07:43:22 09-уми Августи 2026 сол

"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 30 июли соли 2026

ИМА ба Эрон ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ кард

HN -DdmWAAAIY21Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) эълон намуд, ки дар посух ба ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Урдун, даҳҳо ҳадаф, аз ҷумла марказҳои фармондеҳӣ ва иншооти дронҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар ҷануби Эрон бомбаборон кард.

Трамп Эронро ҳушдор дод

Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки Эрон барои ҳамлаҳояш ба низомиёни амрикоӣ ҷазои сахт хоҳад гирифт. Ҳамзамон ӯ ишора кард, ки Вашингтон имкони гуфтушунидро бо мақомоти расмии Теҳрон комилан намебандад.

Арабистони Саудӣ ва ИМА ба Ироқ ҳамлаи муштарак бурданд

Дар пайи ин ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи таҳти ҳимояти Эрон дар Ироқ, камаш 20 разманда ва 4 мушовири эронии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шуданд. Ироқ ин амалро нақзи ошкори соҳибихтиёрии худ хонд ва сафари нахуствазири Ироқ ба Риёз бекор карда шуд.

Нархи нафт дар ҷаҳон якбора боло рафт

Дар пайи шиддат гирифтани ҷанг дар Ховари Миёна ва коҳиши шадиди ҳаракати киштиҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, нархи нафти хоми Brent боло рафта, ба 88 доллар барои як баррел расид.

Ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳрҳои Украина

Артиши Русия мавҷи нави ҳамлаҳои мушакии стратегиро ба шаҳрҳои Украина, аз ҷумла ба пойтахт — Киев анҷом дод. Лаҳистон барои ҳимояи фазои ҳавоии худ ҳавопаймоҳои ҷангиро ба ҳаво бардошт.

Шиддати заминларза дар Ҷопон ва афзоиши қурбониён

Дар префектураи Кумамотои Ҷопон заминларзаи навбатии қуввааш 5,8 балл рӯй дод. Шумораи қурбониёни заминларзаи шадиди ду рӯзи охир ба беш аз 20 нафар расид ва раҳбарони ҷаҳон ба ин кишвар изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

Дрон ба як киштии амрикоӣ дар Миср ҳамла кар

Ширкати амнияти баҳрии Ambrey хабар дод, ки як дрон ба киштии ҳомили гази марбут ба ИМА дар бандари Дамиеттаи Миср, дар баҳри Миёназамин ҳамла кардааст, ки боиси оташсӯзӣ шуд.

Хушксолии шадид дар Аврупои Марказӣ

Сатҳи оби дарёи Дунай ба ҳадди рекордии паст фурӯ рафт, ки ин ба сайёҳӣ ва саноат зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар Маҷористон (Венгрия) неругоҳи ҳастаии "Пакш" маҷбур шуд, ки аз сабаби норасоии оби хунуккунанда фаъолияти яке аз реакторҳояшро коҳиш диҳад.

Резерви Федералии ИМА меъёри фоизро тағйир надод

Сарфи назар аз талабҳои пайвастаи Доналд Трамп барои коҳиш додани фоизҳо, Бонки марказии ИМА (ФРС) таҳти раҳбарии раиси нав Кевин Уорш меъёри фоизиро устувор дар шакли 3,5 - 3,75% нигоҳ дошт.

Ҷопон пешгӯии рушди иқтисодии худро коҳиш дод

Ҳукумати Ҷопон пешгӯии рушди воқеии ММД-и худро барои соли ҷории молиявӣ аз 1,3% то 0,9% коҳиш дод, ки сабаби асосии он боло рафтани нархи энергия ва вобастагии кишвар ба маводи сӯхти воридотӣ мебошад.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ