14:13:46 14-уми Июни 2026 сол

САДОИ ҶОВИДОНИ БУЛБУЛИ ШАРҚ: ДАР ДУШАНБЕ 80-СОЛАГИИ АҲМАД ЗОҲИРРО ТАҶЛИЛ НАМУДАНД

Имрӯз дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе, маҳфили хотирмон ва бошукӯҳе бахшида ба 80-солагии Султони қалбҳо ва нобиғаи такрорнашавандаи ҳунар, Аҳмад Зоҳир, баргузор гардид.

1 mahfil 12124545Имрӯз дар як фазои гарми фарҳангӣ ва саршори меҳру муҳаббат, ҷамъе аз аҳли адаб, ҳунармандони маҳбуб, пажӯҳишгарони санъат ва ҳаводорони сершумори суруду таронаҳои безаволи Аҳмад Зоҳир ба ҳам омаданд, то 80-умин солгарди заминии ин устоди беназири мусиқиро гиромӣ доранд.

2_mahfil_12124545Маҳфили ёдбуд таҳти унвони "Садои ҷовидон"доир гардида, бори дигар собит намуд, ки санъати асили Аҳмад Зоҳир марзҳоро шикаста, пас аз даҳсолаҳо низ дар қалби мардуми тоҷик мақоми хоса дорад. Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти ӯ, интихоби баланди ашъори классикӣ, махсусан пайванди ногусастании сурудҳои ӯ бо ғазалиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ суханронӣ карданд.

3 mahfil 12124545Ёдбуд ва хотираҳо: Зиёиён ва муҳаққиқони соҳаи санъат таъкид доштанд, ки Аҳмад Зоҳир мактаби хосеро дар мусиқии муосири Шарқ замина гузошт, ки имрӯз ҳам барои насли ҷавони сарояндагони тоҷик ҳамчун сарчашмаи илҳом хизмат мекунад.

4 mahfil 12124545Ҳунармандони шинохта Асадуллои Шамсзод, Абӯбакри Азиз, Ҳотами Равшан, Сафарали Сафаров ва Валери ҳаводорони ҷавони сурудҳои аслӣ беҳтарин таронаҳои овозхон, аз ҷумла "Ай қавми ба ҳаҷ рафта", "Чун дарахти фарвардин", "Худо бувад ёрет" ва дигар сурудҳои маҳбубро бо ҳамовозии гарми тамоми толор ба таври зинда иҷро намуданд.

10 mahfil 12124545Маҳфил бо як рӯҳияи баланди маънавӣ, кафкӯбиҳои пурмавҷи ҳозирин ва бо иҷрои дастаҷамъонаи яке аз таронаҳои хотирмони ӯ ба анҷом расид. Ҳаводорон изҳор доштанд, ки садои сеҳрноки ӯ ҳамеша ҳамсадои қалбҳо ва пайвандгари фарҳангиву маънавии халқҳои форсизабон хоҳад монд.

 

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ