ТУРКИЯ: ЭРОН ОМОДАИ МУЗОКИРОТ БО ГУРӮҲИ 5+1 АСТ
11.02.2012 14:45
1154
Вазири хориҷаи Туркия гуфт, Эрон мувофиқати худро барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ бо гурӯҳи 5+1 эълом кард. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия мегӯяд, дар ҷараёни дидори ахираш аз Эрон мақомҳои ҷумҳурии исломиро тарғиб кардааст ...
АҚАЛЛИЯТҲОИ МИЛЛИИ РУСИЯ - ҲОМИЁНИ ПУТИН?
09.02.2012 11:28
1190
Cиёсатмадорон мегӯянд, аксар намояндагони ақаллиятҳои миллии Русия ба ҷонибдорӣ аз Путин овоз хоҳанд дод. Арманиҳо, озариҳо, чечену тоторҳои муқими Русия ва қирғизҳову тоҷикҳое, ки шаҳрвандии ин кишварро қабул кардаанд, ба бовари сиёсатшиносон ...
ТОШКАНД НЕРӮҲОИ ФАРОНСАРО "ГАРАВГОН" МЕГИРАД
09.02.2012 11:24
1221
Узбакистон барои убури нерӯҳои НАТО ба воситаи қаламраваш "пардохтҳои бениҳоят зиёд" талаб кардааст. Вазири умури хориҷии Фаронса Жирар Лонге рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми феврал изҳор дошт, ки мавқеъгирии Узбакистон гуфтушуниди марбут ба хуруҷи ...
ЁЗДАҲ ЭРОНИИ РАБУДАШУДА ДАР СУРИЯ ОЗОД ШУДАНД
08.02.2012 12:26
1264
Эрон гуфтааст, ки бо талошҳои дипломатии Туркия ёздаҳ эроние, ки дар Сурия рабуда шуда буданд, раҳо шуданд. Вазорати умури хориҷии Эрон эълон кардааст: «Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи сешанбе дар тамоси телефонӣ бо Алӣ Акбар Солеҳӣ ...
ЛАВРОВ ДАР ДИМИШҚ. БО ПАЁМИ МЕДВЕДЕВ БА АСАД
07.02.2012 18:45
1285
Вазири хориҷа ва раҳбари хадамоти ҷосусии Русия ба раҳбари Сурия паёми ҳамтои русашро супурданд. Сергей Лавров , вазири умури хориҷии Русия ба Асад гуфтааст, ки «зиндагӣ дар сулҳу назм» ба манфиати кишварҳои арабист ...
"ИСРОИЛ ТАСМИМИ ҲАМЛА БА ЭРОНРО НАГИРИФТААСТ"
06.02.2012 21:11
1213
Раисиҷумҳури Амрико гуфт, фикр намекунад, ки Исроил дар бораи ҳамла ба Эрон тасмим гирифта бошад. Барак Обама зимни суханони худ аз телевизиони NBC-и Амрико изҳор дошт, ки кишвараш бо муттаҳиди худ Исроил ҳамкории наздик дорад ...
ВЛАДИМИР ПУТИН АЗ "ДЕМУКРОСИИ ИНТЕРНЕТӢ" ҲИМОЯТ МЕКУНАД
06.02.2012 21:09
1208
Владимир Путин, нахуствазири Русия ва номзад ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар мақолаи навбатии пешазинтихоботии худро ба мавзӯъи демукросӣ бахшидааст. Дар мақолаи мавсум ба “Демукросӣ ва кайфияти давлат”, ки дар нашрияи “Коммерсантъ” чоп шуд, оқои Путин шаклҳои нави ширкати мардум дар умури давлатдориро пешниҳод кардааст.
АРАБҲО РУСИЯРО ОЛУДА БА ХУНИ СУРИЯ МЕНОМАНД
06.02.2012 10:30
1279
Ҷаҳони араб аз мухолифати Русия ва Чин ба қатъномаи марбут ба Сурия дар Шӯрои Амният ба хашм омадааст. Ин қатъномаи пешниҳодӣ истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва қатъи хунрезӣ дар Сурияро талаб мекард.
АМРИКО ВЕТОИ РУСИЯВУ ЧИНРО “МАЗҲАКА” НОМИД
06.02.2012 10:27
993
Вазири корҳои хориҷаи Амрико ветои Русияву Чин ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба Сурияро “мазҳака” хонд. Рӯзи якшанбе (5-уми феврал) Чин ва Русия ҳангоми раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният ба қатъномае, ки саркӯбиҳои эътирозкунандагони ...
БОЗҶӮИИ ИНТЕРНЕТИИ ХАБАРНИГОРИ ФОРСИИ BBC
03.02.2012 21:41
1334
Кормандони амнияти Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо истифода аз интернет як хабарнигори бахши форсии телевизиони Бӣ-Бӣ-Сӣ дар шаҳри Лондонро пурсуҷӯ карданд.
ОНИШЕКО: "ЛИБОС ГАРМ ПӮШЕД ТО САРМО НАХӮРЕД"
03.02.2012 21:37
1236
Қарор аст рӯзи шанбе раҳпаймоии густурдаи мухолифони режими Кремл дар Маскав баргузор шавад. Интизор меравад, ки даҳҳо ҳазор тан аз муътаризон дар ин раҳпаймоӣ иштирок кунанд.
САФАРИ ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ПОКИСТОН БА КОБУЛ
02.02.2012 13:10
1212
Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири хориҷаи Покистон, дар сафаре кӯтоҳ ба Афғонистон Кобулро муҳимтарин пойтахти дунё барои Покистон тавсиф кард ва гуфт, Исломобод хоҳони равобити амиқ ва дарозмуддат бо Кобул аст.
ТОШКАНДИ "АЗИЗ". ЛУТФИ АМРИКО БА ДАВЛАТИ КАРИМОВ
02.02.2012 10:56
908
Иёлоти Муттаҳида таҳрими ироаи кӯмакҳои низомиаш ба Узбакистонро муваққатан бардоштааст. Нақши муҳими ин кишвари Осиёи Марказӣ дар амри интиқоли кӯмакҳо ба нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон, ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ ...
ҶАНГҲОИ МАХФИИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО
02.02.2012 00:33
1636
Чанде пеш иттилооте пайдо шуд, ки дар сохтори Пентагон кадом як ҷузъу томи махсуси махфие мавҷуд аст ва он дар тамоми ҷаҳон ҷанги глобалии махфиро роҳандозӣ кардааст. То айни ҳол вусъати ин ҷанг маълум набуд.
ЭРОН: "ГУФТУГӮҲО МУСБАТ ВА СОЗАНДА БУД"
01.02.2012 11:16
1332
Расонаҳои Эрон аз поёни музокирот байни ҳайати Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ва мақомоти ин кишвар хабар додаанд. Як мақоми огаҳи эронӣ низ гуфтааст, ҳайати шашнафараи Оҷонс аз ҳеҷ яке аз пойгоҳҳои ҳастаӣ дидор накарданд.
















