15:32:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бӯи хуши ин хок зи Истиқлол аст

Мо дирӯз Ҷашни Истиқлол доштем. Ба истиқлолияти мо 22 сол шуд ва 22 сол ба инҷониб тоҷикон бо ифтихор аз ин рӯз таҷлил мекунанд, онро бо эҳтиром як дастоварди миллии худ медонанд. Ва бидуни шак чунин ҳам ҳаст.

istiqloli-tojik 45787854

Новобаста аз он ки майдони баҳси мову ман ҳанӯз гарм аст, ки ин Истиқлол самараи талоши кӣ буд. Имрӯзиён ба назар мерасад майле надоранд ҳақиқати таърихро рӯи об бароранд, вале дирӯзиён ё нестанд ва ё ҷуръати ин баҳсро надоранд. Баъзан мепурсем аз худ: бо гузашти беш аз бист сол ҳоло магар ин муҳим аст, ки муаллифи Эъломияро ҷӯем, дар ҳоле, ки медонем, ки ин кор ҳоло аслан номумкин ва берун аз имкон аст.

Саргарми ин баҳсҳо аз дарки мафҳуми истиқлол дур мешавем ва талхком мемонем. Пас ин баҳсро гузорем ба муаррихини ояндаву имрӯз аз Истиқлол ҳарф занем. Аз он ки ҳарчӣ баъди эълони он аз сари мо гузашт, ин таърихи мост ва миллатҳо тӯли таърих баъди расидан ба мустақилият хеле иштибоҳҳо мекунанд ва иштибоҳот онҳоро пухтатар месозад. Шояд рӯзе расад, ки ояндагон ба имрӯзи мо бо ришханд баҳо диҳанд, ки неъмати Истиқлолро гоҳ ба манфиати якеву гоҳи дигар ба суди дигаре хостем истифода кунем.

tojdini shoir-45621Муҳаммадризо Тоҷдинӣ шоир, нависанда ва муҳаққиқи эронӣ, узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд, ки муддатест дар Тоҷикистони азизи мо иқомат дорад,  дар ин рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлол чанд шеъри дар васфи Истиқлол, Ватанамон -Тоҷикистони азиз ва соҳибони ин мулк навиштаи хешро дар ихтиёри ҳафтаномаи "Рӯзгор" гузошт, ки ҳоло мо бо ибрози миннатдорӣ аз муаллиф онҳоро тақдими шумо, хонандагони азиз мекунем. Ва ҳамзамон якояки миллати шарифро ба ин рӯзи хуҷаста муборакбод менамоем. Пояндаву ҳамеша бод ин рӯзу ҳама рӯзҳои дигар!!!

"Истиқлол"

Тақдим ба мардуми шариф ва бузургвори Тоҷикистон ба муносибати 22-мин соли тиллоии Истиқлол.

Симурғ, ки парри ӯ ба назди Зол аст,

Рамзею нишонае зи Истиқлол аст.

Хуш бош дар ин ҷаннати пурсоқию ҳур,

Ҳоле, ки туро давлати зарринбол аст.

***

Бӯи хуши ин хок зи Истиқлол аст,

В-ин "Модари май" ток зи Истиқлол аст.

Бо зӯҳраи чангӣ, фалаки Давлат хон,

Гулбонги тарабнок зи Истиқлол аст.

***

Ҷонон ҷону ҷони ҷаҳон Истиқлол,

Тоҷи сари ҳар пиру ҷавон - Истиқлол.

Сарв асту сарафрозу суруд асту сурур,

Ҳамвора баҳори бехазон - Истиқлол.

***

Биншину бинӯш ҷоме аз Истиқлол,

Хуштар набувад номе аз Истиқлол.

Гар ишқи ватан дорию ошиқ бошӣ.

Модом, чи хуш комӣ аз Истиқлол.

***

Бар гардани ишқ дасти Истиқлол аст,

Ошиқ чӣ кунад, ки масти Истиқлол аст.

Май нӯш ба фасли ваҳдату озодӣ,

Ҳар ҳуру парӣ ба шасти Истиқлол аст.

***

Тоҷи сари Сомон зи Истиқлол аст,

В-ин раҳмати Раҳмон зи Истиқлол аст.

Шукронаи Ҳақ кунеду ошиқ бошед,

Шеъри тари ошиқон зи Истиқлол аст.

***

Ин хонаи обод зи Истиқлол аст,

В-ин миллати озод зи Истиқлол аст.

Бо чангу рубоб хон ту шеъри тоҷик,

Ин шавқату ин дод зи Истиқлол аст.

--------------

Дар синаи ишқ номи Истиқлол аст,

В-ин мастии ҷон зи ҷоми Истиқлол аст.

Тоҷик агар сарви сиҳӣ шуд ба ҷаҳон,

Аз қомату аз қиёми Истиқлол аст.

***

Фарҳангу шараф зи номи Истиқлол аст,

Шодию тараб зи коми Истиқлол аст.

Гар мастии ишқ хоҳию озодӣ,

Бархезу биё, ки ҷоми Истиқлол аст.

***

Фирдавси барини ошиқон - Истиқлол,

Рахшанда чу хуршеди ҷаҳон - Истиқлол.

Тоҷик,ки чун Рустами дастон шудааст,

Додаст ба ӯ тиру камон - Истиқлол.

 Тоҷикистон

Тоҷикистон хоки ту мӯҳри намоз,

Ошиқам бар ту зи дигар бениёз.

Рӯзу шаб бӯса занам бар хоки ту,

Ошиқам бар ишқу меҳри поки ту.

Эй Ватан, ту сӯзану ман риштаат,

Тору пудам ҷомаи сабзи танат.

Хоки ту заррина бошад ҳар замон,

Фахри ту тобон бувад дар ду ҷаҳон.

Чун бимирам бишнавам номи туро,

Дам ба дам нӯшам майи ҷоми туро.

Рӯдакӣ, Синову Розӣ аз ту бод,

Айнию Лоиқ ҳам аз маҳди ту зод.

Эй Ватан, эй хоки ту ҷону дилам,

Номи ту доим бирӯяд аз гилам.

Парчамат дар осмонҳо сарфароз,

Мекунад парвоз чун шоҳину боз.

То абад поянда Истиқлоли ту,

Дар ҷаҳон тобанда заррин боли ту.

Фахри тоҷикон бувад аз номи ту,

Тоҷи сомон ҷовидон бар боми ту.

Бӯи Ҷӯи Мулиён аз хоки ту,

Меҳри Раҳмон ҷони оташноки ту.

"Тоҷ" менозад, ки дар о?ӯши туст,

Масти ишқ аз бонки нӯшонӯши туст.

Набошад ошиқе ҳамхӯи тоҷик

Пешкаш ба азизони бостонӣ ва ҳамватанони остониам - мардуми шарифи Тоҷикистон

Ҳамора гулфишонам рӯи Тоҷик,

Бибӯсам чеҳраву абрӯи Тоҷик.

Нишон аз Рустаму Гударзу Бежан

Бигирам то биёям сӯи Тоҷик.

Забони поки Фирдавсӣ бимондааст,

Ба майдони фасоҳат гӯй Тоҷик.

Забоне дилнишин, шеъре шакарвор,

Шаробу шарбати ҷодӯи Тоҷик.

Бинӯшӣ шири шеъри Рӯдакиро,

Шавӣ чун Айнии хушгӯи Тоҷик.

Зиҳӣ маҳди тамаддун хонаи ишқ,

Шавӣ ошиқ зи атру бӯи Тоҷик.

Ба тан пӯшида бабри Рустами Зол

Бинозам ғайрату бозӯи Тоҷик.

Диле к-аз ғам бувад нолону гирён,

Шифо ёбад зи ҷондоруи Тоҷик.

Зи обу офтобу хоку оташ,

Набошад ошиқе ҳамхӯи Тоҷик.

Ба хуни Ориёву ҷони Эрон

Бувад маънус по то мӯи Тоҷик.

Дилу ҷонҳо ҳамеша навбаҳор аст,

Шақоиқ бишкуфад аз ҷӯи Тоҷик.

Тилои тоҷи истиқлоли Сомон

Дурахшад бар сари минӯи Тоҷик.

Бинозам "Тоҷи" шеъру тахту шоир

Хушо донову донишҷӯи Тоҷик.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi