23:34:17 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муқимҷон Абдуфаттоев: "Ба ҳаҷв чун варзиш диққат намедиҳанд"

Театр-студияи "Хандинкамон" яке аз маъруфтарин гуруҳҳои ҳаҷвии кишвар маҳсуб ёфта, ҳунармандони он бо таҳияи саҳнаву намоишҳои ҷолиб тавонистаанд, ба дили мардум  роҳ ёбанд ва маҳбубияти хосаеро касб кунанд. Имсол аз таъсиси ин театр-студияи ҳаҷву мутоиба даҳ сол пур шуд. Хабарнигори "Рӯзгор" дар мавриди фаъолияти даҳсолаи "Хандинкамон" ва умуман вазъи ҳаҷв дар кишвар суҳбате орост бо сарвари ин театр-студия Муқимҷон Абдуфаттоев, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

1.muqimjon-454545-Аввалан таҳният мегӯем шуморо ба даҳсолагии театр-студияи ҳаҷвии "Хандинкамон" ва баъдан донистан мехоҳем, ки худи сарвари театр ба ин фаъолияти даҳсола чӣ гуна баҳо медиҳад?

-Даҳ сол аз як ҷиҳат муҳлати кам, аммо аз ҷиҳати дигар муҳлати дароз ҳам ҳаст барои як театр-студияи кӯчаке, ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. Албатта, тӯли ин даҳ сол дар фаъолияти мо пастиҳо ҳам буду баландиҳо ҳам. Лекин ба ҳар сурат мо дар ин муддат тавонистем ба мухлисон ҳудуди 300 барномаи консертӣ, зиёда аз 60 барномаи ҳаҷвии телевизионӣ бо номи "Дармон" ва чандин барномаи "Дукони табассум"- ро таҳия ва пешкаш намоем. Дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ҳам ширкати фаъолона доштем.

-Дар давоми фаъолиятатон чӣ мушкилот дар пеш доштед?

Як мушкили кори мо ин буд, ки давоми ин солҳо ҳунармандоне чун Ҳасанов Шаҳобиддин, Абдуллоев Фатҳулло, Ғафуров Карим, Шомирсаидова Нигора ва Гулбаҳор Ғаффорова ба "Хандинкамон" шомил гардиданду чанде фаъолият бурда, баъдан гуруҳро тарк карданд. Лекин бояд бигӯям, ки асоси театр-студия нафароне буданд, ки то ҳозир ҳамроҳи ман кор карда истодаанд. Ба ҳар сурат дар вилоят ҳаҷвнигорони касбӣ ангуштшумор ҳастанд.

-Намешавад ҷойи холии ин ҳунармандонро бо ҷавонони соҳибистеъдоди шӯху ҳозирҷавоб пур кард?

-Мешавад, аммо вақте, ки Шумо як ҷавони навро ба кор қабул мекунеду он ҷавон ба саҳна мебарояд, мардум на он қадар ба ӯву суханҳояш аҳамият медиҳанд. Ӯ барои ба дилу дидаи мардум ҷо шудан бояд, ки солҳо рӯйи саҳна фаъолият дошта бошад. Назар ба сурудхониву сарояндагӣ касби мо мушкилтар аст, зеро як сурудро метавонӣ дар чандин чорабиниҳо бихонӣ, аммо як латифаро вақте, ки дуввум маротиба такрор мекунед, дигар мардум намеханданд ва фикр мекунанд, ки Шумо пайи эҷоди чизҳои нав ҳам нестед.

-"Хандинкамон" аввалан як театр- студияи кӯчаке буд дар Исфара. Чӣ гуна бузург шуд ва омад ба Хуҷанд?

- Мо аввал дар шафати қасри маданияти шаҳри Исфара, дар театри мардумии ин шаҳр фаъолият доштем. Онҷо ман коргардон будаму Гулбаҳор Ғаффорова ва Сулаймон Саидғозиев ҳунарманд. Сипас, вақте ки ба мо аз тарафи Раиси вақти вилоят Қосимҷон Қосимов таклиф карда шуд, аввал ман худам омадам ва бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд каме кор кардам ва дар ҷараёни кор маҷбур шудам, ки Гулбаҳору Сулаймонро ҳам ба инҷо даъват намоям. Ҳамин тавр театр-студия таъсис ёфт ва баъди се-чор моҳи фаъолиятамон театр-студияи "Доно ва Коно"-ро ба кор таклиф кардем. Ва ҳамин оғози кори мо буд.

-Яке аз маъруфтарин ҳунармандони кишвар Убайдулло Раҷабов дар ҷашни даҳсолагии "Хандинкамон" таъкид доштанд, ки "ман ба Муқимҷон ва ба "Хандикнкамон" рашки сафед дорам". Ин таърифи устодро чӣ гуна қабул кардед?

-Рости гап, аз тарафи устоди ҳаҷв чунин баҳогузорӣ маро бисёр руҳбаланд сохт, чун ба натиҷаи кори Шумо як нафари дар ҳамон соҳа касбӣ ё худ профессионал баҳо диҳад, ин падидаи нек аст. Ҳамчунин дар суҳбате, ки бо устод доштем, он кас ба камбудиҳои мо низ ишораҳо намуданд ва мо барои аққалан кам кардани он норасоиҳо кӯшиш карда истодаем. Бояд ҳар ҳаҷвнигор дар ҷустуҷӯ бошаду бештар омӯзад. Имрӯз бубинед, на ҳама ҳаҷвнигорони мо фаъоланд. Масалан, ман дар оғози ҳар сол пеши худ нақша мекашам, ки давоми сол камаш шаш барнома таҳия кунам.

-Ҳамкории "Хандинкамон" бо ҳаҷвнависони вилоят чӣ гуна аст ва саҳнаҳои ҳаҷвии Шуморо кадом ҳаҷвнигорон менависанд?

-Асосан навиштани матни саҳначаҳо ва таҳияи онҳо бар дӯши ман аст. Дар баъзе мавридҳо ҳаҷвнависон аз навоҳии Ғончӣ, Исфара ва Конибодом бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Вале бояд гуфт, ки имрӯз сатҳи навиштаҳои ҳаҷвнависони мо каме поён рафтааст. Бояд ҳаҷвнависони мо дар бораи воқеаҳои имрӯза ва мувофиқи завқи имрӯзаи мардум нависанд. Чун муаллифи аксар саҳнаҳои "Хандинкамон" ман ҳастам, баъзеи онҳо мумкин камбудӣ доранд ва баъзеи дигар шояд хеле хуб омадаанд ва ин ҳама ба илҳоми ман вобаста буд.

-Ман аз чанде аз ҳунармандони театри кишвар шунидам, ки мегӯянд, ҳаҷви театр-студияи "Хандинкамон" ҳаҷви "кӯчагӣ" аст. Шумо ин эродро чӣ гуна қабул мекунед?

-Хуб, вақте норасоиҳои моро гуфта меистанд, ман хеле хурсанд мешавам. Танҳо ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки толори ҳамон ҳунармандоне, ки ҳамин гапро гуфтаанд, аз тамошобин холӣ аст, мардум ба дидани ҳунари онҳо намеояд, ба онҳо нигоҳ намекунад. Хайр то андозае эродашон дуруст аст, лекин мо имрӯз бояд ба мардум наздик шавем.

Дар театр агар галстук овезиву назди оина ман ҳунарманди бузургу маъруф гӯеду мардум ба наздатон наояд, ин хел ҳунар чӣ лозим? Имрӯз ҳунарманд бояд худ назди мардум равад, мардумро ба ҳунар ҷалб кунад. Барои чӣ толорҳои театрҳои ин қадар номӣ имрӯз холӣ аст? Барои чӣ ҳунармандони соҳибунвону соҳибҷоиза, ки ҳатто ба Маскаву Фаронса рафта, баромад мекунанд, дар кишвар толорашон холӣ аст?

-Шояд Шумо бо ин роҳ мехоҳед, ки ба мардум наздиктар шавед?

2.muqimjon-454545-Бале. Ман ба Шумо як мисол меорам. Нависандаи англис Алфрейд Рейн асаре дорад бо номи "Таксисти ошиқ". Ҳамон асарро мо бо ҳунармандони касбӣ (ҳунармандони театри Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар назар аст) бозидем. Аммо толор холӣ монд, мардум наомад, агарчӣ таблиғи зиёд карданд. Барои чӣ? Барои он ки имрӯз мардум мехоҳад, ки ҳамон гапҳо бозорӣ ҳам бошад, муҳим ҳақиқати ҳоли имрӯзро шунавад. Мардум мехоҳад дар бораи ҳаёти имрӯзаи худаш шунавад, на аз ҳаёти инсонҳои асри ҳабдаҳи Англия. Боз мегӯям, ки ба мардум бояд наздик шуд.

-Дар мавриди забони саҳнаҳои Шумо чӣ? Чаро ҳунармандони Шумо дар саҳна ба лаҳҷаи соф шимолӣ ё худ хуҷандӣ ҳарф мезананд? Оё имкон надорад, ки бо забони адабӣ баромад карда, мардумро хандонанд?

-Албатта, забони мо шева аст, шеваи мардуми шимоли Тоҷикистон. Аммо ман як чизро мегӯям, ки ҳаҷв новобаста аз он ки вай бо забони кӯчагӣ аст ё адабӣ, вай ҳаҷв аст. Ҳаҷв бояд кутоҳ бошад, хандаовар бошад ва тире, ки дар он ҳаҷв паронида мешавад, ба нишон расад. Масалан, чун Шумо ҳаҷвияеро аз забони мардуми Ёвон, Бадахшон ё Кӯлоб мешунавед, ҳамон латифаҳо аз забони худи онҳо, бо лаҳҷаи худи онҳо хандаовартар мебарояд. Вақте онро гирему адабӣ кунем, вай аллакай ширини худашро гум мекунад. Барои ҳамин ман тарафдори онам, ки мардум соф бо лаҳҷаи маҳали худаш гап занад.

-Ба вазъи имрӯзаи ҳаҷв дар кишвар чӣ баҳо медиҳед?

- То он дам, ки ба ҳаҷв, ба санъат чун варзиш диққат намедиҳанд, пеш намеравад. Ман розӣ ҳастам, ки варзишгарони мо дар бисёр давлатҳо парчами Тоҷикистонро мебардоранд, лекин дар Русия бисёр мушкилотро ба воситаи ҳаҷв ҳал мекунанд. Масалан, "Comedy Club"-ро бинед, як шабакаи телевизиониро аз худ карда гирифтанд. Ё худ "Кривое зеркало"-и Петросян. Ман ба продюссерони барномаи "Кривое зеркало" таклиф кардам, ки як барномаи худро дар Хуҷанд баргузор кунед, онҳо зиёда аз 270 ҳазор евро талаб карданд. Ман розӣ ҳастам, ки мегӯянд ҳаҷви мо кӯчагӣ аст, аммо бубинед, ки онҳо чӣ гуна ҳаҷвро ба роҳ мондаанду дар ҳаҷв чӣ гуна пеш рафтаанд.

Убайдулло Раҷабов чанд сол пеш бо ҳамроҳи Ортиқи Қодир як барнома таҳия карда буд, ана ҳаҷви тоҷик! Ман ҳозир бештар барномаҳои ҳаҷвии Аловиддин Абдуллоев ва Ҷамшеди Ҳалимро тамошо мекунам. Имрӯз ман пеши худ мақсад гузоштаам, ки дар даҳсолаи нави фаъолияти "Хандинкамон" ҳаҷвро бо тарзи комилан дигар, тарзи комилан нав ба мардум пешниҳод кунем. Моҳи сентябр мо як барномаи консертӣ дорем ва дар он бинанда тамоман услуби нави ҳаҷви "Хандинкамон"-ро хоҳад дид. Ин услубро як бор ба мардум пешниҳод менамоем, агар онҳо қабул кунанд, онро тақвият мебахшем.

-Аксари саҳнаҳои ҳаҷвии ҳаҷвнигорони тоҷик, азҷумла "Хандинкамон" ҳамон аз ҷанҷолҳои оилавиву чизҳои камаҳамият қисса мекунанд. Чаро мо ҳаҷви проблемавӣ надорем?

- Сабаби ин дар набудани ҳаҷвнависон аст. Пештар маҷаллае буд бо номи "Хорпуштак". Дар он ба воситаи ҳаҷв камбудиҳои замонаро мегуфтанд. Имрӯз ҳам саҳнаи ҳаҷв бояд саҳнае бошад, ки дар он на танҳо мушкилоти оилавӣ, балки баъзан мукшилоти замонаро ҳам онҷо иброз намоем. Ман ба ин сухани Шумо комилан розӣ ҳастам.

-Дар Хуҷанд ҳаҷвнигорони машҳуре чун устод Додохони Эгамзод ҳастанд. Барои дарёфти ҳаҷви воло чаро бо онҳо ҳамкорӣ намекунед?

-Ҳамкорӣ дорем, аммо ҳаҷве, ки онҳо ба мо пешниҳод менамоянд, на он қадар хуб аст. Бояд мо инро ошкору равшан гап занем. Баъзан навиштаҷоти онҳо ба ҳунармандони "Хандинкамон" писанд меояд ва мо ба саҳна мегузорем. Лекин имрӯз ҳаҷвнависе, ки ба маънои томаш ҳаҷвнавис бошад, нест. Ҳамчунин бисёр ҳаҷвнигоронеро медонам, ки мегӯянд "аз навиштани ҳаҷв ба мо чӣ фоида?"…

Мусоҳиб Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi