18:47:40 25-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
26 27 28 29 30 31

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Намоишгоҳи байналмилалии китоб: аз ҷиддият то расмият

Сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоб субҳи рӯзи 4-уми сентябр дар муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза"-и пойтахт шурӯъ ба кор кард. Он рӯз як ҳолати наздик ба ҷашнвораи муҳим ба мушоҳида мерасид. Саҳни бино ба парчами кишварҳои ширкаткунанда оро ёфта буд ва ҳанӯз пеш аз оғоз, соати 9 субҳ садои 20 карнай олами атрофро ғулғула андохт.

nbk-21544545Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар, масъулини Вазорати фарҳанг, адибони шинохта, олимон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ, ҳамчунин меҳмонон аз мамолики мухталиф якояк вориди толори Намоишгоҳ мешуданд. Дар сe ошёнаи бино даҳҳо навиштаҷотро метавонистӣ бихонӣ, ки мавзеъ ба кадом муассисаи чопӣ ва ё кишвар будани мавзеъро нишон диҳад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо сухани мухтасари муқаддимотӣ ширкаткунандагонро ба ҷашнвораи китоб хайрамақдам гуфт ва Намоиши байналмилалии китобро кушода эълон кард. Ва ба дунбол Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, Президенти Академияи улуми кишвар Маҳмадшо Илолов, Сафири фавқулодда ва мухтори Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар Абдулҳамид Самадов суханронӣ намуданд.

Дар нахустин рӯзи худ Намоишгоҳ барномаҳои гуногунро пешкаши ширкаткунандагон кард. Аз ҷумла, соати 11 маросими рӯнамои китоби тозанашри нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад "Санги маҳак ва тарозуи ҳунар" баргузор гардид. Китоб дар нашриёти "Адиб" рӯи чоп омада, аз андешаву бардошт ва ёду хотираҳои адиби маъруф дар бораи зиндагӣ мураттаб шудааст. Нависандаи шинохта ба пурсишҳои хонандагони асараш ва ширкаткунандагони рӯнамои китобаш посух дод.

Ба дунболи он баъд аз зӯҳр шиносоии хонандагон бо ҷилди дуввуми китоби "Энсиклопедияи миллии тоҷик" баргузор гардид. Маҳфил бо сухани муқаддамотии директории Муассисаи давлатии "Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик" Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ шуруъ шуд ва мавсуф дар бораи муҳтаво ва арзиши илмии китоби мазкур сухан ронд ва чопи ин китобро муҳим ва саривақтӣ донист.

Ҳамон рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилии "Ташкили маркетинги китоб дар интишорот" баргузор шуд ва дар он олимону мутахассисони Китобхонаи миллӣ, устодону донишҷӯёни факултаи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва кормандони нашриёти "Ирфон" иштирок карданд. Ин Конфронс бештар сари муаммову мушкилоте баҳс кард, ки дар самти ташкили фаъолияти маркетингии нашриётҳо вуҷуд доранд.

Дар дуввумин рӯзи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар мавзӯъи "Тарроҳии китоби бачагона" семинарии омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он рассомон, тарроҳон, адибон, муҳаррирон ва сарварони нашрияву чопхонаҳо, омӯзгорони мактабҳо ва кӯдакистонҳо иштирок намуданд. Директори нашриёти "Адабиёти бачагона" Наҷмиддин Зайниддинов дар оғози семинар аз таърихи пайдоиши нашриёт ва номгӯи китобҳои интишордодаи он маълумоти мухтасар дод.

Рассомону тарроҳони нашрияҳо кӯшиш карданд бо муколама бо истифодабарандагони асосии китобҳои бачагона, хонандагони мактабҳо ва омӯзгорон тарҳҳои ҷолиби нашри китобҳоро баён доранд ва андешаҳои ширкаткунандагонро дар мавриди боз ҳам хонову шавқовар шудани сифати чопи китобҳо шуниданд. Ин хеле муҳим буд, ки дар нишаст ҳам кормандони дастгоҳҳои чопӣ, ҳам адибону ҳам хонандагон ибрози назар карданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз рӯнамои китоби тозаннашри "Таджики в зеркале истории. От арийцев до Саманидов" (нашриёти "Ирфон",соли 2012) баргузор шуд, ки онро Вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ифтитоҳ намуд ва Ҷонишини Директори Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров, доктори илми санъатшиносӣ Аскаралӣ Раҷабов, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Маҳмадюсуф Имомов дар бораи арзишҳои таърихиву фарҳангии китоб суханронӣ намуданд.

Олими тоҷик, равонпизишк, кардиолог, гиёҳпизишк, мануалист Муллозуҳур Тоҳирӣ ҳам бо истифода аз Намоишгоҳи байналмилалӣ як силсила китобҳои худро, ки тӯли чанд соли охир интишор додаст, муаррифӣ намуд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ бошад олими дигари тибб Саидҷон Нодирӣ ба ширкаткунандагон китоби тозанашри худ "Гиёҳдармонии киллия (гурда) бо ривояти Ибни Сино"-ро, ки дар Эрон интишор шудааст, муарифӣ намуд.

Раиси нашриёти "Гулбарг"-и Эрон Маҳмуди Фарҳодӣ зимни суханронӣ ва ибрози назар дар бораи арзиши илмии китоби ёдшуда, дар бораи иртиботҳои фарҳангӣ миёни Душанбе ва Теҳрон ҳарф зад ва ёдовар шуд, ки китоби доктор Саидҷон Нодирӣ бори шашум аст, ки аз ҷониби "Гулбарг" интишор меёбад ва ҳамеша мавриди пазириши хонандагони эронӣ қарор мегирад.

Маврид ба ёдоварист, ки агар дар Намоишгоҳи дуюми байналмилалии китоби Душанбе намояндагони 14 давлати олам ширкат карда бошанд, пас бо гузашти як сол теъдоди иштирокдорони он ба 17 мамлакат расидааст. Аз ҷумла, имсол дар намоиш кишварҳое чун Амрико, Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Чин, Туркия, Туркманистон, Эрон, Русия, Украин, Гурҷистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Покистон, Молдова ва Олмон иштироки фаъолона доштанд. Аммо ҷои таъкид ҳам ҳаст, ки ба назар мерасид иштироки баъзе кишварҳо дар Намоиши китоб расмияти дипломатиро мемонд. Дар гӯшаи иддае аз кишварҳо ба ҷуз 3-4 номгӯ китоби сиёсии сарваронашон ё муаррифиномаҳои давлатҳо чизи дигаре ба назар намерасид. Маълум буд, ки онҳо намояндагони сафоратҳоянд, ки ба намояндагӣ аз нашрияҳо иштирок кардаанд.

Аммо бештар аз дигарон ба Намоишгоҳ Эрон ва Афғонистон таваҷҷӯҳ кардаанд. Гӯшаи ин кишварҳо аз китобҳои тозанашр ғанӣ буд ва бинанда метавонист ҳаддиақал аз тамошои китобҳои хуб ороишёфтаву пурмӯҳтаво дида об диҳад.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе имсол аз 30 нашриёт ва намояндагони сафоратхонаҳои мамолики хориҷӣ ва 64 нашриёту чопхонаҳои ватанок намуданд.

Маркази матбуотии Намоишгоҳ дар охирин рӯзи намоиш эълон кард, ки имсол зиёда аз 23 ҳазору 800 нафар аз Намоишгоҳ дидан карданд, дар ҳоле, ки соли гузашта ин ақам камее бештар аз 19 ҳазор нафарро ташкил медод.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi