05:10:02 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МЕЪМОРИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

Аббос Алиев, нахустин вазири маорифи Тоҷикистони Шӯравӣ, соли 1899 дар Бухоро таваллуд шудааст. Фаъолияти Аббос Алиев дар ин мақом солхои 1924 шурӯъ шуда, то соли 1927 идома ёфтааст. Таърихнависон ва пажӯҳишгарон ӯро яке аз равшанфикрони солҳои 20-уми асри гузашта унвон дода, мегӯянд, Аббос Алиев дар ҳақталошиҳои кишвар барои ҳифзи забон ва ҳуввияти миллӣ нақши чашмгир доштааст.

Хатмкардаи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Маскав Аббос Алиев як муддат профессори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна ва устоди Дорулмуаллимини Тошканд будааст. Вале дар замони фаъолияти раиси Комииссариати халқии Бухоро Файзулло Хоҷаев дар соли 1935 бо иттиҳоми таҳқири мақоми баландпояи давлатӣ ва мухолифат ба пантуркизм зиндонӣ шуд. Ӯ ду солро пушти панҷараи оҳанин сипарӣ кард, вале тавонист бегуноҳии худро собит кунад. Аммо дигар натавонист ба зинаҳои баланди фаъолият дастрасӣ пайдо кунад. Баъди берун шудан аз маҳбас ӯ як муддат дар Донишкадаи омӯзгори ба номи Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ) ба ҳайси мудири кафедаи таърих фаъолият кард.

Вале баъдан ба кору фаъолият дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя бартарӣ дода, аввал муддате дар Бишкек ва баъдан тайи чандин сол дар Алмаато ба сар бурд. Фаъолияти Аббос Алиев дар ин ҷумҳуриҳо ҳам ба таълиму тадрис дар донишгоҳҳои марказӣ марбут буд. Ӯ соли 1958 дар Алмаато аз дунё даргузашт.

НАХУСТИН ВАЗИРИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди тоҷик ва яке аз шогирдони Аббос Алиев, мегӯяд, солҳои вазири маориф будани Алиев Тоҷикистон ба сифати як ҷумҳурии мухтор дар ҳама масоил дастнигари Тошканд буд. Вале сарфи назар аз набуди имконоти моддӣ барои бунёди мактабҳои нав Аббос Алиев барои маҳви бесаводӣ дар кишвар талошҳои зиёд кардааст.

Дар он давра мардум дар бораи мактабҳои нав маълумот надоштанд в барои таҳсили фарзандони худ дар макотиби тозатаъсис иҷоза намедоданд. Ба даст овардани дилу эътимоди мардум кори осон набуд. Ин хам дар ҳоле буд, ки мактабҳо ба ном мактаб буданд, вале дар асл на бино мавҷуд буд на ҷиҳози таҳсил. Муҳаммадҷон Шакурӣ меафзояд, ки Тошканд барои фиристодани ин гуна ҷиҳоз ба Тоҷикистон дили нохоҳам дошт.

Вай гуфт, «Аббос Алиев аввалин вазир буд, вале ягон китоби дарсӣ мавҷуд набуд. Пайдо кардани қалам ва дафтар мушкил буд. Ҳамаи инро аз Тошканд дастрас кардан мумкин буд, аммо Тошканд намефиристод».

Оғои Шакӯри меафзояд, таърихи маорифи тоҷик аз фаъолияти Аббос Алиев шакл гирифта, бо вуҷуди навкорию навсозӣ дар ин самт Тоҷикистони мухтор дар ҳайати Узбакистон маҳз дар ҳамин давра тавонист, ки аввалин мактабҳои типи навро таъсис диҳад ва мардумро аз бардагии маҳви бесаводӣ наҷот бахшад. Мазҳ дар ин давра мардуми тоҷик ба марҳилаи нави дастрасӣ ба хату савод расиданд.

БАҲСИ ХАТИ ЛОТИНӢ ВА СИРИЛЛИК

Аммо таърихшинос Қиёмиддин Сатторӣ мегӯяд, ки ташаккули маорифи Тоҷикистон дар солҳои 20-ум ва 30-юм бо хати лотинӣ ва сириллик маънои ташаккули маорифи миллӣ набуд. Ин иқдом, ба гуфтаи ӯ, мардуми тоҷикро аз хатту фарҳанги ниёгон ба тамом бурид ва пойбанди алифбои лотиниву сирилик намуд. Аммо Оғои Сатторӣ дар робита ба арҷ гузоштан ба хизматҳои Аббос Алиев ҳамчун вазири маорифи он давр фикрҳои ҷолиб дорад.

Ҷаноби Сатторӣ мегӯяд, "дар даврае, ки Аббос Алиев вазири маорифи Тоҷикистон буданд, хати тоҷикон форсӣ буд. Дар ягон санад ва маводи бойгонӣ қайд нашудааст, ки дар иваз кардани хат дасти ӯ низ бошад. Ӯ яке аз шахсиятҳои бузурге буд, ки ба муқобили фармудаҳои болшевикон мавқеъ гирифтанд ва ин буд, ки ӯро бадарға ва ҳабс карданд”.

Ҳамсӯҳбати ман аз ҷойгоҳи Аббос Алиев дар рушди таҳдоби маорифи тоҷик истиқбол мекунад, аммо таассуф мехӯрад, ки ин шахсияти таърихӣ натавонист аз равандҳои номатлуби зидди манофеи миллӣ ҷилавгирӣ кунад. Оғои Сатторӣ мегӯяд, шояд мавқеи Алиев ва Айнӣ дар қиболи табдили хати ниёгон ба хати лотинӣ ва сирилик мувофиқи талаби замон ва дуруст ҳам бошад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ин шахсиятҳо бо доштани мавқеи мухолиф бо сиёсати давр сари худро ба бод медоданд.

МУБОРИЗИ САРСАХТИ ЗИДДИ ПАНТУРКИЗМ

Аммо Муҳамадҷони Шакурӣ дар ин бора назари дигар дорад. Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, дар замони Аббос Алиев хати ниёгон истифода мешуд. Ва вақте ки аз Тошканд барои тоҷикон китобҳои дарсӣ намерасид, худи Алиев ҳайати мушовара таъсис дод, то ки барои талабаҳои аз синфи 1 то 5 китобҳои дарсӣ бо хати форсӣ навишта шавад. Табдили хат дар Тоҷикистон баъди солҳои сиюм шурӯъ шуд, солҳое, ки Аббос Алиев яке аз муборизони сарсахти пантуркизм дар Бухоро буд ва мардуми Бухороро бар зидди сиёсати пантуркизм дар ҷомеа ба майдон кашидааст.

Таърихшинос Исмоил Раҳматов мегӯяд, ки ба хати лотинӣ гузаштани мардуми Бухоро зарурати замон буд. Зеро аксарияти мардум дар омӯхтани хати форсӣ мушкилӣ мекашиданд. Ва ҳадафи роҳандозии хати лотинӣ ҳам босаводкунонии мардум буд. Баъди ин ислоҳоти хатӣ мардум тавонистанд, ба зудӣ соҳиби савод шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳудуди се-чор дарсад босавод буду халос ва 99 дарсад мардум бошад саводи хондану навиштан надоштанд.

Вай гуфт, “мардуми тоҷик то ин дараҷа бесавод буд, ки Нисор Муҳамади афғон баъди Аббос Алиев вазири дуюми маорифи Тоҷикистон шуд. Аввалин китоби дарсӣ барои тоҷикон аз тарафи ҳамин афғон навишта шудааст”.

Набераи Аббос Алиев Зулфия Раҳимова мегӯяд, ки бобояш донандаи 11 забон ва муаллифи 29 китоб буд. Аммо мутаассифона ягон асари ӯ дар китобхонаҳои Тоҷикистон мавҷуд нест. Хонум Зулфия тасмим дорад, ки ба Укроин ва Қазоқистон рафта, асарҳои бенишони бобояшро пайдо кунад ва онҳо дубора нашр намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон 110-солагии Аббос Алиев нахустин вазири маорифи кишварро, ки дар саргаҳи муборизаҳо барои босаводсозии мардум истода буд, дар як конфронси хурд таҷлил кард.

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi