04:39:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Бозор Собир: "Президент мӯҳтоҷи шеъри ман нест"

Шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир, ки панҷ моҳ қабл аз мусофирати 19-сола аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, сару садоҳо дар мавриди тамаллуқ задани ӯ ба президент, ҳангомаи расона мебошад.

bozor-sobir-48575.jpgАммо ин шоири саршиноси тоҷик мегӯяд, ӯ аз сиёсатҳои раҳбари кунунии Тоҷикистон ба далели корҳои ободонӣ ва корҳои зиёде, ки давоми 22 барои кишвар анҷом додааст, пуштибонӣ мекунад. Хабарнигори мо бо устод Бозор Собир дар манзиле, ки аз ҷониби ҳукумат ба ӯ тақдим шудааст, сӯҳбат намуд ва ибтидо аз ӯ пурсид, ки шумо ба ордени «Ситораи президент» мушарраф шудед ва баъди ин ситора ва умуман унвондор шудан, худро чигуна эҳсос мекунед?

Бозор Собир: Тавре ки маъмулан эҳсос мекардам, ҳамон тавр. Вале дар мавриди гирифтани он бадоҳатан ба мӯҳтарам президенти ҷумҳурӣ гуфта будам, ки:

Бо нишоне, ки аз шумо дорам,

Аз ҷаҳон бенишон нахоҳам рафт.

-Дар гузаштаи начандон дур шумо бештар ба истилоҳ одами «публичний» будед ва мардум ҳам ба ин шеваи рафтори шумо одат карда буданд. Мардум одат карда буданд, ки шумо бе истиҳола ҳарф мезанед ва назар медиҳед. Ҳоло чӣ?

-Ман аз ин «публичний» буданам ғайр аз зарар чизе надидам. Вале вақти бисёру ҷавониам барбод рафт. Ҳоло, дигар:

Ба ҳаво тӯдаи абрам,

Ба замин тӯдаи коҳам,

Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,

Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама сардам, ҳама дардам.

Ҳамин қадар боқӣ монд.

-Дар оғози бозгашт ба Тоҷикистон гуфта будед, ки бо мухлисону ҳаводорони ашъоратон  мулоқот мекунед, аммо то ҳол ҳам ба истилоҳ гӯшанишин ҳастед, чаро?

-Ҳатман ин корро мекунем. Боз ҳам ҳатман ин корро мекунем, аммо ҳанӯз фурсати базми шеър нарасидааст. Имрӯз не, шояд баъди як моҳи дигар мо як базми гарму ҷӯшони шеър баргузор хоҳем кард.

-Шуморо дар сафарҳои раисҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳо ва ҷашнҳои давлатӣ зиёд мебинем. Дар бораи раиси ҷумҳур, маросимҳои истиқболи ӯ аз тарафи мардум чӣ назар доред?

-Ман дар ин мавзӯъ муфассал чизе гуфтанӣ нестам. Аммо дар ҳама ҷо гарму ҷӯшон буд. Мулоқотҳои воқеан оммавӣ ва мардумӣ баргузор мешуданд ва бисёр ҷолиб буданд.

-Ба назари шумо, Тоҷикистон баъди интихобот ба чӣ гуна ислоҳот ниёз дорад?

-Ба ислоҳот ман намедонам, аммо ба саноат бисёр мӯҳтоҷ аст. Чунки саноат набошад, истиқлолияту ин ҳангомаҳои миллату ҳангомаи ватаншиносиву ҳангомаҳои бозсозӣ маънии ҷиддие надорад. Саноат ҷони ҷумҳурист. Ман фикр мекунам, ки ояндаи Тоҷикистон ва ҳама кӯшишҳое, ки хоҳ ҳукуматӣ бошад, хоҳ сиёсӣ, хоҳ давлатӣ, ҳатман бояд сари саноатсозӣ қарор гирад.

-Замони шӯравӣ ягон бор дар ситоиши раҳбарон шеъре нагуфта будед. Дар бораи Ленину Сталин ҳам баъди суқути шӯравӣ ва солҳои ахир шеър гуфтед. Аммо нахустин мадҳро дар ҳаққи Эмомалӣ Раҳмон гуфтед. Бартарии раисиҷумҳур аз дигар раҳбарон дар чист?

-Бисёр афсӯс, ки дар бораи Ленину Сталин ман дар замонаш шеър нагуфтам. Ва агар медонистам, ки Ленину Сталин кистанд ва агар амиқтар мефаҳмидам, тамоми эҷодиётамро ба Ленину Сталин мебахшидам. Аммо дар ин мавриде, ки гӯё ман ба президент тамаллуқ задам ё мадҳия гуфтаам, ин як ҳангомаи ҳафтаворҳои ҷумҳурист. Дағдағаю ҳангомаи ҳаминҳост. Дар асл ду мисраъ соядаст аст, ки дар китобчаи «Хуни қалам» ба президент тақдим карда будам.

Агарчи ӯ мӯҳтоҷи шеъри ман нест, вале касе, ки ин қадар бозсозию азнавсозӣ кардааст, ин қадар роҳу тунел кушодааст, ман бо ӯям. Касе, ки ГЭС-и Роғунро сохта истодааст, боз ҳам ман бо ӯям. Касе, ки пайваста дар фикри саноат аст, дар фикри корхонаҷот аст ва дар фикри техникакунонии ҷумҳурист, ман бо ӯям. Умуман, ӯ аз ҳамаи ин демократиябозҳои мавҷудаи демагог афзалияту бартарии ҷиддӣ дорад.

-Шумо ҳамеша ҷонибдори он будед, ки шоир аз сиёсат дур набошад. Зеро шоире, ки ба сиёсат дахл намекунад, ба тақдири миллаташ бетафовут аст. Ҳоло ҳам чунин андеша доред ва нақши худро ҳамчун шоир дар сиёсати рӯз дар чӣ мебинед?

-Сиёсат чизест, ки инқилоб мекунад, ҳукумату давлат месозад, миллату ватан месозад. Адабиёт зотан моли сиёсист, моли синфист. Ҳатман шоиру нависанда бояд дар сиёсат ворид бошад. Ва шоире, ки ин қудрату қувваи фавқулоддаи сиёсатро нодида мегирад, шоире, ки аз сиёсат канораҷӯӣ мекунад, бешак аблаҳу ҷоҳилу бангист, бесавод аст. Вале ман худам ҳамеша ҷонибдор ва пайгири сиёсат ҳастам.

-Чаро шоирони тоҷик ба вазифаҳои баланд таъин намекунанд. Магар намешавад ягон шоир ё нависандаро сафири Тоҷикистон дар ягон кишвар монанд, тавре ки Чингиз Айтматов буд? Ин далели чӣ аст: заъфи ҳукумат, ки ба неруи адибон эътимод надорад ё воқеан, адибон аз ӯҳдаи ин корҳо намебароянд?

-Ман намедонам, ин айби ҳукумат аст ё айби шоиру нависандаҳо. Вале шоироне, ки каму беш меарзанд, дар вазифаҳое, ки ҳоло ҳастанд, кор карда истодаанд. Ва дар вазифаҳои ба худашон арзанда. Ояндааш боз маълум мешавад. Ҳоло ҳамин кори онҳо ба сатҳашон мувофиқу кифоя аст.  

-Худи шумо ягон бор мехостед дар ягон вазифаи давлатӣ кор кунед?

-Не, ман ин тавр ҳеҷ вақт намехостам, орзу ҳам надоштам ва дар фикри ин ҳам набудам. Ва ҳанӯз ҳам ман дар чунин фикр нестам. 

-Ба назари шумо тоҷикон дар давлатдорӣ то кадом поя муваффақанд?

-Баъд аз ҳазору сад сол, инак, тоҷикон бори аввал мустақилона давлатдорӣ карда истодаанд. Комилан мустақилона. Ин 20 соли ахир нишон дод, ки хеле ёд гирифтаанд ва оянда ҳам ба тадриҷ ёд хоҳанд гирифт. Аввали кор хуб ҳаст.

-Ва дар ниҳояти суҳбат пурсидан мехостам, ки нияти бозгашт ё сафар ба Амрикоро доред?

-Бисёр мехоҳам, ки наберачаҳои ширинамро бибинам, бисёр мехоҳам, сахт ёд кардам ва ҳар шаб ба хобам медароянд. Бо ман ҷунбӯҷӯлу гуфтугӯ мекунанд ва дилам бисёр сахт гум мезанад. Мехоҳам, ки як бори дигар бо онҳо дидорбинӣ кунам, як бор бозӣ кунам, гаштугузор кунам. Бисёр сахт мехоҳам, вале… мебинем.

Ман гуфта будам, ки набераҳои ман бисёр ширинанд:

Набераам Анӯша,

Абрӯякаш дуқӯша,

Айни ду гандумхӯша,

Вақте ки сар мекаша.

Чун асали моҳи май

Бӯи сад гул дорад вай,

Мелесамаш шабу рӯз,

Шириниаш гулӯсӯз.

Ана ҳамин хел ёд кардам набераҳоямро…

"Озодӣ"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi