"ДАҲ ХАБАРИ РӮЗ" | 03 августи соли 2026
Оғози гуфтушунидҳои изтирории ИМА ва Эрон
Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки пас аз лағви ҳамлаҳои тарҳрезишудаи низомӣ ба Эрон, гуфтушунидҳои расмии ду кишвар барои расидан ба созиши сулҳ оғоз мешаванд.

Эрон шартҳои асосии созишномаро муайян кард
Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён изҳор дошт, ки ёддошти тафоҳуми моҳи июн имзошуда бояд "хишти аввал"-и муносибатҳои оянда бошад ва Вашингтон бояд ба уҳдадориҳои худ содиқ бимонад.
Чин ба музокироти ИМА ва Эрон ворид шуд
Вазорати корҳои хориҷии Чин эълон кард, ки Пекин омода аст ҳамчун кафили байналмилалии созишномаи нави сулҳ ва амнияти киштиронӣ дар Ховари Миёна баромад кунад.
Пешрафт дар танзими убури гулӯгоҳи Ҳурмуз
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ хабар дод, ки гуфтушунидҳо бо Умон дар бораи масири нави амни киштиронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба марҳилаи ниҳоии худ расидаанд.
Таркиши марговар дар Москва "акти террорӣ" номида шуд
Шаҳрдори Москва Сергей Собянин таркиши рӯзи гузашта дар як тарабхонаи пойтахти Русияро "акти ваҳшиёнаи террорӣ" номид, вале ҳанӯз ягон гурӯҳ масъулиятро ба уҳда нагирифтааст.
Ҳамлаи марговар ба намоиши сулҳ дар Покистон
Дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар ҷараёни эътироз ва ҳамоиши сулҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақаи Свати Покистон, камаш 13 нафар кушта ва 22 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Истеъфои эҳтимолии раиси ФИФА ва номзадҳои нав
Баъд аз бойкоти УЕФА ва фишорҳои шадиди клубҳои аврупоӣ, расонаҳо рӯйхати аввалини номзадҳои эҳтимолиро барои ҷои Ҷанни Инфантино, аз ҷумла собиқ ситораҳои машҳури футболро нашр карданд.
Ҳиндустон ҳуқуқи мизбонии Бозиҳои Ҳамсуд-2030-ро ба даст овард
Шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон дар маросими пӯшидашавии бозиҳо дар Глазго расман ҳуқуқи баргузор кардани Бозиҳои Ҳамсуд (Commonwealth Games) дар соли 2030-ро соҳиб шуд.
Кишварҳои ОПЕК+ истихроҷи нафтро зиёд мекунанд
Шаш кишвари аъзои ОПЕК+, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Русия, Ироқ ва Кувайт созиш карданд, ки аз моҳи сентябр ҳаҷми умумии истихроҷи нафтро рӯзона 188 ҳазор баррел зиёд кунанд.
Эълони ҳолати фавқулодаи тибқӣ дар Яман
Мақомоти Яман аз сабаби авҷ гирифтани бемории сурхча (корь) дар вилояти Маъриб, ки боиси марги 12 нафар ва сирояти беш аз 1600 тани дигар гардид, ҳолати фавқулодаи тибқӣ эълон карданд.
“Рӯзгор”
















