
Нур: "Додани бархе вазоратҳо ба Толибон кори дуруст аст, агар..." 20.03.2015 13:16 1184
Атомуҳаммади Нур, сарпарасти мақоми вилояти Балх ва аз матраҳтарин фармондеҳони муҷоҳиддини пешин дар Афғонистон, аз музокироти сулҳ бо Толибон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки тақсими қудрат бо мухолифон, кори дуруст аст.
СММ ҳузури "Давлати исломӣ" дар Афғонистонро тасдиқ кард 18.03.2015 10:45 1335
Николас Ҳейсом - фиристодаи боломақоми СММ барои Афғонистон мегӯяд, гузоришҳои ахир нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои тундрави “Давлати исломӣ” ба хоки Афғонистон низ сар даровардаанд. Николас Ҳейсом рӯзи 17 март дар Шӯрои Амнияти СММ гуфт...
"Бозгашт"-и Путин баъди тамошои "Бозгашти Қрим" 16.03.2015 23:07 1452
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 16 март билохира дар мазҳари ом зоҳир шуд. Аммо ин суол то ҳол беҷавоб мондааст, ки Путин дар тӯли ин беш аз як ҳафта куҷо буд?
Заур Дадаев: Агар қатли Немтсов ба гардан намегирифтам, худамро мекуштанд 11.03.2015 21:53 1280
Заур Дадаев, гумонбари асосӣ дар қатли раҳбари мухолифини Русия Борис Немтсов аз баёноти аввалияаш даст кашида, гуфтааст, дар ин куштор даст надорад.
Дадаев: Немтсовро барои таҳқири мусалмонҳо ва Паёмбари Ислом куштем 09.03.2015 22:22 1391
Заур Дадаев, гумонбари асосӣ дар қатли раҳбари мухолифини Русия дар ҷараёни бозҷӯӣ гуфтааст, Борис Немтсовро барои схуанони таҳқиромезаш дар бораи мусалмонҳо ва Паёмбари Ислом куштаанд.
Истамбул - пойтахти сӯиқасдҳои марговар 09.03.2015 22:19 1384
Бо вуҷуди таърихи дарози қатлҳои сиёсӣ Истамбул дар ин росто марҳалаи наверо ба сар мебарад. Дар як соли охир дар ин ҷо зиёда аз 20 куштор рӯй дода, ангеза ва фармоишгарони аксари онҳо ошкор нашудаанд.
Корвони "ҷиҳод". Аз Ховари Миёна ба Осиёи Миёна 09.03.2015 22:17 1327
Мақомоти амниятии Осиёи Марказӣҳушдор медиҳанд, ки ҷангиёни зодаи ин минтақа ақидаҳои "ҷиҳодӣ" дар сар аз Ховари Миёна бармегарданд.
Акси қотилони Борис Немтсовро пайдо кардаанд 05.03.2015 15:40 1398
Шабакаи телевизионии РЕН ТВ-и Русия хабар дод, ки мақомоти тафтишотии Русия аксҳои қотилони эҳтимолии раҳбари мухолифин Борис Немтсовро пайдо кардаанд.
Барканории 15 раҳбари "зиндони муҳоҷирон" дар Маскав 05.03.2015 15:35 1188
Дар пайи қасди худкушии дастаҷамъонаи 8 муҳоҷир тамоми раҳбарияти боздоштгоҳи муваққати ФМС дар пойтахти Русияро барканор кардаанд.