01:50:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Озар: "Насли ман насли гумшуда бо ҳазорон ормон дар дил аст"

Озар аз зумраи муваффақтарин шоирони насли ҷавони мост, ки ҳамеша кӯшиши навгӯӣ мекунад. Ҳамин байти зебо кофист то ҳунари шоирии ӯро муарриф бикунад:

Сӯхт аз оташу хокистари нест падид,

Ҳамчу ман шамъ дар исботи ғамаш ҳайрон аст.

ozar-6545Озар бештар дар жанри ғазал ва анвои мудерни шеър менависад ва дар ин росто хеле пешгом аст. То имрӯз аз Озар се маҷмӯаи шеър бо номҳои "Сарви дуо", "Ирфони ҳино" ва "Гуфтугӯи нахлу моҳ" мунташир шудааст. Озар дар шаҳри Қурғонтеппа ба сар мебарад ва раиси Иттиҳодияи адибони водии Вахш ва раҳбари маҳфили адибони Қӯрғонтеппа аст. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо Озар дар мавриди вазъи шеър дар кишвар ва ҳавзаи адабии водии Вахш суҳбате орост, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

-Худоӣ Шариф, профессор ва яке аз маъруфтарин устодони адабиёт дар Тоҷикистон ҷое гуфта, ки "ҷаззобияти шеър чандон намондааст, барои он ки кайфияти забонӣ ва маззаи забонии он аз байн рафтааст. Ба назари ман чунин менамояд, ки аксари шоирони муосир мактаби фикрӣ ё адабии дурустро нагузаштаанд ва ё надоранд". Шумо ҳам имрӯз яке аз шоирони пешгоми мо ҳастед. Дар ин маврид чӣ андеша доред?

-Бо устод мувофиқам. Ба ҳақиқат мактабҳои адабӣ хеле бо нудрат ба назар мерасанд. Дастрасии аз ҳад зиёд ба воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла интернет кори навшоиронро хеле осон кардааст. Дигар барои чопи шеър онро аз нигоҳи донишмандону устодон гузаронидан лозим нест.

Дар интернет чун дар чопхонаҳои имрӯзаи мо нақди адабӣ амал намекунад ва дилхоҳ шеъргуна, ҳатто музахрафот ҳам метавонад пешкаши хонандагон гардад. Ҳамаи ин имкон дорад, ки боис ба костагии завқи мардум аз шеър ва шоирӣ шавад. Аммо истеъдод чизе нест, ки соҳиби худро ором гузорад. Шоири дорои истеъдод ҳатман барои комил шудани худ талош меварзад, мактабҳои адабиро мегузарад ва то поёни умр барои омӯзиш ҷаҳд хоҳад кард.

-Оё умри шеър сар омада ё чизи дигар боиси аз шеър дур шудани мардум гардида?

-Умри шеър вобаста ба он нест, ки мардум шеър мехонанд ё намехонанд. Шеър пеш аз он, ки мардум чӣ будани шеърро донанд, мавҷуд буд ва агар Худо накарда мардум онро аз ёд баранд, боз ҳамчунон вуҷуд хоҳад дошт. Муҳим шахси шоир аст, ки шеърро дида тавонад.

-Дар мавриди ҷараёнҳои назми имрӯзи мо чӣ андеша доред?

-Дар адабиёти имрӯзаи тоҷик ҳеҷ гуна ҷараёни навро ман мушоҳида накардаам. Ман намедонам хонандагон ҳарфи маро чӣ гуна қабул мекунанд, аммо боз ҳам муваффақтарин шоирони мо ҳамонҳоеянд, ки алаккай шинохта шудаанду эҳтиёҷ ба зикри номи онҳо нест. Аммо бояд донист, ки ҷараён ворид кардан дар олами шеър кори як ё ду даҳсола нест. Он падидаи табииест, ки бо гузашти садсолаҳо арзи ҳастӣ мекунад. Бидуни тааммуқ ва андеша аз адабиёти ғарб нусхабардории ҷараёнҳо кори оқилона нест.

-Оё шоирони мо ба гуфтани шеъри мудерни воқеан тоҷикона муваффақ шудаанд ё на? Чун аксари шеърҳои сафед ё нимоии мо дар тақлид ба шоирони Ирон гуфта мешаванд…

-Бисёр мешунавем дар бораи ин гуна тақлидҳо, аммо онҳо исбот мехоҳанд. Монандии зоҳириро намешавад тақлиди маҳз гуфт. Даъво надорам, ки мудернсароёни мо ба шоирони Ирон тақлид намекунанд, зеро ҳастанд чунин шоирон. Аммо шоироне ҳам ҳастанд, ки дар ин самт муваффақанду пешгом.

-Хабари марги кӣ дар ҳарфи тари борон аст,

Ки ба ҳар чиз нигаҳи сайр кунад гирён аст.

Ин матлаи як ғазали зебои Шумост аз "Ирфони ҳино". Оё ҳанӯз ҳам зарурат ҳаст, ки ғазал бигӯем?

-Умри ғазал ба охир намерасад ва ин аксиома аст. Ғазал хусусиятҳои хоси худро дорад, ки онро дигар жанрҳои шеърӣ надоранд. Масалан, Нодирпур ҳам ҷонибдори гуфтани ғазал набуд, аммо имрӯз хонандагони ашъори ӯ бештар ҳамон чанд ғазали нодирашро ба хотир меоранд. Чаро? Чунки, яке аз муҳимтарин хусусияти ғазал зуд ба хотир нақш бастани ӯст.

-Антон Чехов гуфта, ки агар эҳтиёҷ ба пул намедоштам, нависанда намешудам, Озар чӣ? Шумо барои чӣ шеър мегӯед?

-Антон Чеховро намедонам, аммо ман ҳич вақт барои пул эҷод накардааму намекунам. Шеър барои ман чизи муқаддас аст ва муқаддасот болотар аз пул меистад. Ман барои он шеър мегӯям, ки ба он эҳтиёҷи шадиди руҳонӣ дорам.

- Як шоири маъруфи мо дар машварате дар мавриди осори Шумо гуфта буд, ки "Озар шоири хуб аст, аммо дар ашъораш бештар дарду алам дида мешавад ва албатта мунаққид ҳақ надорад, ки шоирро бигӯяд дар ин ё он мавзуъ навис, аммо мунаққид гуфта метавонад, ки ба шеъри ту фалон чиз намерасад". Манзурам ин ки дарди Озарро сарманша чӣ бошад?

-Сиришти инсон дар ихтиёри худаш нест. Онро каси дигар, аз ҷойи дигар тарҳрезӣ мекунад. Аммо барои иттиллоот ташаккур мекунам. Ростӣ, аз гуфтаҳои Устод Аскар Ҳаким хабар надоштам. Муҳим шодсароӣ ва ҳузнсароӣ нест. Муҳим мувофиқати шеър бо дили шоир аст. Шеъри шод гуфтан бароям душвор нест, аммо дар ойинаи дили ман чизи дигарест, чизи дигаре, ки бо ҳазорон шеър ҳам наметавонам бозтобаш созам.

-"Лайло, чашмони сиёҳат, Ойинаанд рӯзи асоратро…." Ин оғози як шеъри Шумост аз силсилаи шеърҳои "Хурмои эътиқод", ки ба қавли худатон "ба хоҳарони Фаластинӣ" эҳдо кардаед. Пас Озар шеърҳои сиёсӣ ҳам мегӯяд ва ё умуман шеър метавонад сиёсӣ бошад?

-Ба навиштани силсилаи шеърҳои " Хурмои эътиқод" маро як воқеаи нангин водор кард. Киштие, ки барои гурезаҳои фаластинии Навори Ғазза кӯмаки башардӯстона мебурд аз ҷониби силоҳдорони исроилӣ дар мавзеи обҳои бетараф таъқибу боздошт шуд ва амалҳои нангине онҷо сурат гирифтанд.

Ин воқеаро бисёриҳо маҳкум карданд. Ҳамон рӯзҳо чашмам ба сурати як духтари фаластинӣ, ки дар рӯзномаҳо чоп шуда буд, афтоду ӯро бо номи Лайло мухотаби худ қарор додам ва барояш гуфтам ончиро, ки бояд мегуфтам. Чаро маҳз ба ӯ, на ба аскарони Исроил? Барои он, ки золимон суханношунаванд.

-Дасти Озарро дар шоирӣ кӣ рост карда?

-Дасти ман дар шоирӣ рост шудааст ё на, суолест, ки бароям тамоми умр боз хоҳад монд. Аммо дар бораи нахустин навиштаҳо ва устодони аввалини худ хотироти аҷибе дорам, ки дар ягон вақти мусоид бозгӯ хоҳам кард. Намешавад соддаву осон посух дод, ки фалону фалон. Бо иҷозаи Шумо ба ин савол дигаргунатар ва дар мавриди дигар посух хоҳам гуфт.

-Дар мавриди ҷавоншоирони имрӯзи мо чӣ мегӯед? Кадоме аз онҳо воқеан бори адабиётро ба дӯш дорад?

-Насли ҳозира дар муқоиса бо насли мо хеле хушбахт аст. Чаро ки барояшон имкони таҳсил ва эҷод карданро бештар мебинам. Насле, ки ман мутааллиқи он ҳастам, даҳ соли навҷавонии худро дар кашмакашҳои ҷанги дохилӣ ва оқибатҳои нохуши он аз даст дод. Ин даҳ сол ҳамон даҳсолаест, ки як эҷодкори ҷавон метавонист шинохта шавад.

Яъне, насли ман як насли гумшуда бо ҳазорон ормон дар дил аст. Як насле, ки ҳангоми шукуфоияш гулшиносон берун рафта буданду чун баргаштанд, алаккай хеле дер шуда буд. Дар бораи ин, ки кадоме аз ҷавоншоирони мо бори адабиётро ба дӯш дорад, ҳарф задан барвақт аст. Ҳарчанд пинҳон намедорам , ки осори қалами баъзе аз онҳо бароям писанд меояд. Дар чунин мавридҳо мегӯянд, ки "довари ҳақиқӣ вақт аст".

-Чанд соле қабл Шумо аз ҷониби раиси вақти шаҳри Қурғонтеппа соҳиби манзил шуда будед ва донистан мехоҳем, ки имрӯз Озар чӣ гуна ба сар мебарад ва дар Қурғонтеппа банди чӣ корҳое ҳаст?

-Раиси шаҳри Қурғонтеппа Шарифхон Самиев дар ҳақиқат бузургворӣ карда, ба ман хонаи якҳуҷрагӣ дода буданд, аммо чун бисёр танг буд, онро баргардонидаму Раиси вилоят муҳтарам Ғайбулло Авзалов бароям хонаи сеҳуҷрагии хизматӣ доданд. Алъон дар ҳамон хонаи хизматӣ истиқомат дорам. Яъне андешаи манзил ҳанӯз ҳам боқист . Фаъолиятам бошад, дар маҷаллаи "Мактаб"-и назди Раёсати маорифи вилоят аст ва ман сардабирии ин маҷалларо бар дӯш дорам.

-Ҳавзаи адабии водии Вахш ва шаҳри Қурғонтеппа чӣ вазъ дорад?

-Адибони ҳавзаи водии Вахш ба ҳам муҳаббати махсус доранд ва ҳамеша дар шодиву ғам мададгори ҳаманд. Ягон воқеаи муҳими зиндагии онҳо бе иштироки ҳам намегузарад. Чун пештара дар маҳфилҳо ҷамъ меоянд ва маслиҳатгари ҳам мешаванд. Хусусан, дар ноҳияи Панҷ, Вахш ва шаҳри Сарбанд маҳфилҳо теъдоди зиёди қаламкашонро гирди ҳам овардааст. Соли равон бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят озмуни "Қаламкашони умедбахш" миёни мактабҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида шуд ва ғолибон бо туҳфa қадрдонӣ гардиданд.

- Адибони Қурғонтеппаву водии Вахш аз ҷониби мақомот чӣ гуна дастгирӣ меёбанд?

-Дастгирии адибон аз ҷониби ҳукумати вилоят, хусусан, раиси он муҳтарам Ғайбулло Авзалов, ки худ шахси фарзона ва қадрдони аҳли адаб мебошанд, хеле зиёд аст. Адибон ба маъракаҳои муҳими фарҳангӣ ҳамеша даъват карда мешаванд ва аз иззати хосса бархӯрдоранд. Дар вилоят тибқи озмун ҳар сол ба адибон ду ҷойиза, ҷоизаҳои адабии ба номи Носири Хисрав барои наср ва Шамсиддини Шоҳин барои назм дода мешавад. Илова бар он бо дастгирии мақомот китобҳояшон низ ба чоп мерасанд.

-Сипос барои гуфтугӯи самимӣ

Мусоҳиб Баҳман, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi