07:52:48 17-уми Январи 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ - II

Таҳияи Саидмурод Шарифов, "Рӯзгор"

Бишри Ҳофӣ

shahbazqalandar 545445Нақл аст, ки Бишри Ҳофӣ бар гӯристон гузар кард. Гуфт: ҳамаи аҳли гӯристонро дидам. Бар сари кӯҳ омад ва шағабе (шӯру ғавғо) дар эшон афтода ва бо якдигар мунозеъа (ҷангу ҷудоӣ) мекарданд, чунон, ки касе қисмат кунад чизе. Гуфтам: Бор Худоё! Маро шиносо гардон то ин чӣ ҳол аст? Маро гуфтанд: он ҷо бирав ва бипурс. Рафтам ва пурсидам. Гуфтанд: як ҳафта аст, ки марде аз мардони дин бар мо гузар кард ва се бор "Қулҳуваллоҳу аҳад" бархонд ва савоб бар мо дод. Як ҳафта аст, то мо савоби онро қисмат мекунем, ҳануз фориғ нагаштаем.

***

Нақл аст, ки Бишр гуфт: Мустафоро салоллоҳи алайҳи васаллам ба хоб дидам. Маро гуфт: эй Бишр! Ҳеҷ медонӣ, ки чаро Худои таъоло баргузид туро аз миёни ақрони ту? Ва баланд гардонид дараҷаи ту?

Гуфтам: не, ё Расулаллоҳ!

Гуфт: ба сабаби он, ки мутобиъати суннати ман кардӣ ва солеҳонро ҳурмат нигоҳ доштӣ ва бародаронро насиҳат кардӣ ва асҳоби маро ва аҳли байти маро дӯст доштӣ, Худои таъоло туро аз ин ҷиҳат ба мақоми аброр расонид.

***

Ва (Бишр) гуфт: агар ҳама умр дар дунё ба саҷдаи шукр машғул гардӣ, шукри он нагузорида бошӣ, ки Ӯ дар азал ҳадиси дӯстон кард. Ҷаҳд кун то аз дӯстон бошӣ.

Зунуни Мисрӣ

Ва (Зунуни Мисрӣ) гуфт: бар роҳи рост он аст, ки аз Худой тарсон аст, чун тарс бархост, аз роҳ биафтад.

***

Ва боз гуфт: зиндагонӣ нест магар бо мардумоне, ки дили эшон орзуманд бувад ба тақво ва эшонро нишот бувад ба зикри Худой.

***

Ва гуфт: аломати муҳаббати Худой он аст, ки мутобеъи ҳабиби Худой бувад дар ахлоқ ва афъол ва авомиру сунан.

***

Ва гуфт: ҳар чизро уқубат аст ва уқубати муҳаббат он аст, ки аз зикри Ҳақ таъоло ғофил монад.

***

Ва гуфт: аломати дили бемор чаҳор чиз аст: яке он аст, ки аз тоъат ҳаловат наёбад, дуввум, аз Худой тарснок набувад, саввум, он ки дар чизҳо ба чашми ибрат нангарад, чаҳорум, он ки фаҳм накунад аз илм он чи шунавад.

***

Ва гуфт: хавф чунон бояд, ки аз риҷо бақувваттар бувад, ки агар риҷо ғолиб ояд, дил мушавваш шавад.

Боязиди Бастомӣ

Ва Боязиди Бастомӣ гуфт: он чи дар ҷумла риёзат муҷоҳида ва ғурбату хидмат меҷустам, дар он ёфтам, ки як шаб волида аз ман об хост. Бирафтам, то об оварам, дар кӯза об набуд. Ва бари сабӯ рафтам, набуд, дар ҷӯй рафтам, об овардам. Чун  бозомадам, дархоб шуда буд, шабе сард буд. Кӯза дар даст доштам. Чун аз хоб бар омад, огоҳ шуд. Об хӯрд ва маро дуъо кард, ки дид кӯза  бар дасти ман фусурда буд. Гуфт: чаро аз даст наниҳодӣ?

Гуфтам: тарсидам, ки ту бедор шавӣ ва ман ҳозир набошам.

Пас гуфт: он дар фаро нима кун.

Ман то наздики рӯз мебудам, то нимаи рост бувад ё на? Ва фармони ӯро хилоф накарда бошам. Ҳаме вақти саҳар он чи меҷустам чандин гоҳ, аз дар даромад.

***

(Боязид) гуфт: Ҳар кӣ Қуръон нахонад ва ба ҷанозаи мусулмон ҳозир нашавад ва ба аёдати беморон наравад ва ятимонро напурсад ва даъвии ин ҳадис кунад, бидонед, ки муддаъӣ аст.

***

Ва яке пеши шайх (Баязид) омаду гуфт: маро чизе омӯз, ки сабаби растагории ман бувад.

Гуфт: ду ҳарф ёд гир! Аз илм чандинаш бас, ки бидонӣ, ки Худой бар ту мутталеъ аст ва ҳарчӣ мекунӣ, мебинад ва бидонӣ, ки Худованд аз амали ту бениёз аст.

***

Ва як рӯз Шайх мерафт. Ҷавоне кадам бар қадами Шайх ниҳод ва мегуфт:  қадам бар қадами машоих чунин ниҳанд, Ва пустине дар бари Шайх буд. Гуфт: ё Шайх, порае аз ин пӯстин ба ман деҳ, то баракати ту ба ман расад.

Шайх гуфт: агар ту пӯсти Баязид дар кашӣ, судат надорад, то амали Баязид накунӣ.

***

Ва гуфт: аломати он ки Ҳақ ӯро дӯст дорад, он аст, ки се хислат бад-ӯ диҳад: саховате чун саховати дарё, ва шафқате чун шафқати офтоб ва тавозӯъе чун тавозӯъи замин.

***

Ва гуфт: ҳар, кӣ дили худро мурда гардонад ба касрати шаҳавот, ӯро дар кафани лаънат печанд ва дар замини нидомат дафн кунанд ва ҳар кӣ нафси худро бимиронад ба бозистодан аз шаҳавот, ӯро дар кафани раҳмат печанд ва дар замини саломат дафн кунанд.

***

Ва гуфт: наздиктарин халоиқ ба Ҳақ он аст, ки бори халқ беш кашад ва хуйи хуш дорад.

***

Ва гуфт: ҳалоки худ дар ду чиз аст: яке халқро ҳурмат надоштан ва яке Ҳақро миннат нодоштан.

Абдуллоҳи Муборак

Ва (Абдуллоҳи Муборак) гуфт: бар тавонгарон такаббур кардан ва бар дарвешон мутавозеъ будан аз тавозӯъ бувад.

***

Ва гуфт: тавозӯъ он бувад, ки ҳар кӣ дар дунё болои туст, бар вай такаббур кунӣ ва бо он ки фурутар аст, тавозӯъ кунӣ.

Суфёни Саврӣ

Ва Суфёни Саврӣ гуфт: беҳтарини султонон он аст, ки бо аҳли илм нишинад ва аз эшон илм омӯзад ва бадтарини уламо он ки бо салотин нишинад.

***

Ва гуфт: ҳар кӣ аз ҳаром садақа диҳад ва хайре кунад, чун касе бувад, ки ҷомаи палид ба хун бишӯяд ё ба бавл, он ҷома палидтар шавад.

Шақиқи Балхӣ

Ва Шақиқи  Балхӣ гуфт: роҳи Худой дар чаҳор чиз аст: яке амн дар рӯзӣ ва дуввум, ихлос дар кор ва саввум, адоват бо шайтон ва чаҳорум, сохтани марг.

***

Ва гуфт: ҳар кӣ дар мусибат ҷазаъ (нолаву зорӣ) кард, ҳамчунон аст, ки найзае баргирифтааст ва бо Худой ҷанг мекунад.

***

Ва гуфт: ҳар кӣ бо ӯ се чиз набувад, аз дӯзах наҷот наёбад: амну хавф ва изтирор (дармондан, тангдастӣ).

***

Ва гуфт: ҳалоки мард дар се чиз аст: гуноҳ мекунад ба умеди тавба ва тавба накунад ба умеди зиндагонӣ ва тавба накарда мемонад, ба умеди раҳмат. Пас чунин кас ҳаргиз тавба накунад.

***

Гуфтанд: ба чӣ шиносанд, ки банда восиқ (бовардошта, мутмаин) аст ба Худой ва эътимоди ӯ ба Худой аст? Гуфт: бад-он ки чун ӯро чизе аз дунё фавт шавад, ғанимат шуморад.

***

Ва гуфт: ҳафтсад мардуми олимро  пурсидам аз панҷ чиз, ки хирадманд кист ва тавонгар кист ва зирак кист ва дарвеш кист ва бахил кист? Ҳар ҳафтсад як посух доданд. Ҳама гуфтанд: хирадманд он аст, ки дунёро дуст надорад, ва зирак он аст, ки дунё ӯро нафиребад, ва тавонгар он аст, ки ба қисмати Худой розӣ  бувад, ва дарвеш он аст, ки дар дилаш талаби зиёдатӣ набошад, ва бахил он аст, ки ҳаққи моли Худой аз Худой боз дорад.

Имом Аҳмади Ҳанбал

Аз Имом Аҳмади Ҳанбал пурсиданд:

Зӯҳд чист?

Гуфт: зӯҳд се аст: тарки ҳаром ва ин зӯҳди авом аст. Ва тарки афзунӣ аз ҳалол ва ин зӯҳди хавос аст. Ва тарки ҳар чи туро аз Ҳақ машғул кунад, ва ин зӯҳди орифон аст.

Абусулаймони Доройӣ

Ва Абусулаймони Доройӣ гуфт: ҳар кӣ сер хӯрад, шаш чиз ба вай дарояд: ибодатро ҳаловат наёбад ва ҳифзи вай дар ёддошти ҳикмат кам шавад ва аз шафқат бар халқ маҳрум монад, ки пиндорад, ки ҳамаи ҷаҳониён ва ибодат бар вай гарон шавад ва шаҳавот бар вай зиёдат гардад ва ҳамон мӯъминон гирди масоҷид гарданд ва ӯ гирди мазобил (ҳоҷатхона) гардад.

***

Ҳам ӯ гуфт: дар биҳишт саҳроҳост. Чун банда ба зикр машғул шавад, фариштаҳо дарахтон мекоранд ба номи ӯ, то он гоҳ ки бас кунад. Он фариштаро гӯянд: чаро бас кардед? Гӯянд: вай бас кард.

***

Ҳам ӯ гуфт: орифро чун чашми дил кушода шуд, чашми сарашон баста шавад, ҷуз Ӯ ҳеҷ набинанд, чунонки ҳам Ӯ гуфт: наздиктарин чизе ки бад-он қурбат ҷӯянд  ба Худои таъоло он аст, ки бидонӣ, ки Худои таъоло бар дили ту мутталеъ аст. Аз дили ту донад, ки аз дунё ва охират намехоҳӣ, илло Ӯро.

***

Ҳам ӯ гуфт: маърифат ба хомӯшӣ наздиктар аст, ки ба сухан гуфтан ва дили мӯъмин равшан аст ба зикри Ӯ ва зикри Ӯ ғизои ӯст ва унс роҳати ӯ ва шаб бозори ӯ ва масҷид дӯкони ӯ ва ибодат касби ӯ ва Қуръон бизоъати ӯ ва дунё киштзори ӯ ва қиёмат хирмангоҳи ӯ ва савоби Ҳақ таъоло самараи ранҷи ӯ.

***

Ҳам ӯ гуфт: Худои таъоло  мефармояд, ки бандаи Ман, агар аз Ман шарм дорӣ, айбҳои туро бар мардум пӯшида гардонам ва зиллатҳои туро аз лавҳи маҳфуз маҳв гардонам ва рӯзи қиёмат дар шумор  ба ту истиқсо (тафтиш) накунам.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi